Дар Санкт — Петербург Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷикон баргузор шуд

№18 (4280) 09.02.2021

Чанде пеш дар шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷикони муқими вилояти Ленинград баргузор шуд, ки дар он Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт — Петербург Ҳомидҷон Назарӣ, намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шодибой Тураев ширкат варзиданд. 

- Кормандони консулгарӣ ҳамеша омодаанд, ки ба ҳамватанон роҷеъ ба масъалаҳои бамиёномада кумак расонанд. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Санкт — Петербург зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, риояи қонунҳои Федератсияи Россия аҳамияти калон дорад. Мо бояд ҳамеша барои дигарон намунаи ибрат буда, фарҳанги баланд дошта бошем, — гуфт зимни ҷаласа Ҳомидҷон Назарӣ.

Намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода ба ҳозирин роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии кишвар, ибрози андеша намуд.

- Ҳукумати Тоҷикистон, — гуфт Бахтовар Сафарзода, — дар вазъи­яти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани оқибатҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ намуд.

Ӯ, ҳамчунин, доир ба хатари гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ сухан ронда, зикр кард, ки бояд дар ин самт бо ҷавонон кор бурда шавад.

Сипас, нақшаи кори Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷикон дар шаҳри Санкт — Петербург ва вилояти Ленинград барои соли 2021 қабул гардид.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон