Баррасии ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Олмон

№68 - 69 (4018 - 4019) 15.06.2019

DSC_610213 июни соли равон муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Абдуҷаббор Азизӣ ҳайати Кумита оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Бундестаги  Олмонро бо роҳбарии Петер Райзауэр ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон, аз ҷумла, дар самти тиҷорату иқтисод, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, таҳкими заминаи шартномавӣ — ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Абдуҷаббор Азизӣ меҳмононро хайра мақдам гуфта, роҷеъ ба фаъолияти парлумони касбии мамлакат маълумоти муфассал дод. Номбурда, аз ҷумла, иброз дошт, ки ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳо дар доираи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити барои тарафайн судманд асос ёфтааст. Таъкид гардид, ки дар густариши равобит саҳми сарони кишварҳо назаррас аст.

DSC_6108Зикр гардид, ки вазифаи ҳайати парлумонии Бундестаг шиносоӣ, мусоидат ба тавсеаи равобити Тоҷикистон ва Олмон маҳсуб мешавад. Иштирокчиёни мулоқот бо қаноатмандӣ зикр карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи муайян раисии Машварати ҳамкорӣ ва  тадбирҳои боварӣ дар  Осиё (CICA) — ро, ки 14 — 15 — уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барпо мегардад, ба зимма дорад.

- Мо ин саммитро барои кишвари шумо ва тамоми минтақа муҳим арзёбӣ менамоем, — гуфт роҳбари ҳайат Петер Райзауэр.

Ёдовар мешавем, ки дар Иттиҳоди Аврупо Олмон кишварест, ки бо Тоҷикистон зиёдтар санадҳои муштаракро имзо намудааст. То ба ҳол байни ҷонибҳо 40 санади дуҷониба ба имзо расидааст, ки он аз 30 созишномаи байниҳукуматӣ, 9 созишномаи байниидоравӣ ва изҳороти муштарак иборат аст.

Дар мулоқот раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода, Шариф Раҳимзода, Рустам Латифзода, Лутфия Раҷабова ва вакилони Маҷлиси намояндагон Толибхон Азимов, Бахтовар Сафарзода, Олимҷон Бобоев ва Абдуҳалим Ғаффоров иштирок намуданд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон