Кӯдакон ба ғамхории ҳамешагӣ фаро гирифта шудаанд

№14 (3808) 01.02.2018

DSC_3253Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ 30 январи соли равон бо роҳбари дафтари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лучияно Калестини мулоқот намуд.

Хайринисо Юсуфӣ изҳор дошт, ки Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон Хазинаи кӯдакони СММ-ро ҳамчун ниҳоди мададгор, ки бо иқдомҳои башардӯстона дар олам муаррифӣ шудааст, шарики боэътимод меҳисобанд.

- Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз моҳи июни соли 1993 ба Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро ба зимма гирифт, онро тадриҷан амалӣ менамояд. Таъсиси мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи иқдомҳое мебошад, ки дар ин самт амалӣ гардид.

DSC_3242Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат унвон карда, ғамхорӣ дар ҳаққи насли наврасро вазифаи ҷонии аҳли ҷомеа меҳисобанд. Дар Тоҷикис­тон зиёда аз 3 миллион нафар кӯдак умр ба сар мебаранд, ки зери ҳимояи давлат ба ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд. Дар кишвари мо ҳуқуқи кӯдак мутобиқ ба қонунгузорӣ, аз ҷумла Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар ба танзим дароварда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2013) аз нарасидани муассисаҳои томактабӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ карда буданд ва хушбахтона, бо гузашти чор сол ниёз­мандӣ ба ин муассисаҳо коҳиш ёфтааст, — иброз дошт Хайринисо Юсуфӣ.

Роҳбари дафтари Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лучияно Калестини изҳор дошт, ки дар шаш моҳи фаъолият дар вазифа ба мушоҳида гирифтааст, ки Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак воқеан ҳам ба даст­оварди чашмрас ноил гардидааст. Паст кардани сатҳи фавти модару кӯдак, баробарии теъдоди писарону духтарон дар муасисаҳои таълимӣ, фароҳам овардани шароит дар муассисаҳои томактабӣ ва ҳар чӣ бештар фаро гирифтани кӯдакон дар онҳо аз ҷумлаи он дастовардҳо ва баёнгари ғамхории давлат нисбат ба насли оянда аст.

Дар мулоқот, инчунин раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва буҷет Шариф Раҳимзода, оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъи­ятӣ ва иттилоот Олим Салимзода, оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода ширкат варзиданд.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев