Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№73 (3710) 20.06.2017

DSC_0012Нуздаҳуми июни соли ҷорӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

 Баъд аз тасдиқи рӯзнома масъалаҳо – «Дар хусуси Созишномаи молиявӣ (амалиётҳои махсус) оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (қарзи №3434-TAJ(SF)) ва гранти №0498-TAJ(SF))», «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (маблағгузории хориҷӣ) оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (гранти №9188-TAJ(EF))», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Муассисаи давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва коррезӣ»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва коррезӣ»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак», «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак», «Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Норак ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак», «Дар бораи Созишномаи грантӣ (43255) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, марҳилаи II», «Дар бораи Созишномаи грантӣ (43257) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии сис­темаи обтаъминкунии вилояти Хатлон», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ (47477) байни Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи II», «Дар бораи Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат (47477) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи II», «Дар бораи Созишнома оид ба дастгирии лоиҳа (47477) байни шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи II», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ (46147) байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Хоруғ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ», «Дар бораи Созишномаи иловагии №1 ба Созишномаи қарзӣ №41538 аз 8 июни соли 2011 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд», «Дар бораи Созишномаи грантии таҷдидиназаршуда оид ба пешниҳоди кумаки техникӣ (С31808 rev/AUS-2015-01-01) байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум», «Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба пешниҳоди кумаки техникӣ (С33191/EBSF-2015-02-20) байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум» ва «Оид ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов ва раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Олимҷон Бобоев шарҳ доданд.

Бо қарорҳои алоҳида ­масъалаҳои зикршуда ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул кард.

 Самариддин АСОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ