Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо қонун қабул шуд

№145 (3939) 01.12.2018

DSC_4097Бисту ҳаштуми ноябри соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 50 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Рустам Мирзохоҷа дода мешавад.

ШОҲИЁН Рустам Мирзохоҷа:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро бо мақсади мутобиқ намудан бо тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд, инчунин татбиқи банди 4 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», № 547 аз 29 ноябри соли 2017 таҳия намуд.

Тибқи қонуни мазкур, моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» дар таҳрири нав пешниҳод шудааст. Мақсад аз пешниҳоди мазкур ислоҳ намудани хатоҳои имлоӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба талаботи меъёрҳои соҳавӣ мебошад. Сабаби ба қисми 2 моддаи мазкур ворид намудани тағйирот дар он аст, ки бинобар истифода накардани молумулки мудофиаи гражданӣ дар замони осоишта, дар шароити хуб нигоҳ доштани онҳо ғайриимкон мегардад ва бо мақсади мутобиқи талаботи қоидаҳои сохтмонӣ оид ба чорабиниҳои муҳандисию техникӣ нигоҳ доштани молумулки мудофиаи гражданӣ қабул намудани санади зерқонунии дахлдор ба миён меояд.

Хоҳишмандам, лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин мас­ъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сафаров Зайнудин дода мешавад.

Зайнудин САФАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсия ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҷиҳати бартараф намудани мухолифати байни онҳо, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон як таклиф пешниҳод гардид, ки ба инобат гирифта шуд.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Рустам Мирзохоҷа дода мешавад.

Шоҳиён Рустам Мирзохоҷа:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Тибқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон», масъала ба миён гузошта шудааст, ки ин сохторҳо бояд дар тамоми ҳудудҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шаванд.

Пештар, мувофиқи сохтори кумита, ин сохторҳо танҳо дар шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо вуҷуд доштанд. Сохторҳои номбурда ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода таъсис ёфта, амал менамоянд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сафаров Зайнудин дода мешавад.

Зайнудин САФАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсия ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон як таклиф пешниҳод гардид, ки он ба инобат гирифта шуд.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Икром Ислом дода мешавад.

УМАРЗОДА Икром Ислом:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва пешниҳод шудааст. Он бо мақсади такмил додани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», мутобиқгардонии матн ва меъёрҳои қонуни мазкур ба қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва бартараф кардани мухолифати ҷойдошта таҳия гардидааст.

Ҳамчунин, дар бандҳои дигари моддаҳои гуногуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» иваз намудани баъзе ибораҳо ва калимаҳо пешниҳод гардидааст, ки мақсад аз он бартараф намудани камбудиҳои имлоӣ ва мутобиқати матни қонун ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Бинобар дар заминаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтани Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба моддаҳои 8 ва 33 қонун тағйирот ворид карда мешавад.

Бо дарназардошти он ки махзани ягонаи маълумот дар бораи ҳолатҳои савдои одамон дар Маркази муқовимат ба савдои одамони РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мегардад, дар қисми 4 моддаи 17 қонун калимаҳои «ва воҳидҳои тафтишотии» хориҷ карда мешавад.

Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур, моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», ки он «Тартиби додани мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон» ном дорад, дар таҳрири нав оварда шудааст, зеро тибқи меъёрҳои амалкунанда, мақоми қурбонии савдои одамон танҳо аз ҷониби Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон дода мешуд, аммо ин шакл дар таҳрири нав нисбатан сода гардонида, мақоми ҳуқуқии қурбонӣ ё ҷабрдидаи савдои одамон аз ҷониби яке аз субъектони бевоситаи муқовимат ба савдои одамон дода мешавад. Зеро, тибқи қонунгузорӣ тамоми субъектони муқовимат ба савдои одамон дар ҳолати ворид гардидани ариза ё муроҷиат оид ба эътироф намудани қурбонии савдои одамон ваколати қабул намудани чунин қарорҳоро доранд.

Моддаи 45 қонун хусусиятҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон номгузорӣ ва дар қисми 2 салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани номгӯи ҷиноятҳои ба савдои одамон алоқаманд пешбинӣ шудааст. Қисми 2 моддаи 45 қонун хориҷ карда, салоҳияти мазкур дар моддаи 6 пешбинӣ мешавад.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади такмил додани муқаррароти ҳамин қонун ва бартараф намудани хатоиҳои имлоӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Ҳамчунин, дар лоиҳа моддаи 21 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи он ваколати ба шахс додани мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон ба субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамоянд (Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук), вогузор шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1960 аз 8 ноябри соли 2018 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» ҷонибдорӣ гардида, ҷиҳати такмили он 11 таклифу пешниҳод манзур шуд, ки нуҳтояш пурра ё қисман қабул гардид.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Умарзода Икром Ислом дода мешавад.

Умарзода Икром Ислом:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда таҳия гардидааст.

Баъди қабул ва ратификатсияи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ» ва Протоколи замимавии он «Дар бораи пешгирӣ ва рафъи харидуфурӯши одамон, хусусан занон, кӯдакон ва ҷазо барои он», ки дар қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 15 ноябри соли 2000 омадааст, зарурати ворид намудани мафҳуми «савдои одамон» дар қонунгузории миллӣ ба вуҷуд омад. Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», ибораи «харидуфурӯши одамон» яке аз тарзҳои савдои одамон ба ҳисоб рафта, тамоми паҳлуҳои ҷинояти мазкурро дар бар намегирад. Бинобар ин, минбаъд дар қонунгузорӣ «харидуфурӯши одамон» ҳамчун «савдои одамон» ифода мегардад.

Бо мақсади вобаста ба мавзӯи ишорашуда бартараф намудани мухолифатҳои дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойдош­та моддаҳои 1302 (Истифодаи меҳнати ғуломона) ва 132 (Ҷалби одамон барои истисмор) хориҷ карда шудааст, зеро моддаи 1301 (Савдои одамон) ин ҳолатҳоро пурра дар бар мегирад.

Тибқи қисми 3 моддаи 1 лоиҳа мафҳуми «савдои кӯдакон» дар таҳрири нав оварда шудааст, ки он тамоми паҳлуҳои ин мафҳумро дарҷ ва содир намудани тамоми аҳдҳои ғайриқонуниро нисбат ба ноболиғон таҷассум менамояд.

Дар лоиҳа дар эзоҳи моддаҳои 167 (харидуфурӯши ноболиғон), 347 (хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он), 351 (гувоҳии бардурӯғ) ва 352 (саркашӣ аз ҳозир шудан ё нахостани додани нишондод, хулоса ё тарҷума кардан) шартҳои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахси содирнамудаи ҷинояти савдои кӯдакон ва қурбонии савдои одамон пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, ба қисмҳои 3 моддаҳои 335 (ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 3351 (ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ташкили гузариши транзитии ғайриқонунӣ ба воситаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон) меъёр оид ба содиршавии ин ҷиноятҳо дар алоқамандӣ бо савдои одамон илова карда шудаанд.

Аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

Сафарзода Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи ду лоиҳа, ки яке бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қ. Лоиқзода, М. Бобобекова ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷ. Маҷидзода ва дуюмӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, таҳия гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, №1840 аз 25 июни соли 2018, барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд. Лоиҳаи дуюм бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1963 аз 8 ноябри соли 2018, барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд. Азбаски ҳар ду лоиҳа дар як вақт омодаи баррасӣ гардид, кумита, дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, зарур шуморид, ки лоиҳаҳои қонунҳои мазкур бо дастрасии банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя карда шаванд.

Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур, ном, диспозитсия ва эзоҳи моддаи 1301 дар таҳрири нав пешниҳод ва моддаҳои 1302 ва 132 хориҷ карда мешаванд. Мавқеи субъектони ташаббускор дар он аст, ки таҳрири нави пешниҳодшуда моддаи 1301, кирдорҳои моддаҳои 1302 ва 132 пешбининамударо дар бар мегирад. Аз ин рӯ, моддаҳои 1302 ва 132 хориҷ карда мешаванд.

Ба қисмҳои 3 моддаҳои 138 (Таҷовуз ба номус) ва 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) бандҳои нав илова карда шудааст, ки мувофиқи онҳо ба вируси норасоии масунияти одам гирифтор намудани ҷабрдида ҳамчун аломати вазнинкунандаи ин ҷиноятҳо эътироф карда мешаванд. Ба моддаи 141, ки ҷазои ҷиноятиро барои алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст, пешбинӣ менамояд, иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки тибқи он дар натиҷаи кирдорҳои номбурда ба касалии зӯҳравӣ гирифтор намудани ҷабрдида ва ба вируси норасоии масунияти одам гирифтор намудани он ҳамчун аломатҳои вазнинкунанда бандубаст карда мешавад.

Ном, диспозитсия ва эзоҳи моддаи 167 низ дар таҳрири нав ифода карда шудааст.

Ба моддаи 239 Кодекси ҷиноятӣ (Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ) қисми 2 илова карда мешавад. Мувофиқи он, агар ҳамин кирдор такроран ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад, бо маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад. Бояд қайд намуд, ки айни ҳол ин модда аз як қисм иборат буда, ҷазои ҷиноятиро барои ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, ҳамчунин, даллагӣ, бо ғарази шахсӣ ё занҷаллобӣ дар шакли ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол пешбинӣ менамояд.

Ба моддаҳои 335 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 3351 (Ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ташкили гузариши транзитии ғайриқонунӣ ба воситаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон) қисмҳои 3 илова карда мешаванд, ки мувофиқи онҳо кирдорҳои пешбининамудаи ин моддаҳо, агар онҳо дар алоқамандӣ бо савдои одамон содир шуда бошанд, ҳамчун аломатҳои вазнинкунандаи ҷазои ҷиноятӣ бандубаст карда мешаванд.

Дар эзоҳҳои моддаҳои 347 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он), 351 (Гувоҳии бардурӯғ) ва 352 (Саркашӣ аз ҳозир шудан ё нахостани додани нишондод, хулоса ё тарҷума кардан) иловаҳои дахлдор ворид карда мешаванд, ки мувофиқи онҳо қурбонии савдои одамон барои содир намудани чунин кирдор, ки бо қарор доштани ӯ ба сифати қурбонӣ дар савдои одамон алоқаманд аст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.

Ҳамзамон бо лоиҳа ворид намудани як зумра тағйироти таҳрирӣ дар моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда таҳия гардидааст.

Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ гардид ва ҳамзамон, ҷиҳати такмили он 27 таклифу пешниҳод манзур шуд ва онҳо барои такмили лоиҳа истифода шуданд.

Кумитаи масъул 19 ноябри соли 2018 лоиҳаи қонуни мазкурро бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ муҳокима намуд.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Оид ба масъалаи баррасишаванда кӣ савол дорад? Сухан ба вакил Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон дода мешавад.

Қурбонзода Ҳилолбӣ ­Ҷумъахон: — Ман ба муовини вазири корҳои дохилӣ савол дорам. Дар 10 моҳи соли 2018 дар самти савдои одамон чӣ қадар ҷиноят содир шудааст ва аз ин ҷумла теъдоди занону кӯдакон чанд нафарро ташкил менамояд?

Умарзода Икром Ислом:

- Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ 49 нафар дастгир шудааст, ки аз он 5 нафар мард ва 44 нафар зан мебошанд. Қурбониёни савдои одамон 36 нафар зан ва 10 нафар тифл гардидаанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» шурӯъ менамоем.

Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад.

Мирзоанвар Ахмедов:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Гулмаҳмадзода, Қ. Неъматзода, Х. Сафарзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон А. Фелалиев, Р. Латифзода, М. Ахмедов, З. Исмоилзода, М. Сабурзода ва Б. Садриддинзода пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар заминаи се қонуни амалкунанда — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растаниҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизати растаниҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо» таҳия шудааст.

Мақсад аз муттаҳид намудани се қонуни амалкунанда сабабҳои зер аст:

Якум, ворид шудан ба бозори ҷаҳонӣ баробари ба даст овардани манфиатҳои иқтисодӣ, ҳамзамон барои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳншавии объектҳои карантинӣ мушкилотро дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ба миён меоварад.

Ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, тибқи дастури Пешвои миллат, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи чор сохтору хадамоти Вазорати кишоварзӣ таъсис ёфт, ки пурзӯр намудани назорати фитосанитарию карантинӣ яке аз вазифаҳои асосии он муайян шудааст. Аз ин лиҳоз, дар лоиҳаи қонуни мазкур пурзӯр намудани назорати давлатии карантин ва муҳофизати растаниҳо, инчунин, баланд бардош­тани масъулияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар раванди содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ гардидааст.

Дуюм, муносибатҳои ҷамъиятие, ки қонунҳои амалкунанда танзим менамоянд, барои пешгирии ворид, пайдоиш ва паҳншавии касалиҳо, зараррасонҳо ва алафҳои бегона равона гардидаанд. Яъне, объектҳои танзими муносибатҳо растанӣ ва маҳсулоти он ба ҳисоб мераванд. Муҳофизати растаниҳо аз чорабиниҳои фитосанитарӣ ва карантинӣ, ки ҳамдигарро пурра менамоянд, иборат буда, бо истифодаи маҷмӯи тадбирҳо, яъне усулу воситаҳои бо ҳам алоқаманд, аз ҷумла, истифодаи пеститсиду агрокимиёҳо, гузаронида мешаванд.

Сеюм, омӯзиши санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва таҷрибаи дигар давлатҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти онҳо фаъолиятро дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо якҷоя пеш мебаранд. Дар Конвенсияи байналмилалӣ оид ба карантин ва муҳофизати растаниҳо, ки Тоҷикистон низ онро ҳамчун узви Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид эътироф намудааст, карантин ва муҳофизати растаниҳо якҷо пешбинӣ шудааст.

Чорум, дар раванди таҳияи лоиҳаи қонун омӯзиши се қонуни амалкунанда нишон дод, ки онҳо аз 49 мафҳуми асосӣ иборатанд, ки 16 — тои онҳо ҳаммаъно ва мазмуни ягона доранд. Ҳамчунин, матни моддаҳои алоҳида дар қонунҳои амалкунанда такрор мешаванд. Бо дарназардошти хусусияти ҳаммаъно ва такроршавӣ доштан, дар лоиҳаи қонун мафҳумҳои асосӣ мушаххасу саҳеҳ гардонида шуда, ҳашт мафҳуми нав — «арзёбии карантинию фитосанитарӣ», «бехатарии карантинию фитосанитарӣ», «вазъи карантинию фитосанитарӣ», «мониторинги карантинию фитосанитарӣ», «тартиботи карантинӣ», «сертификати фитосанитарӣ», «маҳсулоти содиршаванда», «ҳадди иқтисодии зарароварӣ» ворид карда шуданд. Дар лоиҳаи қонун моддаҳои алоҳида — принсипҳо ва вазифаҳои асосии сиёсати давлатӣ, маблағгузории чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ, уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо пешбинӣ шуда, матни моддаҳои қонунҳои амалкунанда дар лоиҳа истифода гардида, мушаххас гардонида, талаботи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба карантин ва муҳофизати растаниҳо ба инобат гирифта шудааст.

Лоиҳаи қонун аз 8 боб ва 37 модда иборат мебошад. Дар раванди баррасӣ он бо мутахассисони соҳавӣ мавриди муҳокима қарор дода, таклифу пешниҳодҳояшон истифода гардид.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1642 аз 2 апрели соли 2018, лоиҳаи қонуни мазкур барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд. Мутобиқи тартиби муқарраргардида кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон хулосаи ҳуқуқӣ ба лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод намуданд.

Лоиҳаи қонун аз тарафи субъектони номбурда ҷонибдорӣ ёфта, ҳамзамон 103 таклифу пешниҳод манзур гардид, ки аз онҳо 93-тоаш пурра ва ҳаштоаш қисман қабул шуд.

Вобаста ба таклифу пешниҳодҳои ирсолгардида, лоиҳаи қонун такмил дода, дар асоси он ба моддаҳои 7, 8 сархатҳои нав, моддаи 12 қисми 3, моддаи 13 қисми 7, моддаи 20 қисмҳои 2,5 илова, моддаи 6 қисми 2 сархати 7, номи боби 4 ва моддаҳои боби мазкур дар таҳрири нав ифода шуданд.

Лоиҳаи қонун бо ­дарназардошти таклифу пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон иброз гардид, бо иштироки коршиносону мутахассисон такмил дода шуд.

Мо, аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидова Ҷамила Самадовна дода мешавад.

 Ҷамила САИДОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» бо мақсади мукаммал намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растаниҳо», «Дар бораи муҳофизати растаниҳо» ва «Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо» бо риояи талаботи низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­намудаи Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки қонуни мазкур ба пурзӯр намудани назорати давлатии карантин ва муҳофизати растаниҳо дар дохили кишвар ва молу маҳсулоти воридшаванда, пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат, пайдоиш ва паҳншавии касалию зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи босамари пеститсиду агрокимиёҳо мусоидат менамояд.

Лоиҳаи қонун ки дар асоси талаботи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба карантин ва муҳофизати растаниҳо таҳия гардидааст, ба омӯзиши санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва таҷрибаи давлатҳои дигар барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир низ замина фароҳам меорад.

Маҷмӯи тадбирҳое, ки дар лоиҳаи қонун дарҷ гардидааст, ба ҳамдигар алоқаманданд. Дар ҳамбастагӣ фаъолият намудани онҳо самараи хуб медиҳад ва дар таъмини аҳолии кишвар бо ғизои солим, амнияти озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани иқтисодиёти кишвар аҳамияти муҳим дорад.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.

 Аҳматҷон ҚОБИЛОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум таъкид доштанд, ки бо дарназардошти манфиатҳои давлату ҷомеа, ҳолатҳои такроршавии меъёрҳои ҳуқуқӣ дар қонунгузории мавҷуда бартараф карда шаванд.

Лоиҳаи пешниҳодгардидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо», ки аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, саривақтӣ мебошад. Лоиҳаи қонуни мазкур маҷмӯавӣ буда, се қонуни амалкунанда — «Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо», «Дар бораи карантини растанӣ» ва «Дар бораи муҳофизати растаниҳо»-ро, ки солҳои қаблӣ қабул гардидаанд, муттаҳид месозад. Лоиҳаи ин қонун муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи карантину муҳофизати растаниҳо, яъне, пешгирии паҳншавии организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок танзим мекунад.

Ҳамчунин, лоиҳаи қонун бо дарназардошти талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва таҷрибаи давлатҳои дигар дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо таҳия ва дар он принсипи асосии фаъолият — истифодаи чорабиниҳои илман асоснок дар ҳолати ба миён омадани хавфи воқеии паҳншавии зараррасонҳои махсусан хавфнок ва карантинӣ пешбинӣ гардидааст. Дар лоиҳаи қонун истилоҳу ибораҳо ва меъёрҳо саҳеҳу фаҳмо ва заминаи ҳуқуқии фаъолият дар соҳа мушаххас инъикос шудаанд.

Аз шумо — вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» — ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо», мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон, боб ба боб ва модда ба модда ва пас аз он яклухт ба овоз монда, қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ