Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№174-175 (3475-3476) 21.12.2015

DSC_083921 декабри соли 2015 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тасдиқи рӯзномаи ҷаласа қабул карда шуд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садридин Шарипов  масъалаҳои рӯзномаро «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ (№ 47221)  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Байниминтақавии тиҷорати неруи барқ» (СASA — 1000)», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ (№ 47221) байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Байниминтақавии тиҷорати неруи барқ» (CASA-1000)», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти  №Н941-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ  байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» (CASA — 1000)», «Дар бораи Созишномаи  лоиҳавӣ (гранти №Н941-TJ) байни Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» оид ба лоиҳаи «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» (CASA — 1000)», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ (№2-ТАD — 0055) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба «Ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» (CASA — 1000)» ва «Дар бораи Қарордоди молиявӣ (қарзи № 84.355) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо оид ба лоиҳаи «Ҳамкории энергетикӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон» (CASA — 1000)» ба муҳокимаи аъзои Шӯро пешниҳод намуда, онҳоро тавзеҳ дод.

Масъалаи навбатии рӯзномаро  «Оид ба Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод» раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия  Шариф Раҳимзода шарҳ дод. Бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои мазкур барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.

Ҳамчунин Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои дигари рӯзнома — «Дар бораи тасдиқи рӯйхати идораю муассисаҳое, ки обунаи онҳо ба маҷаллаи «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2016 аз ҳисоби сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад», «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати  панҷум» қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ