Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№70 (3707) 13.06.2017

DSC_0013Дувоздаҳуми июни соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Баъд аз тасдиқи рӯзнома масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи реклама»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор, оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода ва оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода шарҳ доданд. Сипас, бо қарорҳои алоҳида масъалаҳои зикршуда ба баррасии ҷаласаи нав­батии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шуданд.

Масъалаҳои рӯзнома – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи Созишномаи молиявӣ (амалиётҳои махсус) оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (қарзи №3434-TAJ(SF) ва гранти №0498-TAJ(SF))», «Дар бораи Созишномаи грантӣ (маблағгузории хориҷӣ) оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд (гранти №9188-TAJ(EF))», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Муассисаи давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва коррезӣ»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак», «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак», «Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак», «Дар бораи Созишномаи иловагии №1 ба Созишномаи қарзӣ, №41538 аз 8 июни соли 2011 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ (№47477) байни Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизмат­расонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи II», «Дар бораи Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат (№47477) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд аз рӯи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи II», «Дар бораи Созишнома оид ба дастгирии лоиҳа (№47477) байни шаҳри Хуҷанд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд аз рӯи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи II», «Дар бораи Созишномаи грантӣ (№43255) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, марҳилаи II», «Дар бораи Созишномаи грантӣ (№43257) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии вилояти Хатлон», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ (№46147) байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Хоруғ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ», «Дар бораи Созишномаи грантии таҷдидиназаршуда оид ба пешниҳоди кумаки техникӣ (С31808 rev/AUS-2015-01-01) байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум» ва «Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба пешниҳоди кумаки техникӣ (С33191/EBSF-2015-02-20) байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон «Дар бораи сафари Миралиён Қ. А. ба шаҳри Чолпон-Ата» ва «Дар бораи рухсатии ҳарсолаи пардохтшавандаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул намуд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул кард.

Самариддин АСОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ