Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№154 (3791) 26.12.2017

DSC_1936Бисту панҷуми декабри соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

 Баъд аз тасдиқи рӯзнома масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2015, №1757», «Оид ба тасдиқи Нақшаи доир намудани муҳокимаҳои парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018» ва «Оид ба тасдиқи Нақшаи доир намудани муҳокимаҳои парламентии кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот, оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода, раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода ва Ёрдамчии Президенти ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-Намояндаи ваколатдори Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода шарҳу тавзеҳ доданд.  Сипас, оид ба ҳар як масъалаи зикршуда қарор қабул гардид.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул кард.

 Самариддин АСОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ