Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба кор оғоз кард

№117 (4067) 01.10.2019

DSC_5652Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи якуми Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид.

Дар оғози он Суруди миллӣ садо дода, баъдан, мутобиқи банди 134-уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон котиботи иҷлосия (дар ҳайати вакилон Маҷидзода Ҷурахон Зоир (раис), Абдуназар Хисрав ва Нуралӣ Риоев), Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон (дар ҳайати Раҳмонзода Абдуғаффор Азиз (раис), Анвар Тағоймуродов ва Насиба Содиқова) ва тибқи бандҳои 246-247-уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои назорати системаи электронии овоздиҳӣ Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ (дар ҳайати Сафарзода Бахтовар Амиралӣ (раис), Раҷабзода Равшан Муҳитдин ва Мансурӣ Дилрабо Сайдулло) аз тариқи овоздиҳӣ интихоб гардиданд.

Сипас, 15 масъала, аз ҷумла, «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷамшед Назар», «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта», «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ширкати дорои масъулияти маҳдуди «Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои маъдани нуқраи кони «Якҷилва»-и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғи корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II-Хоруғ, ВМКБ», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Хоруғ, корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ», «Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Хоруғ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ», «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти D3620-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Байналмилалии Рушд вобаста ба маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи «Навсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» ва ворид намудани тағйирот ба Созишномаи ибтидоӣ оид ба маблағгузорӣ ва нишондиҳандаҳои таҷдидиназаргаштаи мониторинги натиҷабахшӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҷеъ ба ҳар як масъала ­фикру андеша баён шуда, қарору қонунҳои дахлдор қабул гардиданд.

Тафсилоти бештарро роҷеъ ба ин масъала дар шумораи баъдии рӯзнома мутолиа хоҳед кард.

«Садои мардум»