Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№18 (4280) 09.02.2021

DSC_2011Ҳаштуми феврали соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

 Шӯрои Маҷлиси намояндагон бо баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Замимаи №2 оид ба басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 дар таҳрири нав», ки аз ҷониби раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода шарҳу тавзеҳ дода шуд, оғоз гардида, онро ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод карданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Оид ба ­ҷамъбасти баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соли 2020», «Дар бораи ҷудо намудани маблағ ба муҳофизони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи даъват кардани Ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарорҳо қабул намуд.

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ