Кадом чораҳо барои пешгирии зӯроварӣ дар оила муассиранд?

№64 (3858) 24.05.2018

DSC_3320Бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мас­ъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ 21 майи соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ дар мавзӯи «Тат­биқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» суҳбати гирди миз доир гардид.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Саида Умар­зода иброз дошт, ки ҳар сол 120 — 130 нафар зану духтар дар мамлакат ба намудҳои гуногуни хушунати оилавӣ дучор шуда, дар беморхона бистарӣ мешаванд. Аз ҷумла, нисфи бақайдгирандагони хушунати оилавӣ ба зӯроварии ҷисмонӣ (латукӯб), 40 нафар ба зӯроварии равонӣ, 14 нафар ба зӯроварии иқтисодӣ ва 7 нафар ба зӯроварии шаҳвонӣ дучор гардидаанд.

DSC_3286- Дар назди таваллудхонаи шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар, Гулис­тон, Ваҳдат ва ноҳияи Рашт 8 ҳуҷра барои ҷабрдидагони зӯроварӣ ташкил шуда, занҳое, ки дучори хушунати оилавӣ гаштаанд, ҷойгир карда мешаванд, — гуфт Саида Умарзода. – Ҳуҷраҳои мазкур аз ҷониби Хазинаи нуфуси СММ таҷҳизонида шудаанд. Табобат ва нигоҳубини ҷабрдидагон аз ҳисоби маблағҳои буҷавии беморхонаҳо ва қарори рақами 600 амалӣ шуда истодааст.

Бо мақсади таъмини хизматрасонии иҷтимоӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ» соли 2016 тавассути Ташкилоти ҷамъиятии «Дилафрӯз» дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ташкил шуданд. Дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои кор бо занон ва оила, бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди мақомот, раёсатҳои тандурустӣ, маориф ва ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ вохӯрию семинарҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ – маърифатӣ ва машваратҳои оилавӣ гузаронида мешавад. Самти дигари фаъолияти марказҳо хизматрасонии иҷтимоӣ — маишӣ, иҷтимоӣ — ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ – тиббӣ, иҷтимоӣ — равонӣ ва педагогӣ ба ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ, занони танҳо ва маъюб мебошад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаришуда дар доираи лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV)» дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон ва Суғд дар мавзӯи «Вокуниши кормандони соҳаҳои танду­рустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳангоми зӯроварӣ дар оила» давраҳои омӯзишӣ баргузор намуд, ки дар онҳо 500 нафар фаро гирифта шуданд. Соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ин раванд дар ВМКБ ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон идома меёбад.

Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — майори милитсия Маҳмадсаид Саидзода ёдовар шуд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 — 2023» қабул карда шудааст, ки он аз 8 боб ва 33 банд иборат буда, бо мақсади пурзӯр намудани механизми пешгирии зӯроварӣ дар оила, бақайдгирии огоҳкунии инфиродӣ оид ба роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста дар оила, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон таҳия шудааст. Ҷиҳати татбиқи муқаррароти барномаи мазкур дар ВКД «Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва ноболиғон» тасдиқ шуда, барои иҷро ба раёсат ва шуъбаҳои минтақавӣ ирсол гардид.

- Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар се моҳи соли равон 777 арзу шикояти шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94 адад зиёд аст, — гуфт М. Саидзода. — Аз шумораи зикргардида нисбат ба мардон 646 шикоят, занон-130 ва нисбат ба ноболиғон 1 шикоят ворид гардидааст. То кунун 35 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ба суд ирсол гардид.

Бо мақсади баланд бардош­тани дониши назариявӣ ва малакаи касбии кормандони милитсия солҳои 2015 — 2017 дар мавзӯи «Омӯзиши махсуси кормандон дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ва фаъолияти гендерӣ» бо ҷалби коршиносони ватанию байналмилалӣ давраҳои омӯзишӣ баргузор шуд. Дар онҳо кормандон бо тартиби ҳуҷҷатгузорӣ дар ҳолати зӯроварӣ дар оила ва корбарӣ нисбат ба содиркунандагони зӯроварӣ дар оила ошно гардиданд. Иштирокчиёни давраҳои омӯзишӣ минбаъд ҳамчун коршинос чорабиниҳоро дар минтақаҳо ташкил менамоянд. Ҳамчунин, дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон курси махсус оид ба зӯроварӣ дар оила ва хариду фурӯши одамон ба нақшаи таълимӣ ворид гардид.

Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва ­оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ зикр намуд, ки дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» дастуру тарғибномаҳо аз қабили «Мақсади мо — муҳофизат ва нигоҳ доштани оила», «Хушдоман», «Сад саволу сад ҷавоб дар бораи зӯроварӣ дар оила», «Мисолҳо аз комёбиҳои мизоҷони лоиҳаи PDV» ва ғайра бо теъдоди 10000 нусха ба табъ расида, миёни аҳолӣ тақсим гардид. Инчунин, зикр шуд, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» вобаста ба таъсиси паноҳгоҳҳои муваққатӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила чизе гуфта нашудааст. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур ин нукта ба инобат гирифта шавад.

Сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Занони олима» Гулҷаҳон Бобосодиқова иброз дошт, ки аз қабули қонуни зикршуда 5 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то ҳол вобаста ба раванди иҷрои он мониторинг гузаронида нашудааст. Ҳамчунин, дар хусуси гирифторшудагон ба хушунати хонаводагӣ омори аниқ нест ва индикаторҳо муайян нашудаанд. Механизми иҷрои қонун ҳанӯз ба дараҷаи зарурӣ таҳия нагардидааст.

Вобаста ба масъалаи зикр­гардида прокурори Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура Лутфулло Саидзода, сардори Шуъбаи роҳбарии нозирони минтақавии милитсияи Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Д. Холмуродзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, Равшан Раҷабов ва Насиба Содиқова низ ибрози назар карданд.

Дар фарҷом маърӯзачиён ба пурсишҳои вакилон посух гуфтанд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир

Неъматулло АЛИЕВ