Эҷоди қонун рукни муҳим ва марказии давлатсозӣ мебошад

№79 (4029) 02.07.2019

Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»

(1 октябри соли 2018 — 28 июни соли 2019)

DSC_8289Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ,

Имрӯз, баъд аз заҳматҳои нуҳмоҳаи софдилонаву пурсамар, мо фаъолияти Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро ҷамъбаст менамоем. Нишондодҳои фаъолияти кумитаву комиссияҳо ва шуъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон далели онанд, ки мо тавонистем дар самтҳои асосии фаъолиятамон: қонунгузорӣ, намояндагӣ ва робитаҳои байнипарламентӣ корҳои муҳимеро ба нафъи миллату давлати соҳибистиқлоли худ ба сомон расонем.

Мутмаинам, ки ҳар як намояндаи халқ, пеш аз ҳама, дар назди виҷдони худ савол мегузорад: оё барои даҳҳо ҳазор нафаре, ки ба ӯ эътимод намудаанду барои панҷ сол вакил интихоб кардаанд, хидмати шоиста намудааст? Зеро вакили мардумӣ будан масъули раъйи ҳар як фарди ҷомеа будан аст. Мардум бо умед аз байни номзадҳои зиёд нафареро вакили хеш интихоб мекунад, ки ҳангоми қабули қонуну қарорҳо ва тасвиби созишномаву шартномаҳои байнидавлатӣ манфиатҳои давлат ва миллатро тарзе дастгирӣ намояд, ки дар онҳо эҳтиром ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои ӯ низ вуҷуд дошта бошад. Вакили асили мардумӣ вазифаи хешро дар мувофиқ овардани манфиати ҳар шаҳрванд бо ҳадафҳои стратегии давлат мебинад. Шумо, ҳозирини гиромӣ, дар давраи ҳисоботӣ дар ин самт қадамҳои устувор гузоштед.

Ҳамкасбони азиз,

Рӯйдоди муҳимтарин дар давоми ҳар як иҷлосияи Маҷлиси намояндагон, бегуфтугӯ, Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Паёми навбатии Пешвои миллат 26 — уми декабри соли 2018 ироа гардид ва дар замоне ки сайёраи Замин саршор аз проблемаҳои глобалӣ гардидааст, чун раҳнамое барои ҷомеаи Тоҷикистон садо дод.

Татбиқи комил ва саривақтии Паём метавонад дар ин гирдоби бархӯрдҳои иқтисодию сиёсӣ ва низомию геополитикӣ миллати тоҷикро муттаҳид ва давлати Тоҷикистонро ба зинаҳои баландтари иқтисодию фарҳангӣ раҳнамун созад. Зеро Сарвари давлатамон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ тамоми ҷузъиёти муҳими сиёсати пешгирифтаи давлатамонро вобаста ба масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ, илмию гуманитарӣ ва минтақавию байналмилалӣ, ки бевосита ба рӯзгори мардуми кишвар ва ояндаи миллати тоҷик иртибот доранд, таҳлилу баррасӣ намудаанд.

Ҳамчунин, чун ҳамеша, дар Паёми Президенти кишвар нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ ва заминаҳои тараққиёти минбаъдаи кишвар бо далелҳои муътамад ва таҳлилҳои амиқ манзури вакилони мардумӣ карда шуданд. Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар марҳилаи кунунӣ вазифаи муҳимтарини мо аз кишвари аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ табдил додани Тоҷикистон маҳсуб мешавад, зеро саноат дар шароити муосир кафолати рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҳар як мамлакат мебошад. Маҳз бо ҳамин нақшаҳои дурбинона Президенти кишварамон саноатисозии босуръати мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд. Дар пайи татбиқи он то соли 2030 саҳми соҳаи саноат дар ташаккули Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бояд 22 дарсадро ташкил намояд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар давлатамон тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ барои сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ дар соҳаҳои саноати мамлакат фароҳам сохта шудаанд. Яъне, акнун масъулияти боз ҳам баландтар ва номуси ватандорӣ лозим аст, ки ин нақшаҳои муҳим амалӣ карда шаванд.

Вақте ба таври воқеӣ натиҷаҳои Паёми соли 2018 Пешвои миллатро таҳлил менамоем, равшан мешавад, ки эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба ин соҳаҳои муҳими ҳаёти кишвар рушди бесобиқа бахшидааст. Мутобиқи омори расмӣ, дар давоми соли 2018 беш аз як миллион шаҳрванди хориҷӣ бо мақсади саёҳат ба Тоҷикистон омадааст, ки ин нишондоди рекордӣ маҳсуб мешавад. Дар панҷ моҳи аввали соли 2019 бошад, шумораи сайёҳони хориҷӣ ба 420 ҳазор расид, ки ин нишондиҳанда ҳам барои оғози сол, албатта, хуб мебошад. Ва маҳз ба хотири рушди бештари ин соҳаҳо ва бо мақсади дар сафи давлатҳои пешрафтаи сайёҳии ҷаҳон қарор додани Тоҷикистон, Пешвои миллатамон се соли ояндаро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Дар ин замина Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила қонуну қарор ва барномаву созишномаҳоро ба тасвиб расонд, ки, бешубҳа, ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат ва иҷрои саривақтӣ ва пурсамари дастурҳои Паёми Президент мусоидат хоҳанд намуд.

Вакилони гиромӣ,

Фикр мекунам, марҳилаи сипаришаванда барои ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат неку хотирмон буд. Ниҳоят дар ин давра мо шоҳидони хушбахти ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» шудем. Татбиқи ин лоиҳаи фавқулода муҳим, ки ба идеяи миллии мо табдил ёфт, пеш аз ҳама, натиҷаи талошу заҳматҳои чандинсолаи Пешвои муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон фидокориҳои шабонарӯзии муҳандисону сохтмончиён ва дастгирии кулли мардуми кишвар мебошад.

Мусаллам аст, ки татбиқи ҳар як лоиҳаи иқтисодӣ ва иҷрои ҳар як банди Стратегияи миллии рушд ба истиқлолияти энергетикии кишварамон вобаста мебошад. Зеро бе миқдори кофии неруи барқ наметавонем ба тараққиёти зарурии саноати кишвар ноил гардем. Ва маҳз бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» шароиту имконият фароҳам месозад, ки дар ояндаи наздик ба ҳадафҳои иқтисодии хеш бирасем.

Умед дорем, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бомаром идома меёбад ва чархаҳои дигари он низ дар муҳлатҳои муайяншуда мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Ҳозирини муҳтарам,

Дар давраи ҳисоботӣ мо тавонистем, ки дар 31 Шӯрои Маҷлиси намояндагон, бо дарназардошти масъалаҳои коргузорӣ, зиёда аз 400 қарор қабул намоем. Дар 24 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон 171 масъа­ла таҳлилу баррасӣ ва дар мавриди онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Аз ҷумла, 97 қонун ва тағйиру иловаҳо ба қонуну кодексҳои амалкунанда, 23 созишномаи байниҳукуматӣ ва дигар барномаву санадҳо ба тасвиб расиданд.

Мо дар кумитаву комиссияҳо ва якҷоя бо шуъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон як силсила қонунҳои мукаммал, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019», «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда», «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ», «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов», «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда», «Дар бораи ҳунармандӣ» ва «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия ва таҳлилу баррасӣ намудем, ки дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон қабул шуданд. Агар моҳиятан ба ин қонунҳо назар андозем, равшан мегардад, ки онҳо ба рушди соҳаҳои муҳимтарин, аз ҷумла иқтисод, кишоварзӣ, чорводорӣ, иҷтимоӣ, бонкдорӣ ва фарҳанг мусоидати комил менамоянд.

Вобаста ба талаби замон ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, зарурат пеш омад, ки ба 73 кодексу қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд. Тағйироти воридшуда, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи хизмати дипломатӣ», «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи муфлисшавӣ», «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»-ро таҳким бахшиданд.

Мусалламан, ҳар як тағйиру иловаи воридшуда ба беҳтар гаштани фаъолияти соҳаҳои алоҳида ва такмили низоми қонунгузории кишвар мусоидат менамояд. Тоҷикистон, чун дигар ҷомеаҳои мутамаддин, дар ҳоли рушд аст ва падидаҳое дар муносибатҳои иҷтимоии одамон рӯи кор меоянд, ки танзими ҳуқуқии онҳо вазифаи ҷонии мақоми қонунгузор мебошад. Чунончӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки масъулиятҳои фитрию ҷамъиятии волидайнро дар баробари фарзандон ва давлату ҷамъият мушаххас менамояд.

Таваҷҷуҳи ҷиддии чанде аз кишварҳои ҳамҷавор ба ин қонун далели он аст, ки проблемаи тарбияи насли солиму созанда на танҳо талаботи давлати Тоҷикистон, балки мушкили умумибашарӣ мебошад. Тарбияи фарзанд дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ахлоқи ҳамидаву таҳаммулгароӣ ва қонунписандӣ метавонад наслеро ташаккул бидиҳад, ки орӣ аз хурофоту андешаҳои тундгароӣ бошад.

Бо дили пур метавонем қонуни мазкурро дар баробари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз дастовардҳои муҳимтарини соҳаи қонунгузории миллӣ ном барем. Зеро ин қонунҳо масъалаҳоеро ба танзим медароранд, ки ба мушкилоти миллӣ мубаддал шуда буданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби вакилони мардумӣ доир ба масъалаҳои муҳимтарини қонунгузорӣ, иҷрои қонунҳо, шартномаҳои байнидавлатӣ, созишномаҳои қарзию грантӣ, низоми идоракунии маблағҳои буҷетӣ ва амсоли инҳо 10 муҳокимаи парламентӣ, чор соати парламентӣ, чор мизи мудаввар ва як хониши вакилӣ баргузор карда шуд. Бахусус, муҳокимаҳои парламентӣ дар сатҳи Маҷлиси намояндагон аз тарафи Кумита оид ба иқтисод ва молия оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дар 5 моҳи соли 2019, аз тарафи Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» дар самти таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба он» таҳлилҳои ҷиддӣ, арзёбиҳои воқеӣ ва хулосаҳои пурарзиш доштанд.

Ҳамчунин, бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушди назди Маҷлиси намояндагон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши минтақавии парламентӣ оид ба сармоягузории ҷавонон таҳти унвони «Имрӯз амал намову фардоро бисоз» барпо карда шуд. Дар кори конфронс намояндаҳои парламентҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, вакилон аз парламентҳои Гурҷистон, Покистон, Муғулистон ва сафирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доштанд.

Конфронси мазкур дар шароити кунунӣ хеле муҳим арзёбӣ шуда, мавқеи Тоҷикис­тонро дар муносибат бо имрӯзу фардои насли ҷавон, рушди афкору донишҳои сиёсии ин қишри ҳассоси ҷомеа ва тақвияти иртиботи минтақавии ҷавонон равшан месозад. Бешубҳа, тарбияи дурусти насли ҷавон, фароҳам овардани шароити мусоиди кору таҳсил ва роҳандозӣ намудани равобити дӯстонаи ҷавонон метавонанд ба ояндаи неки минтақа мусоидат намоянд.

Ҳамкасбони арҷманд,

Тавре медонед, як бахши асосии фаъолияти мо — вакилони мардумӣ намояндагӣ мебошад. Ин бахши фаъолият иртиботи мустақими вакилон бо мардум ва махсусан ба интихобкунандагонро дар бар мегирад. Мо ҳамеша таъкид менамоем, ки ба суроғи мардум равед. Наздик будан бо мардум ва мушкили мардумро бо қалби худ дарк кардан моро ба умқи масъулияти вакилиямон мерасонад ва низ боис мешавад, ки қонуну қарорҳои қабулнамудаи мо, воқеан ҳам, ба нафъи ҷамъият бошанд.

Бо ин мақсад вакилони Маҷлиси намояндагон тавонистанд, ки ду дафъа: қабл аз оғози расмии Иҷлосияи панҷум ва баъд аз ироаи Паёми навбатии Президент ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар намуда, дар баробари шарҳу тафсири нуктаҳои Паём бо сокинони кишварамон аз наздик суҳбат намуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти мубрами мардум дар доираи салоҳияту имконияти худ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Илова бар ин, дар давоми Иҷлосияи панҷум наздик ба 1500 арзу шикоят ва муроҷиату дархости шаҳрвандон ба Маҷлиси намояндагон ва мустақим ба худи вакилони мардумӣ расиданд. Танҳо аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси намояндагон зиёда аз 150 дархосту аризаи сокинон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва барои ҳалли мушкилоти интихобкунандагон тадбирҳои муносиб андешида шуданд.

Аз ҳар ҷумлаи номаву муроҷиатҳо бармеояд, ки мардум ба вакилон ва мақоми олии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоди бузург дорад. Пас, вазифаи ҷонию имонии мо — вакилони мардумӣ аст, ки ин эътимодро пос бидорем ва кӯшиш намоем, ки то ҷои имкон ба арзу шикояти сокинони мамлакат расидагӣ кунем. Ҳамзамон, ҷиҳати иртиботи пайваста бо сокинони кишвар мо тавонистем, ки аз воситаҳои ахбори омма истифодаи фаровон намоем. Вакилони мардумӣ дар баробари расонаҳои иттилоотии Маҷлиси Олӣ, ба монанди рӯзномаи «Садои мардум» ва сомонаи Маҷлиси намояндагон, бо шабакаҳои ҳукуматию хусусӣ низ ҳамкории зич доштанд. Аз ҷумла тавассути шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо» ва «Мир» зиёда аз 50 барномаву гузориши таҳлилӣ оид ба фаъолияти қонунгузорию намояндагӣ ва равобити байнипарламентӣ пахш карда шуд. Инчунин, расонаҳои дигари хабарии ватанию хориҷӣ беш аз 100 матлаб марбут ба фаъолияти Маҷлиси намояндагонро ба табъ расонданд.

Бо вуҷуди ин, моро лозим аст, ки ба ҳамбастагии давлату халқамон таваҷҷуҳи бештар намоем, зеро он кишваре босуботу пешрафта ва дар роҳи саодат аст, ки мардумаш бо роҳбарияти давлати худ якдилу ҳамовоз бошанд. Хоса, ки вазъи ноустувор, мураккаб ва печидаи ҷаҳон инро аз мо тақозо дорад. Тибқи омори созмонҳои байналмилалӣ, дар соли 2018 хароҷоти низомии кишварҳои сайёра ба 1,8 триллион доллар баробар будааст. Ин маблағ қисмати бузурге аз сармояи ҷаҳониро ташкил медиҳад, ки сарфи силоҳсозӣ ва ҷангҳо мешавад.

Фикр мекунам, ба соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ равона гардидани ҳатто 30 дарсади ин маблағ боиси коҳиши чашмгири бемориҳо ва рафъи аксари проблемаҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳон мегардид. Ё дар сурати ба рушди иқтисод ва тавлиди ҷойҳои нави корӣ равона намудани ин маблағ, мушкили бекорӣ ва нодорӣ дар сартосари сайёраи Заминро коҳиш медод. Ва ё агар 50 дарсади ин маблағ ба соҳаи маориф ва рушди зеҳнии насли наврас дар кишварҳои ниёзманд равона мешуд, барои чандин даҳсола ҷаҳон аз хатари ифротгаройӣ эмин мебуд. Аммо вусъати сиёсатҳои бузургманишӣ, ки бештари вақт бо номи «мубориза бо терроризм» муаррифӣ мешаванд, хатару зарари созмону ҳаракатҳои террористиву тундравро на коҳиш, балки афзоиш медиҳад. Маҳз муносибатҳои духӯра ва ба худию бегона ҷудо намудани созмонҳои террористиву ифротгаро аст, ки мо солҳои охир шоҳиди фоҷиаҳои бузурги инсонӣ гардидем.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тӯли солҳои охир дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари фаъол ва пешсаф дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, ба монанди терроризм ва ифротгаройӣ, арзёбӣ шуда, дар таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сипари боэътимоди амниятӣ эътироф гардидааст.

Дар мамлакат якчанд санади муҳим, аз ҷумла «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 — 2020», «Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷабҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ муайян менамоянд.

Ду моҳ муқаддам, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони байналмилалӣ дар пойтахти кишварамон ҳамоиши сатҳи баланд — конфронс дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» баргузор гардид. Чунонки медонем, дар кори он ҳайатҳо аз 50 давлати дунё, 28 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, вазирони корҳои хориҷии як қатор давлатҳо, роҳбарони мақомоти масъули мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмию таҳқиқотӣ ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин конфронс оид ба кӯшишҳои Тоҷикис­тон дар самти таъмини субот ва амнияти минтақа ва ҷаҳон, бахусус беҳбуди авзои кишвари ҳамсоя — Афғонис­тон, ҷиҳати муборизаи дастаҷаъмонаи давлатҳои ҷаҳон бар зидди терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, сухан карда, кишварҳои ҷаҳонро ба ҳамкории муштарак ва самарабахш даъват намуданд.

Ҳозирини муҳтарам,

Мо – тоҷикон аз рӯи хусусиятҳои миллию фитриямон ҳамеша ба ояндаи нек эътимод дорем ва ҷонибдори ҳалли проблемаҳои ҷаҳонӣ аз роҳи муколама ва ҳамгироиҳои байналмилалӣ мебошем. Аз ин ҷост, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъати муносибатҳои байнипарламентӣ бартарӣ дода, ин муносибатҳоро асоси дӯстию рафоқат миёни кишварҳои ҷаҳон медонад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самти равобити байнипарламентӣ роҳбарияти Маҷлиси намояндагон ва раисони кумитаву комисияҳо зиёда аз 30 маротиба бо ҳайатҳои расмӣ ва шахсиятҳои давлатӣ аз кишварҳои дӯсту ҳамкор, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқотҳо намуданд. Дар ҳар як дидору гуфтугӯ мавзӯи асосии муколамаҳо тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентӣ, рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои муҳим буд. Аз ҷумла, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Рам Натҳ Ковинд, бо Раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов, бо вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коно, бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддини Раббонӣ, бо ҳайати Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия бо роҳбарии Михаил Козлов, бо гурӯҳи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия таҳти сарварии раиси Ҳизби либерал-демократ Владимир Жириновский, бо раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея бо Маҷлиси намояндагон Ким Сонг Тэ, ки бо сафари расмӣ ба Ватани мо ташриф оварда буданд, мулоқот намуд.

Инчунин, Раиси Маҷлиси намояндагон сафирони кишварҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Корея, Эрон, Қирғизистон ва ашхоси дигари расмию давлатии кишварҳои дуру наздикро ба ҳузур пазируфт, ки дар ҳар як мулоқот рушди муносибатҳо ва тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар ин давра аз ҷониби муовини якум, муовинон ва раисони кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон низ чандин суҳбату мулоқотҳои судманд бо шахсиятҳои воломақоми кишварҳои дӯсту ҳамҷавор перомуни рушди ҳамкориҳои байнипарламентӣ анҷом дода шуд.

Бояд таъкид намоям, ки Маҷлиси намояндагон дар муносибатҳои байнипарламентӣ ҳамеша ба принсипҳои қонуният ва шаффофият авлавият дода, дар баробари ҳифзи манфиатҳои сиёсию миллӣ ва қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манофеи кишварҳои ҳамкор низ арҷ гузоштааст. Яъне, мо чизеро, ки барои худ қабул надорем, барои дигарон низ раво намебинем.

Дар давоми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати вакилон ба давлатҳои Фаронса, Қатар, Россия ва Қирғизистон сафарҳо анҷом дод. Мулоқотҳо бахусус бо Сарвазири Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бини Носир бини Халифа Оли Сонӣ, бо Раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар Аҳмад бини Абдуллоҳ Оли Маҳмуд, бо мудири иҷроияи Созмони сармоягузориҳои Қатар Мансур бини Иброҳим Оли Маҳмуд, бо раиси Гурӯҳи байнипарламентии дӯстии Фаронса ва Осиёи Марказӣ дар Ассамблеяи миллии Фаронса Патрис Вершер, бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин ва бо Раиси парламенти Ҷумҳурии Қирғизистон Достонбек Ҷумабеков судманд ва хотирмон сурат гирифтанд. Дар ин мулоқотҳо тақвияти ҳамкориҳо, сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, ташкили парвозҳои мус­тақим байни давлатҳои якдигар ва рушди парламентаризм баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин, вакилони Маҷлиси намояндагон ба Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Белгия, Швейтсария, Канада, Австрия, Нидерландия, Испания, Туркия, Қатар, Албания, Ҷопон, Қазоқис­тон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Молдова, Арманистон, ҷамъ беш аз 40 сафарҳои расмиву корӣ анҷом доданд.

Вакилони мо дар ин сафарҳо дар як қатор ҳамоишу конфронс, аз ҷумла дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ, ҷаласаи 140 — уми Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарламентӣ, Конфронси 14 — уми Иттиҳодияи парламентии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ, Конфронси сеюми раисони парламентҳои кишварҳои АвруОсиё, чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ҷаласаи идона бахшида ба 100 — солагии Парламенти Озарбойҷон, Форуми дувуми занони АвруОсиё, иштироки фаъолона ва суханрониҳои пурмуҳтаво намуданд.

Боварӣ дорам, ки ҳар як вакили Маҷлиси намояндагон, сарфи назар аз мансубияти ҳизбӣ ва мавқеи сиёсӣ, дар хориҷи кишвар танҳо як манфиат — манфиати миллию давлатиамонро ҳифз менамояд. Зеро Ватан ва арзишҳои ватандорӣ моро ба як ҳадаф пайванд мекунад, ки он ҳам бошад, ободиву рушди устувори Тоҷикистон ва осоишу хушбахтии мардуми шарафманди тоҷик мебошад.

Ҳамкорони азиз,

Дар бораи фаъолияти фраксияҳои ҳизбӣ дар Маҷлиси намояндагон низ сухан гуфтан айни муддаост, зеро як бахши аъзами вакилони мо ба фраксияҳои ҳизбӣ тааллуқ доранд.

Дар раванди кори даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон мо шоҳиди афзоиши сатҳи ҳамраъйӣ байни фраксияҳо гаштем. Таҳлили муқоисавии барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳо ва рафтори фраксияҳои ҳизбӣ дар раванди воқеии эҷод ва қабули қонунҳо дар Маҷлиси намояндагон нишон медиҳад, ки омили асосӣ барои мавзеъгирии муттафиқона ё якдилонаи фраксияҳо муносибати эҳтиромонаи онҳо ба давлати имрӯзаи Тоҷикистон ва Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Фраксияҳои ҳизбӣ дар давоми даъвати панҷум зимни қабули қонуну дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба барномаҳои пешазинтихоботӣ ва ваъдаҳои ба интихобкунандагон додаи хеш содиқ монданд. Баромадҳо ва вокунишҳои фраксияҳо ва намояндагони ҳизбҳо ҳам дар ҷаласаҳои парламент ва ҳам дар воситаҳои ахбори оммаи кишвар ба маротиб масъулиятшиносона, ватандӯстона ва дурандешона буданд.

Зимнан, бояд гуфт, ки фраксияи ҲХДТ доираи фаъолияти хешро торафт васеътар менамояд. Ду узви ин фраксия аз 5 то 15 январи соли равон дар ҳайати гурӯҳи кории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикис­тон бо мақсади шарҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва шиносоӣ бо шароити будубоши муҳоҷирони корӣ ва ҳамватанони берунмарзӣ дар Федератсияи Россия бо сафари хизматӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор дошт.

Фиристодагони мо дар ҷараёни вохӯрию мулоқотҳо дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, дар атрофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ба тозагӣ қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон, инчунин, дар хусуси пешгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ, моҷароҷӯ ва зиёдарав, аз сироятшавӣ ба вируси норасоии масунияти одам ва дигар касалиҳои зуҳравии сироятӣ суҳбатҳои судманд доир намуданд.

Дар маҷмӯъ, як натиҷаи кори Маҷлиси намояндагон дар давраи даъвати панҷум ин аст, ки дар Тоҷикистон ҳизбҳои асосии парламентӣ устувор шуданд. Аз шаш ҳизби сиёсии кишвар, ки имрӯз дар парламент намояндагони худро дорад, чортояш ҳамонҳоеанд, ки дар даъватҳои гузашта низ ҳузур доштанд.

Вакилони арҷманд,

Мусаллам аст, ки сатҳу сифати фаъолияти вакилии мо аз ҳар ҷиҳат ба заҳмати кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон вобаста мебошад. Фаъолияти кормандони Дастгоҳ бошад, дар ҷараёни Иҷлосияи панҷум қобили зикри махсус аст. Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар самтҳои таъминоти молиявӣ, моддиву техникӣ, ташкили кор, назорат ва дигар бахшҳо, ки барои пешбурди кори вакилони мардумӣ муҳиманд, ҳамаи тадбирҳои заруриро андешид. Дар баробари фароҳам сохтани шароити мусоид барои фаъолияти пурсамари вакилони мардумӣ, кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон тавонистанд, ки ҳавлии бинои Парламентро ба як гулгашти зебову пурзинат мубаддал намоянд, ки барои ҳар як вакили мардумӣ завқи корӣ ато менамояд.

Илова бар ин, ҷиҳати такмили донишҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 16 семинари омӯзишӣ дар масъалаҳои муҳимтарини рӯз баргузор карда шуд, ки дар онҳо вакилони мардумӣ ва мутахассисони дигари варзида маърӯзаҳо намуданд. Ин хуб аст, чунки кормандони Дастгоҳ низ бояд бо донишҳои муосири ҳуқуқӣ ва сиёсӣ муҷаҳҳаз бошанд. Роҳбарияти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро лозим аст, ки заҳмати кормандонро қадрдонӣ намуда, барои таъмини беҳтари шароити кори онҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро анҷом диҳад.

Ҳозирини муҳтарам,

Чанде пеш мо шоҳиди рӯйдоди инсонпарваронае шудем, ки на танҳо дар матбуоти кишвар, балки дар фазои иттилоотии ҷаҳон мавриди баррасӣ ва тавсиф қарор гирифт. Ин иқдоми муҳим ба Ватан овардани 84 кӯдаки тоҷик аст, ки бо гуноҳу иштибоҳи волидонашон дар кишварҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ ғарибу сарсон ва гушнаву гирён сукунат доштанд. Тавре медонед, ин тифлакон баъд аз шикасти гурӯҳҳои террористӣ якҷо бо модаронашон ва қисме умуман бепарастор боздошт шуда буданд. То ба Тоҷикистон овардани ин кӯдакон аксари онҳо якҷо бо модарони худ дар зиндонҳои занона ва ё дар қароргоҳҳои бепарасторон нигоҳдорӣ мешуданд.

Ва дастури махсуси Пешвои муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин тифлакони бегуноҳи мо, ки аксарашон навзоду навроҳанд, ба Ватан оварда шуданд. Ин иқдоми хайру пурсавоб, ки дар оғози моҳи шарифи Рамазон сурат гирифт, на танҳо аз сӯи хонадону пайвандони тифлони бозоварда ва балки аз сӯи ҷомеаи Тоҷикистону ҷаҳон гарм пазируфта шуд. Маҳз сиёсати сулҳпарваронаи Президенти кишварамон аст, ки то имрӯз зиёда аз 300 шаҳрванди гумроҳу фирефташудаи Тоҷикистонро ба Ватан оварда, ба зиндагии осоишта бозгардондем. Ҳамчунин, наздик ба 100 кӯдаки тоҷикро аз минтақаҳои ҷангу хушунат ба дунёи ширину гуворои тифлӣ раҳнамун сохтем. Ва, то ҷое медонем, ин иқдоми нек идома дорад. Мехоҳам боифтихор таъкид намоям, ки ин аст номуси ватандорӣ, ин аст сиёсати ҳақиқии миллӣ, ин аст амали хайру савоб!

Вакилони гиромӣ,

Мо дар ин марҳилаи фаъолият низ уҳдадориҳоямонро дар назди миллат ва давлат сарбаландона иҷро намудем. Кӯшиш намудем, ки ҳеҷ як воқеаву рӯйдоди муҳими ҳаёти Тоҷикистон аз нигоҳи вакилон берун намонад. Дар қабули қарору қонунҳо дар доираи манфиати давлату миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон камоли масъулият эҳсос намудем.

Фикр мекунам, зиндагӣ ҳамчун устоди бузург ба ин саҳифаҳои таърихи қонунгузории кишвар, ки бо саҳму заҳматҳои бевоситаи ҳар яки мо навишта шудаанд, бо мурури замон баҳои арзанда хоҳад дод.

Ҳамчунин, мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба якчанд масъалаи муҳими раванди қонунгузории кишвар, ки дар фаъолияти қонунэҷодкунӣ таҷдиди назар талаб доранд, ҷалб намоям.

Якум, мо — вакилон даст ба ташаббуси қонунгузорӣ зада, дар баъзе мавридҳо аз хотир мебарорем, ки ҳар меъёр ва ҳар қонуни қабулшуда дар асл роҳ ва гардишҳои зиндагии халқ аст. Он дар баробари танзими муносибатҳои мушаххаси ҷамъиятӣ бояд дар беҳтар гаштани шароити зиндагии инсонҳо хизмат намуда, батадриҷ ба одати шоиста табдил ёбад. Ҳар намояндаи мардумӣ қабл аз он ки даст ба ташаббуси қонунгузорӣ мезанад ва ё ҳамроҳшавӣ ба ин равандро ирода менамояд, бояд ин масъулиятро амиқ дарк намояд. Маҳз ба ҳамин хотир мо аз рӯзи аввал таъкид намудем, ки натиҷаи кори мо на дар миқдор, балки дар сифат баҳогузорӣ хоҳад шуд.

Дуюм, қонуни нав қабул намудан ва ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда аз корҳои муҳими сиёсати давлатист, ки он таърихан ҳамчун расмиёти махсуси давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Эҷоди қонун рукни муҳим ва марказии давлатсозист. Қонунҳои қабулшаванда бояд ба дараҷае мукаммалу арзишманд ва пухтаву суфта бошад, ки даҳсолаҳо барои давлат ва ҷомеа хизмат карда тавонанд. Умри қонун бозгӯи сатҳу сифати қонун ва гувоҳи масъулиятшиносии мақоми қонунбарор аст.

Сеюм, қонунҳо бояд ҷиҳати танзими масъалаҳои муҳими муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки барои ҷомеа ва давлати Тоҷикис­тон дар сатҳи зарурӣ арзишманд ва ногузир гардидаанд ва табиати давлатдории миллӣ ва роҳи таърихии интихобкардаи халқи тоҷик ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократию ҳуқуқбунёд онҳоро тақозо доранд, қабул гарданд. Бинобар ин, андешаҳо дар мавриди он ки бояд ҳамаи муносибатҳои дорои тақозои таъсиррасонии меъёриро таҳти танзими қонун қарор диҳем ва ё қонунҳои дар давлати дигар амалкунандаро мо низ имплементатсия намоем, на ҳамеша қобили қабул мебошанд. Барои танзими меъёрии муносибатҳои ҷамъиятие, ки то дараҷаи болозикр аҳамият надоранд, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ мавҷуданд, ки тартиб ва таъсири ҳуқуқии онҳо ба тарзи дигар роҳандозӣ мегарданд.

Ва, ниҳоят, чорум. Моро зарур аст, ки дар моҳҳои боқимондаи даъвати панҷум низ таҳияву таҳрири қонунҳоро дар сатҳи дархӯри замон роҳандозӣ намуда, проблемаҳои мубрам, аз қабили низоми бонкӣ, рушди иқтисоди миллӣ, мушкилоти обу замин, раванди татбиқи шартномаву созишномаҳои қарзию грантӣ, назорати иҷрои уҳдадориҳои ширкатҳоеро, ки аз имтиёзҳо бархӯрдор шудаанд, дар шакли муҳокимаҳои парламентӣ, соати парламентӣ, хониши вакилӣ ва мизҳои гирду семинарҳои машваратӣ таҳлилу баррасӣ намоем. Ин шакли коргузорӣ моро ба натиҷаҳои санадҳои қабулнамудаамон амалан ошно месозад. Ва ­масъулияти вазорату идораҳо ва ширкату ташкилотҳоро дар мавриди иҷрои уҳдадориҳояшон дар назди миллату давлат бештар мегардонад.

Ҳамкорони азиз,

Дар охир барои иҷрои самимонаи уҳдадориҳои вакилиатон ба ҳар яки шумо саодати рӯзгор, саломатии пойдор ва дар нақшаҳои кориятон пешравию барор таманно мекунам. Умед дорам, ки ҳар яки шумо чун имрӯз бо иродаи қавӣ ва рӯҳияи баланд ҳамеша барои хизмат ба миллати худ омодаву устувор хоҳед монд.

Ҳамчунин, ба ҳамаи онҳое, ки барои дар сатҳи баланд ҷараён гирифтани Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум саҳми шоиста гирифтанд, миннатдорӣ баён менамоям.