Дӯстие, ки реша дар қаъри асрҳо дорад

№139 (4089) 19.11.2019

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибис­тиқлолӣ сиёсати «дарҳои кушода»-ро пеш гирифт ва сол то сол шумораи шарикони хориҷии он рӯ ба афзоиш ниҳод.

Ҳатто давлатҳои хориҷи дуру наздик робитаро бо кишвар то ба ҳадди шарикии стратегӣ ташаккул доданд. Яке аз онҳо Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки аз ҳар ҷиҳат бо Тоҷикистон қаробат дорад. Тӯли таърих тоҷикону ӯзбекон дар давлатҳои муштарак кору зиндагӣ карда, робитаҳои неки дӯстиву ҳамсоядориро таҳким бахшидаанд. Зиндагӣ ва фаъолияти якҷоя ҳар ду халқро хешу табор кард. Ҳоло робита бо ӯзбекон ба ҳаддест, ки миёни халқи мо бо халқҳои эронинажод ва халқи ӯзбек бо қавмҳои туркнажод дида намешавад. То ба ин ҳад наздик будан ва доштани фарҳангу тарзи зиндагии якхела боис шудааст, ки чӣ дар гузаш­та ва чӣ ҳоло, тоҷику ӯзбекро «як халқ бо ду забон» муаррифӣ мекунанд. Аз ин рӯ, робитаҳои дӯс­тиву ҳамсоядории тоҷику ӯзбек дар душвортарин лаҳзаҳо ҳам пойбарҷо мондааст.

Муддате муносибатҳои байнидавлатии кишварҳо рӯ ба сардӣ овард. Хушбахтона, бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб гардидани Шавкат Мирзиёев ва иродаи шикастнопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ мушкилоти дар тӯли ду даҳсола ҷамъшуда бартараф ва робитаи мутақобилан судманди кишварҳо дар ҳама самт ба сатҳи баланд бардошта шуд. Гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз ва рафтуомади бемонеаи шаҳрвандони ҳар ду давлат таъмин гардид. Ин иқдом ба рӯҳияи мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон таъсири хуб гузошт, зеро барои ду халқе, ки садсолаҳо сарҳадҳои муштарак доштаву якҷоя зиндагӣ мекарданд, таҳаммули банд будани гузаргоҳҳо осон набуд. Баъди кушода шудани сарҳад робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ бемайлон рушд карданд. Бизнес – форумҳо баргузор ва ҳамкориҳои судманди соҳибкорон ба роҳ монда шуданд. Ҳунармандони тоҷикистониву ӯзбекистонӣ бо сафарҳои ҳунарӣ ба кишварҳои ҳамдигар ташриф оварданд. Шумораи хоҳишмандон барои таҳсил дар кишвари мо аз ҳисоби шаҳрвандони Ӯзбекис­тон сол то сол зиёд гардид ва то 4 ҳазор нафар афзоиш ёфт. Дар баробари ин, муносибатҳои тиҷоратӣ рушди бемайлон касб карда, аз 12 миллион доллари соли 2015 то ба наздики 300 миллион доллар дар соли 2018 расонида шуд ва дар нақша аст, ки солҳои наздик ба 500 миллион доллар бароварда шавад. Дар дигар самтҳо низ ҳамкориҳои байнидавлатӣ хуб ба роҳ монда шуданд ва муносибатҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ расид. Аз ҷумла, робитаҳои байнипарлумонӣ ба сатҳу сифати нав баромад. Сафарҳои вакилони парлумонҳои ҳар ду кишвар ба мамолики ҳамдигар пайваста ба роҳ монда мешаванд. Соли гузашта сафари гурӯҳи вакилони ӯзбек бо роҳбарии Раиси Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов ба кишвари мо сурат гирифт. Имсол бошад, вакилони парлумони тоҷик бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд. Вакилони тоҷикро Раиси Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов бо самимият ва эҳтироми беандоза пешвоз гирифт.

Дар ҷараёни сафар (ҳафтуми октябр) Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Шукурҷон Зуҳуров мулоқоти гарму самимӣ баргузор намуд.

Зимни суҳбат Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки имкони деринаи муошират ва баррасии масъалаҳои афзалиятноки муносибатҳои неки ҳамсоягӣ маҳз ба шарофати иродаи қавии сиёсии роҳбарони ҳар ду давлат ба вуҷуд омад.

- Сафари мазкур таҷассумгари равобити барқароршуда аст ва онро нишонаи равшани шарикии стратегии ду кишвар арзёбӣ мекунем. Дар хотир дорем, ки пас аз ба қудрат расидан (моҳи декабри соли 2016) Шумо афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии Ӯзбекистон, аз қабили самти наздикшавӣ бо ҳамсояҳо, барқарорсозии муносибатҳо бо кишварҳои дигари хориҷи дур, озодсозии иқтисодиёт дар ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва ғайраро эълон кардед. Бино ба гуфтаи коршиносон, дар миёни 10 тағйироти мусбати Ӯзбекистон, ки дар давраи роҳбарии Шумо ба вуҷуд омад, нуқтаи якум — самти наздикшавӣ бо ҳамсоягон дар ҷои аввал қарор дорад. Воқеан, масъалаҳои баҳсноки дарозмуддат бо кишварҳои ҳамсоя хеле муваффақона ҳалли худро ёфтанд ва сарҳадҳо кушода шуданд. Сиёсати хориҷӣ ва дохилии Шумо пояҳои амнияти минтақаро мустаҳкам менамояд, барои рушди муттасили на танҳо ҷомеаи Ӯзбекистон, балки Осиёи Марказӣ таъсири мусбат мерасонад, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва афзуд, ки сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон дар моҳҳои март — августи соли 2018 баҳри таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ заминаи муҳим гузоштанд.

Қайд гардид, ки масъалаи таҳкими робитаҳо дар ин самт ҳангоми мулоқоти Шавкат Мирзиёев бо раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, инчунин, дар доираи сафари ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон ва дидору мулоқотҳояшон бо раисони Сенат ва Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.

Дар тавофуқот ва созишномаҳое, ки пас аз боздидҳои таърихии зикршуда ба имзо расиданд, азму иродаи чандинсолаи ду халқи бародар таҷассум ёфтаанд.

Ҳуҷҷатҳое, ки байни кишварҳо қабул шуданд, самтҳои асосии ҳамкориро фаро мегиранд ва заминаи мустаҳками ҳуқуқиро барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои сиёсию тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва ғайра фароҳам меоранд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни мулоқот аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ ва таъкид намуд, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар ҳама арса ва соҳа ба ҳисоб меравад.

Ӯ дар бораи Тоҷикистон ва Роҳбари давлати мо бо ҳарорат сухан мегуфт ва аз рушду тавсеаи муносибатҳои ду давлат ҳарф мезад.

- Тақдир ба халқи бародари тоҷик дар симои Эмомалӣ ­Раҳмон ходими барҷастаи давлатӣ ва шахсияти беназири таърихиро, ки дорои хирад, иродаи қавӣ ва истеъдоди муттаҳид намудани мардум мебошад, тақдим намудааст. Таҳти роҳбарии ғамхоронаи ин марди бузург ва бо шарофати сиёсати дурандешонаву меҳнати фидокоронааш ҳоло дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ, рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ пурра таъмин гардидааст. Аз ин ҷост, ки эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ рӯз то рӯз боло рафта истодааст, — зикр кард Шавкат Мирзиёев.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъкид намуд, ки ҳанӯз ҳам имконоти истифоданашуда ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо миёна ду давлат зиёданд ва сари онҳо ҳар чӣ бештар бояд кор кард. Шавкат Мирзиёев, хусусан, аз бахши кишоварзӣ ёдовар шуд. Гуфт, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонанд дар ин самт ҳамкориҳои бештареро ба роҳ монанд. Ӯ таъкид кард, ки «муносибатҳои воқеан дӯстона ва неки ҳамсоягӣ миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон минбаъд низ бо дастгирии шахсии дӯсти ман Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бар нафъи мардуми кишварҳо таҳким хоҳанд ёфт».

Зимни мулоқот бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидӣ баррасӣ гардиданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки давраи таваққуфи номатлуб дар муносибатҳо ба поён расидааст. Акнун вакилони парлумони Тоҷикистону Ӯзбекистон имкон пайдо хоҳанд кард, ки шакли доимии ҳамкориро ба роҳ монанд. Бовар дорам, ки дар муддати кӯтоҳ муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорем ва онҳо ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ рушд меёбанд.

Ҳоло пояҳои қарордодӣ – ҳуқуқиро қариб 170 созишнома ва шартномаҳои дар сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзошуда ташкил медиҳанд. Имкониятҳои васеъ ҷиҳати амалисозии пурраи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ, коммуникатсионии кишварҳо ва тақвияти мубодилаи фарҳангию башардӯстона фароҳам оварда шудааст.

Алҳол созишномаҳои имзошуда амал карда истодаанд. Ҳар ду кишвар низоми раводидиро то 30 рӯз бекор, парвозҳоро барқарор намуданд ва ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро амиқтар гардониданд.

Ин ҳама муваффақият, бешубҳа, аз хирадмандии сарони кишварҳо — муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, робитаҳои сатҳи баланди корӣ ва дӯстии наздики онҳо шаҳодат медиҳад.

Дар доираи сафар ­Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин, бо Раиси Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов мулоқот намуд ва зимни он зикр кард, ки омили муҳими робитаҳои дуҷониба сафарҳои ҳайатҳои парлумонӣ ба шумор меравад.

- Сафари шумо ба Тоҷикис­тон ва боздиди мо аз Ӯзбекис­тон худ нишондиҳандаи муносибатҳои нек миёни ду кишвар аст. Бовар дорем, ки давраи сукути номатлубу нофорам дар муносибатҳо ба таври бебозгашт поён ёфтааст. Ҳоло қонунгузорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба дастёбии шакли пойдору ҳамешагии ҳамкорӣ қодир мебошанд.

Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар муддати кӯтоҳ метавонем даст ба дасти ҳам диҳем, то робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳам дар қолаби дуҷониба ва ҳам чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалии парлумонӣ рушд кунанд. Алоқаи зич дар оянда низ баҳри тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ, башардӯстӣ ва фарҳангӣ, густариши робитаҳои байниминтақавӣ нақши муҳим хоҳанд бозид, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва афзуд, ки дар муддати басо кӯтоҳ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаҳои имзокардаи сарварони ҳар ду кишвар ба тасвиб расиданд, ки ин намунаи созандагӣ ва ҳамоҳангии кишварҳост.

Ҳаштуми октябри соли ҷорӣ дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайати парлумонии Тоҷикистон аз шаҳри Тошкент ба шаҳри Самарқанд ташриф оварда, ҷойҳои таърихию муқаддаси онро тамошо карданд. Аз чеҳраҳои кушодаи сокинони Самарқанди бостон, ки бо мо бо забони шевои тоҷикӣ суҳбат мекарданд, пай бурдан душвор набуд, ки хуб шудани муносибатҳо то чӣ ҳад онҳоро болидарӯҳ гардонидааст.

Ҳамин тариқ, зимни сафари дурӯза ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори дигар мутмаин шудем, ки танҳо сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонад рушду нумӯъ ва зиндагии орому осудаи мардумро таъмин намояд. Хусусан, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни давлатҳое чун Тоҷикис­тону Ӯзбекистон, ки собиқаи ҳазорсола дорад, чун обу ҳаво зарур мебошад.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон