Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 баррасӣ ва қабул шуд

№165-166(3466-3467) 04.12.2015

DSC_1891Дуюми декабри соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

2.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»

3. Дар бораи лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016

4. Дар бораи Моддаҳои Созишномаи Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ

5. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (қарзи №5666 -TJ)

6. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (гранти №D070 -TJ)

7. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5702-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»

8. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»

9. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D087-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба маблағгузории иловагии «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе»

10.    Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5709-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба маблағгузории иловагии «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе»

11. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5697-TJ) «Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд

12. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D081-TJ) «Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд

13. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии  АвруОсиё сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дода мешавад.

Қодири ҚОСИМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё» ҷиҳати иҷрои натиҷаҳои ҷаласаи 13- уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

 

Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ 12 декабри соли 2008 аз тарафи сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расидааст.

Мақсади созишномаи мазкур муҳайё намудани шароити мусоид, ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи сармоягузориҳо баҳри тезонидани раванди ҳамгироӣ ва ҳамкории судманди тиҷоратию  иқтисодии давлатҳои иштирокчии Созишнома маҳсуб меёбад.

Давлатҳои созишномаи мазкурро имзонамуда дар қаламрави давлати худ нисбат ба сармоягузорӣ ва фаъолияти вобаста ба сармоягузории сармоягузорони давлати дигар низоми оқилона ва баробарро пешниҳод намуда, уҳдадор мешаванд, ки чораҳои беасос ва тафовутнокро нисбат ба идоракунӣ, нигоҳдорӣ, истифода, соҳибшавӣ ва тақсимоти сармоягузориҳои тарафи дигар амалӣ нанамоянд.

Тибқи моддаи 5-уми Созишнома, сармоягузорон барои ҷуброни зарари ба сармоягузориҳо ва даромадҳои онҳо дар натиҷаи бесарусомониҳои шаҳрвандӣ, амалиёти ҳарбӣ, инқилоб, исён ва ҳолати фавқулода дар қаламрави давлати қабулкунанда расонидашуда ҳуқуқ доранд.

Дар чунин ҳолат ба онҳо низоми на камтар мусоид нисбат ба он низоме, ки давлати қабулкунанда ба сармоягузорони дохилӣ ё сармоягузорони дигар давлатҳо пешниҳод намудааст, дода мешавад.

Мувофиқи моддаи 6 сармоягузориҳо ва даромадҳои сармоягузорони як тараф дар қаламрави тарафи дигар мавриди мусодира, милликунонӣ ё дигар ҳолатҳои шабеҳ ба мусодиракунӣ ва ё милликунонӣ қарор нахоҳанд гирифт, ба истиснои ҳолатҳое ки  чунин чораҳо барои манфиатҳои ҷамъиятӣ ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории давлати қабулкунанда амалӣ карда мешавад ва онҳо набояд поймолкунанда буда, дар муҳлати кӯтоҳ ва ба андозаи кофӣ ҷуброн карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки бо қарори кишварҳои муассис аз 10 октябри соли 2014 фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз санаи 1 январи соли 2015 қатъ шуда, ин созишнома ба рӯйхати ҳуҷҷатҳои барои кишварҳои аъзо эътибори ҳуқуқидошта ворид карда шудааст.

Созишномаи мазкур баҳри рушди ҳамкориҳои  бисёрҷониба, вусъат бахшидани муносибатҳои  сармоягузорӣ, таъмини шароити баробару адолатнок, ҳимояи сармоя ва амвол, ҳавасмандкунӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо равона гардида, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Хоҳишмандем онро дастгирӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯи ин масъала сухан ба узви  Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.

Азимзода Толибхон Ситамурод: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2015 таҳти № 349 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсад аз имзои Созишномаи мазкур ташкил ва муҳайё намудани шароити мусоид ба сармоягузорони тарафҳо ва дар ин замина ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи сармоягузориҳо, ки метавонад ба рушди равандҳои ҳамгироӣ, ҳамкории мутақобилаи судманди тиҷоратию иқтисодии давлатҳои аъзо мусоидат намояд, мебошад.

Мувофиқи муқаррароти Созишномаи зикргардида ҳар яке аз тарафҳои аҳдкунанда бояд сармоягузорони тарафи дигарро барои сармоягузорӣ кардан дар қаламрави худ ҳавасманд гардонад ва бояд сармоягузориҳоеро иҷозат диҳад, ки ба қонуну қоидаҳои худ мувофиқ бошанд.

Бо дархости яке аз тарафҳои аҳдкунанда маълумот оид ба қонунҳо, қоидаҳо, қарорҳо, амалияи маъмурӣ, расмиёт ва ё сиёсати пешрафтаи тарафи дигар, ки метавонад ба сармоягузориҳо таъсир расонанд, таъмин карда мешаванд.

Мутобиқи моддаи 2- юми Созишнома ҳар як тараф тибқи қонунгузории кишвари худ дар қаламрави хеш ҳимояи сармоягузориҳои давлати дигарро кафолат дода, таъмин менамояд.

Дар маҷмӯъ, Созишнома баҳри рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба, вусъат бахшидани муносибатҳои сармоягузорӣ, таъмини шароитҳои баробару боадолат, ҳимояи сармоя ва моликият, ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ равона гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд, ҳамзамон аз ҷониби шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ таклиф пешниҳод шуд, ки асосан ба тарҷумаи Созишнома дахл дошта, аз онҳо 3-тоаш қабул ва 2-тоаш қабул нагардид.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии  амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Мансурҷон Ғаффорович дода мешавад.

Мансурҷон УМАРОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2014 таҳти №17/128-10 бо фармоиши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№2. 15-01 аз 28 январи соли 2015) аз ҳисоби  намояндагони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, назорати маводи нашъаовар ва хадамотҳои алоқа, зиддиинҳисорӣ, инчунин Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд.

Таҳлили маводи оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятӣ, гузоришҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳанд, ки амнияти иттилоотии системаи телекоммуникатсионӣ ва алоқаи мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати номусоид қарор дорад. Вазъияти мазкур бар асари фурӯши бенизому нодурусти зиёда аз 7,7 миллион симкортҳо ба миён омадааст. Боиси тазаккур аст, ки ширкатҳои мобилии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта моликияти субъектҳои хориҷӣ буда, сарфи назар аз таҳдидҳо ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафи асосиашон ба даст овардани фоидаи бештари пулӣ мебошад.

Вақтҳои охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, махсусан сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои сершумори аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, аъзои созмонҳои экстремистию террористӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир истифодаи симкортҳои бе ном ва ба исми шахсони бегона номнависшуда, инчунин ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баровардани теъдоди зиёди симкортҳоро ошкор карда истодаанд.

Дар амалия камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи алоқаи барқӣ, алалхусус бақайдгирии бенизоми (ғайриқонунии) симкортҳо барои гузаронидани корҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ мушкилиҳои назаррасро ба вуҷуд овардааст.

Нигаронии асосии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки  имрӯз дар манотиқи наздимарзӣ шумораи зиёди ҷангиёни Ҳаракати Толибон ва дигар гурӯҳҳои  террористӣ қарор дошта, миёни онҳо ва артиши Ҷумҳурии Исломии Афғонистон задухӯрдҳои шадиди мусаллаҳона идома дошта, дастаҳои террористӣ барои алоқа аз симкортҳои ширкатҳои мобилии тоҷикистонӣ истифода мебаранд. Тибқи маълумоти оперативӣ, дар бозорҳои минтақаҳои наздимарзии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фурӯши симкортҳои ширкатҳои мобилии тоҷикистонӣ ва хизматрасонии пардохти маблағ низ ҷой дорад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ таҳия гардидааст. Қабули лоиҳаи қонуни номбурда имкон медиҳад, ки дар заминаи он минбаъд бо қабул гардидани санадҳои зерқонунӣ, «Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», инчунин «Тартиб ва талаботи хизматрасонӣ ва истифодабарии алоқаи радифӣ» амалӣ карда шаванд.

Хоҳиш менамоем, ки бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи алоқаи барқӣ қабули лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Исматуллоев Дилшод Абдуғаффорович дода мешавад.

Дилшод ИСМАТУЛЛОЕВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №334 аз 16 ноябри соли ҷорӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади таъмини амнияти миллӣ ва барои баланд бардоштани масъулияти истифодабарандагони алоқаи барқӣ таҳия шуда, барои пешгирии истифодаи симкортҳои инфиродии телефонҳои мобилии бе ном ва ба исми шахсони бегона номнависшуда аз ҷониби ҷинояткорони муташаккил равона шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, барои мукаммал гардонидани он чор таклифу пешниҳод ирсол намуданд.

Кумитаи масъул рӯзи 24 ноябри соли 2015 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимни он дархосту пешниҳодҳо омӯхта шуда, дар натиҷа, як таклиф қабул, ду таклиф қисман қабул ва як таклифи дигар қабул нашуд. Зикр кардан зарур аст, ки эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукаммалгардонии лоиҳа ба назар гирифта, он такмил дода шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Хоҳиш менамоем, ки барои дастгирии он овоз диҳед.

РАИС: - Доир ба ин масъала савол доред? Марҳамат.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: - Масъалаи мавриди баррасӣ қарордошта барои ҷумҳурӣ хеле муҳим дониста мешавад. Ҳоло дар  бозорҳо бидуни  шиноснома симкортҳо ва телефонҳои мобилӣ фурӯхта мешаванд.

Барои бартараф намудани ин камбудӣ ва ба танзим даровардани масъала чӣ тадбирҳо андешида мешавад?

Мансурҷон УМАРОВ: - Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда низ ба танзим даровардани фурӯши симкортҳои мобилӣ мебошад.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон  Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲ­МАДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Бо иҷозати шумо мехостам таври мухтасар оид ба вазъи ҷории иқтисодиёт, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва фаъолияти низоми бонкӣ дар даҳ моҳи соли 2015 ва самтҳои асосии он барои соли 2016 маълумот пешниҳод намоям.

Тавре ба шумо маълум аст, идомаёбии буҳрони сиёсӣ — иқтисодӣ ва ноустувории молиявӣ дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Россия ва мамлакатҳои ҳамсарҳад таъсири манфии худро ба вазъи иқтисодиёти ҷумҳуриамон расонида истодааст. Раванди мазкур аз лиҳози омилҳои иқтисодию молиявии берунӣ бо пастравии нархҳои ҷаҳонии нефт (то 60 фоиз) ва дар ин замина коҳиш ёфтани маблағҳои интиқолии шахсони воқеӣ (зиёда аз 35 фоиз) ва воридоти асъори хориҷӣ вобаста буда, таъсири он ба пастравии қурби пули миллӣ, кам гардидани қобилияти харидории аҳолӣ, сатҳи талабот, воридоти молҳо даромади Буҷети давлатӣ ва фаъолнокии бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар, бахусус хизматрасонӣ, таъсир расонид.

Сарфи назар аз ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳ моҳи соли ҷорӣ рушди воқеии иқтисодиёт дар сатҳи нисбатан муътадил — 6,0 фоиз нигоҳ дошта шудааст.

Сатҳи таваррум нисбат ба соли қаблӣ паст гардида, ба 4,1 фоиз баробар гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду банди фоизӣ камтар мебошад.

Ба ин раванд дар баробари татбиқи сиёсати самарабахши монетарию макроиқтисодӣ, инчунин як қатор омилҳо, аз қабили паст гардидани индекси нархҳои ҷаҳонии мол ва ашёи хом (бахусус ғалла ва маводи сӯзишворӣ), коҳишёбии сатҳи даромад ва талаботи истеъмолии аҳолӣ, зиёд гардидани истеҳсоли маводи хӯроквории дохилӣ таъсир расонид.

Дар баробари ин, дар бозори ҷаҳонӣ, бо дарназардошти қавӣ гардидани қурби асъори хориҷӣ, болоравии нархи маҳсулоти истеъмолии воридотӣ, ба монанди орд, равғани растанӣ ва маска, шакар, маводи шустушӯй ва доруворӣ, ки қариб 65 фоизи сабади истеъмолиро дарбар мегиранд, дида шуд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки аз рӯи ҷамъбасти соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар доираи то 5,5 фоиз нигоҳ дошта хоҳад шуд, ки ин нисбат ба меъёри пешбинишуда дар «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015» ду банди фоизӣ камтар мебошад.

Дар соли оянда низ ҷиҳати дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум, бо дарназардошти татбиқи сиёсати устувори монетарӣ ва фискалӣ тамоми чораҳои зарурӣ андеша шуда, он барои ноил гардидан ба муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ, истифодаи самараноки воситаҳои пулию қарзӣ ва асъорӣ, зиёд нагардидани ҳаҷми пул дар муомилот равона мегарданд. Вобаста ба ин, пешбинӣ карда мешавад, ки дар интиҳои соли 2016, бо дарназардошти таъсири омилҳои мавсимӣ ва маъмурӣ, сатҳи таваррум то 7,0 фоизро ташкил хоҳад дод.

Бо вуҷуди ин, ҳоло вазъи номусоиди берунӣ ва омилҳои манфии зикргардида устувории қурбро дар бозори дохилии асъор халалдор намуда истодаанд. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА 26,7 фоиз паст гардид.

Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба зиёд шудани талабот ба асъори хориҷӣ ва ба мушоҳида расидани ҳодисаҳои ҳаннотӣ, ҷиҳати таъмини тағйирёбии муътадил ва қобилияти харидории пули миллӣ тадбирҳои қатъӣ андешида истодааст.

Аз ҷумла бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани қурби сомонӣ фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ манъ карда шуд ва тавассути Низоми электронии савдо амалиётҳои марбутаро анҷом дода истодаем.

Инчунин давоми соли ҷорӣ ҷиҳати диверсификатсияи амалиётҳои берунаи асъорӣ Созишномаи СВОП бо асъори хитойӣ-юан ба имзо расид, ки истифодаи босамари он барои кам намудани фишорҳои қурбӣ нигаронида шудааст.

Тавассути истифодаи фишангҳои монетарии ғайримустақим Бонки миллии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли равон барои танзими бозори дохилӣ 68 музоядаи коғазҳои қиматнокро ба маблағи 1,3 млрд. сомонӣ гузаронид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 маротиба зиёд мебошад.

Баҳри таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ ва дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт, меъёри бозтамвил бетағйир дар сатҳи 8,0 фоизи солона нигоҳ дошта шуда, меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳо бо пули миллӣ то 1,5 фоиз ва барои пасандозҳо бо асъори хориҷӣ то 7,0 фоиз паст карда шуд.

Дар натиҷа, ҳаҷми пулҳои захиравӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ 13,1 фоиз афзуда, ҳаҷми пули нақд дар муомилот 7,7 фоизро ташкил дод.

Захираҳои софи байналмилалӣ (NIR) ва захираҳои умумии хориҷӣ (GIR) бо пули миллӣ мутаносибан 30,3 фоиз ва 20,2 фоиз афзоиш ёфтаанд.

Фаъолияти низоми бонкии кишвар дар самти таъмини рушд ва сифатнокии бозори хизматрасониҳои бонкӣ, маблағгузории дарозмуддат, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҷалби пасандозҳои аҳолӣ ва сармоягузории хориҷӣ то андозае қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми пасандозҳои низоми бонкӣ ба 8,3 млрд.сомонӣ расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,8 фоиз афзудааст.

Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ дар даҳ моҳ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 15,6 фоиз афзуданд.

Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар даҳ моҳ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,6 фоиз зиёд гардид.

Бақияи қарзҳои дарозмуҳлат ҳаҷми умумии қарзҳоро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,4 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бошад, 811,9 млн. сомонӣ қарзҳои хурд рост меояд.

Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати пулию қарзиро дар соли 2016 баҳри нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт, пешбинӣ ва пешгирии хавфҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда татбиқ хоҳад намуд. Дар робита ба ин, иҷрои сатҳи барномавии нишондиҳандаҳои монетарӣ, пеш аз ҳама, пулҳои захиравӣ то 15 фоиз ба нақша гирифта шудааст.

Яке аз вазифаҳои стратегии дар пешистода, ин омода намудани шароити мувофиқ ҷиҳати такмил додани сохтори кунунии татбиқи сиёсати пулию қарзӣ мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар самти фаъол гардонидани механизми таъсиррасонии меъёри бозтамвил, аз ҷумла пешниҳоди доимии қарзҳои кӯтоҳмуддат ва мунтазам барои музоядаҳои қарзӣ барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ чораҳои зарурӣ хоҳад андешид.

Ҳамзамон корҳо барои инкишоф ва таҳким бахшидани фишангҳои амалиёт дар бозори озод ва фаъол гардонидани механизми барориши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон идома дода мешавад.

Таъмини самаранокии идоракунии сиёсати пулию қарзӣ ва механизми татбиқи он бо мақсади коҳиш додани сатҳи долларизатсияи иқтисодиёт равона гардида, оид ба де –долларизатсияи низоми иқтисодию молиявӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Инчунин барои сифатан беҳтар намудани идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳои хориҷӣ тибқи амалияи муосири бонкдории ҷаҳонӣ ва вобаста ба ин тадриҷан диверсификатсия ва афзун намудани сатҳи захираҳои байналмилалии тиллоию асъорӣ чораҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини муътадилӣ ва фаъолияти самараноки бозори дохилии асъор, баланд бардоштани шаффофият дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомот аз болои фаъолияти бозори нақдӣ назоратро идома дода, чораҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро оид ба риояи тартиби истифодаи асъори хориҷӣ ва баланд бардоштани эътимоду эҳтироми пули миллӣ амалӣ менамояд.

Минбаъд таъмини рушди савдои байнибонкӣ, ба кор даровардани механизми анҷомдиҳии қарордодҳо дар реҷаи онлайн (воқеӣ) бо истифода аз низоми ягонаи маълумотӣ ва савдои байнибонкӣ дар заминаи платформаи кори ширкати «Thomson Reuters» ташкилшуда, ҳадафҳои асосӣ маҳсуб меёбанд.

Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба ивази Низоми байнибонкии пардохтии амалкунанда, Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо насб карда мешавад.

Дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ Бонки миллии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар соли 2016 муносибатҳои судмандро бо шарикони байналмилалӣ ва маблағгузорони хориҷӣ ҷиҳати ҷалби бештари қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар равона созад.

Дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати маҳдуд намудани хавфҳои молиявӣ ва нигоҳ доштани фаъолияти муназзами низоми бонкии кишвар дар соли 2016 чораҳои зерин андешида мешаванд:

- такмил додани идоракунии босамари дороиҳо ва уҳдадориҳо, таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва автоматикунонии ҳисоботҳои омори бонкӣ;

- таҳия ва пешбурди сиёсати макропрудентсиалӣ ҷиҳати нигоҳдории устувории низоми молиявии кишвар;

- дастгирии соҳибкории истеҳсолии хурду миёна бо хизматрасониҳои бонкӣ;

- мусоидат намудан ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони низоми бонкӣ.

Лоиҳаи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» дар ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа мавриди таҳлил қарор гирифта, дар заминаи пешниҳод ва тағйиру иловаҳои аз ҷониби шумо воридшуда саҳеҳтар ва мукаммал гардид.

Хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи ҳуҷҷати мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 бо мақсади иҷрои талаботи моддаи 4-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон таҳия гардида, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2015 таҳти №342 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия ва кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Таҳлилҳои пешниҳодкардаи Бонки миллии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки вазъи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва хусусан кишварҳои шарики тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазъи иқтисодии кишвари мо таъсири манфӣ расонид ва расонида истодааст. Ин аст, ки суръати рушди ММД, гардиши савдои хориҷӣ, ҳаҷми хизматрасонӣ ва нишондиҳандаҳои дигари макроиқтисодӣ нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст. Табиист, ки ин омил ба иҷрои нишондиҳандаҳои Дурнамои сиёсати пулию қарзӣ барои соли 2015, хусусан қурби пули миллӣ ва қобилияти харидории он таъсири манфӣ расонид.

Гуфтан мумкин аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз иҷрои вазифаи асосии худ – муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум баромад. Сатҳи таваррум дар соли 2015 аз рӯи пешбиниҳои Бонки миллии Тоҷикистон 6- 6,5 фоизро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи қабулшуда хеле поён аст.

Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016, бо дарназардошти таҳлилу мушоҳидаҳо ва баҳогузории вазъи кунунии иқтисодиёти ҷаҳон, таъсири фишорҳои сиёсӣ — иқтисодии берунӣ, инчунин ҳолати ноустувори молиявии кишварҳои минтақа, ки ба иқтисодиёти ҷумҳуриамон таъсиррасон мебошад, тарҳрезӣ гардидааст.

Дар соли 2016 низ мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ боқӣ мемонад. Он дар доираи ваколатҳои худ ва тавассути истифодаи босамари фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ барои пешгирии фишороварии омилҳои монетарӣ ба сатҳи нархҳо чораҳои зарурӣ хоҳад андешид.

Баҳри ноил шудан ба муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ бо дарназардошти нигоҳдории суботи низоми бонкӣ, ки ба рушди воқеии иқтисодиёт мусоидат менамояд, истифодаи самараноки восита ва механизмҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ амалӣ хоҳад гардид.

Афзоиши муътадили ҳаҷми пул вобаста ба вазъи феълии макроиқтисодӣ, иҷрои сатҳи ҷоизи нишондиҳандаҳои амалиётии миқдорӣ, пеш аз ҳама, пулҳои захиравӣ, инчунин захираҳои софи байналмилалӣ, дороиҳои умумии хориҷӣ ва дороиҳои софи дохилӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бовар дорам, ки дар доираи татбиқи ин Дурнамо Бонки миллии Тоҷикистон соли 2016 сатҳи таваррумро дар доираи то ҳафт фоиз нигоҳ дошта, зиёдшавии захираҳои тиллоию асъории мамлакатро таъмин менамояд. Инчунин баҳри кам кардани ҳиссаи қарзҳои беэътимод, поён бурдани фоизи қарзҳо ва зиёд намудани ҳаҷми пасандозҳо, хусусан пасандозҳо бо пули миллӣ, беҳ кардани вазъи молиявии бонкҳо ва зиёд кардани дороиҳои онҳо чораҳои зарурӣ меандешад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон лоиҳаи Дурнаморо ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон баҳри такмили он 45 таклифу эродҳо пешниҳод намуданд, ки дар натиҷа, аз таклифу эродҳои воридшуда 38-тоаш қабул, 4-тоаш қисман қабул ва 3-тоаш қабул нашуд.

Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба лоиҳаи Дурнамо ворид карда шуданд. Дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи Дурнамои мазкур бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфт.

Хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Вобаста ба ин масъала савол доред? Марҳамат.

Зайнудин САФАРОВ: — Вақти охир беқурбшавии пули миллӣ ниҳоят зиёд гашт. Дар як муддати кӯтоҳ 100 доллари ИМА аз 670-675 якбора ба 740 сомонӣ ва аз он бештар баробар шуд. Ин сабаб гашт, ки нархи маводи ғизоӣ баланд шавад. Ин раванд минбаъд низ идома меёбад ё пеши роҳи он гирифта мешавад?

Ҷамшед НУРМАҲ­МАДЗОДА: — Барои пешгирии ҳаннотӣ ва таҳлука вобаста ба баланд гаштани қурби доллари ИМА тадбирҳо андешида мешаванд. Якҷо бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ташкил ёфт ва рӯзи 30 ноябри соли равон шаш нуқтаи мубодилаи асъор мавриди санҷиш қарор гирифт. Воқеан ҳам, ҳолатҳои қонуншиканӣ муайян гардиданд.

Дар натиҷа, шаш ташкилоти қарзӣ аз 60 то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд. Инчунин гурӯҳи муштарак бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 нуқтаи мубодилаи асъорро мавриди тафтиш қарор дода, камбудиҳои зиёд ошкор шуданд. Фаъолияти ин нуқтаҳои асъор низ баста мешаванд.

Аз моҳи июни соли ҷорӣ инҷониб 817 нуқтаи мубодилаи асъори шахсӣ барҳам дода шуд. Назорат ба уҳдаи ташкилотҳои қарзӣ вогузор мешавад. Дар ин радиф, он дастурамалҳое, ки пештар истифода бурда мешуданд, аз нав таҳия шуданд. Тибқи ин  дастурамали нав рисолати нуқтаҳои мубодилаи асъор пурра ба марказҳои хизматрасонӣ гузаштанд. Бештар аз 350 филиал, 1223 марказҳои хизматрасонӣ дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд.

Саидҷаъфар ИСМОНОВ: - Қурби пули миллиро пасту баланд намудан пурра ба зиммаи Бонки миллӣ нест. Агар ҳаҷми содирот, воридот  ва гардиши моли дохилӣ ба андозаи муайян муқаррар нашуда бошад, ин раванд ба мушкил мувоҷеҳ мегардад. Вобаста ба ин, пурсиданӣ ҳастам, ки барои гирифтани пеши роҳи пастшавии қурби асъори миллӣ бо сохторҳои марбута чӣ гуна ҳамкорӣ доред?

Ҷамшед НУРМАҲ­МАДЗОДА: — Бо ташкилоту вазоратҳо ҳамкории зич дорем. Гурӯҳҳои корӣ фаъолият мекунанд ва ин ҳамкориҳо ба рушди иқтисодиёт мусоидат хоҳанд кард.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: - Аз маърӯза маълум шуд, ки 65 фоизи номгӯйи маҳсулоти сабади истеъмолиро молҳои воридотӣ ташкил медиҳад. Ин бевосита ба қурби асъори миллӣ таъсири худро мерасонад. Барои бартараф намудани ин ҳолат аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ягон барнома пешбинӣ шудааст? Ба сифати аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо кадом навъи маҳсулотро содирот намоем, то барои дар сатҳи муайян нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ мусоидат карда тавонад?

Ҷамшед НУРМАҲ­МАДЗОДА: — Вобаста ба ин ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд. Ҳамин сол низ барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани тавварум зиёд гаштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ боис гашт.

Гулбаҳор ТУРСУНОВА: — Ҳафтаи охири моҳи гузашта суръати тағйирёбии қурби асъори миллӣ нисбат ба соли гузашта даҳ фоизро ташкил дод (давоми соли гузашта танҳо ёздаҳ фоиз буд).

Гузаронидани музоядаи коғазҳои қиматнок, қатъ намудани фаъолияти бонк ва ташкилотҳои қарзӣ ё нуқтаҳои мубодилаи асъор басанда нест.

Барои муътадил намудани ҳолати баамаломада Бонки миллии Тоҷикистон боз чӣ гуна тадбирҳо меандешад?

Ҷамшед НУРМАҲ­МАДЗОДА: — Яке аз чораҳои дигар, ин баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум мебошад. Мардум бояд ба асъори миллии худ эҳтиром гузорад. Якҷо бо дигар мақомоти давлатӣ дар ин самт назоратро пурзӯр мекунем.

Баҳром АБДУАЛИМОВ: — Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол меъёри сабади истеъмолӣ тасдиқ нашудааст. Он кай ва бо кадом маблағ муайян гашта, аз ҷониби кадом мақоми дахлдор тасдиқ мешавад?

Ҷамшед НУРМАҲ­МАДЗОДА: — Солҳои пешин сабади истеъмолӣ то 250 сомонӣ муайян шуда буд. Барои аз нав муайян намудани меъёри сабади истеъмолӣ гурӯҳи корӣ фаъолият дорад.

Дар бораи тасдиқи Дурнамои мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Моддаҳои Созишномаи Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲ­МАДИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишвар яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати мамлакат густариши ҳамкориҳоро бо шарикони рушд ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ сол то сол тақвият дода истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, айни замон 151 кишвари ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, бо 126-тои он Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин узви фаъоли 51 созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ буда, барои рушди мунтазами иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Дар асоси ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши дахлдор аз 16 октябри соли 2014 масъалаи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи оинномаи ниҳоди нави молиявӣ ҳуҷҷатҳои асосии барномавӣ барои иҷро ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол гардид.

Бо мақсади ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба институти молиявии навтаъсис, яъне «Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ», ки таъсиси он ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳаст, бо мактуби расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2014 ба унвони Вазорати молияи Ҷумҳурии Халқии Хитой ва пазируфтани Ёддошти тафоҳум аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост манзур гардид.

Бояд тазаккур дод, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Халқии Хитой соли 2014 масъалаи таъсис додани бонки бисёрҷонибаи байналмилалии нав байни давлатҳои Осиё баррасӣ шуда, санаи 24 октябри соли 2014 Ёддошти тафоҳум оид ба таъсис додани «Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ» байни 22 давлати Осиё ба имзо расид.

Дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои аъзо 12 январи соли 2015 расман пазируфта шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-ум узви Бонк эълон гардид.

Имрӯз ба муҳокимаи шумо Бандҳои Созишномаи «Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ», ки 29 июни соли 2015 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расидааст, пешниҳод мегардад.

Мақсади таъсиси институти нави молиявӣ ин таҷдид ва барқарор намудани инфрасохтор мебошад, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар минтақа маҳсуб меёбад.

Дар раванди таъсисёбии Бонк кишварҳои аъзо то ба имрӯз расман 57 давлатҳоро дар бар гирифта, тибқи талаботи созишномаи Бонк ба гурӯҳҳо, яъне ба аъзои минтақавӣ ва ғайриминтақавӣ ҷудо гардидаанд.

Бо ин мақсад аз рӯи гурӯҳҳо, давлатҳои аъзои минтақавӣ 37 кишвар ва аъзои ғайриминтақавӣ бошад, 20 кишварро ташкил медиҳанд.

Сармояи оинномавии Бонк айни замон 100,0 млрд. доллари ИМА-ро ташкил намуда, ҳангоми ворид гардидани аъзои нав сармояи Бонк зиёд карда мешавад.

Тақсимоти маблағҳо ба аъзои минтақавӣ 75 фоиз ва аъзои ғайриминтақавӣ  25 фоиз муайян шудааст.

Тақсимоти сармояи Бонк дар мувофиқа бо ҳисобкунии ММД (60 фоиз) ва қобилияти харидории Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (40 фоиз) (Capital allocation based on GDP (60 фоиз) and PPP GDP (40 фоиз) ҳисоб карда мешавад.

Тибқи талаботи бандҳои Созишнома аъзои Бонк аз 100 фоизи ба онҳо ҷудошуда танҳо 20 фоизи онро нақдӣ ба Бонк супорида, 80 фоизи он бошад, тибқи дархост метавонад ба Бонк супорида шавад.

Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонк аз рӯи ченаки зикргардида 30,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуда, 20 фоизи маблағи нақдии ба Бонк супоридашаванда тақрибан 6,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гуфтушунидҳо пардохтпазирии давлатҳои рӯ ба тараққӣ ба инобат гирифта шуда, чунин давлатҳо пардохти саҳми худро метавонанд дар даҳ марҳила ва боқимонда давлатҳо бояд пардохти саҳми худашонро дар панҷ марҳила амалӣ намоянд.

Аз ин рӯ, пардохти бист фоизи маблағи нақдии саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳ марҳила мутаносибан ба 0,6 млн. доллари ИМА баробар мешавад.

Фаъолияти Бонк баъд аз кушодашавиаш (инаугуратсия), ки моҳи январи соли 2016 дар назар дошта шудааст, оғоз гардида, бештари самтҳои маблағгузориашро таҷдид ва барқарор намудани инфрасохтор ташкил медиҳад, ки ин барои минтақа, аз ҷумла барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионии инфрасохторӣ манбаи нави маблағгузорӣ мегардад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи кафолатии пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА:Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Моддаҳои Созишномаи Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2015 Моддаҳои Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Бо ташаббуси Ҷумҳурии Халқии Хитой аввали соли 2014 таъсис додани бонки бисёрҷонибаи байналмилалии нав барои аз байн бурдани мушкилот дар самти инфрасохтор ва маблағгузории ин соҳа дар давлатҳои Осиё пешниҳод шуда буд ва 24 октябри соли 2014 Ёддошти тафоҳум оид ба таъсис додани «Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ» байни 22 давлати минтақаи Осиё ба имзо расид.

Сармояи оинномавии Бонк 100,0 млрд. доллари ИМА муайян шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои аъзо шудан дар ин бонк дархост пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби давлатҳои аъзо пазируфта шуд ва 12 январи соли 2015 кишвари мо расман 26-умин узви Бонк эълон гардид.

Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сармояи Бонк 30,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, 20 фоизи он (6,2 млн. доллари ИМА) дар даҳ марҳила пардохт мешавад.

Созишнома дар ҳама кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, ҷонибдорӣ карда шуд.

Хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (қарзи №5666 — TJ) сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲ­МАДИЁН: Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (қарзи №5666-TJ) пешниҳод гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки моҳи сентябри соли 2013 барои татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» созишномаҳои грантӣ ба маблағи умумии 23,0 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст, ки онҳо аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд.

Лоиҳаи мазкур ба беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба зиёда аз як миллион аҳолии ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Ғончии вилояти Суғд ва ноҳияҳои Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ, Фархор, Қубодиён ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон тавассути таъмир ва барқарорсозии 24 муассисаҳои тиббии ин минтақаҳо ва мукаммалгардонии инфрасохтори хизматрасониҳои аввалиндараҷаи ёрии тиббию санитарӣ равона шудааст.

Инчунин дар доираи лоиҳаи мазкур барномаҳои омӯзишии шашмоҳа барои баланд бардоштани тахассуси табибон ва ҳамшираҳои тиббии оилавӣ гузаронида мешаванд.

Ҷиҳати васеъ намудани ҳудуди татбиқи лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон ба Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дархост ирсол гардид, ки он аз ҷониби ассотсиатсия дастгирӣ ёфта, ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадаф маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 10,0 млн. доллари ИМА, аз ҷумла 5,5 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзнок ва 4,5 млн. доллари ИМА гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд пешниҳод шуд.

Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаҳои мазкур имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

Муҳлати қарз — 38 сол;

Давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ — 6 сол;

Меъёри фоизи қарз — 0,75 фоизи солона.

Шартҳои пешниҳоднамудаи қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқ мебошад, зеро элементи грантии он (бо дарназардошти маблағҳои дигари лоиҳа) 74,3 фоизро ташкил медиҳад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур то соли 2018 идома хоҳад ёфт.

Бояд ёдовар шуд, ки маблағҳои грантии лоиҳа то ба расмият даромадани Созишномаи мазкур ҷудо карда намешаванд. Бинобар ин, ҳар ду созишномаҳо бояд аз ҷониби шумо, муҳтарам вакилон, тасдиқ карда шаванд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иқтисод ва молия Бобоев Олимҷон дода мешавад.

Олимҷон БОБОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини  гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (қарзи № 5666-ТJ) 7 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2015 таҳти № 344 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади маблағгузории иловагӣ ба «Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ» такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолии ноҳияҳои пилотии вилоятҳои Хатлону Суғд тавассути усулҳои муосири маблағгузории соҳаи тандурустӣ мебошад.

Маблағгузории иловагӣ ба «Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ» 10,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 5,5 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзноки Ассотсиатсияи байналмилалии рушд мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

26 ноябри соли 2015 дар ҷаласаи васеи Кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқи онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: - Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (гранти  №Д070-ТJ) сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲ­МАДИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (гранти №D070-TJ) пешниҳод гардидааст.

Тавассути маблағгузории иловагӣ ҳудуди татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани  хизматрасониҳои тиббӣ» васеъ гардида, он иловатан ноҳияҳои Данғара, Файзобод ва Ишкошимро дар бар мегирад.

Лоиҳаи мазкур ба беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба зиёда аз як миллион нафар аҳолии ноҳияҳои татбиқи лоиҳа тавассути таъмир ва барқарорсозии муассисаҳои тиббии ин минтақаҳо ва мукаммалгардонии инфрасохтори хизматрасониҳои аввалиндараҷаи ёрии тиббию  санитарӣ равона шудааст.

Созишнома оид ба маблағгузории лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд моҳи августи соли 2015 дар ҳаҷми 4,5 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Дар маҷмӯъ, амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ба рушди соҳаи тандурустии мамлакат ва татбиқи Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 нақши муҳим мебозад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иқтисод ва молия Бобоев Олимҷон дода мешавад.

Олимҷон БОБОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (гранти № D070 -TJ) 7 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2015 таҳти № 343 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади маблағгузории иловагӣ ба «Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ» такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолии ноҳияҳои пилотии вилоятҳои Хатлону Суғд тавассути усулҳои муосири маблағгузории соҳаи тандурустӣ мебошад.

Маблағгузории иловагӣ ба «Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ» 10,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 4,5 млн. доллари ИМА гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд мебошад.

Маблағҳои Созишномаи грантӣ то ба расмият даромадани Созишномаи қарзӣ ҷудо карда намешаванд. Бинобар ин, ҳар ду созишномаҳо бояд аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2015 оғоз ёфта, то 31 декабри соли 2019 идома хоҳад ёфт.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

26 ноябри соли 2015 дар ҷаласаи васеи Кумита бо иштироки намояндагони ҳама кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқи онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: - Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5702-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲ­МАДИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Бояд зикр намуд, ки соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат яке аз соҳаҳои афзалиятнок буда, он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян шудааст.

Бинобар ин, имрӯз ба муҳокимаи шумо «Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5702-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди маълумоти олӣ» пешниҳод мегардад.

Зикр намудан зарур аст, ки арзиши лоиҳаи мазкур 15,0 млн. доллари ИМА-ро, аз ҷумла 6,75 млн. доллари ИМА грант ва 8,25 млн. доллари ИМА қарз, ташкил медиҳад.

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5702-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» моҳи августи соли 2015 аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба маблағи 8,25 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Мақсади асосии лоиҳаи мазкур модернизатсияи барномаи таълимии низоми маълумоти олии касбӣ бо мақсади ҷавобгӯй будани он ба талаботи бозори меҳнат ва созмон додани механизмҳо, ки имкони баҳодиҳии дараҷаи олии мутобиқшавиро доранд, мебошад.

Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

Муҳлати қарз -38 сол;

Давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ — 6 сол;

Меъёри фоизи қарз — 0,75 фоизи солона.

Шартҳои пешниҳоднамуда зимни дастрасӣ ба қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамояд, зеро элементи грантии он, бо дарназардошти маблағҳои дигари лоиҳа, зиёда аз 35,0 фоизро ташкил медиҳад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2015 оғоз ёфта, то соли 2020 идома хоҳад ёфт.

Бояд ёдовар шуд, ки маблағҳои грантии лоиҳа то ба расмият даромадани созишномаи мазкур ҷудо намешаванд. Бинобар ин, ба мақсад мувофиқ мебошад, ки ҳар ду созишнома аз ҷониби шумо тасдиқ карда шаванд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи қарзии пешниҳодгардидаро тасдиқ намоед.

 РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Қодирова Мусалам Асомиддиновна дода мешавад.

Мусалам ҚОДИРОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5702-ТJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» 7 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шудааст.

Созишномаи мазкур аз дебоча ва 5 модда иборат буда, бо мақсади такмили ихтисоси ҳайати кормандон, насб ва муносибгардонии таъминоти барномавии муҳосибавии «1С» барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, таҳияи буҷет ва ҳисоботдиҳӣ, омӯзонидани кормандони дахлдори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба низоми нави муҳосибавӣ ба имзо расидааст.

Дар Созишномаи мазкур қарзҳо ба маблағи 6.000.000 ҳуқуқҳои махсуси қарзӣ, ки ин ба 8 млн. 250 ҳазор доллари ИМА баробар аст, бо усули айнан, дар муҳлаташ ба муассисаҳои таълимӣ барои таҳия ва интишори барномаҳо ё курсҳои кӯтоҳмуддат, сохтмонҳои хурдҳаҷм барои беҳтар намудани мутобиқат ба бозори меҳнат, дастгирии духтарони донишҷӯ, беҳтар намудани сифати таҳсилоти олӣ, гузаронидани таҳқиқотҳои баъдидипломӣ ва ҳисоботдиҳӣ аз рӯи онҳо, тасдиқи стандарту дастурҳои нав барои кафолати сифат дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5702-ТJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-ро ҷонибдорӣ намуданд.

20 ноябри соли 2015 дар ҷаласаи васеъ намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдориашонро изҳор карданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: - Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти № Д082–TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲ­МАДИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди маълумоти олӣ» пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба маблағи 6,75 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Мақсади асосии лоиҳаи мазкур модернизатсияи барномаи таълимии низоми маълумоти олии касбӣ бо мақсади ҷавобгӯй будани он ба талаботи бозори меҳнат ва созмон додани механизмҳо, ки имкони баҳодиҳии дараҷаи олии мутобиқшавиро доранд, мебошад.

Шартҳои татбиқи Созишномаи грантӣ бо шартҳои Созишномаи қарзӣ мувофиқ мебошанд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур анҷом додани корҳои зерин дар назар дошта шуда, дар се қисмат амалӣ карда мешаванд:

Қисмати 1: Беҳбудиҳо сатҳи институтсионалиро дар бар гирифта аз рӯи зерқисматҳои зерин иҷро карда мешавад:

- зерқисмати 1.1: Грантҳо бо усули айнан, дар муҳлаташ барои такмили ихтисоси ҳайати кормандон;

- зерқисмати 1.2: Барномаи озмунии грантӣ барои донишгоҳҳо;

Қисмати 2.Таҷдиди низоми таҳсилоти олӣ:

- зерқисмати 2.1: Беҳтар намудани сифати таълим;

- зерқисмати 2.2: Азнавсозии барномаҳои таълимӣ дар низоми маориф;

- зерқисмати 2.3: Арзёбии маблағгузории таҳсилоти олӣ.

Қисмати 3: Идоракунӣ, мониторинг ва арзёбии лоиҳа.

Маблағгузории корҳо дар доираи татбиқи лоиҳа ҳам аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва ҳам маблағҳои грантӣ ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин бояд зикр намуд, ки маблағҳои Созишномаи грантӣ то ба расмият даромадани Созишномаи қарзӣ ҷудо карда намешаванд.

Хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро тасдиқ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Қодирова Мусалам Асомиддиновна дода мешавад.

Мусалам ҚОДИРОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-ТJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» 7 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шудааст.

Созишнома аз дебоча ва 5 модда иборат буда, бо мақсади такмили ихтисоси ҳайати кормандон, насб ва муносибгардонии таъминоти барномавии муҳосибавии «1С» барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, таҳияи буҷет ва ҳисоботдиҳӣ, омӯзонидани кормандони дахлдори Вазорати маориф ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба низоми нави муҳосибавӣ ба имзо расидааст.

Дар Созишномаи мазкур грант ба маблағи 4.900.000 ҳуқуқҳои махсуси қарзӣ, ки ин ба 6 млн. 750 ҳазор доллари ИМА баробар аст, бо усули айнан, дар муҳлаташ ба муассисаҳои таълимӣ барои таҳия ва интишори барномаҳо ё курсҳои кӯтоҳмуддати мутобиқ ба бахшҳо, сохтмонҳои хурдҳаҷм барои беҳтар намудани мутобиқат ба бозори меҳнат, дастгирии духтарони донишҷӯ, беҳтар намудани сифати таҳсилоти олӣ, гузаронидани таҳқиқотҳои баъдидипломӣ ва ҳисоботдиҳӣ аз рӯи онҳо ва тасдиқи стандарту дастурҳои нав барои кафолати сифат дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-ТJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-ро ҷонибдорӣ намуданд.

20 ноябри соли 2015 дар ҷаласаи васеъ намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдориашонро изҳор карданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти № Д087–TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба маблағгузории иловагии «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲ­МАДИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, ки онҳоро дар сиёсати давлат Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян намудааст, тамоми чораҳои заруриро андешида, онҳоро дар амал татбиқ менамоянд.

Дар ин раванд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта ва таъмини пурраи аҳолии кишвар бо оби тозаи нӯшокӣ  кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст. Туфайли сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат, дар ин самт барномаҳо ва лоиҳаҳои зиёде амалӣ гардида, сол то сол таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ беҳтар гардида истодааст. Аз ҷумла соли 2011 ҷиҳати беҳтаркунии обтаъминкунии аҳолии шаҳри Душанбе бо Ассотсиатсияи байналмилалии рушд Созишномаи грантӣ барои татбиқи лоиҳаи дуюми «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» ба имзо расонида шуд. Барои татбиқи лоиҳаи мазкур 19,0 млн. доллари ИМА, аз ҷумла аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 16,0 млн. доллари ИМА ва аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 3,0 млн. доллари ИМА ҷудо гардид, ки он имрӯз бомуваффақият татбиқ гардида истодааст.

Имрӯз ба муҳокимаи шумо, муҳтарам вакилон, Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти № D087-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба маблағгузории иловагии «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе» пешниҳод мегардад.

Лоиҳаи мазкур барои иқтисодиёти кишварамон аҳамияти муҳим дошта, маблағгузории иловагӣ барои татбиқ намудани он дар ҳаҷми 11,0 млн. доллари ИМА, аз ҷумла аз ҳисоби қарзи имтиёзноки Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 5,5 млн. доллари ИМА, аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 4,5 млн. доллари ИМА ва 1,0 млн. доллари ИМА  аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷудо гардидааст.

Мақсади асосии лоиҳа сохтмон ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунии шаҳри Душанбе, беҳгардонии фаъолияти корхона ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ҷиҳати обтаъминкунӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.

Дар доираи маблағи иловагӣ корҳои зерин дар назар дошта шудааст:

- насби 10000 адад обҳисобкунакҳои ҳуҷравӣ;

- секторикунонии шабакаи обтаъминкунӣ (иваз намудани қубурҳои обгузар), кам кардани талафоти оби нӯшокӣ;

-  стратегияи коммуникатсионӣ ва системаи ҳисоботӣ дар асоси технологияҳои коммуникатсионии иттилоотӣ;

- сохтмони истгоҳи иловагии (50 фоиз) филтратсионӣ дар пойгоҳи обтозакунии «Худҷорӣ»  бо дарназардошти қубурҳои зарурии магистралӣ;

бо тарзи автоматикӣ коагулянткунонии об дар пойгоҳи обтозакунии «Худҷорӣ»;

- ҷорӣ кардани системаи хлоркунонии такрорӣ дар дохили шабака ва дигар корҳо.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2016 оғоз ёфта, то моҳи сентябри соли 2018 идома хоҳад ёфт. Дар маҷмӯъ, бо татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур бехатарӣ ва эътимоднокии таъминоти оби нӯшокӣ дар шаҳри Душанбе ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолии он таъмин карда мешавад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро тасдиқ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Исмоилзода Зуфар Муртазохон дода мешавад.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D087-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба маблағгузории иловагии «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе», ки 7 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст, пешниҳод мегардад.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015 таҳти №361 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади Созишнома, пеш аз ҳама, барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ, беҳтаргардонии фаъолияти корхонаи обтаъминкунӣ ва баланд бардоштани сифати оби нӯшокӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D087-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба маблағгузории иловагии «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе» аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 7 августи соли 2015 дар ҳаҷми 3,3 млн. ҳуқуқҳои махсуси қарзӣ (SDR) баробар ба 4,5 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Маблағгузории иловагӣ 11,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аз ҷумла 4,0 млн. ҳуқуқҳои махсуси қарзӣ  (SDR) баробар ба 5,5 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзноки Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, 4,5 млн. доллари ИМА гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва 1,0 млн. доллари ИМА аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Кумитаи масъул Созишномаи мазкурро 25 ноябри соли 2015 дар ҷаласаи худ бо иштироки масъулин ва 26 ноябри соли 2015 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам А. С. Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои тасдиқи он овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: - Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5709  – TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба маблағгузории иловагии «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲ­МАДИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5709-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба маблағгузории иловагии «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе» пешниҳод гардидааст.

Маблағгузории иловагӣ барои татбиқ намудани «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе» 11,0 млн. доллари ИМА, аз ҷумла аз ҳисоби қарзи имтиёзноки Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 5,5 млн. доллари ИМА, аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 4,5 млн. доллари ИМА ва 1,0 млн.доллари ИМА аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷудо гардидааст.

Мақсади асосии лоиҳа сохтмон ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунии шаҳри Душанбе, беҳгардонии фаъолияти корхона ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ҷиҳати обтаъминкунӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.

Созишномаи мазкур аз ҷониби вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Ассотсиатсияи байналмилалии рушд моҳи августи соли 2015 дар ҳаҷми 5,5 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Қарзи ҷалбшаванда тибқи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

- муҳлати қарз — 38 сол;

- давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ — шаш сол;

- меъёри фоизи қарз — 0,75 фоизи солона.

Шартҳои пешниҳодгардида ҷиҳати дастрасӣ ба қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқ аст, зеро элементи грантии он (бо дарназардошти маблағҳои дигари лоиҳа) 74,3 фоизро ташкил медиҳад.

Бояд ёдовар шуд, ки маблағҳои грантии лоиҳа то ба расмият даромадани созишномаи мазкур ҷудо карда намешаванд. Бинобар ин, ҳар ду созишнома бояд аз ҷониби шумо, муҳтарам вакилон, тасдиқ карда шавад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

 РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Садриддинов Бадриддин Талбакович  дода мешавад.

Бадриддин САДРИДДИНОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳозирини гиромиқадр!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5709-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба маблағгузории иловагии «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе» 7 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015 таҳти №362 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Маблағгузории иловагӣ ба «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе» 11,0 млн. доллари ИМА- ро ташкил медиҳад, аз ҷумла 4,0 млн. ҳуқуқҳои махсуси қарзӣ баробар ба 5,5 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзноки Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, 4,5 млн. доллари ИМА гранти Ассотсиатсияи  байналмилалии рушд ва 1,0 млн. доллари ИМА аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Шартҳои қарз:

- муҳлати қарз — 38 сол;

- давраи имтиёзнокӣ — шаш сол;

- меъёри фоизи қарз — 0,75 фоизи солона буда, пардохти қарзи асосӣ дар муҳлати 32 сол, баробар ба 3,125 фоиз ҳамасола амалӣ мегардад.

Мақсади Созишнома барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ, беҳтарсозии нишондиҳандаи корхонаи обтаъминкунӣ, ҷорӣ намудани баҳисобгирии сарфи об, идоракунии талабот ба об, баланд бардоштани хизматрасонӣ ва сифати оби нӯшокӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои худ ва 25 ноябри соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумита Созишномаи мазкурро мавриди муҳокима қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.

Амалӣ гаштани Созишномаи мазкур ба беҳтар гаштани таъминоти мардум бо оби тозаи нӯшокӣ мусоидат менамояд.

Созишнома ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул шуд.

РАИС:- Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5697- ТJ) «Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲ­МАДИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5697-TJ) «Маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд пешниҳод гардидааст.

Яке аз афзалиятҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи устувори сиёсати самаранок ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои мазкур аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар ин ҷода барномаҳои зарурии соҳавиро татбиқ намуда истодааст, ки баробари ин баланд бардоштани истеҳсолот дар соҳаи мазкур, ташкил намудани ҷойҳои кории нав яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат ба ҳисоб меравад.

Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2015» ва «Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015»- ро қабул намудааст.

Бо дарназардошти масоили зикргардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2013 Созишномаи грантии «Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ»-ро ба маблағи 45,9 млн. доллари ИМА ба имзо расонид. Дар баробари ин, моҳи августи соли 2015 Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5697-TJ) «Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, ки айни замон ба муҳокимаи шумо пешниҳод гардидааст, ба маблағи 6,6 млн. доллари ИМА ба имзо расид.

Мақсади маблағгузории иловагӣ барқарор намудани инфрасохтори обёрӣ ва заҳбур, афзоиши ҳосили зироатҳои муайян дар натиҷаи беҳтар гардидани системаҳои обёрӣ ва инфрасохтор, таҳкими иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  идораи маҷмӯии захираҳои об мебошад.

Маблағгузории иловагӣ ба лоиҳаи мазкур 12,0 млн. доллари ИМА- ро ташкил медиҳад, аз ҷумла 6,6 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзноки Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва 5,4 млн. доллари ИМА гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд. Тибқи муқаррароти Созишнома муҳлати анҷоми татбиқи лоиҳа соли 2020 муайян гардидааст.

Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

- муҳлати қарз- 38 сол;

давраи имтиёзноки пардохти қарзи асосӣ — шаш сол;

- меъёри фоизи қарз — 0,75 фоизи солона.

Шартҳои пешниҳодгардида ҷиҳати дастрасӣ ба қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқ аст, зеро элементи грантии он (бо дарназардошти маблағҳои дигари лоиҳа) 74,3 фоизро ташкил медиҳад.

Бояд ёдовар шуд, ки маблағҳои грантии лоиҳа то ба расмият даромадани Созишномаи мазкур ҷудо карда намешаванд. Бинобар ин, ба мақсад мувофиқ аст, ки ҳар ду созишнома аз ҷониби шумо, муҳтарам вакилон, тасдиқ карда шавад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Олимҷон дода мешавад.

Олимҷон САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзӣ №5697-TJ) «Маблағгузории  иловагӣ барои Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 7 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри  соли 2015 таҳти №345 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади лоиҳа иборат аст аз:

1.Пешниҳод намудани ҷойҳои кории муваққатӣ барои шахсоне, ки аз камбудии озуқа танқисӣ мекашанд, тавассути барқарорсозии инфрасохтори  обёрӣ ва дренажӣ;

2.Баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои муайяни кишоварзӣ дар натиҷаи беҳтар намудани низом ва инфрасохтори обёрӣ;

3.Таҳкими иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба чорӣ намудани идоракунии захираҳои об мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Созишномаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.

Амалӣ гаштани Созишномаи мазкур ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон равона гардида, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D081- ТJ) «Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲ­МАДИЁН:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D081-TJ) «Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд пешниҳод гардидааст.

Мақсади маблағгузории иловагӣ ба «Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об» барқарор намудани инфрасохтори обёрӣ ва заҳбур, афзоиши ҳосили зироатҳои муайян дар натиҷаи беҳтар гардидани системаҳои обёрӣ ва инфрасохтор ва таҳкими иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи маҷмӯии захираҳои об мебошад.

Маблағгузории иловагӣ ба лоиҳаи мазкур 12,0 млн. доллари ИМА- ро ташкил медиҳад, аз ҷумла 6,6 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзноки Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва 5,4 млн. доллари ИМА гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд. Тибқи муқаррароти созишнома, муҳлати анҷоми татбиқи лоиҳа соли 2020 муайян гардидааст.

Дар доираи маблағгузории иловагӣ иҷрои корҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

- ташкили ҷойҳои корӣ барои тозакунӣ ва барқарорсозии каналҳои дохилихоҷагӣ, инчунин пешниҳоди таҷҳизоту техника;

- иҷрои корҳо оид ба тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва каналҳои ирригатсионӣ бо истифода аз механизмҳо, барқарорсозии чоҳҳо, барқарорсозии дарвозаҳои обтақсимкунанда ва обченкунакҳо, барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ;

- таъмири фаврии 5,7 км қитъаҳои харобгардидаи канали зиддиобхезие, ки шаҳри Кӯлоб, заминҳои кишоварзӣ ва шабакаи обёрии ноҳияи Восеъро аз хавфи зери об мондан ҳимоя менамояд, инчунин барқарорсозии канали зиддиобхезии Тебалай;

- такмили минбаъдаи заминаи ҳуқуқӣ барои ҷорӣ намудани низоми идоракунии якҷояи захираҳои об ва гузаронидани ислоҳот дар бахши об, таҳияи стратегияи миллии идоракунии якҷояи захираҳои об бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолият оид ба беҳтар намудани идоракунии якҷояи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсис додани Низоми иттилоотӣ оид ба масъалаҳои об ва дигар корҳо.

Маблағгузории иловагӣ дар панҷ ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Данғара, Вахш, Қумсангир, Шаҳритуз, Қубодиён ва шаҳри Ваҳдат татбиқ мегардад.

Дар маҷмӯъ, амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ба рушди соҳаи кишоварзии мамлакат ва татбиқи Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2015 мусоидат менамояд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад.

Мирзоанвар АХМЕДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D081-TJ) «Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд аз ҷониби Вазорати молия ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 7 августи соли 2015 дар ҳаҷми 3,9 млн. ҳуқуқҳои махсуси қарзӣ (SDR) баробар ба 5,4 млн. доллари ИМА ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри  соли 2015 таҳти №345 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  супорида шуда буд.

Мақсади маблағгузории иловагӣ ба «Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об» таъмин кардани мардуми деҳот бо ҷойҳои нави корӣ ба воситаи барқарор намудани инфрасохтори обёрӣ ва заҳбур, афзоиши ҳосили зироатҳои кишоварзӣ бо роҳи беҳтар намудани низоми обёрӣ ва инфрасохторӣ ва таҳкими иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи маҷмӯии захираҳои об мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи мазкурро дастгирӣ намуданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро тасдиқ намоед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷмуҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.

Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Вазъи мураккаби ҷаҳон, шиддати муноқишаву низоъҳои тезутунди сиёсӣ дар як қатор давлатҳо ва афзун гардидани хатару таҳдидҳо аз ҷониби унсурҳои терроризму ифротгаройӣ  тақозо менамоянд, ки ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар самти муайян, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд вобаста ба ошкору ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб намудани шахсоне, ки ҷиноятҳои хусусияти экстремистидоштаро содир намудаанд, муайян кардани тарғибгарон, роҳу воситаҳои шомилшавӣ, манбаъҳои маблағгузорӣ, ташкилкунандагони чунин ҷиноятҳо, ҳаммаслакони онҳо, сабаб ва шароитҳое, ки барои  ба ин амал даст задани онҳо мусоидат мекунанд, ситоди ягонаи ҷумҳуриявии доимоамалкунанда созмон дода, байни сохторҳои қудратӣ ва хадамоти оперативӣ ҳамкориҳои муассир ба роҳ монда шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза ва пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ҷорӣ намудани механизми босамари ҳифз ва таъмини амнияти миллӣ такмил додани меъёрҳои Кодекси ҷиноятиро мақсаднок ҳисобида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро  манзур намудааст.

Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаҳои 3071-даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгаройӣ), 3072 — ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгаройӣ), 3073- ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгаройӣ) ва 3074 — ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта ворид намудани тағйирот марбут ба пурзӯр намудани ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи  ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон барои такмили лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби кумитаҳо оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ва оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия  чор  таклиф манзур гардида, онҳо қобили қабул дониста шуданд.

Кумитаи масъул рӯзи 26 ноябри соли 2015 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима  намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур бо розигии намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ такмил дода шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ намудани он маблағгузории иловагиро тақозо наменамояд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 Ҷумъахон НАБОТОВ,  Аъзам МӮСОЕВ,  «Садои мардум».  Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ