Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Иқдоми нав барои коҳиш додани вобастагӣ ба маҳсулоти воридотӣ

№1-2 (4263-4264) 01.01.2021

DSC_0319Сиюми декабри соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум баргузор гардид.

 РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 57 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ализода Зариф, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

 Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Юсуфӣ М.»

2. Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ

3. Дар бораи лоиҳаи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020»

5. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2021».

РАИС: — Масъалаи якум «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Юсуфӣ Муҳаммад­раҳим» унвон дорад.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳамаи шумо Муҳаммадраҳим Юсуфиро хуб мешиносед. Таҷрибаи зиёди корӣ дорад. Дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти дарозмуддат дошт. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ ҳамчун раис кор кардааст. Оё ягон пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Юсуфӣ М.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод дода мешавад. Марҳамат.

 ҚОДИРЗОДА Саъдӣ Сангинмурод: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар натиҷаи азму талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тад­риҷан амалӣ гардидани иқдомҳои самарабахш дар самти ташкили корхонаҳои нави саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим бо мақсади саноатикунонии мамлакат, гузариш аз кишвари аграриву саноатӣ ба шакли индустриаливу аграрӣ, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар тавассути сармоягузории дохилию хориҷӣ қисме аз корхонаҳои азими истеҳсолию саноатӣ ба кор андохта шуданд.

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Ғаюр» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ 18 марти соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Қобили зикр аст, ки ҶДММ «Ғаюр» соли 2002 аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ таъсис ва дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи созишномаи сармоягузорӣ, ҶДММ «Ғаюр» иқдом гирифтааст, ки дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳудуди қитъаи замини ба ҷамъият тааллуқдошта (кӯчаи Абдуллобеков 21, назди фабрикаи «Ширин»), корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ бо технологияи «AD*STAR»-ро бо иқтидори истеҳсолии 50 млн. дона дар як сол ба ­маблағи беш аз 100 млн. сомонӣ сохта, ба истифода диҳад. Таҷҳизот ва технология барои бунёди корхона аз Ҷумҳурии Австрия, аз ширкати бузурги «Starlinger & Co GmbH» (Старлингер анд Ко ҷиэмбиэйч) харидорӣ гардида, инноватсионӣ мебошад.

Бо бунёди корхона зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд. Иқтидори истеҳсолии корхона имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохилӣ пурра бо маҳсулоти миллӣ қонеъ гардида, қисми боқимондаи он ба давлатҳои ҳамсоя содирот карда шавад.

Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» се корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори истеҳсолии солонаашон 2,5 млн. тоннаро дар бар гирифта, тақрибан 70 фоизи маҳсулоти онҳо дар халтаҳои полипропиленӣ борпеч ва зиёда аз 80 фоизи халтаҳо барои эҳтиёҷоти гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» аз хориҷа ворид карда мешавад.

Амалӣ намудани лоиҳа имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохилӣ пурра бо халтаҳои полипропиленӣ барои эҳтиёҷоти соҳаи саноат (семент ва дигар маҳсулоти хокаи сохт­монӣ), аграрӣ (орд, гандум ва дигар маҳсулоти ғизоӣ), кимиёвӣ (маҳсулоти гуногуни кимиёвӣ) ва ғайра қонеъ шуда, вобастагӣ ба маҳсулоти хориҷӣ коҳиш ёфта, давра ба давра аз байн равад.

Тибқи муқаррароти созишнома, ки муҳлати амали он 5 солро ташкил медиҳад, ширкати татбиқкунанда аз пардохти андоз аз фоида ва молу таҷҳизоти барои истифодаи худӣ воридшаванда аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад. Зимнан, сармоягузор уҳдадор мегардад, ки ҷиҳати сохтмони объекти лоиҳавӣ ва таъмини фаъолияти корхона 90 фоиз мутахассисони маҳаллиро ҷалб намуда, барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси онҳо бо роҳи даъвати мутахассисони хориҷӣ пайваста чораҷӯӣ намояд. Ин имкон медиҳад, ки мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, таҷриба ва малакаи касбиро беҳтар намоянд.

Тибқи шартҳои шартнома бо Ширкати австриягии «Starlinger & Co GmbH», қисми аввали таҷҳизот ва технология аввали моҳи май ва қисми дуюми он аввали моҳи августи соли 2020 ба корхона ворид карда шуд. Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр», ҳамчунин, дар доираи татбиқи ҳадафҳои мушаххас дар роҳи расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар дар аввалин Парки технологияҳои инноватсионӣ бунёди чор корхонаи нави муштарак, аз ҷумла, рангҳои насли нав, маҳсулоти нассоҷӣ, маҳсулоти сантехникӣ ва асбобҳои барқиро ба нақша гирифтааст. Саҳми гурӯҳи ширкатҳои «Ғаюр», дар баробари татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин, дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ назаррас мебошад. То ин давра аз ҷониби ширкат муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 нафар хонанда, муассисаи таълимии Коллеҷи технологию фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сохта ба истифода дода, таъмир, навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаи томактабии воқеъ дар деҳоти «Кангурт»-и ноҳияи Темурмалик анҷом дода шудааст.

Айни замон сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 нафар хонанда дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва муассисаи томактабии замонавӣ барои 500 нафар дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон идома дорад. Аз шумо, хоҳиш менамоям, ки созишномаро ҷонибдорӣ кунед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Гиёзода Азиз Қодир дода мешавад.

 ГИЁЗОДА Азиз Қодир: - Муҳтарам Раис, Раёсат вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Ғаюр» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

 Он ба воридоти техника ва технологияи муосир, бунёди инфрасохтори замонавӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ва хориҷӣ бо маҳсулоти саноатӣ, воридоти маблағ ба буҷети ҷумҳурӣ, бунёди рақобати солим дар соҳа ва ташкили ҷойҳои нави кор мусоидат хоҳад кард.

Созишномаро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ карданд.

Он ба моддаҳои 12 ва 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 8,11,12 ва 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» мутобиқ мебошад. Хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Роҷеъ ба масъала «Дар бораи лоиҳаи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» сухан ба раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ дода мешавад. Марҳамат.

 МУРТАЗОЗОДА Ҷамшед Сайдалӣ- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав пешниҳод карда мешавад. Он дар асоси супориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода муддати ду моҳ бо мақсади ба низоми ягонаи воҳидҳои сохтории мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2020, № 1624 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намудани низоми воҳидҳои сох­тории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Лоиҳа бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2020, № 469 барои хулоса ба Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда, мавриди омӯзиш қарор гирифт ва барои мукаммалгардонии он зиёда аз 220 таклифу дархост пешниҳод гардид. Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор таклифҳои пешниҳодгардидаро ҳаматарафа таҳлил намуда, аз он 160 таклифро қабул намуд. Бо дарназардошти онҳо, лоиҳа такмил дода шуд ва 24 декабри соли бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфт.

Лоиҳаи Низомнома аз дебоча, шаш боб ва 30 банд иборат буда, аз низомномаи амалкунандаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, дар маҷмӯъ, аз рӯи сохтор, мазмун ва тартиби танзими меъёрҳо фарқ намуда, ҳар як боби он самти муайяни фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва сохторҳои онро ба низом медарорад. Аз ҷумла, боби 1 муқаррароти умумӣ ном дошта, меъёрҳои умумии танзимкунандаи вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, вазифаҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои роҳбарият ва кормандон, инчунин, тартиби ташкили фаъолият ва муносибатҳои мутақобилаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро бо дигар мақомот, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон муайян кардааст.

Боби 2 ба масъалаҳои ташкили воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бахшида шуда, дар он тартиби ташкил намудани воҳидҳои сохторӣ, инчунин, тартиби ба мансаб таъин намудан ва аз мансаб озод намудани роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба танзим дароварда шудааст.

Бо мақсади амалӣ гардонидани фаъолияти Маҷлиси намояндагон ва Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар боби 3 лоиҳа, ки вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон номгузорӣ шудааст, масъалаҳои таъминоти ташкилӣ, ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатӣ, коргузорӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ, молиявӣ, моддию техникӣ, иҷтимоию маишии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон, Шӯрои Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо, комиссияҳо ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мушаххас гардонида шудаанд.

Ҳуқуқу уҳдадориҳои роҳбарият ва воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Маҷлиси намояндгон дар боби 4 лоиҳа муайян гардида, дар он ваколатҳои мушаххаси роҳбари Дастгоҳ, инчунин, меъёрҳои муайянкунандаи ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, дарҷ шудаанд. Яъне, минбаъд самтҳои фаъолияти муовини якум ва муовини роҳбари Дастгоҳ, мудири котибот, сардорони раёсатҳо, муовинони сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо, муовинони мудирони шуъбаҳо, мушовирони калони бахши таъмини фаъолияти кумита ва комиссияҳо, мудирони бахшҳо ва дигар хизматчиёни давлатии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, бо дарназардошти тақсимоти вазифавӣ ва дастурамалҳои мансабӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ, вобаста ба категорияи мансаби хизмати давлатӣ, муайян карда мешаванд.

Боби 5 ба самтҳои алоҳидаи фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бахшида шуда, дар он тартиби ташкили фаъолияти Дастгоҳ ҳангоми ташкил ва гузаронидани ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳою муҳокимаҳои парламентӣ муайян гардидааст.

Боби 6 муқаррароти хотимавӣ номгузорӣ шуда, дар он тартиби қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомнома муайян карда мешавад.

Лоиҳаи Низомнома ба санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалишавии меъёрҳои он маблағгузории иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб наменамояд. Аз ин рӯ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Дар бораи масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2020» сухан ба роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабиров Мизроб Саидович дода мешавад. Марҳамат.

 Мизроб КАБИРОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳти назорати бевоситаи Раиси Маҷлиси намояндагон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мақомоти назорати давлатии молиявӣ қарор дошта, иҷрои он модда ба модда, моҳ ба моҳ, ҳар семоҳа ва нимсола сурат гирифта, мақсаднок харҷ шудааст. Тӯли сол як қатор норасоиҳо ошкор шуда, шумо, вакилони муҳтарамро, бовар мекунонем, ки дар фурсатҳои наздиктарин бартараф хоҳанд шуд.

Дар бораи сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумо хулоса ва маълумоти муфассал пешниҳод гардидааст ва ман омодаам ба саволҳои шумо ҷавоб гӯям.

Дар баррасии масъала Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир сухан ронда, аз фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2020» ба овоз монда шуда, он ба маълумот гирифта шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» оғоз менамоем.

Сухан ба раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ дода мешавад. Марҳамат.

 МУРТАЗОЗОДА Ҷамшед Сайдалӣ- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2021», барои хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21026280 (бисту як миллиону бисту шаш ҳазору дусаду ҳаштод) сомонӣ ҷудо гардида, аз ҷониби Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2021 дар доираи маблағи зикргардида таҳия ва пешниҳод шудааст.

Басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии маъмурии хизмати давлатии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 112 нафар ва басти ҳайати техникӣ ва хизмат­расонии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 165 нафар пешниҳод шудаанд. Нисбат ба солҳои пешин дар сохтор ва басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии маъмурии хизмати давлатии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва басти ҳайати техникӣ ва хизматрасонии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон тағйирот ворид нашудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маблағи зикргардида барои хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон кифоя буда, басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии маъмурии хизмати давлатӣ ва басти ҳайати техникӣ ва хизматрасонии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон фаъолияти пурмаҳсули Маҷлиси намояндагон ва сохторҳои онро таъмин мекунанд.

Боварӣ дорем, ки Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои ҷудошударо таъмин менамояд. Аз ин рӯ, лоиҳаи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2021, сохтор ва ­басти вазифаҳои Маҷлиси намояндагон 23 декабри соли 2020 дар ҷаласаи якҷояи Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор ва Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия ҷонибдорӣ карда шуданд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2021, тасдиқи сохтор ва басти вазифаҳои Маҷлиси намояндагонро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардиданд, баррасӣ шуданд.

Доир ба рафти ҷаласа ягон эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва дигар иштирокдорон, барои ширкати фаъолона миннатдорӣ баён мекунам.

Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Ҳозирини арҷманд!

Якуми январи соли 2021 аз нашри шумораи нахустини рӯзномаи «Садои мардум» — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 30 сол сипарӣ мегардад.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба ин муносибат роҳбарият, муҳаррирони шуъбаҳо ва кормандони рӯзномаро (ҷамъ 16 нафар) барои дастовардҳои шоиста ва арзандаи меҳнатӣ дар инъикоси фаъолияти мақоми олии қонунгузор бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонид. Ҳоло дар ҳузури шумо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ба сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» ­Самариддин Асоев тақдим менамоям.

Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Самариддин Асоев барои қадрдонӣ ба роҳбарияти Маҷлиси намояндагон изҳори сипос намуда, аз ҷумла, иброз дошт:

- Барои ман шарафи бузург аст, ки аз ин минбари баланди таърихӣ шахсан аз номи худ ва аз номи кормандони рӯзномаи «Садои мардум» Шумо ва дар шахси Шумо тамоми кормандони мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакатро бо фарорасии Соли нави мелодӣ ва 30-юмин солгарди нашри нахустин рӯзномаи «Садои мардум» табрику таҳният мегӯям.

Ва барои шумо дар соли 2021-ум 365 рӯзи хурсандию шодӣ, 12 моҳи бобарор ва 52 ҳафтаи пур аз фараҳ ва дар ин миён ғизои маънавӣ бардоштан аз 156 шумораи рӯзномаи «Садои мардум»-ро таманно мекунам.

Инчунин, аз номи аҳли эҷоди рӯзномаи «Садои мардум» шуморо бовар карданиам, ки рӯзномаи «Садои мардум» дар соли 2021 низ садои дили мову шумо ва мардуми Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Барои боварӣ, барои табрикот ва барои таваҷҷуҳ ташаккур!

 Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ