Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№19 (3813) 13.02.2018

DSC_445812 феврали соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар он баъд аз тасдиқи рӯзнома масъалаҳо «Дар бораи Созишнома оид ба таъсис додани Институти ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ», «Дар бораи Созишномаи грантӣ № С35552/1990/10273 барои лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд» — расонидани кумак ба гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар Тоҷикистон байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд», «Дар бораи Конвенсияи Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба муқовимат ба экстремизм (ифротгароӣ)» баррасӣ ва барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Чиллазода Қ.» қарор қабул намуд.

 «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ