Гуфтугӯи Саидмурод Фаттоҳзода бо Эмре Зеки Карагёл

№108 (4370) 31.08.2021

DSC_832427 августи соли равон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саид­мурод Фаттоҳзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл мулоқот намуда, ­масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкории парлумонӣ байни Тоҷикис­тону Туркияро баррасӣ карданд. 

Саидмурод Фаттоҳзода иброз намуд, ки ҳар ду кишварро риштаҳои бародарӣ ва мероси муштараки фарҳангӣ пайванди ногусастанӣ додааст.

- Ҳоло байни кишварҳо муносиботи анъанавии ­эътимод ба якдигар вуҷуд дорад. Тоҷикис­тон ба сатҳи ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо Туркия баҳои баланд дода, дар оянда низ аз имконоти мавҷудбуда истифода хоҳад кард, — гуфт Саидмурод Фаттоҳзода ва ёдовар шуд, ки ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо дар доираи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити расмӣ асос ёфтааст. Дар масъалаи таҳкими муносибот ва густариши равобити дуҷониба нақши асосиро сарони ҳар ду кишвар мебозанд.

Эмре Зеки Карагёл низ таъкид кард, ки Тоҷикистону Туркия дар самти фаъолияти парлумонӣ аз таҷрибаҳои кофӣ бархӯрдор ҳастанд ва парлумонҳои кишварҳоро мебояд аз таҷрибаи ғании якдигар самаранок истифода намоянд.

- Ҷумҳурии Туркия ҳамеша ҷонибдори гус­тариши равобит ва ҳамкории судманд дар ҳама соҳа бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо инкишофи пайгиронаи ҳамкориҳои иқтисодиро бо Тоҷикистон аз ҷумлаи афзалиятҳои аввалиндараҷа медонем, — гуфт дар хотима сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон