ИТТИЛОИЯ

№57 (3537) 30.04.2016

Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 5 майи соли соли 2016 соати 9 дар толори маҷ­лис­гоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум соати 11 дар толори маҷ­лис­гоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегар­данд.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 — 4  майи соли 2016 аз соати 8 то соати 17 ва 5 майи соли 2016 аз соати 7 то 8 дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи сеюм, утоқи кории шуъбаи ташкилӣ ва  дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошёнаи якум, утоқи якум ба қайд гирифта мешаванд.

Телефонҳо барои тамос:  221-98-35, 221-89-35.