Шарҳи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон»

Дарҳои дӯстӣ боз ва мусофират осон шуд

№40 (3834) 31.03.2018

DSC_9205Тавре иттилоъ дода будем, 9 — 10 марти соли равон сафари нахустини давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ҳошияи он мулоқоту музокироти самарабахш доир гардида, масъалаҳои муҳим баррасӣ ва бо мақсади ҳар чӣ бештар густариш бахшидани муносибатҳои дӯстию бародарии халқҳои ҳар ду кишвар санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Яке аз онҳо «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон» мебошад, ки 19 марти соли равон аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Бо хоҳиши идораи рӯзнома раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир механизми тарзи иҷрои онро ба тариқи зерин шарҳ дод:

- «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон» аз дебоча ва 17 модда иборат аст. Дар моддаҳои 1 — 4 — уми он тибқи замимаҳои №1 (барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ва №2 (барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон) номгӯйи ҳуҷҷатҳо барои вуруд, хурӯҷ ва рафтуомади шаҳрвандони ҳар ду тараф ба танзим дароварда мешаванд. Мувофиқи замимаи №2 барои рафтуомади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин асос шуда метавонанд:

- шиносномаи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намунаи биометрӣ);

- шиносномаи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (то 1 феврали соли 2022);

- шиносномаи хизматии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намунаи биометрӣ);

- шиносномаи хизматии Ҷумҳурии Тоҷикистон (то 1 феврали соли 2022);

- шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намунаи биометрӣ);

- шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (то 1 феврали соли 2022);

- шаҳодатнома барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (яъне, дар ҳолати надоштани ягон шиноснома ба шаҳрванд барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Консулгарии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳодатномаи муваққатӣ барои бозгашт ба Тоҷикистон дода мешавад).

Дорандагони ҳуҷҷатҳои боло ҳуқуқи бе раводид ворид шудан, баромадан, ба таври транзит убур кардан ва муваққатан иқомат намуданро дар ҳудуди давлатҳо то 30 рӯз доранд. Онҳое, ки нияти ворид шудан ва зиёда аз 30 рӯз дар ҳудуди давлатҳо иқомат кардан доранд, раводидро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории давлатҳои ҳар ду тараф ба расмият медароранд.

Ба шахсоне, ки дорандаи шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ буда, бо сафари хизматӣ ташриф меоранд ва нияти дар ҳудуди давлати тарафи дигар зиёда аз 30 рӯз будубош кардан доранд, дар асоси муроҷиати хаттии намояндагии ­дипломатӣ ва ё муассисаи консулии давлати тарафе, ки шаҳрванди он мебошанд, раводид бе ситонидани хироҷи консулӣ дода мешавад.

Тибқи моддаи 5 ба ронандагони воситаҳои нақлиётие, ки боркашонии автомобилии байналмилалиро анҷом медиҳанд, гирифтани раводиди бисёркарата ба муҳлати 12 моҳ иҷозат дода мешавад. Мувофиқи моддаи 6:

- тарафҳо ҳамдигарро оид ба масъа­лаҳои мансуб ба татбиқи муқаррароти созишнома, аз ҷумла, оид ба ҳуҷҷатҳои амалкунанда, ки шахсият ва шаҳрвандии дорандаи онро тасдиқ мекунанд, дар бораи тағйирот, тартиби додан ва истифодабарии онҳо, қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди давлатҳо, инчунин дар бораи санадҳои қонунгузории дахлдор хабардор менамоянд.

- тарафҳо бо мувофиқаи мутақобилаи хаттӣ метавонанд оид ба ворид намудани тағйирот ба номгӯйи ҳуҷҷатҳои дар замимаҳои №1 ва №2 — и созишномаи зикргардида қарор қабул намоянд. Дар ҳолати мавриди амал қарор додани ҳуҷҷатҳои нав ё ворид кардани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои амалкунанда, тарафҳо намунаи онҳоро бо роҳҳои дипломатӣ на дертар аз 30 рӯз аз мавриди амал қарор гирифтан ба якдигар ирсол менамоянд.

Мувофиқи муқаррароти моддаҳои 7, 8 ва 9 — ум, тарафҳо намунаи ҳуҷҷатҳои амалкунандаи худро, ки дар замимаҳои №1 ва №2 -и созишнома дарҷ гардидаанд, тавассути роҳҳои дипломатӣ мубодила менамоянд. Меъёри тарифҳои хироҷи консулиро барои додани раводид аз ҷониби тарафҳо замимаи №3 — и созишнома муайян намудааст: «Судури раводидҳои вурудӣ — хурӯҷии бисёркарата то 6 моҳ — 10 доллари ИМА; то 1 сол — 20 доллари ИМА. Инчунин, барои тамдиди раводидҳо хироҷи консулӣ ба ҳамон андозае, ки аз додани раводид ситонида мешавад, гирифта мешавад». Яъне, шаҳрванд агар хоҳиши давом додани иқоматро дошта бошад, метавонад бо тартиби аввал муроҷиат ва муҳлати будубошро дароз намуда, хироҷи консулиро бо ҳамон андозаҳои муайян супорад.

Шахсоне, ки ба тариқи мубодила дар соҳаи илм, техника, маориф, фарҳанг, санъат ва варзиш дар асоси шартномаҳои байни тарафҳо сафар мекунанд, ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони бо онҳо баробаркардашуда, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 (бо пешниҳоди шаҳодатномаҳои дахлдор), шаҳрвандони то синни 16 ва аз 60-сола боло, таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ ва курсҳои омӯзишие, ки дар ҳудуди давлатҳо бо дархости муассисаҳои таълимии даъваткунанда қарор доранд, аз супоридани хироҷи консулӣ озод карда мешаванд.

Мутобиқи моддаҳои 11 ва 12:

- шаҳрвандони давлатҳо ҳангоми будубош дар ҳудуди давлати тарафи дигар бояд қонуну қоидаҳои давлати тарафи иқоматро риоя намоянд;

- қайди муваққатӣ ва бақайдгирии шаҳрвандони яке аз тарафҳо, ки бо корҳои хизматӣ дар ҳудуди давлати тарафи дигар қарор доранд, аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори тарафҳо бе ситонидани боҷу хироҷ дар асоси ҳуҷҷатҳои дар замимаҳои № 1 ва №2 зикргардида, инчунин шаҳодатномаҳои сафари хизматӣ амалӣ карда мешавад;

- созишнома ба ҳуқуқи тарафҳо дар робита ба манъи вуруд ва ё маҳдуд намудани муддати иқомати шаҳрвандони давлати тарафи дигар, ки ҳузури онҳо дар ҳудуди кишварашон номатлуб дониста шудааст, дахолат намекунад.

Дар ҳолатҳои истисноӣ (хатар ба амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ё ба саломатии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳолатҳои фавқулода ва ғайра) тарафҳо ҳуқуқи муваққатан ё қисман боздоштани амали созишномаро нигоҳ медоранд. Дар ин ҳолат тарафи манфиатдор метавонад тарафи дигарро дар ин бора тавассути роҳҳои дипломатӣ дар муҳлати 72 соат қабл аз амалӣ намудани он огоҳ намуда, барои вуруд, хурӯҷ, иқомат ва транзити бе раводиди шаҳрвандони тарафи дигар маҳдудият ҷорӣ намояд.

Ҳангоми татбиқи созишнома ба ҳуқуқ ва уҳдадории тарафҳо, ки аз дигар шартномаҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои дохилидавлатӣ сарчашма мегиранд, аз қабили истифодаи забони расмӣ, набояд дахолат карда шавад. Ба созишнома тарафҳо бо мувофиқа метавонанд тағйиру иловаҳо ворид намоянд, ки бо протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда мешаванд.

Моддаи 17 эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудани муқаррароти созишномаро дар бар мегирад. Тартиби қатъи амали онро моддаҳои 12, 13, 14, 15 ва 16 муқаррар намудаанд.

Бояд қайд кард, ки имзои созишномаи мазкур ва дар як муҳлати кӯтоҳ мавриди амал қарор додани он боиси рафтуои мардуми ду миллати ба ҳам дӯст гардида, муомилоти молҳои ниёзи мардумро ба танзим медарорад. Бешубҳа, метавон гуфт, ки созишнома ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҳар ду кишвар низ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ, ба монанди терроризм, экстремизм (ифротгаройӣ), савдои одамон ҳаматарафа мусоидат менамояд.

 «Садои мардум»