ҲХДТ — ҳизби хизматгори халқ

№155 (4261) 26.12.2020

DSC_4182- Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон беш аз чаҳоряк аср мешавад, ки барои ­эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, инчунин, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, таъмини саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Он Тоҷикистонро ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, дар асоси консепсияи сиёсати хориҷии давлат усули баробарӣ, дӯстӣ, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монда, минбаъд ҳам ин сиёсатро идома медиҳад, — изҳор дошт раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Фозил Обидов зимни ифтитоҳи чорабиние, ки 22 декабри соли равон бахшида ба 26-солагии ҳхдт таҳти унвони «Таҳкими Истиқлолияти давлатӣ — рисолати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон» баргузор шуд.

Дар он вакилони парлумон, собиқадорони ҲХДТ иштирок ва бархе аз онҳо суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки фаъолияти ҲХДТ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидо барои хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ равона шуд.

- Ҳанӯз дар замони бисёр ҳассосу мураккаб, ки дар кишвар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга мезад ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогири назару андешаҳои доираҳои гуногуни ҷомеа мебуд ва ормонҳои мардумро амалӣ мекард. Дар ин ҷода танҳо Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо дарназардош­ти афкору андешаи қишрҳои гуногуни ҷомеа роҳи дурусти рушди кишварро муайян намоянд, — афзуд М. Зокирзода.

Зикр шуд, ки ҲХДТ минбаъд низ бо дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон ва сарварии Пешвои миллат ба татбиқи ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишварро ба сӯи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум», аз ҷумла, рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи стратегии давлат, ки мақсад аз онҳо расидан ба зиндагии шоиста мебошад, роҳнамоӣ хоҳад кард.

Бино ба иттилои муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода, ибтидои соли 1993 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дас­тур доданд, ки дар асоси омӯзиши таҷрибаи ҳизбҳои сиёсии пешрафтаи ҷаҳон ҳизбе таъсис додан лозим аст, ки мардумро сарҷамъ карда тавонад. Ба ин кор гурӯҳи тадорукот машғул гардида, соли 1994 ҲХДТ ба қайд гирифта шуд. Дар солҳои фаъолият ба ташкилоти сиёсие табдил ёфт, ки мардумро сарҷамъ ва роҳнамоӣ карда тавонист.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода зимни маърӯза дар мавзӯи «Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон — омили таҳкими Истиқлолияти давлатӣ», аз ҷумла, гуфт, ки баъзан дар воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар ҲХДТ ҳизби ҳоким ном бурда мешавад.

- Албатта, мардум нисбат ба ташкилоти сиёсие, ки дар ҷомеа нуфуз дорад ва ормонҳои ҷомеаро амалӣ менамояд, чунин муносибат мекунанд. Бинобар ин, ҳизби моро на ҳизби ҳоким ё ҳукмрон, балки ҳизби хизматгори халқ гуфтан мувофиқтар аст, — гуфт ӯ ва афзуд: — Дар он шароите ки ҲХДТ созмон ёфт, таъсиси ҳизби сиёсӣ кори осон ба шумор намерафт. Зеро аҳзоби мавҷуда бо мусаллаҳ шудану талоши ҳукумат кардан обрӯяшонро дар ҷомеа резонда буданд. Татбиқи меъёрҳои демократӣ дар ҷумҳурии тозаистиқлол масъалаи дигар буд, ки он масъулиятро, пеш аз ҳама, ҲХДТ вазифаи аслӣ меҳисобид.

Саидмурод Фаттоҳзода зикр кард, ки ҲХДТ мутобиқи барномаҳои иқтисодии Ҳукумат барои рушди соҳибкорӣ ва кишоварзӣ пайваста мусоидат менамояд. Аз тариқи вохӯрию мулоқот бо мардум, қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ аз розу ниёзи халқ, мушкилоту проблемаҳои онҳо огоҳ шуда, барои ҳаллу фасл кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Маърӯзаи муовини якуми раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ба мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ташкил ва фаъолияти ҲХДТ» бахшида шуд. Ӯ, аз ҷумла, зикр кард, ки Пешвои миллат дар умури давлатдории навин, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо саҳми бориз доранд.

Дар оғози солҳои соҳибис­тиқлолӣ ҳизбҳои сиёсии амалкунанда барои муттаҳиду сарҷамъ сохтани миллат, хотима бахшидан ба низоъҳои дохилӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти мардум ягон иқдоми шоистаро амалӣ карда натавонистанд.

Бино ба гуфти Гулбаҳор Назирӣ, дар оянда ҲХДТ бо сарварии Пешвои миллат мақсад дорад, ки иқтидори мавҷударо барои рушди устувори иқтисоди миллӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми стратеӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат сафарбар намояд. Инчунин, вазъи соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, илм, маориф, фарҳанг, тандурустиро беҳбуд бахшида, барои расидан ба зиндагии шоиста имконияти бештар фароҳам оварад.

Зикр гардид, ки дар 26 соли фаъолият Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба неруи сиёсии мустаҳкаму фарогир табдил ёфта, дар комёбиҳои бадастовардаи мамлакат саҳми арзанда гузошт. Айни ҳол он 490 ҳазор аъзо ва 6 ҳазор ташкилоти ибтидоӣ дошта, бузургтарин неруи сиёсии кишвар ба ҳисоб меравад. Инчунин, бо ҳизбу ҳаракатҳои ба таври қонунӣ фаъолиятдошта ҳамкориро ба роҳ монда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, рушди иқтисоду фарҳанг, илму маориф муштаракан иқдом менамояд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»