Истиқлолият ва зан

№109 - 110 (4215-4216) 09.09.2020

kosimzodaИстиқлолият шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллат аст. Ба он соҳиб шудан кофӣ нест, онро ҳамчун арзиши муқаддастарини давлатдорӣ дарк намудан зарур аст.

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун марҳилаи нави давлатдорӣ тақозо менамояд, ки муносибатҳои мавҷудаи иҷтимоию сиёсӣ пурра бознигарӣ ва вобаста ба тақозои замон низоми нави муносибатҳо амалӣ карда шавад. Ин, пеш аз ҳама, ба масъалаи муайян намудани афзалият ва омилҳои такондиҳандаи рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва такомули неруи инсонӣ вобаста мебошад.

Истиқлолият дар ҳаёти занони тоҷик низ таъсири амиқ гузошт. Бонувон ҳамчун фарзандони сарзамин, ободгарони марзу буми аҷдодӣ ба раванди созандагӣ фаъолона ворид гаштанд. Яъне, истиқлолият ба шинохти чеҳраи сиёсии зани тоҷик мусоидат намуд. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ занҳо тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модарӣ, ҳамсарӣ, рисолати роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд. Ин шинохти қудрати фитрии зани тоҷик имконият дод, ки ҷомеа низ онро эътироф намояд. Алҳол раванди рушди демократикунонии ҷомеа тақозо дорад, ки дар идоракунӣ ва масъалаҳои дигар набояд ҷинсият асос барои маҳдудияти фаъолияти шахсият гардад.

Ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлолият мушкилоти беҳгардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шакли муайяни сиёсати беҳгардонии шароити занонро ба назар гирифта, барои боз ҳам хубтару беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагии онҳо ва фаъолияташон дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ талош меварзад.

Новобаста аз душвориҳои сангини солҳои аввали истиқлолият ва ноустувории амнияту субот, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносро анҷом дода, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд. Дар ин давра даҳҳо фармоишу қарор ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона гардид.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди  Шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, силсила санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ – Конвенсия «Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак»-ро ба тасвиб расонд.

Моҳи апрели соли 1997 дар шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи Президенти кишвар Анҷумани сеюми Иттиҳодияи занони Тоҷикистон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ доир гашт ва дар он вазифаҳои минбаъдаи занони ҷумҳурӣ дар давраи гузариш, инчунин, барномаи кори солҳои минбаъдаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас карда шуд.

Солҳои аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон солҳои вазнину мураккаб буданд. Имтиҳони сахти рӯзгор, пеш аз ҳама, занонро ба гирдоб кашид. Бо вуҷуди ин, занон аз оғози дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ аз ҷараёни иштирок дар идоракунии кишвар дур намонданд ва дар шаклгирии рӯйдодҳои кишвар, аз ҷумла, баррасии умумихалқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Президенти кишвар, интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, оштӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ, таъмини покизагии маънавию ахлоқии ҷомеа ва ғайра нақши созанда ва ибратбахш бозиданд.

Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал (соли 1995) дар кори Конфронси чоруми умумиҷаҳонии занон дар шаҳри Пекин тоҷикзанон ширкат варзиданд. Самари истиқлолият аст, ки садои занони тоҷик, ҳамчун тарафдорони сулҳи устувор дар ҷаҳон, сарфи назар аз мансубияти миллию иҷтимоӣ, эътиқоди сиёсиашон дар сайёра ба гӯш мерасад.  Акнун бонувон аз минбарҳои баланди конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ суханронӣ намуда, аз комёбиҳои бадастовардаи давлати тоҷикон дар роҳи  демократикунонии ҷомеа, дигаргунсозиҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва мавқеи баланди занону иштироки бевоситаи онҳо дар ин раванд ба модарону хоҳарони кишварҳои дигар қисса мекунанд.

Пас ҳифз ва пойдор нигоҳ доштани истиқлолият, бахусус, дар замони муосир, аҳамияти муҳим дорад. Зеро равандҳои иҷтимоию сиёсии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ пайваста ҳушдор медиҳанд, ки неруҳои тахрибкори ба амнияти давлатҳо таъсиррасон хеле зиёданд ва кӯшиш менамоянд, ки дар ин ё он шакл таъсири ғаразноку манфиатхоҳонаро ба вазъи иҷтимоию сиёсии кишварҳо расонанд. Воқеаҳои солҳои охири кишварҳои араб ва Украина нишон медиҳанд, ки аз маҷрои муътадили рушд баровардани кишварҳо ба чунин неруҳо ба осонӣ даст дода истодааст. Дар чунин шароит ҳушёр будан ва зиракии сиёсиро аз даст надодан  шарти асосист, зеро таъмини суботи аздастрафта хеле душвор аст. Ояндаи чунин кишварҳо парокандагӣ, хунрезию қатл, сӯзондану пора шудан аст. Мо таҷрибаи талхи чунин муборизаро дорем ва медонем, ки кашмакашҳои дохилӣ ба ягон ҷониб қудрати иловагӣ ва ё нуфузу бартарӣ дода наметавонад.

Маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатӣ  Тоҷикистон ба ҳайси узви Комиссияи СММ оид ба мақоми занон пазируфта шуд, ки ин қадами ҷиддӣ дар самти татбиқи сиёсати гендерии давлат мебошад. Новобаста аз мавҷудияти мушкилоти гуногун Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар самти татбиқи нишондодҳои ин ҳуҷҷати муҳим ба дастовардҳои назаррас ноил шавад. Дар ин робита, аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва дафтари тоҷикистонии СММ маълумотномаи умумӣ омода карда шудааст.

Ҳамчунин, бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи миллии амал оид ба татбиқи қатъномаҳои 1325 ва 2122 Шӯрои амнияти СММ, ки ба масъалаҳои зан, сулҳофарӣ ва ҳимояи ҳуқуқи занон дар шароити низоъ бахшида шудаанд, таҳия ва тасдиқ гардидааст. Тибқи он, қабл аз ҳама, тақозо мешавад, ки занон дар раванди татбиқи он фаъол бошанд.

Равандҳои ҷаҳонишавӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфӣ доранд. Дар ин раванд, пурзӯршавии омезиши шадиди арзишҳо аз зумраи масъалаҳоест, ки дар роҳи пойдории фарҳангҳо таззоди зиёдро пеш меоварад. Пурзӯршавии ин раванд ба қувватгирии таъсирҳои гуногуни иттилоотӣ низ вобаста аст. Ба ин рушди технологияҳои иттилоотӣ замина фароҳам меоварад. Бинобар ин, нигоҳ доштани ҳувияти фарҳангӣ дар шароити муосир басо муҳим мебошад. Ҳатто либос дар ин раванд яке аз василаҳои муассири муаррифии миллат ба ҳисоб меравад. Ҳоло дида истодаем, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри муаррифии фаҳангу забони миллат дар арсаи ҷаҳонӣ чӣ гуна талош меварзанд. Вале, бархе аз — занону духтарон ба таблиғи фарҳанги бегона машғуланд, ки хеле нигаронкунанда аст. Барои пешгирӣ аз ин раванд боло бурдани эҳсоси ифтихори миллӣ бағоят муҳим ва зарур аст. Бояд ба ҷомеа ҳар чӣ бештар либоси миллӣ, моҳият, мазмун ва шакли онро тарғиб намоем. Ин ҷо  гап сари либос ҳамчун як порча матоъ не, балки либос ҳамчун рукни фарҳанги миллӣ меравад, ки онро бояд ҳифз намуд.

Истиқлолият аз ҳамин гуна масъалаҳои ба назар одӣ шакл мегирад, ки дар маҷмӯъ, муаррифгари нангу номус ва ҳисси ватандорӣ мебошанд.

Идигул ҚОСИМЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон