Гузориши муфассал аз ҷараёни сафари кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия

№147 (3941) 08.12.2018

DSC_020329 ноябри соли 2018 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия нахуст бо ҳайати парламентӣ дар расми ифтитоҳи Намоишгоҳ бахшида ба 90-умин солгарди нависанда, файласуф ва дипломати қирғиз Чингиз Айтматов, ки бо ширкати аъзои Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентӣ ва ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Қасри Таврический баргузор гардид, иштирок намуд.

Бархе аз ширкаткунандагон бо ёдоварӣ аз нақш ва мақоми нависанда дар адабиёт изҳор намуданд, ки ӯ воқеан дар осораш мушкилоти абадии инсониятро ошкор ва фарҳанги аслию анъанаҳои мардумиро ба ҷаҳониён ошно кардааст.

Зимни тамошои намоишгоҳ ба иштирокчиён доир ба экспонатҳо раиси Шӯрои Ассотсиатсияи байналхалқии хатмкардагон ва дӯстони Академияи илмҳои Федератсияи Россия Андрей Блиок муфассал маълумот дод.

Сипас, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иш­тирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзид.

Аъзои он нахуст узвияти Парламенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасдиқ намуданд. Баъдан, гузориши раиси Кумитаи иҷроия, котиби иҷроияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев дар бораи қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 28 сентябри соли 2018 ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ аз 2 ноябри соли 2018 шунида шуд.

17.Инчунин, Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зикр кард, ки Тоҷикистон дар давраи раёсат кӯшиши зиёд баҳри амалишавии нақшаю вазифаҳо дар Консепсияи роҳбарии Иттиҳод муқарраргардида ба харҷ дод ва зимни ҳамкорӣ бо давлатҳои иштирокчӣ, Кумитаи иҷроия ва сохторҳои марбута ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва сарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва адлия, шӯроҳои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералӣ, роҳбарони хадамоти андоз, Шӯро оид ба сайёҳӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони сохторҳои назорати суғуртавӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба карантини растаниҳо ва дигар чорабиниҳои муҳимро баргузор намуд.

- Аз самтҳои афзалиятноки давраи раёсати Тоҷикистон, — афзуд Маҳмадсаид Убайдуллоев, — таҳкими фаъолияти якҷояи давлатҳо — иштирокчиёни Иттиҳод дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад. Дар ин робита, ҷиҳати татбиқи қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мутобиқсозии ИДМ ба воқеияти замони муосир, таҷдиди Консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва масъалаҳои инкишофи бисёрҷонибаи муносибатҳои иқтисодӣ фаъолияти судманд ба роҳ монда шуд.

Ҳамчунин, тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то соли 2020» ва Низомномаи шартнома дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ идома ёфта, диққати махсус ба омодасозии лоиҳаи Созишнома дар бораи тиҷорати озод ба тариқи хизматрасониҳо равона гардид.

Бо иштироки фаъоли давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим омода ва ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ равона карда шуданд, ки Консепсияи ҳамкорӣ дар самти рушди инноватсионии энергетика ва таҳияи технологияҳои пешрафтаи энергетикӣ, Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок оид ба татбиқи он, Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии партовҳои дастгоҳҳои электронӣ ва электротехногенӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо моҳи июни соли равон дар Душанбе қабулгардида аз ҳамон ҷумлаанд.

Дар давраи раёсати Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои таъмини амният, ҳарбӣ, ҳарбӣ — техникӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ҳамгироии мутақобила ҳангоми ҳолатҳои фавқулода таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, ҷиҳати татбиқи санадҳои қаблан дар ин самтҳо қабулгардида — «Барномаи байнидавлатӣ оид ба тадбирҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ (солҳои 2014 — 2018)», барномаҳои ҳамкорӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти хушунатомези экстремизм (солҳои 2017 — 2019), бар зидди тиҷорати одамон (солҳои 2014 — 2018), оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳое, ки тавассути технологияҳои иттилоотӣ анҷом дода мешаванд (солҳои 2016-2020) тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.

Дар ин ҷода, нақши қарорҳои дар рафти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар шаҳри Душанбе қабулгардида нисбат ба татбиқи «Барномаи байнидавлатӣ оид ба тадбирҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ (солҳои 2019 — 2023)» ва вобаста ба Созишномаи ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ махсус қайд гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, инчунин таъкид дошт, ки дар бахши ҳамкориҳои фарҳангӣ — гуманитарӣ диққати махсус ба татбиқи як қатор лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои илм, маориф, сиёсати ҷавонон, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ равона шуд ва бо давлатҳои аъзои ИДМ бастаи ҳуҷҷатҳо омода, қарорҳо дар самти инкишофи минбаъдаи ҳамкориҳои гуманитарӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок дар соҳаи ҳамкории гуманитарии давлатҳои иштирокдори ИДМ (солҳои 2019 — 2020) ва Қарор дар бораи татбиқи «Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» дар соли 2021 дар шаҳри Душанбе ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим, аз қабили қарорҳо дар бораи омодагӣ ба таҷлили 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар бораи дар Иттиҳод эълон намудани соли 2021 «Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ» қабул гардиданд, ки ба рушди муносибатҳои байниҳамдигарӣ дар доираи Иттиҳод такони тоза бахшида, воситаи густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаи мутақобилан судманд байни кишварҳо мегарданд.

Раиси Маҷлиси миллӣ изҳори боварӣ намуд, ки парламентҳои кишварҳои Иттиҳод кӯшиши бештаре барои амалисозии қарорҳои аз ҷониби сарони давлатҳои ИДМ қабулгардида дар сатҳи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба харҷ медиҳанд.

Дар идома, аъзои Шӯро мавзӯъҳои марбут ба мониторинги интихоботҳои давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, хусусан, иштироки нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақилро дар мониторинги интихоботи ғайринавбатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон, омодагиҳо ба мониторинги ҷараёни интихоботҳои доиршаванда ба мақомоти давлатии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар нимсолаи аввали соли 2019 баррасӣ ва қарор қабул намуданд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, масъалаҳо оид ба натиҷаи Форуми дуюми занони АвруОсиё, омодагӣ ба баргузории Конференсияи байналмилалӣ — 150 — солагии Эъломияи Санкт — Петербург «Оид ба манъ кардани истифодаи баъзе намудҳои тирҳои тарканда дар замони ҷанг: матнҳои нав, аҳамияти пешина», ҳамкории Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Шӯрои экспертии иқтисодӣ дар назди Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Форуми фарҳангӣ — маърифатии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — «Кӯдакони  Иттиҳод», изҳороти Дафтари минтақавии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ барои дастгирии тасвиби Протокол оид ба рафъи тиҷорати ғайриқонунии маҳсулоти тамоку дар доираи Конвенсияи созмони мазкур оид ба мубориза бар зидди тамоку, тасдиқи раисони кумитаҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ ва вобаста ба онҳо қарор қабул гардид.

Тибқи қарорҳои марбута раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода раиси Кумитаи доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод Ҳамидуло­хон Фақеров узви Шӯрои экспертии иқтисодӣ дар назди Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасдиқ шуданд.

Аъзои Шӯрои Ассамблея дар робита ба масъалаҳои ташкилӣ ва нақшаи кори Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2019, маблағгузории фаъолияти Ассамблея, тақдими Ҷоизаи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба номи Чингиз Айтматов дар соли 2018 ва ворид намудани тағйирот ба Нақшаи пешбинигардидаи меъёри қабулнамудаи қонунгузорӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2016 -2020 низ қарор қабул намуданд.

Пасон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Иҷлосияи чилу ҳаштуми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки таҳти раёсати Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко баргузор шуд, ширкат варзид, ки дар он 11 санад, аз ҷумла қонунҳои моделӣ «Дар бораи ҳифзи оташфишонии ихтиёрӣ», «Дар бораи маълумоти шахсӣ», «Дар бораи сайёҳии кӯдакон ва наврасон», Дастури моделӣ оид ба ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ, Тавсияҳо оид ба баланд бардош­тани сифати таълим, ташаккули сиёсати экологӣ, таҳия ва татбиқи воситаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул гардиданд.

Валентина Матвиенко таъкид дошт, ки дар давраи фаъолияти Ассамблея 546 қонуни моделӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул шуданд.

Зимни маросими мукофотсупорӣ, ки дар фарҷом сурат гирифт, шоир ва нависандаи қазоқ Олҷас Сулаймонов «Барои саҳмгузорӣ дар рушди адабиёт, наздиксозии фарҳанг­ҳо, таҳкими сулҳ ва дӯстӣ миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ба Ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов сарфароз гардонида шуд.

Бо натиҷагирӣ аз ҷаласаҳои ҷамъбастгардида сарони парламентҳои давлатҳои узви Ассамблея бо доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма мулоқот намуда, ба суолҳои онҳо посух доданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аснои ҷавоб ба суоли хабарнигорон оид ба раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳор дошт, ки дар ҳамкорӣ бо давлатҳои иштирокчӣ, Кумитаи иҷроия ва дигар сохторҳои Иттиҳод беш аз 100 чорабинии аҳамиятнок, аз ҷумла, 37 ҷаласаи шӯрои соҳавӣ, гузаронида шуд. Нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки Тоҷикистон дар соли раисӣ қисми асосии корҳоро ба анҷом расонда, бо иштироки фаъоли кишварҳои Иттиҳод ҳуҷҷатҳои муҳиму зиёдеро барои ҳамкориҳои оянда дар доираи Иттиҳод омода ва қабул намудааст.

30 ноябри соли 2018 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Конференсияи байналмилалии 150 — солагии Эъломияи Санкт — Петербург «Оид ба манъ кардани истифодаи баъзе намудҳои тирҳои тарканда дар замони ҷанг: матн­ҳои нав, аҳамияти пешина», ки таҳти раёсати Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко ва Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Петер Маурер баргузор гардид, суханронӣ намуд.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз Конференсия идома ёфт ва бо натиҷагирӣ аз он таҳти раёсати узви Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Петер Маурер ҷаласаи ҷамъбастӣ баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни суханронии хотимавӣ бо сипосмандӣ аз мавқеи фаъол ва пешниҳодоти ширкаткунандагони чорабинӣ изҳор намуд, ки конфронс собит сохт, ки қисми зиёди одамон ба рушди ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ, таблиғи идеал ва ворид намудани меъёрҳои он манфиатдор мебошанд.

- Аз номи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, — афзуд Раиси Маҷлиси миллӣ, — мехостам, ҳамчунин ба Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва шахсан ба ҷаноби Петер Маурер, барои мусоидати фаъол ҷиҳати омодасозии конфронс, дар маҷмӯъ, барои ҳамкории бисёрсолаи пурсамар бо Ассамблея изҳори миннатдорӣ намоям.

Мутмаинам, чунин ҳамоишҳо, мутахассисони варзидаи соҳаи ҳуқуқи байналмилалии гуманитариро муттаҳид мекунад ва ба ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ идома бахшида, ба ҳифзи инсон дар даргириҳои мусаллаҳона таъсири мусбат мерасонанд.

Дар охир, тибқи пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, ба лоиҳаи Ҳуҷҷати хотимавии Конференсия тағйирот ворид гардида, сипас, аз ҷониби иштирокчиён қабул карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Конфронс, ки дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — Қасри Таврический баргузор гардид, раисони парламентҳо, вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа, адлия аз 32 кишвари ҷаҳон, инчунин олимон, сиёсатмадорон ва намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи гуманитарӣ, дар маҷмӯъ, 674 нафар ширкат варзиданд.

Бо натиҷагирӣ аз чорабиниҳои доиргардида, хабарнигори Ширкати телевизион ва радиошунавонии байнидавлатии «Мир» бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид ­Убайдуллоев мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом дод, ки навори видеоии он дар сомонаи расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ­www.­majmilli.­tj ҷой карда хоҳад шуд.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО