Бузургтару саодатмандтар миллатест, ки ба қадри бузургон ва қаҳрамонони зиндаи худ мерасад

№168-170 (3469-3471) 10.12.2015

Копия 08Суханронии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон ЗУҲУРОВ дар Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум оид ба зарурат ва аҳамияти қабули  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»

Муҳтарам вакилони мардумӣ, аҳли нишаст ва намояндагони воситаҳои ахбори омма!

Дар давоми фаъолиятам ман борҳо аз ин минбар ба шумо муроҷиат карда, ба ҳайси вакил дар дастгирии масъалаи муҳиме барои беҳбудии зиндагии мардум  дархост карда ва ё ба сифати  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ягон зарурати корӣ суханронӣ намудаам. Вале ин дафъа пас аз андешаи зиёд бо амри дил, на баҳри даъвату дастгирӣ, на баҳри баёни андешаи сиёсӣ, балки ҷиҳати адои қарзи имонӣ ва виҷдониам ба шумо муроҷиат менамоям. Зеро шахсиятеро, ки дар борааш ҳарф мезанем, ба тарғибу  дастгирӣ эҳтиёҷ надорад. Андешаҳои ӯ, суханонаш кайҳост, ки  ба дили мардум роҳ ёфта, кору пайкори созандааш дар таърихи навини давлатдории тоҷик ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳиягари пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон байни мардум  маълуму машҳур гаштааст.

Дар таърихи навини халқи тоҷик Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон  шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст.

Ҳар нафаре, ки сарнавишти печидаи халқи тоҷикро медонад, дар паҳлуи ин шахсияти Худодод фаъолият карда,  заҳматҳои шабонарӯзӣ ва созандаи ӯро мебинад, хуб эҳсос менамояд, ки бидуни муболиға, ҳанӯз мо на ҳамаи воқеият ва дурнамои амалҳои ин симои таърихиро дарк намудаем.

Бешак, тасвири  симои шахсе, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид кард, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод,  ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашид, ҷинояткоронро авф кард, гурезаҳоро ба Ватан баргардонид, ба миллати мотамзада Ваҳдат, Субот, Амният овард, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон вогузор намуд, пояи давлатдориро аз сифр тарҳрезӣ кард, низоми молияро аз хазинаи холии бағоратрафта, лашкарро бо фармондеҳони кироя, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ бунёд намуд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонд, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат муттаҳид кард, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намуд, дуруст гуфтаанд, ки кори як минбар, як маърӯза ва ҳатто як китоб ҳам нест. Ҳақиқат ин аст, ки нобиғаҳо дар як замон зиндагӣ мекунанд, вале рӯҳ ва ғояҳояшон таърихи ояндаро комил месозанд.

Барои ин ҷониб мояи ифтихор аст, ки бо чунин шахсияти  таърихӣ муддатҳо паҳлу ба паҳлу кор ва фаъолият кардаам. Аз ин рӯ, бо амри дил, ҷиҳати инъикоси қисме аз воқеият, ифшои чанд сабақе, ки дар вазнинтарин ҳолатҳои зиндагии халқ аз ин шахсияти таърихӣ гирифтаам, пушти  ин  минбар омадам.

Дар замоне, ки касе ба як соати ояндаи зиндагӣ бовар надошт, дар шароите, ки модар баргаштани фарзанд ва ё зан  шавҳари барои нон ба мағоза рафтаашро бо сад гумону хаёл интизорӣ кашида, даст ба домони Худованд мезад, дар лаҳзаҳое, ки садои тиру туфанг нолаи модарону гиряи кӯдаконро пахш карда буд, дар он рӯзгоре, ки адлу инсоф, дӯстию муҳаббат, садоқату ҳақиқатро беинсофию нобаробарӣ, хиёнату чоплусӣ, номардию туҳмат гулӯгир карда буд, ӯ масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат дар дили мардум ҷо намуд.

Ӯ ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи савганди таърихиаш, моҳи декабри соли 1992, дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Ӯ аз рӯзи ин қасами худ то 27 июни соли 1997, яъне то расидан ба Ваҳдати миллӣ ва суханронии таърихӣ бахшида ба имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 21 маротиба гуфтушунидҳо ташкил карда, 7 маротиба дар муколамаҳо шахсан ширкат варзида, ҳамчун Роҳбари давлат ва пешвои миллат 80 маротиба ба халқи Тоҷикистон муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ, мусоҳибаҳо ва табрикот карда, ҳамеша аз дӯстӣ ва ваҳдат суҳбат намуда, муноқишаю ҷангро маҳкум сохта, кӯшиши муттаҳид кардани миллатро пайваста думболагирӣ намудааст.

Роҳбар на танҳо ба қасамаш содиқ буд, балки ҷиҳати иҷрои он фидокорона  кӯшиш кард, ин вазифаи муқаддаси худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накард. Дар замоне, ки як ҳиссаи шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзандон гум мезад, ӯ худро нороҳат ҳис мекард. Ӯ ҳамчун Роҳбари давлат то расидан ба ваҳдати миллӣ  оромиро эҳсос намекард, рӯҳаш барои зиндагии нотинҷи кишвар, сӯхтану бетартибиҳои яроқбадастон азият мекашиду қалбаш ба аҳволи мардуми фирорӣ месӯхт. Дар чунин як ҳолати тоқатфарсо пайваста ба мардуми фирорӣ мегуфт: «Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем бо ҳам мехӯрем». Бо чӣ гуна дард ва бо чӣ самимият гуфта мешуданд ин суханҳо.

Ҳамин самимият ва муҳаббат буд, ки як миллион гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ ба ҷойи зисти аввалаашон баргардонда шуд, 36 ҳазор хонаи пурра ва ё қисман харобгашта  дар як муддати кутоҳ пурра барқарор шуд.

Ҳар ҷанг ва ҳар фитна ташкилкунандагон, иҷрокунандагон ва манфиатгирандагони худро дорад, ки ҳамчун омили  ин нохушӣ аз он баҳра мегирифтаанд. Оташбас ва субот ба ин гурӯҳҳои дохилию хориҷӣ, албатта, хушоянд набуд. Аз ин лиҳоз, барои ӯ хеле вазнин буд, ки ҳамроҳ бо ғаму андӯҳи халқ ба сӯи оромию субот ҳаракат намояд. Дар бисёр ҳолатҳо ҳатто мо наздиктарин рафиқону ҳамақидаҳо зери таъсири селоби мушкилию фитнаҳо ба ояндаи нек шубҳа мекардем. Вале ӯ ба иродаи халқ такя карда, моро мутмаин сохта, ҷавонмардона ба пеш ҳаракат мекард ва моро низ ҳидоят менамуд.

 Ҳозирини гиромӣ!

 Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат қаҳрамон аст, қаҳрамоне, ки ният ва маромаш оромии ҳар хонадон ва мардуми  Тоҷикистон  буд. Он замонҳо фикр мекардам Худованд, Табиат, Замона ва Таърих, дер ҳам бошад, садои дили ин миллати азияткашидаро шунида, ба ӯ фарзанди асили бардорандаи бори таърих ва замонаро додааст, ягона хоҳишу илтиҷои мо ҳифз ва гиромидошти ин амонат буд.

Дар ӯ сифатҳои зиёди инсонии олию одӣ, меҳрубонию қаҳрамонӣ, матонату ҳалимӣ, дилсӯзию ҷасорат, хоксорию ғурур бо риояи одоб, дар мизони хирад ва тарозуи манфиати миллат ва Ватан ба ҳам омадаанд.

Ёд дорам 10-11 декабри соли 1996, гуфтушиниди деҳаи Хосдеҳи ноҳияи Фархори Давлати Исломии Афғонистонро. Дар Афғонистон ҷанг мерафт, мақомоти амниятии Тоҷикистон рафтани Роҳбари давлатро дар чунин шароит ба он минтақа хатарнок донистанд. Вале Президент посух дод: «Ҷони худамро қурбон мекунаму аз роҳ намегардам, зеро халқи Тоҷикистон аз мо умедҳо дорад.» Сафар доир шуд ва гуфтушунид дар як ҳолати вазнин гузашт. Вале матонат, ирода, ҷасурӣ ва ғамхорӣ нисбат ба халқ ва ташнагӣ дар роҳи сулҳ,  хоксорию одамгарӣ ва поквиҷдонию садоқати ӯро дар он сафар мушоҳида карда, ин чеҳраи таърихиро барои худ боз фарохтар кашф кардам: аз дилсӯзҳо дилсӯзтар, аз оқилҳо оқилтар ва аз дӯстҳо болотар, аз содиқон самимитар  буд…

Дар ҳолате, ки сару либосаш пур аз чанг, дар кафи дасташ пиёлаи чойи сард, рӯйи кӯрпача мисли як марди одӣ нишаста, ботамкинона, меҳрубонона сарварони мухолифро ба ваҳдат ва сулҳ даъват мекард, дар садо ва даъвати ӯ ҳикмати ниёгон, маърифати бузургон ва ҳақиқатҳои бебаҳс зи дуриҳои дур барои гӯши шунавою дидаи бино мерасид, он лаҳза бо тамоми ҳастиям эҳсос кардам, ки ӯ шахси муқаррарӣ нест. Вай то он дараҷа бо дарди миллат месӯхт, ки омода буд ҷони худро нисор кунаду барои халқи азиятдидааш сулҳу оромиро харидорӣ намояд.  Чунин лаҳзаҳои хотирмон то расидан ба сулҳ хеле зиёд буданд, ки дар дили ман ва дигар аъзои гуфтушунид абадӣ мемонанд.

Маҳз баъд аз ин сафар миёнаравҳои кишвари афғон ба пуррагӣ бовар карданд, ки дар Тоҷикистон сулҳ мешавад. Бародарони фирорӣ баъдан ба мо гуфтанд, ки чунин қаҳрамонӣ ва матонати Эмомалӣ Раҳмонро дида, зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд сарварони мухолифинро даъват ба нишаст ва гуфтушунид менамояд. Вақте қисмате аз онҳо нобоварӣ менамоянд, Аҳмадшоҳ мегӯяд: «Ман имрӯз Роҳбари давлати шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо – афғонҳо дар ин солҳои ҷанг дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхорро надоштаем».

Бузургон дуруст гуфтаанд: ҳама корҳо бо ният аст. Нияти ӯ, мароми ӯ нек буд, ки ҳама ба некӣ анҷомид. Ӯ қадам ба қадам, ҳар лаҳза ва ҳар замон ба умеди ваҳдат, ба нияти субот фикр мекард, ҳарф мезад, амал мекард ва аз худию бегона, аз рӯҳи гузаштагону Офаридгори замину осмон талаби тинҷию оромии кишварро менамуд. Ин ҳамаро мо на танҳо медидему мешунидем, балки бо  қалбу рӯҳ дарк мекардем ва аз ин мактаб дарс ва ҳадиси ватандорӣ меомӯхтем.

Ӯ ба суханаш содиқ, ба ваъдааш устувор буд ва ба амалаш муҳаббат дошт, ки тавонист бузургтарин неъмат — умед ба зиндагии осоиштаро дар дили мардум ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад.

Дӯстони азиз!

Бидуни ҳеҷ як тамаллуқ, бидуни ҳеҷ як манфиат, ба хотири баёни ҳақиқат ва иҷрои рисолати инсонӣ ва виҷдониам ин лаҳзаҳо таърихи пурфоҷиаи миллати хешро бо садои парокандаи фарзандони барӯманди халқи тоҷик, ки дар замони бедавлатии хеш ба бедавлатон давлатдорӣ омӯхта, ба бефарҳангон фарҳангу адаб дода, бо мушти хоку забони шевои ашъори гуҳарбори тоҷикӣ дар паҳноҳои мухталифи олам берун аз Ватан бо орзую омоли ватандорӣ дар ғарибӣ чашм ба хоби абад рафтаанд, пеши назар меораму

- навҳа ва садои ба фалак печидаи модари тоҷику гиряҳои дардолуду пурумеди фарзандони зиндаятими солҳои ҷанги шаҳрвандиро то ҳанӯз эҳсос мекунаму

- ба чашми фарзандону наберагон, ба чашми ҷавононе, ки бе падар ба воя расида, ба арӯсоне, ки бе шавҳар ятимонро тарбия карда, ба ҳамватаноне, ки рӯй ба сӯи қабристони муҳоҷирон ба он тарафи дарёи Панҷ карда, дуо менамоянд, бо масъулият ва дидаи қалб назар намуда, боқатъият изҳор медорам, ки: мактаби сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дарси ибрати ваҳдати миллии ӯ, давлатсозию ҳадиси ватанпарастии ин шахси таърихӣ барои халқи азиятдидаи мо сарчашмаи худогоҳӣ, хазинаи худшиносӣ ва ганҷинаи эҳсоси баланди миллатдӯстист, ки ба қадри он расидан, номи асосгузори онҳоро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда, идома додан қарзи инсонии ҳар соҳибватан буда, эҳтиром ба роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолият, қадршиносӣ аз Давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.

Ҳар соҳибватане, ки:

- нисбат ба имрӯзу фардои Ватанаш бетараф нест,

- ҳар шаҳрванде, ки ба тақдири Ватанаш бетафовут нест,

- ҳар тоҷике, ки миллати хешро дӯст медорад ва онро дар маснади баланди обрӯ дидан мехоҳад,

- ва ҳар падару модаре, ки ояндаи фарзандони худро дар Тоҷикистони озод, обод ва осоиштаю рушдкарда дидан мехоҳад, посдори ин амалҳои созанда, сабақомӯз ва ибратбахш аст.

Маҳз ба ҳамин хотир навиштану сабти ин ҳама дар хотираи таърихӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии миллат бо забони илмӣ, бо услуби қонунӣ, бо амру виҷдон ва масъулиятҳо зарурат пайдо менамояд.

Лоиҳае, ки имрӯз баррасӣ мешавад, лоиҳаи як қонуни одӣ ва танҳо танзимкунандаи рӯзгори имрӯз набуда, балки васлгари ҳуқуқии дастовардҳои неки дирӯз, имрӯз ва фардои кишвар аст. Лоиҳаи мазкур ифодагари рамзии як марҳилаи таърихии зиндагии талх ва тақдирсози миллат аст, ки  бо созандагию бунёдкориҳои Роҳбари қаҳрамонаш тавъам мебошад.

Ҳадафи аслии Лоиҳа, тавре ташаббускорон зикр карданд, ҳимояи корҳои неки оғозгардида, муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созанда, нигоҳдошти роҳи таърихии рушди Тоҷикистон ба сӯи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва тавсеаи таҷрибаи мусбати ватандорист. Дар ин ҷода Лоиҳа ба одитарин ва олитарин хислати инсонӣ — қадршиносӣ аз заҳмати фарзанди содиқу вафодори миллат такя мекунад.

 Ҳозирини гиромӣ!

Миллате, ки таърих ва бузургони гузаштаи худро қадр мекунад, саодатманд аст, вале бузургтару саодатмандтар, ба қавли хирадмандон,  миллатест, ки ба қадри бузургон ва қаҳрамонони зиндаи худ мерасад.

Илми таърихи сиёсӣ- иҷтимоӣ ва таҷрибаи давлатҳои мутамаддин собит менамоянд, ки давлатҳои гузаштаю имрӯза хизматҳои содиқона, созанда ва тақдирсози чунин фарзандони қаҳрамони худро мадди назар гирифта, ҳанӯз дар айёми дар қайди ҳаёт буданашон бо мақсади нигоҳ доштани меросияти таърихӣ ва рушди бонизоми ҷомеа ва давлат, симо ва шахсияти онҳоро ҳамчун қаҳрамон, пешво ва падари миллат ва давлатҳо эътироф кардаанд.

Соҳаҳои мухталифи илм низ аз ҷанбаҳои гуногун хизматҳои воқеии онҳоро қадршиносӣ карда, таъсири нек ва қавии чунин симоҳоро дар масири таърих барои рушд, ваҳдат ва пешрафти миллату ҷомеаҳо ёдрас шуда, шинохт ва эътирофи онҳоро ба ҳайси «Пешвои миллат», «Падар — бунёдгузори давлат» ва монанди инҳо ба фазои илмҳои сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ ворид кардаанд.

Дар таърихи давлатдории навини демократӣ ва классикӣ аломати мавҷудияти падарон – бунёдгузорон ва пешвоёни миллӣ ба сони мактаби бузурги тарбияи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ  ба назар мерасад. Чунончӣ, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико онҳоро ба ҳайси «Падарон — асосгузорони  давлати  Амрико»  (Ҷорҷ Вашингтон, Ҷон Адамс, Томас Ҷефферсон, Ҷеймс Медисон, Александр Гамилтон), дар Туркия — «Падари миллати турк»  (Ататурк), дар Ҳиндустон — «Падари миллати ҳинду» (Маҳатма Гандӣ) ва «Бунёдгузори давлати ҳинд» (Ҷавоҳирлаъл Неру,) дар Покистон — «Падар — асосгузори давлати Покистон»  (Алӣ Муҳаммад Ҷиноҳ), дар Сингапур — «Асосгузори давлати Сингапур»  (Ли Куан Ю), дар Қазоқистон — «Пешвои миллат»  (Нурсултон Назарбоев)  шинохтаанд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аз шинохт ва эътирофи онҳо демократияи ин давлатҳо ва ё дигар озодиҳояшон ҳеҷ зарар надида, баръакс онҳо ба ин васила,  ибтидои давлатдории худро аз назари ҳуқуқӣ эълон карда, роҳи  рушди босуботи давлатро ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ ҳифз намудаанд.

Эътироф ва муттаҳидии халқ дар атрофи пешвоён ва бунёдгузорони давлатҳо таи зиёда аз дусад соли охир ба сони ғояи тарғибгари ваҳдат, нигоҳдошти роҳи таърихӣ, меросияти таҷриба ва дастовардҳо барои як идда давлатҳо аҳамияти бениҳоят бузург касб кардааст. Мавҷудияти чунин симоҳои таърихӣ  идеяи худшиносӣ, ваҳдатгароӣ ва роҳи устувори рушдро барои миллатҳо омода намудааст. Маҳз ба ҳамин хотир ва ниятҳои нек дар сарчашмаҳои ҳуқуқии замонашон дахлнопазирии чунин ашхоси таърихӣ ҳамчун рамзи муттаҳидии давлат махсус зикр мешуд. Қисмати дигари онҳо пас аз зиндагиашон  ҳамчун рамз ва муқаддасоти миллӣ тарғиб ва эътироф мегашт.

Таҷрибаи таърихи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки доштани пешвои миллӣ, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ шарт ва зарур аст. Маҳз барои миллати азиятдида, ранҷхӯрда ва борҳо аз давлатдорӣ маҳрумгардидаи тоҷик дар шароити ҷаҳони ноороми имрӯз доштани пешвои сиёсӣ, эътирофи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ҳамчун рамзи муттаҳидии халқ атрофи ғоя ва андешаҳои ӯ  аҳамияти бештари таърихӣ, замонавӣ ва ояндабиниро касб менамояд.

Барои мо имрӯз вақт, замона ва манфиатҳои дирӯз, имрӯз ва фардои миллат дар ҳамбастагӣ ин фурсатро фароҳам овардааст. Далели бузургу раднопазири ин иқдом фаъолияти содиқонаю созанда ва аз ҷониби халқ эътирофшудаи Ҷаноби Олӣ дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва бунёди давлату эҳёи фарҳанги миллат аст.

Вакилони муҳтарам!

Мо хуб мефаҳмем, ки дар шароити кунунӣ дӯстону душманон ба иқдоми пешгирифтаи мо назарҳои мухталиф доранд. Ин як амри табиист. Муҳим он аст, ки мо дуруст дарк намоем, ки ин Қонун на ба хотири шахсият аст, агарчанде муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, воқеан ҳам, хизматҳои бузурги таърихӣ карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз фурӯравӣ наҷот додааст; агарчанде таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми ҳуқуқӣ, нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуда, эҳёи арзишҳои динӣ ва миллӣ оғоз гардида, кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, истиқлолияти озуқаворӣ таъмин гашта, роҳи давлатдории Тоҷикистонро ба сӯи давлати ормонии демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона шурӯъ гардидааст. Ӯ  ба ин қадршиносӣ эҳтиёҷ надорад, балки мардуми Тоҷикистон ба ҳифзи ин дастовардҳо эҳтиёҷ дошта, тақдири ояндаи давлатамон ба ҳифзи таърихии ин роҳи ормонии шурӯъгардида зарурат пайдо кардааст.

Лоиҳаи пешниҳодшуда  мақоми «Пешвои миллат» — ро муайян карда, ваколату вазъи ҳуқуқии ӯро пас аз анҷоми вазифаи президентӣ муайян менамояд, ки чунин қадршиносӣ ва эҳтирому кафолатҳои Роҳбари давлат дар ҳар давлати демократӣ бо қонунҳои махсус ҳамчун вазъи ҳуқуқии Президенти собиқ муқаррар шудааст. Дигар ин ки дар Лоиҳаи пешниҳодшуда мисли қонунҳои кишварҳои дигар кафолатҳои иҷтимоию иқтисодӣ берун аз талаботи қонунҳо ва имконҳои мавҷуда набуда, балки холисона ва одилона муқаррар шудаанд.

Албатта, ҳар кас дар муҳокима ва овоздиҳии ин Лоиҳаи таърихӣ комилан озод аст. Вале мо, вакилон,  барои фарзанди содиқу вафодори миллат ва амалҳои созандагию ободкорӣ, муттаҳидӣ ва ваҳдати фардои фарзандони худ бо дарки масъулият ва фаҳми шахсӣ овоз медиҳем. Овози озоди мо гарави озодии интихоби роҳи таърихии миллат ва эҳтиром ба рӯҳи озодихоҳонаи фарзандони қаҳрамони  миллат аст.

Имрӯз шумо — вакилони муҳтарам ва матбуот аз ҳарвақта дида озодтару  соҳибистиқлолтаред. Мо аз ҳеҷ гуна андешаи мухолиф, назарҳои танқидомез ва суханҳои муқобил на ҳарос дорем ва на метарсем, чунки мо ба мақсади ободии Ватан ва ҳифзи роҳи таърихии рушди давлатамон, ба қадршиносии фарзанди барӯманди миллат рӯ овардаем. Мо фикр намекунем, ки қадршиносӣ аз фарзандони содиқу вафодори миллат беҳурматӣ нисбати дигар арзишҳои инсонист. Ҳар нафаре, ки барои давлату миллат хизмат кардааст, масъулияти Давлату Миллатро дар қадршиносии худ пайдо менамояд.

Мо, албатта, ба демократияю озодиҳо ва ҳуқуқу арзишҳои дигари инсонӣ арҷ мегузорем ва  даъвои онро надорем, ки  дар ҳамин давраи таърихӣ ҳамаи мушкилоти худро ҳал намудаем, зеро  ҳанӯз мушкилию масъалаҳои ҳалношудаи  сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кам нестанд. Аммо ин қадршиносии мо  аз эътирофи ғалабаи некӣ ба бадӣ дар кори ватандории мост, аз оғози сулҳ ва ваҳдати миллии мардуми кишвар,  аз таҳкими низоми идорӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва аз оғози роҳи таърихии давлат ба сӯи давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эътирофи сиёсӣ ва ҳуқуқии давлати Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонист.

Онҳое, ки моро фаҳмидан наметавонанд ва фикрҳои дигар доранд, ин ҳаққи табиии онҳост, мо афкори онҳоро эҳтиром мекунем, зеро ин қонуни зиндагии ҷомеаи озод аст. Бовар дорам, ки онҳо ҳам мисли мо дар фикри ободии ин мамлакат мебошанд, аз ин рӯ, ба арзи эҳтиром аз номи худам, ҳамчун як фарзанди ин мамлакат, бори дигар гуфтаниам:

Бовар кунед, мо Давлати худро дӯст медорем, ба он бузургию умри ҷовидониро мехоҳем, демократияю ҳуқуқҳои инсонро эътироф менамоем, вале мехоҳем, ки заҳмат­ҳои  фарзандони бузургу сарсупурдаи миллатамонро қадр намоем, то аз ин қадршиносӣ ояндагон ҳикмат ва таҷриба бардоранд.

Мо Ватанро бо чашми кушодаи дил дида, садои ӯро бо гӯши қалб шунида, ҳикмати ҳастии онро бо хирад ва рӯҳи равонамон эҳсос менамоем, ки ҳеҷ як манфиат ва ҳеҷ як ғараз садди роҳи ин дидан ва ин шунидан шуда наметавонад, зеро манбаи илҳомбахши онро муҳаббати самимӣ ва умед ба ояндаи нек ташкил медиҳад.

Мо хуб мефаҳмем, ки инсон ба давлати худ дар сурате манфиатовар буда метавонад, ки онро, воқеан ҳам, бо ҳастию оромии фарзандонаш, бо зиндагии осоиштаи ҳамватанонаш, бо далерию матонати қаҳрамононаш эҳсос намояд, Ватанро бо ҳама пастию баландиҳои рӯзгори мардумаш, бо ҳама арзишҳои таърихию замонавиаш, бо ҳама мағлубияту музаффариятҳояш, ки барои имрӯзу фардо таъсирҳо дорад, дӯст дорад, аз таҷрибаи он сабақ бардорад ва вазифаю масъулияти муқаддаси худро дар назди фарзандони ояндааш аз ёд набарорад. Ин аст дарси ватандории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.