Дар кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии қонун «Дар бораи кино»

№71 (4177) 16.06.2020

DSC_2372Понздаҳуми июни соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ ҷаласа баргузор шуд.

Аъзои кумита ду масъала — интихоби муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Оид ба масъалаи аввал раиси кумита Фарҳод Раҳимӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки мутобиқи банди д) моддаи 10 Дастури Маҷлиси миллӣ, интихоби муовини раиси кумита ба ваколати кумита дохил мешавад. Аз ин рӯ, бо дарназардошти таҷрибаи меҳнатӣ, кордонӣ, малакаю маҳорати роҳбарӣ ва дигар сифатҳои шахсию корӣ номзадии узви кумита Амонзода Илҳом Темур пешниҳод карда шуд. Баъд дар натиҷаи овоздиҳии кушода Амонзода Илҳом Темур муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокикимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ интихоб гардид.

Доир ба масъалаи дуюм — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» низ Фарҳод Раҳимӣ баромад намуда, зикр кард, ки мақсади асосӣ мутобиқгардонӣ ба Конститутсия, дигар санадҳо ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ бо таҷрибаи байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамуда дар соҳаи кино мебошад.

Пас аз баррасӣ хулосаҳо қабул ва барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ