Фаъолияти Парламенти касбӣ шоистаи омӯзиши кишварҳо ва институтҳои қонунгузорист

№51 (4157) 23.04.2020

IMG_2803Чанде пеш таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» хониши парламентӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода иброз намуд, ки қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим намуда, принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом, таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эътибори ҳуқуқӣ, тартиби умумии таҳия, экспертиза, қабул, интишор, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, амал, тафсир, мураттабсозии онҳо ва роҳҳои ҳалли ихтилофоти ҳуқуқиро муайян мекунад.

Ӯ гуфт, ки фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷомеа ва масъалаҳои байналмилалӣ таъсиргузор арзёбӣ мегардад. Алалхусус, дар марҳилаи кунунӣ фаъолияти парламенти касбии мамлакат бо қабули қонунҳо, ҳифзи манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистон, рушди муносибатҳои байнипарламентӣ шоистаи омӯзиши кишварҳо ва институтҳои қонунгузорӣ мебошад.

Абдураҳим Холиқзода, ҳамчунин, иброз намуд, ки фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба роҳ монда мешавад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсаду мазмуни қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегиранд. Санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз қайди давлатӣ нагузаштаанд, оқибати ҳуқуқӣ надоранд ва наметавонанд барои танзими муносибатҳои ҳуқуқии дахлдор ва татбиқи муҷозот барои иҷро накардани муқаррароти онҳо асос гарданд. Ҳангоми ҳалли баҳсҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истинод оварда намешавад.

Дар фарҷом Абдураҳим Холиқзода ба саволҳои сершумори вакилони Маҷлиси намояндагон посух гуфт. 

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон