Иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои АБ ИДМ

№145 (4251) 01.12.2020

26 ноябри соли 2020 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федерат­сияи Россия ҷаласаи комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз тариқи видеоконфронс баргузор шуд, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, Обид Фозилов ва Зоир Раҳмонзода иштирок намуданд.

Дар он вакилони парлумони кишварҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ масъалаҳои мубрами ҳифзи иҷтимоию амнияти байналмилалӣ, минтақавӣ, фарҳангу варзиш ва иқтисодро баррасӣ ва доир ба онҳо мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин, дар ҷаласа қонуни намунавӣ «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», лоиҳаи Қарори Шӯрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи дастгирии қонунгузории тадбирҳои кишварҳои аъзои ИДМ дар робита бо пандемияи COVID-19», «Изҳороти муштараки Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Бюрои минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ «Дар бораи нақши парламентҳо дар мубориза бо COVID-19», «Таҳияи лоиҳаи тавсияҳо оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи рушди рақамӣ ва тавсияҳо оид ба ташкили равишҳои умумӣ дар масъалаи пешниҳоди нусхаи қонунии ­нашрияи чопӣ дар шакли электронӣ дар кишварҳои аъзои ИДМ», «Нақшаи дурнамои қонунгузории намунавӣ барои солҳои 2020-2022», «Дар бораи дастгирии давлатии кинематография», «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар интиҳо нақшаи чорабиниҳо ва санадҳои нав ба имзо расида, барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ пешниҳод гардиданд.

27 ноябри соли 2020 дар толори Қасри Таврическийи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия таҳти раёсати Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко панҷоҳуякумин ҷаласаи АБ ИДМ аз тариқи видеоконфронс доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, ҳамчунин, раиси Комиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқии АБ ИДМ Эмомалӣ Насриддинзода иштирок ва дар мавзӯи «Ҷуброни зарар ба шаҳрвандоне, ки аз содир намудани ҷиноят зарар дидаанд» суханронӣ намуд.

Иштирокчиён лоиҳаи Конвенсия дар бораи ҳифзи иншооти мероси фарҳангии давлатҳои аъзои ИДМ, Кодекси намунавии меҳнат барои давлатҳои аъзои ИДМ, Кодекси намунавии интихобот барои давлатҳои аъзои ИДМ, инчунин якчанд лоиҳаи қонунҳои намунавӣ, аз қабили «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи фаъолияти муҳандисӣ, хидматрасонӣ ва машварати муҳандисӣ», «Дар бораи сохтмони объектҳои ғайриманқул дар асоси саҳми муштарак», «Дар бораи бехатарии экологии интиқоли маҳсулоти нефтӣ тавассути қубурҳо», «Дар бораи рушд ва муҳофизати минтақаҳои кӯҳистон», «Дар бораи назорати парлумонӣ», «Дар бораи варзиш дар мактабҳо», «Дар бораи ҷуброни зарари ба шаҳрвандон расонидашуда, ки аз ҷиноятҳо зарар дидаанд»-ро баррасӣ ва дар робита ба онҳо қарор қабул карданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон