Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№150 (3944) 18.12.2018

DSC_2602Ҳабдаҳуми декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус №0576-TAJ (SF) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ — маблағгузории иловагӣ», «Дар бораи Созишномаи грантӣ (маблағгузории беруна, №0577-TAJ (EF) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ — маб­лағгузории иловагӣ», «Дар бораи Созишномаи грантӣ (№0614-TAJ(SF) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба «Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ» ва «Дар бораи доир намудани муҳокимаи парламентӣ оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар самти таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот ва мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Қобилҷон Абдуқодир шарҳу тавзеҳ доданд. Сипас, онҳо бо қарорҳои алоҳида барои баррасӣ ба Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи сафари Сафарзода Б. ва Холиқзода Ҳ. ба Федератсияи Россия», «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи нав­батии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва дигар масоили ҷорӣ қарор қабул намуд.

«Садои мардум». Суратгир Неъматулло АЛИЕВ