Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№9 (3959) 22.01.2019

IMG_2472Бисту якуми январи соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Баъди тасдиқи рӯзнома масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» — ро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба ­масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот шарҳу тавзеҳ дод ва он бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии ­Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардид.

Инчунин, масъалаҳо «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ», ки аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонда шуданд, низ баррасӣ гардида, қарор шуд, ки бо дарназардошти эродҳои гирифта, такмил дода, ба Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд.

Масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе» ва «Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол гардиданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд» ва «Оид ба ҷамъбасти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соли 2018» қарор қабул намуд.

«Садои мардум»