Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Боз 7 шаҳру ноҳия бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин хоҳанд гардид

№155 - 156 (4105 - 4106) 28.12.2019

Бисту панҷуми декабри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  ҷаласаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

 DSC_2449РАИС: Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 60 нафар вакил ҳузур дорад.

Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд:

1. Дар бораи Созишномаи қолабӣ оид ба кумаки грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея

2. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон»

3. Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019»

5.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Дар бораи Созишномаи қолабӣ оид ба кумаки грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дода мешавад.

Ҳикматуллозода Неъматулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қолабӣ оид ба кумаки грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея 16 июли соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

Мақсад аз он ҷалби маблағҳои грантӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад. Тибқи созишнома, ҷониби Корея шаклҳои кумаки грантии зеринро пешниҳод менамояд:

- даъват намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои омӯзишӣ ба Ҷумҳурии Корея;

- сафарбар намудани коршиносон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои машварат ва барномаҳои омӯзишӣ;

- пешниҳод намудани таҷҳизот, техника ва масолеҳ вобаста ба барномаҳо ба Ҳукумати Тоҷикистон;

- сохтани иншооти лозима барои татбиқ намудани барномаҳо;

- таъмин намудани Ҳукумати Тоҷикистон бо дигар шаклҳои кумаки грантӣ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар асоси созишнома лоиҳаҳои афзалиятнокро барои баррасӣ ба ҷониби Корея ирсол намуда, маблағи заруриро ҷалб намояд.

Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи баррасишаванда аз шумо, муҳтарам Раис ва вакилони мардумӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи қолабӣ оид ба расонидани кумаки бебозгашт  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Кореяро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия  Акрамзода Баҳодур Исмоил дода мешавад.

Акрамзода Баҳодур Исмоил:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қолабӣ оид ба кумаки грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея, ки 16 июли соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаи мазкур лоиҳаҳои афзалиятнокро барои баррасӣ ба ҷониби Корея ирсол намуда, маблағҳои заруриро ҷалб менамояд.

Илова бар ин, созишнома заминаи мусоид барои таъсис додани Дафтари Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOICA) дар Тоҷикистон мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Корея дорои Фонди махсус (EDCF) мебошад, ки дар доираи он барои рушди кишварҳои рӯ ба тараққӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод менамояд.

Созишномаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи қолабӣ оид ба кумаки грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Раёсати коммуналӣ — истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Созишномаҳои қарзӣ, дастгирӣ ва кафолатии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон» бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории кишвар 6 марти соли 2017 ба имзо расида, бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2017 таҳти рақамҳои  887, 888 ва  889 тасдиқ (ратификатсия) шудаанд.

Маблағи қарзии лоиҳа, ки 2,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад ба муҳлати 15 сол, аз ҷумла, 3 соли имтиёзӣ, ҷалб ва хизматрасонии он бо меъёри LIBOR+1 фоизи солона муқаррар шудааст.

Азхудкунии маблағҳои қарзии ҷалбшуда то 1 декабри соли ҷорӣ 75 915 доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва дар доираи он корҳои зерин ба анҷом расонида шудааст:

- хариди контейнерҳо барои партовҳои сахти маишӣ – 55 ҳазору 915 доллари амрикоӣ;

- барои комиссияи хизматрасонӣ – 20,0 ҳазор доллари амрикоӣ.

Созишномаи грантӣ 16 августи соли 2019 ба имзо расонида шудааст. Маблағи грантии созишнома, ки 1,82 млн. евро (баробар ба 2,0 млн. доллари амрикоӣ)-ро ташкил медиҳад, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои татбиқи пурраи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон» пардохта мешавад.

Дар маҷмӯъ, бо қабули ин санад, маблағи умумии лоиҳа 4,0 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла, 2,0 млн. доллар маблағҳои қарзӣ ва 2,0 млн. доллар маблағҳои грантиро ташкил медиҳад.

Инчунин, бояд қайд кард, ки барои таҳияи асосноккунии иқтисодӣ ва техникии лоиҳа 850 ҳазор евро (баробар ба 904 ҳазор доллари амрикоӣ) кумаки техникӣ аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҷудо шудааст.

Мақсад аз татбиқи лоиҳа ҷорӣ намудани технологияи муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо, баланд бардош­тани сатҳу сифати хизматрасонӣ, беҳтаргардонии вазъи санитарӣ ва экологии ноҳияи Ёвон мебошад.

Дар доираи татбиқи лоиҳа анҷоми корҳои зерин пешбинӣ шудааст:

- таҷдиди нуқтаҳои ҷамъкунии партовҳои сахти маишӣ -2,0 млн. доллари амрикоӣ;

- барқарорсозӣ дар нуқтаи фарсудашудаи партовҳо – 380 ҳазор доллари амрикоӣ;

- барқарорсозии анбори марказӣ – 200 ҳазор доллари амрикоӣ;

- нуқтаҳои ҷамъоварӣ – 20 ҳазор доллари амрикоӣ;

- харидории техникаи махсус барои партовҳои сахти маишӣ – 936 ҳазор доллари амрикоӣ;

- хариди контейнерҳо барои партовҳои сахти маишӣ – 400 ҳазор доллари амрикоӣ;

- системаи ҳисобдорӣ ва пардохт­ҳо (компютерҳо ва нармафзор) – 44 ҳазор доллари амрикоӣ;

- дастгирии Гурӯҳи татбиқи лоиҳа ва муҳандиси лоиҳа – 532 ҳазор доллари амрикоӣ;

- барномаи рушди корпоративӣ – 372 ҳазор доллари амрикоӣ;

- комиссияи хизматрасонӣ – 20 ҳазор доллари амрикоӣ.

Татбиқи лоиҳа соли 2017 оғоз ёфта, соли 2020 анҷом меёбад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сабурзода Мирзодавлат дода мешавад.

Сабурзода Мирзодавлат:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Раёсати коммуналӣ – истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон», ки 16 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Мақсади асосии он ҷорӣ намудани технологияи муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо, баланд бардош­тани сатҳу сифати хизмат­расонӣ, беҳтаргардонии вазъи санитарӣ ва экологии ноҳияи Ёвон мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкарда  созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи  Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС:Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» оғоз мекунем. Сухан аз рӯи ин ­масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ !

Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот»  аз созишномаҳои маблағгузорӣ ва лоиҳавӣ иборат мебошад. Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот», ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории кишвар  25 июни соли 2019 ба имзо расидааст, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 2019, № 1446 тасдиқ гардидааст.

Лоиҳаи нави «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (Бонки ҷаҳонӣ) маблағгузорӣ карда мешавад.

Татбиқи лоиҳа аз аввали соли 2020 оғоз гардида, соли 2025 ба анҷом мерасад.

Лоиҳа аз се қисмат иборат мебошад. Қисмати аввали он — барқарорсозии инфрасохтори обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар ҳаҷми 51 млн. доллари амрикоӣ, қисмати дуюм — рушди институтсионалии такмилдиҳӣ ва тавонмандӣ дар ҳаҷми 5,0 млн. доллари амрикоӣ ва қисмати сеюм — идоракунии лоиҳа дар ҳаҷми 2,0 млн. доллари амрикоӣ маблағгузорӣ хоҳад шуд.

Мақсади асосии лоиҳа беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии обу беҳдошт дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (Кӯшониён, Вахш, Ҷ. Балхӣ, Леваканд, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Восеъ) ва ҷорӣ намудани низоми устувор, инчунин, таҳкими иқтидори корхонаҳои хизматрасонии бахши таъминоти об дар минтақаҳои зерҳадафи лоиҳа мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки шаҳру ноҳияҳои банақшагирифташуда, мушкили зиёд вобаста ба таъминоти оби нӯшокӣ ва хизматрасонии корезӣ доранд. Инфрасохтори мавҷудаи хизматрасонӣ қариб фарсудаву корношоям гардидаанд, ки ба вазъи санитарӣ — гигиенӣ ва саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

Аз ин хотир, таъмин бо оби ошомидании тоза, истифодабарии мақсаднок ва оқилонаи оби ошомиданӣ, афзунгардонии иқтидори молиявии корхонаҳои хизматрасон, ба роҳ мондани хизматрасонии меъёрӣ, инчунин, омӯзишу пешгирии оқибатҳои таъсиррасонии экологӣ ва иҷтимоӣ омилҳои асосии лоиҳа мебошанд.

Қобили қайд аст, ки дар доираи татбиқи лоиҳа иштироки ширкатҳои мушовирии хориҷӣ, ки маблағҳои зиёдро барои идоракунии лоиҳа талаб менамуд, маҳдуд карда шуд. Бо ин мақсад мутахассисони маҳаллӣ ҷалб мешаванд.

Лоиҳа имкон медиҳад, ки ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон, тавассути афзунгардонии иқтидори молиявии корхонаҳои хизмат­расон, ба роҳ мондани хизматрасонии меъё­рӣ ва омӯзишу пешгирии оқибатҳои таъсиррасонии экологӣ ва иҷтимоӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардида, шабакаҳои обтаъминкунӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гарданд.

Аз шумо — вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: -Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид  ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Исмоилзода Зуфар Муртазохон дода мешавад.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот», ки 25 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Созишнома бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 16 декабри соли 2019 таҳти № 2499 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 19 декабри соли 2019 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва директори Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дод.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Раис: - Доир ба масъала кӣ савол ва ё гуфтание дорад?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар дода мешавад.

Бахтовар Сафарзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Дарвоқеъ, созишномаи мазкур аз иқдомҳои навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таъмин намудани аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ мебошад ва чӣ хеле ки вакилони арҷманд огоҳ ҳастанд, чанд лоиҳа ва созишномаи қарзӣ дар ҳамин масъала қабул шуд ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо раисони  ноҳияҳое, ки ин лоиҳаро дар бар мегиранд, вохӯрӣ ҳам доштанд. Аз номи зиёда аз як миллион интихобкунандае, ки ноҳияҳои водии Вахшро дар бар мегиранд, ба Пешвои миллат ва иҷрокунандагони лоиҳаи мазкур ташаккур мегӯям  ва ҳамон гунае, ки Раис гуфтанд, самаранок ва сари вақт иҷро кардани лоиҳа боиси обрӯи иҷрокунандагон ва дастгирии ҳар чӣ бештари мардум мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2019» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ !

Дар буҷети давлатӣ барои соли 2019 барои маблағгузории сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» 2,0 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, вале бо мақсади суръатбахшии идомаи корҳои сохтмонӣ ва ба истифода додани агрегати дуюми он зарурати равона намудани маблағҳои иловагӣ ба миён омад.

Бо ин мақсад дар асоси ризояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои  қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 613,5 млн. сомонӣ метали қиматбаҳои тилло ба фурӯш бароварда шуд.

Мутобиқи талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» маблағи аз фурӯши сарватҳои Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бадастомада бояд дар қисми даромади буҷети давлатӣ ба ҳисоб гирифта шаванд.

Инчунин, ёдрас намуданиям, ки бо мақсади маблағгузории Неругоҳи барқи обии «Роғун» моҳи сентябри соли  2017 500,0 млн. доллари амрикоӣ тавассути интишори қоғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) ҷалб гардид. Истифодаи бақияи маблағи истифоданагардидаи он, ки то 1 январи соли ҷорӣ 1,2 млрд. сомониро ташкил медод, бояд дар қисми хароҷоти буҷети давлатӣ инъикос шавад.

Тартиби баҳисобгирии амалиёти мазкур тибқи муқаррароти моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим шудааст. Мутобиқи ин санад векселҳои давлатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар шакли коғазҳои қиматнок мебарорад, ҳамчун манбаи пӯшонидани касри буҷет истифода бурда мешавад.

Бо мақсади риояи муқаррароти қонунгузории ҷумҳурӣ зарур аст, ки ба моддаҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8 ва 9 нақшаи қисми даромаду хароҷот ва нишондиҳандаи касри буҷети давлатӣ тағйироти дахлдор ворид карда шаванд.

Бо дарназардошти тағйироти мазкур ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ барои соли 2019 аз 23,8 млрд. сомонӣ ба 24,4 млрд. сомонӣ, ҳаҷми умумии хароҷот аз 24,2 млрд. сомонӣ ба 25,9 млрд. сомонӣ ва касри он аз 0,5 фоиз (391,0 млн. сомонӣ) ба 2,0 фоиз (1,6 млрд. сомонӣ) баробар мегардад.

Бинобар ин, бо мақсади ба танзим даровардани нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи пешниҳодшударо  дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

Ҷобирзода Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод ва дар асоси муқаррароти қисмҳои 3 ва 6 моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.

Тибқи моддаи зикргардида, дар ҳолати кам ё зиёд шудани воридоти маблағҳо ба буҷет, ки метавонад боиси 10 фоиз ё аз он зиёд тағйир ёфтани даромад аз таъиноти солонаи тасдиқшудаи буҷети давлатӣ гардад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор» ё лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор»-ро бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Дар робита ба ин, соли 2019 бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҳисоби бақияи маблағҳои қоғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) ба аввали соли 2019 ба маблағи 1205,1 млн. сомонӣ (124,2 млн. доллари ИМА) ва аз ҳисоби фурӯши металли қиматбаҳо 613,5 млн. сомонӣ, дар маҷмӯъ, 1818,6 млн. сомонӣ ба таври илова равона карда мешавад.

Инчунин, мутобиқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» векселҳои давлатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар шакли коғазҳои қиматнок мебарорад, манбаъҳои пӯшонидани касри буҷет маҳсуб меёбанд.

Ҳамчунин, мувофиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» маблағи аз фурӯши сарватҳои Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бадастомада, ҳатман дар қисми даромади буҷети давлатӣ бояд ба ҳисоб гирифта шавад.

Дар доираи маблағҳои иловагии барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» пешбинигардида ба якчанд моддаи қонуни амалкунанда тағйироту иловаи дахлдор ворид карда мешавад. Аз ҷумла, дар моддаи яки қонун — «Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар соли 2019 аз ҳисоби манбаъҳои даромад ба маблағи 23774,1 млн. сомонӣ қабул гардида буд, тибқи лоиҳаи қонуни мазкур он ба 24387,6 млн. сомонӣ баробар мегардад.

Дар моддаи 2 — «Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар соли 2019 ба маблағи 24165,1 млн. сомонӣ муқаррар гардида буд, мутобиқи  лоиҳаи пешниҳодгардида ин рақам ба 25983,7 млн. сомонӣ иваз карда мешавад.

Вобаста ба ин, дар моддаи 3 қонун — «Ҳаҷми умумии касри буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он», ки ба андозаи 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 391063 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида ба 2,0 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маб­лағи 1596,1 млн. сомонӣ баробар мегардад.

Дар соли 2019 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба маблағи 78,2 млрд.сомонӣ муайян карда шудааст.

Инчунин, ба моддаи 4 — «Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ», моддаи 5 — «Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи манбаъҳои даромад», моддаи 6 — «Хароҷоти буҷети ҷумҳуривӣ аз рӯи гурӯҳбандии вазифавӣ», замимаҳои 1 ва 2 моддаи 7 — «Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии идоравӣ ва барномавӣ», моддаи 8 — «Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ»-и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» тағйироту иловаи дахлдор ворид карда мешаванд.

Дар маҷмӯъ, лоиҳаи қонун барои амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои миллӣ – расидан бо истиқлолияти энергетикӣ равона гардидааст.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокирҷон Тоҳир дода мешавад.

Аминзода Зокирҷон Тоҳир:

 - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои «Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ барои солҳои 2019 -2021» пешниҳод гардидааст.

Он бо мақсади мутобиқгардонии истифодаи мафҳумҳои ягона дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушаххасгардонии меъёрҳои алоҳида ва меъёрҳои нав, ки амалҳои алоҳидаи мурофиавиро зимни баррасии парвандаҳои иқтисодӣ ба танзим медароранд, инчунин, ҷиҳати таҳрири баъзе аз меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ таҳия карда шудааст.

Бо қабули қонуни зикршуда қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ такмил меёбад, зеро он ба масъалаҳои дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо амалӣ гаштани мурофиаи судӣ, мустақилияти судҳо, баррасии холисонаву беғаразона ва саривақтии парвандаҳои иқтисодӣ, ки ба қабули қарорҳои қонуниву асос­нок мусоидат менамояд, равона гардидааст.

Дар маҷмӯъ, бо ҳамин қонун ба 24 меъёри Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид мегарданд, ки қисме аз онҳо дар таҳрири нав ва ё меъёри нав ифода мешаванд.

Аз ҷумла, Кодекси мурофиавии иқтисодии амалкунанда зимни таъин намудани экспертизаҳои судӣ масъулияти тарафҳоро, ки ба уҳдаи онҳо пешниҳоди далелҳо вогузор шуда буд, муайян накардааст. Айни замон, бо ворид намудани илова, яъне, қисми 7 ба моддаи 81 Кодекси мурофиавии иқтисодӣ, агар шахси иштироккунандаи парванда дар гузаронидани он монеъ гардад (ба экспертиза ҳозир нашавад, ба эксперт ашёи мавриди таҳқиқро пешниҳод нанамояд) ва бо ин асосҳо гузаронидани экспертиза имконнопазир шавад, суд оқибатҳои ногувори уҳдадориҳои исботро ба зиммаи охирин вогузор менамояд.

Дар таҳрири нав ифода намудани моддаи 120-и Кодекс ба рушд додани ҷараёни хабардоркунии шахсони иштироккунандаи парванда марбут ба амалҳои мурофивӣ алоқаманд аст. Тибқи меъёрҳои амалкунанда, бевосита ё тавассути почта равон намудани хабарномаҳои судӣ ба шахсони иштироккунандаи парванда дар шароити ҳозира қаноатмандкунанда нест ва ҳолатҳое ҷой доранд, ки хабарномаҳо сари вақт ё умуман дастрас намегарданд ва ин барои дар муҳлати бо қонун пешбинигардида баррасӣ намудани парвандаҳо таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, бо дарназардошти пешрафти технологияи инноватсионӣ дар замони муосир, мувофиқ ба мақсад аст, ки ирсоли хабарномаҳои судӣ бо истифода аз алоқаи барқӣ, мобилӣ низ имконият дошта бошад.

Ҳамчунин, дар қисми 1 моддаи 131 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгар ҳуқуқ дода шудааст, аз ҷониби суди иқтисодии марҳилаи якум қабул намудани санади судиеро, ки бо он моҳиятан баррасии парванда ба охир мерасад, ба даъвогар барои баррасии якҷоя бо даъвои аввал, даъвои муқобил пешниҳод намояд.

Амалияи судӣ нишон медиҳад, ки дар бисёр ҳолат тарафҳои парванда маҳз бо мақсади кашол додани баррасии парванда, пеш аз қабули санади судӣ, даъвои муқобил пешниҳод менамоянд.

Дар лоиҳаи қонун ин ҳолат бартараф карда шудааст. Он ба ҷавобгар пешниҳоди даъвои муқобилро то оғози муҳокимаи судӣ пешбинӣ менамояд, ки ин кашолёбии муҳлати баррасии парвандаи иқтисодиро аз байн мебарад.

Вобаста ба марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳа меъёри нав, моддаи 250, нишонаи 2 илова гардидааст, ки он ба ҳатмӣ будани нишондодҳои суди марҳилаи кассатсионӣ барои судҳои марҳилаи якум бахшида шудааст.

Ҳамин тариқ, қабули қонуни мазкур ба таҳкими мурофиаи суди иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ, ҳокимияти судӣ, равона гардидааст.

Нисбат ба лоиҳаи қонун экспертизаи зиддикоррупсионӣ гузаронида шуд ва муайян гардид, ки дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия мавҷуд нест.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мухолиф нест ва амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маб­лағгузориро талаб наменамояд.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад.

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод шудааст.

Мақсад аз он такмил бахшидани меъёрҳои алоҳидаи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушаххас намудани салоҳияту вазифаҳои судҳои иқтисодии мамлакат, инчунин, марҳилаи кассатсионии он мебошад. Бинобар ин, лоиҳа ҳам аз тарафи Ҳукумати мамлакат, ҳам кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ карда шуд. Ҳамчунин, бо мақсади такмили баъзе аз меъёрҳои он 27 пешниҳод ва дархост манзур гардид, ки  24 ададаш қобили қабул дониста шуд. Ҳамчунин, дар асоси супоришҳои Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров лоиҳа такмил дода, меъёрҳои он мушаххас гардонида шуданд. Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев