Хоҷагиҳои деҳқонӣ ниёз ба такмили қонунгузории андоз доранд

№14 (3808) 01.02.2018

DSC_3271Сиюми январи соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавзӯи «Андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» суҳбати гирди миз баргузор гардид.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсола­ашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои боз ҳам сода, сабук ва шаффоф гардондани ҷараёни андозсупорӣ, такмили низоми идоракунии андоз, ҷорӣ намудани имтиёзҳои андозӣ барои таъмини рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла соҳаи кишоварзиро, махсус таъкид менамоянд.

Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи мазкур диққати махсус медиҳад. Аз ҷумла, чанде пеш лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз ва гумрукро омода ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуд, ки ҳоло дар баррасӣ қарор доранд.

DSC_3260- Ҳамчунин, раванди вохӯриҳо бо аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки шумораи онҳо, тибқи маълумоти Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 январи соли 2018 ба зиёда аз 180 ҳазор расидааст, нишон медиҳанд, ки онҳо ҳангоми пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ ба мушкилоти зиёд, аз ҷумла вобаста ба андоз, дучор мешаванд. — Масъалаҳои муқаррар намудани даромади воқеии хоҷагиҳо барои муайян намудани имкониятҳои андозсупории онҳо, баҳисобгирии андозсупорандагон ва муайян намудани меъёри пардохти андозҳои иҷтимоӣ, кори кироя дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, нафақаи суғуртавӣ, истифодаи нархи бозор ҳангоми андозбандӣ, пардохти андозҳо аз ҷониби ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ки дар натиҷаи ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасонӣ ба миён меоянд, таваҷҷуҳи бештарро талаб менамоянд.

Ба ин хотир, тасмим гирифта шуд, ки масъалаи андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ бо иштироки коршиносони байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода, нуқтаи назару пешниҳодоти вакилони Маҷлиси намояндагон ва коршиносон оид ба ҳалли масъалаҳои мазкур ба эътибор гирифта шавад, — гуфт А. Фелалиев.

Мушовири байналмилалии Барномаи ЮСАИД Андрей Красников оид ба «Таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» сухан ронда, нуктаи назари хеш ва таҷрибаи дигар давлатҳоро баён кард.

Номбурда аз ҷумла изҳор дошт, ки бо мақсади пешниҳоди тавсияҳо оид ба такмили қонунгузории андоз дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) намояндагони ЮСАИД дар 13 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон таҳлили қонунгузории ҷории андозро дар самти андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), пешниҳоди ҳисоботи андозӣ, пешбурди ҳисоби молиявӣ, пардохти андозҳо аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) анҷом доданд.

Ниҳоди мазкур таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавиро ба анҷом расонида, ҷиҳати сода кардани муқаррароти қонунгузории андоз барои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳо пешниҳод кард ва таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро мувофиқи мақсад шуморид.

- Зеро андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти худро дорад. Аз ҷумла, сатҳи баланди андози иҷтимоӣ барои роҳбарон имкон намедиҳад, ки музди меҳнати кормандонро шаффоф нишон диҳанд. Бинобар ин зарур аст, ки меъёри ин намуди андоз пасттар ва аз ҳисоби андози ягона талофӣ карда шавад, — изҳор дошт Андрей Красников ва илова кард, ки дар самти пардохти дигар намуди андозҳо низ хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба мушкилот дучор шудаанд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот, вакилони Маҷлиси намояндагон Тоҳир Ҷобирзода, Мирзодавлат Сабурзода, Рустам ­Қудратов, Мирзоанвар Ахмедов, Баҳром Абдуалимов ва дигарон роҷеъ ба масъала фикру мулоҳиза баён намуда, баррасии онро муҳим арзёбӣ карданд.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ