Фаъолияти хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатӣ

№132 (4238) 27.10.2020

DSC_059923 октябри соли 2020 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» семинар – машварат баргузор гардид.

Дар он мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуқодир Комилзода ва муовини мудири шуъбаи кадрҳо ва коргузории махсус Занҷирамо Нуруллозода сухан ронда, иброз доштанд, ки Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи меъёр, принсип ва қоидаҳои рафтори хизматчии давлатиро, ки сифатҳои ахлоқии касбиро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсон, талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба хизматчии давлатӣ мебошанд, танзим менамояд.

Зикр гардид, ки  муқаррароти Кодекси зикршуда нисбат ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ, ки мансабҳои давлатии хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии низоми хизмати давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ишғол менамоянд, татбиқ мегардад.

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хизмати давлатӣ дохил мешавад, вазифадор аст талаботи кодексро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти хизматӣ ва ғайрихизматӣ риоя намояд.

Қайд шуд, ки таҳти мафҳуми рафтори хизматӣ — рафтору амал ва муносибати хизматчии давлатӣ, ки ҳангоми кор, иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, иштирок дар маҷлису машваратҳо, сафарҳои хизматӣ ва дигар чорабиниҳои давлатӣ зоҳир мегардад, фаҳмида мешавад.

DSC_0582Рафтори ғайрихизматии хизматчии давлатӣ ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ иртибот надорад ва берун аз ҷои кор — дар ҷомеа зоҳир мегардад. Барои иштирокчиён, ҳамчунин, талаботи «Низомнома дар бораи тартиби гузарондани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» шарҳ дода шуд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон