Конститутсия ва сабабҳои печидагиҳои буҳрони ҳуқуқии олам

№132 - 133 (4082 - 4083) 02.11.2019

(Идома аз шумораҳои гузашта)

DSC_1677Конститутсия низ аз номи мардум сухан гуфтанро танҳо ба ду  мақоми таҷассумгари иродаи халқ иҷозат додааст (қисми 6, моддаи 6). Аммо ин диндорони навбаромади тундгаро ба имону инсоф даъват мекунанду худро мусулмону дигаронро кофир хонда, фаҳмидан намехоҳанд, ки инсофу имонро дар ҳолати тангдастӣ қарор  додаанд, зеро аслҳои имондориро соҳиби мазҳаб бо риояи талаботи  каломи раббонӣ чунин суфтааст: «Амал ҷузъи имон ва имон ҷузъи амал нест», «Касе аз аҳли қибларо бо сабаби гуноҳе кофир шуморидан мумкин нест», «Итоат аз амри ҷамоат ва подшоҳ шарт аст».

Онҳо мардумро ба исёну ноамнӣ, ба муқобили роҳбарони давр даъват карда, фаҳмидан намехоҳанд, ки итоат ба роҳбарро Каломи раббонӣ дар баробари Худованду Расули акрам фарз намудааст (Сураи Нисо, ояти 59), Паёмбари гиромӣ ҳарфи бадро дар ҳаққи роҳбарон бидъат номидааст (ниг.: Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ, «Ассаводу – л -аъзам», Хуҷанд, 2009, с, 33.).

Аз ин нуктаи назар, талаботи моддаи 1 Конститутсия, ки дунявиятро асли табиати идораи давлат, ҷудо будани иттиҳодияҳои диниро  аз давлат (қ.4 м. 8 Конститутсия) ҷавҳари сиёсати давлат бо ҷаҳонбинии динӣ донистааст, дар шароити имрӯз беҳтарин гарави ҳимояи манфиатҳои диниву сиёсӣ ва соҳиб­ихтиёрии халқи мост. Ин реҷаи муносибат бояд ҳамчун омили рушди тозагии эътиқод ва боварҳои мардум хизмат карда, шоҳроҳи сиёсати идораи давлатро аз суиистифодаи арзишҳо ҳифз намояд. Талаботи ин меъёри Конститутсия бояд маҳз аз ҳамин дидгоҳ фаҳм ва арҷгузорӣ гардида, барои наслҳои оянда ба мерос гузошта шавад.

Як сабаби дигари ноамниҳо дар он аст, ки   озодихоҳону либералҳои нави кишварҳои рӯ ба рушд сарҳади озодиро дарк кардан ва масъулияти риояи қонунро дар назди ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳо баробар гузоштан намехоҳанд. Намехоҳанд фаҳманд, ки ҳар озодӣ масъулиятро тақозо менамояд, озодӣ танҳо ба хотири озодӣ нест, ки аз он садо баланд кунӣ ва худро ба чор тараф занӣ. Озодӣ ба хотири ҳастии саодатманди инсон, ифодаи ирода ва соҳибихтиёрии ҳар фард, эҳтиром ва арҷгузорӣ аз талаботи қонунӣ ва табиист, ки он ба хирад такя карда, ба осоишу амнияти одамон мувофиқ ва мусоид аст. Озодӣ ба иродаи инсон такя намуда, дар равиши зиндагӣ, вобаста ба воқеият тобеи кашишҳои он мегардад ва ирода, дар навбати худ, дар навъҳои гуногуни рафтор, рафъи мушкилиҳо, амалкардҳои устуворона, қобилият, омилҳои мухталиф, хоҳишу хостаҳо, мақсаднокӣ зуҳур мекунад, ки ҳар яки онҳо лаҳзаи вуруд ба паҳнои ҷаҳонбинии ахлоқӣ, динӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳолати алвонҷи табиӣ қарор доранд. Аз ин ҳолати алвонҷӣ хирад ӯро интихоб ва мутобиқ ба ҳадафҳои саодатманди инсон истифода менамояд.

Аммо воридшавӣ ба сатҳи ҳуқуқ ба он низому шакли муайян ворид менамояд ва озодӣ дар асоси ирода зери таъсири хирад ба хотири тамаддун сар фуруд оварда, маънӣ ва ҳастиашро қолаби созанда ва мақсаднокӣ мебахшад. Дар ҷараёни ба низом овардани озодӣ ва муайян кардани сарҳади он хирад, таҷриба ва донишҳои инсонӣ нақши бориз доранд. Маҳз озодии ҳуқуқӣ сабаби рушду такомули муносибатҳои иҷтимоӣ ва ташаккули фарҳанги инсонист.

Озодии табиӣ ҳолати ваҳшоният, озодии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ маҳсули тамаддун аст. Инсон бо рушди тафаккур озодиро дар муносибат бо табиат, Офаридгор ва давлат зина ба зина дар мизони хирад тавлид намуда, онро дар раванди амалигардонии манфиатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳамзистии осоишта такмил бахшидааст. Ҷавҳар ва асли саодати ин озодӣ маҳз дар ҳамин сарҳад ва паҳнои масъулиятҳои он нуҳуфтааст. Озодӣ сарҳад ва масъулият дорад ва аз онҳо риоя кардан нишонаи ақл аст.

Сарҳади озодӣ — манфиати одамон, ахлоқи ҷамъият, саодати умум, саломатии мардум, тартиботи ҷамъиятӣ, асосҳои сох­тори конститутсионӣ, мудофиаи мамлакат, амнияти давлат ва  тамомияти арзӣ (қ. 3 м. 14 Конститутсия) дар қонун муқаррар шудааст. Озодии сиёсие, ки дар домани соҳибихтиёрии халқ тавлид мешавад, дар оғӯши соҳибихтиёрии давлат такмил меёбад, сарҳад ва паҳнои амали худро пайдо менамояд. Ин ҳамаро шахси озод бояд дарк ва риоят кунад, зеро дар пасманзари ин маҳдудиятҳо озодии ӯ ва фарзандонаш дар фазои соҳибихтиёрии давлатӣ қомат рост кардааст.

Аммо аксари онҳое, ки дар кишварҳои рӯ ба рушд ба ҷойи шукри неъмат ба куфрони он даст задаанд, ин заруратро дарк накардаанд ва ҳатто  фаҳмидан намехоҳанд, ки низоми идораи Анӯшервони Одилу Салтанати чандсадсолаи Рум, демократияи Афинаю озодиҳои Спарта, қудрати Сосониёни оламгиру Британияи давраи нав, Амрикои бузургу иттиҳоди Аврупои муосир ҳама дар паҳнои озодиҳо ва ҳуқуқ, масъулияту уҳдадориҳо қарор доштаанд, яъне, мақсад ҳама гуна хоҳишу рафтор, ҳар як орзую амалро дар чаҳорчӯби низоми қонунгузории ба ҳадафҳои муайян тобеъ муттаҳид кардан аст.  «Агар хоҳӣ, озод бошӣ, ғуломи қонун бош», — гуфтааст Ситсерон.

Мо дар бораи кадом қонун ва чӣ табиат доштани он ҳарф намезанем ва ин мавзӯи баҳси мо ҳам нест, танҳо аз назари усулӣ қайд мекунем, ки ҳар қонун ва ҳар қоида бо ҳадафҳои муайян  низоми ногузиреро барои ҷомеаи дахлдор таҳия менамояд, ки дар пасманзари он ҳадафҳои аслии қонунгузор истодаанд.

Барои мо ин нукта муҳим аст, ки озодии инсон тавассути реҷаи қонун таъмин мегардад. Озодии бидуни қонун дар шароити кунунӣ вуҷуд дошта наметавонад, зеро маҳз қонун ва қонуният барои ҳар шаҳрванд имкон медиҳад, ки хостаю ормонҳояшро ба таври сазовор ба манфиати худ ва атрофиён амалӣ созад. Аз ин хотир, дар баробари ифтихор аз талаботи моддаи 5 Конститутсия, риояи қатъии моддаҳои 14 ва 17 — и он низ набояд аз мадди назари мо дур бошад.

Аммо имрӯз, дар замони ҷунбишҳои фикрии олам, ки андешаи баъзе гурӯҳҳо дар баробари омилҳои табиӣ қисман  бо манфиатҳои молӣ ва сиёсию мазҳабӣ махлут гардидаанд, эҳсос менамоем, ки афкори иддае аз онҳое, ки кӯшиши сохтани чунин ҷомеаҳои эътирофшудаи ҷаҳониро доранд, бо усул ва роҳҳои номукаммал шакл гирифта истодаанд.

Дар ин раванд, фишангҳои назоратии мувозинати меъёрҳои ҳуқуқ, низоми идораи кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва қафомонда дар муносибат бо омилҳои ваҳдати миллатҳо номуназзам гардида, халқу миллатҳои дорои конститутсия ва шоҳроҳи рушд ҳаракатро ба тариқи сунъӣ тағйир дода, тақдири худ ва давлаташонро таҳти таъсири омилҳои бегона, ба неруҳои хориҷ  ҳавола карда истодаанд. Зеро нақшаи ин нооромиҳо аз хориҷ ба таври мақсаднок бо дастгирии молиявӣ таҳия мегарданд. Чунин кӯшишҳо нисбат ба Ватани азизи мо низ дар самти дастгирии ҷинояткорони ифротӣ ба назар мерасад.

Гурӯҳҳо ва шахсони норозӣ аз зиндагӣ, аз муносибатҳои мавҷуда ва ҳукумати давр воқеияти ҳаёти сиёсист, ки ба табиати гуногунҷанбаи инсон хайма задааст. Ин воқеиятро конститутсияи кишварҳо, аз ҷумла, аз мо низ, эътироф карда, ба чунин андешамандон дар ҳадди зарурӣ арҷгузорӣ менамоянд. Вале ин гуногунназарӣ ва номувофиқатӣ бояд дар доираи қонунҳои амалкунанда зуҳур намояд, на бо роҳи ҷиноят. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгаройӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ  даъват менамоянд, тибқи Конститутсия  манъ аст (қ. 5, моддаи 8). Муҳим он аст, ки шахсони худро озодихоҳ ва ҳимоятгари ҳуқуқ эълонкунанда бояд сарҳади озодӣ ва манфиатҳои умумимиллиро вайрон накунанд, зеро ин сарҳадро халқ ва миллат, дар маҷмӯъ, барои даврони номуайян эълон кардааст. Нисбат ба он бояд арҷгузорона ва мунсифона муносибат кард. Муносибати хӯрдагирона бо ин арзиш оқибати бад дорад. Гузашта аз ин, ҳар нафаре, ки дар ин ифротгаройӣ ба бегонагон такя менамояд, на танҳо манфиатҳои милливу масъу­лияти конститутсионӣ, балки виҷдонашро фурӯхта маҳсуб мегардад.

Дар илми ҳуқуқшиносии ҷаҳон дар паҳнои илмҳои соҳавӣ ва ҳам байналмилалӣ, ҳуқуқу озодии инсон аз як ҷониб, демократияву ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби дигар, мавқеи худро то зинае устувор карда, ба шабаҳи оламгире табдил ёфтаанд, ки тавассути созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва қудратҳои бузург дар кишварҳои гуногун инқилобу табаддулот ва ҷангҳои байни мардум ва ҳукуматҳоро осон ва тибқи нақша амалӣ менамоянд.

Сабаби ҷаҳонишавии манфиатҳо аз тариқи воситаҳои иқтисодӣ, мазҳабӣ, технологӣ, иттилоотонӣ  ва ғайра ба осиёби ин равандҳо ҳадафмандона об мерезанд. Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва байналмилалии даврони муосир то ба дараҷае зери таъсири шабаҳҳои фавқуззикр мондаанд, ки дар муайян кардани қимати арзишҳои ҷавҳарӣ ва хусусияти мабдаи ҳуқуқидошта, аснои таҳияи муносибатҳои байнидавлатӣ, ҳалли қазияҳои мубрами ҳуқуқи байналмилалӣ, эътирофи ҳаққи таърихии халқу миллатҳо ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ гашта,  назари ҷамъиятии давронро ба бемории ҳангоматалабон сироят ва кӯр кардааст.

Иддаи фаъоли ҷаҳонхоҳон ҷамъияти биҳиштосо, демократияи асил ва ҳуқуқу озодиҳоро бидуни зуҳур ва ҳастии усули саодатмандӣ (мисли Шаддоди афсонавӣ) ва инкори хуқуқу озодиҳо, усулу қонуниятҳое, ки  демократия бояд ба онҳо асос ёбад, бунёд карданианд.

Чунин таҷриба  дар Африқо, Осиё ва ҳатто Аврупо роҳандозӣ шуд. Дуруст аст, ки қисме аз ин кишварҳо сари вақт аз ин ҳолати мадҳушӣ баромаданд ва ҳолаташонро дарку ташхис карданд, вале як мероси мусаллам барояшон то вақти муайян  монд — фалаҷшавии иқтисодиёт, ҳазорҳо қурбонӣ ва қафомонии кишвар ҳадди ақал ба муддати 30 — 40 сол. Аҷиб он аст, ки дар лобалои ҳамин қафомонии кишварҳо низ ҷаҳонишавӣ суръати рушди давлатҳои дигарро таъмин менамояд.

Мушкилии ин раванд  дар он аст, ки бо ин ҳама хунрезӣ ва бетартибӣ онҳое, ки ба ин шӯришҳо ҳидоят ва онҳое, ки онро амалӣ мекунанд, бовар доранд, ки роҳи онҳо дуруст аст ва онҳо аз накукирдоронанд.  Тавре дарвеши олмонӣ Нитсша аз забони Суқрот овардааст: «Бовари қатъии кас ба он ки амалҳои содиркардааш аз накукирдорист, вале дар асл агар чунин нест, пас ӯ бемор аст. Дар ҳақиқат, чунин тасаввур бадтар аз гумроҳи муқобил аст, ки инсон норасоиҳои ҷойнадоштаро ба худ шабоҳат медиҳад. Дар мисоли охирӣ, инсон ҳанӯз имкони беҳтар намудани вазъро дорад, аммо  тасаввури  аввалӣ  аз чунин имкон оҷиз буда, ҳолати  инсон ва замонаро, дар маҷмӯъ, рӯз ба рӯз бадтар мегардонад».

Ба назар чунин менамояд, ки ҳақшиносону ҳақгӯёни олам  дар аксар маврид аз ғурури нерую ҳифзи манофеи гурӯҳӣ ба сатҳе расидаанд, ки  имкони дарку фаҳмиши ғалат ва ноҳақии кирдору нияташонро аз даст додаанд.

Аҷиб ва хатарнок он аст, ки ду мабдаи волои маънавӣ ва ахлоқие, ки яке барои шарқиён ва дигаре барои ғарбиён аз арзишҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб мераванд, ҳар ду таърихан ба хурӯҷи чунин бемории даврон — яке «илман» ва дигаре аз таассуб гирифтор шудаанд.

Яке «ҳуқуқу озодиҳои инсон»- у манфиатҳои умум – «демократия» — ро, ки Ғарб ба он такя мекунад (дар мисоли табаддулотҳои рангоранги кишварҳо), дигаре Каломи Худовандро, ки асрҳо сарчашмаи ахлоқи маънавӣ ва фарҳангии мардуми Шарқ буд, сармашқи аъмоли ифротию террористӣ қарор дода,  бо овардани «далел» — ҳо аз оятҳои раббонӣ ва истифодаи номи «Худованд» хуни мардуми бегуноҳро мерезанд.

Албатта, рукнҳои созандаи ин ду арзиши ҷомеа — дин ва демократия, эътимод ва ҳуқуқи инсон ба инсоният хизмат кардаанд ва ҳоло низ мекунанд ва оянда низ хоҳанд кард. Мо ба маншаи ибтидоӣ ва таҳлили решаи онҳо назар намекунем, чунки он ҷо низ баҳсҳои мантиқии  худро дар оғӯши манфиат дорад, танҳо бо иктифо аз усули созандагию некбинӣ ҷиҳати ҳифзи хосияти арзишии онҳо ҳамчун ҷанбаи мусбат кӯшиш менамоем. Ҳамин тавр, ба ин ҳодисаҳои мусбатбаёншаванда зуҳуроти манфии ҳаёти иҷтимоӣ таърихан зиёд таъсир гузоштаанд.

Агар аз ҳамон манбаъҳои умедбахши динӣ ва ирфонӣ замоне шахсиятҳои бонуфузу оламшумул, чун Табарию Балъамӣ, Фомаи Аквинию Августин, Мавлавию Форобӣ, Макиавеллию Кант, Мотуридию Ҳакими Самарқандӣ, Синою Ғазолӣ ба воя расида, машҳури ҷаҳон шуда бошанд, онҳое низ, ки дирӯз ва имрӯз  хуни ҳазорҳо нафар бегуноҳонро рехтаанд, тимсоли ордендорони тевтонию «Ал-қоида», «ҳизб–ут-таҳрир», ҳизби наҳзат, салафия ва дигарон ба ҳамин манбаъҳо бо қатъият такя задаанд.

Демократия замоне ба Аврупо озодиву ҳуқуқро дода, Амрикоро машҳури ҷаҳон намуда, Ғарбро пешқадам карда буд. Имрӯз бошад, бо шиорҳои демократӣ  Суриё, Ироқ, Яман, Либиё, Тунис, Украина ва дигарон ба хун оғушта гаштаанд.

Албатта, қиёси мазкур алорағми усули маҷмӯӣ нуқсу холигиҳоро дар замону макон, паҳно ва табиати муносибатҳо дорад. Вале ҷавҳар он аст, ки инсоният бо муносибати шахсӣ дар доираи манфиатҳои ҷузъӣ табиати арзишҳои умдаро дигаргун месозад. Барои он ки арзиш ба арзиши воқеан ҳаётӣ табдил ёбад, танҳо қимати маънавӣ, усулӣ ва мантиқии он кифоят нест, зарур аст, ки шароит ва омилҳои субъективӣ дар шаклҳои мафкуравӣ фароҳам бошанд.

Бахусус, барои насли имрӯз муҳаббат ба Ватан, худшиносии миллӣ ва сиёсӣ дар сатҳи лозим намерасад. Муҳокима ва баррасии қонунҳо баъзан моро ба хулосаҳои нодуруст бурда, аз дарки аҳамияти ҷамъиятии онҳо, дар маҷмӯъ, ҷудо менамояд. Зеро ҳуқуқ ҳамчун ҷараёни ҷаҳонбинии ҷамъиятӣ на ҳамеша бо шоҳроҳи рушди ҳаёти инсонӣ  ҳамвор ва яксон ҳаракат менамояд, балки тибқи зарурат дар баъзе маврид ногузир ба тангкӯчаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ низ ворид ва саргарми дарёфти адолат дар паҳноҳои нозуки фардии ҳаётӣ гашта, аз дидани пасманзари оқибатҳои куллӣ маҳрум мемонад.

Ин амри табиии рушди илм ва ҷаҳонбинӣ аст, ки дар ҳолатҳои мушаххас ба ҳуқуқ низ сироят мекунад. Албатта, дар ин лаҳзаҳо кӯшиш бояд кард, ки дар ин тангкӯчаҳои ҳаётӣ инҳироф аз аслҳои умдаи низоми ҳуқуқӣ ва тартиботи умум ба вуҷуд наояд ё онҳо беэътибор нагарданд.

Дуруст аст, ки бо ин мақсад мо ба Конститутсия муроҷиат карда, матн ва талаботи меъёри ҷудогонаро мувофиқ менамоем, аммо чӣ бояд кард, ки агар асли ногузир дар шакли меъёр вуҷуд надошта бошад.

Масалан, асли худшиносии миллӣ ва муҳаббат ба Ватан бештар ҷанбаи эҳсосотӣ дошта, бо меъёр бандубаст намегардад.  Ин ҳолат дар баъзе маврид ниҳоят зарур ва тақдирсоз аст.  Аз сабабе ки қаблан нисбат ба муҳаббат ба Ватан гуфта будем, танҳо ҳаминро зикр карданием, ки Модар, Ватан, таърих ва ниёконамон ҷузъи ҳастии мо мебошанд, бо амри тақдир бароямон насиб гаштаанд. Онҳоро иваз кардан ғайри қобили қабул аст.

4 — уми октябр Пешвои миллат баъзе нуктаҳои ин муҳаббатро тавассути забони тоҷикӣ зимни вохӯрӣ бо аҳли зиёии кишвар зикр карданд, ки мо комилан ҷонибдор ҳастем. Дар ҳамовозӣ ба он танҳо гуфтаниам, ки инсон метавонад Ватани худро тағйир диҳад, барои худ модархонди нав пайдо намояд, забони бегонаро аз худ карда, забони модариро фаромӯш ва тафаккуру каломи аҷнабиро қабул созад, бузургони дигаронро ниёкони худ хонда, таърихи бегонагонро афзалтар аз таърихи худ донад, вале, худро ҳеҷ гоҳ  саодатманд ҳисобида наметавонад, чунки вай аз бузургтарин хосияти ҳуқуқиаш, аз ҳолати ҳастии фитрӣ ва табииаш, ки оромбахши рӯҳу равонаш буд, ба тариқи сунъӣ канора гирифта, худро аз ҳолати муназзами табиӣ ва оромии қалбӣ маҳрум кардааст. Зеро ин зуҳуроти нави касбкардааш бо ҳама баландию манзалаташ ва некиҳояш ба кашишҳои табиӣ ва инсонии ӯ ҳеҷ гоҳ мувофиқ намеоянд, бо мурури замон аз умқи тафаккураш садои аллаи модар ва аз қалбаш садои оромии рӯҳаш  ҳастии ӯро ба сӯи худ металабанд. Забони модарӣ  ҳам мисли  модар, бародар ва ҳамтанони туанд, ки дар пайи саодати ту саргардонанд, агар ин меҳрубониро аз онҳо интизор набошӣ, ба гумон аст, ки ба меҳрубонии бегонагон шарафёб гардӣ:

Ҷое, ки бародар ба бародар накунад раҳм,

Бегона барои ту бародар шуданӣ нест.

Сад бор агар доя ба тифли ту диҳад шир,

Ғофил машав, эй дӯст, ки модар шуданӣ нест.

Пас, дар асл иллат дар ин маъхазҳо ва арзишҳо нест, балки бештар дар усули муносибат бо онҳост. Нуқс дар мо — одамон, дар сатҳи саводнокиамон, дар усули муносибат бо арзишҳо, интихоби нодурусти меъёр вобаста ба вақт ва макон, дар риоя накардани аркони онҳо, дар сатҳи фаҳмиш ва дарки маъниҳост, ки онҳо вобаста ба шароит ва вақт имкони  бо манфиату ғаразҳо печида шуданро доранд. Роҳи халосӣ аз ин хатоиҳоро Конститутсия дар боби 1 ва 2  дақиқан пешбинӣ кардааст, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ аз онҳо гарави ҳимоят аз ин каҷравиҳои иҷтимоӣ ва маънавист. Боби якуми Конститутсия пояҳои аслии давлатдории моро муқаррар карда, боби ду ҳуқуқ оид ба иморати давлатдориро, ки дар эълон, қадршиносӣ, эҳтиром ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ифода ёфтааст, муаррифӣ менамояд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро муайян карда, тавассути ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд (м.14 Конститутсия). Принсип ва ҳаққи баробарии ҳама дар назди қонун ва суд (м.17) ҳамчун гарави таъмини ҳуқуқу озодиҳо баромад ва барои амалӣ шудани  ҳокимияти халқ ва қонунияти конститутсионӣ хизмат менамояд.

Дар ин даврони печидагиҳои фикрӣ ва буҳрони амиқи назария ва амалияи ҳуқуқ, ки халқи тоҷик 25-умин солгарди Конститутсияи кишварро ҷашн мегирад, зарур донис­там нуқтаи назари худро ба мавзӯи  масъулиятҳои конститутсионӣ, ки аз дебочаи Конститутсия ибтидо мегирад, то ҳадди имкон баён намоям. Зеро иллату нуқсҳои ҳуқуқӣ аксаран аз дарк нашудани масъулиятҳо маншаъ мегирад ва мо- ҳуқуқшиносон одатан дар банди меъёрҳо ғӯта зада, ҳадаф ва мақсади аслии санадро, ки дар дебочаи он дарҷ мегардад, кам мадди назар мегирем.

Дар байни ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳою арзишҳое, ки  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудааст, масъулияти бузург ва тақдирсозро, ки ҷамъи арзиш ва мақсаду ҳадафи онҳоро муқаррар менамояд, дебочаи Конститутсия дар худ ҷой кардааст, ки чунин оғоз мегардад: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи  ҷомеаи  ҷаҳон  буда…». Зери мафҳуми халқи Тоҷикистон, мутобиқ ба талаботи Конститутсия, ҳамаи мардуми кишвар, қатъи назар аз забон, дин ва миллаташон, ки шаҳрвандии ин кишварро доранд, фаҳмида мешавад.

Ин мардум, ки муддатҳо бо ҳам зистаанд ва дар ин сарзамин тарбия ёфтаанд, худро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷудо намеҳисобад. Баръакс, эълон медорад, ки вай қисми ҷудоношавандаи ҷомеаи ҷаҳонист. Дар шодию ғами ҷомеаи ҷаҳон ҳамроҳ буда, худро аз халқиятҳои дигари кураи замин камтар наҳисобида, ният ва мароми ояндаашро ҳамчун халқияти соҳибдавлат эълон менамояд.

Худро узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон доштан, дар баробари талаби ҳақ, бар дӯши иттиҳоди сиёсии одамон масъулиятро низ вогузор менамояд. Мавҷудияти таърихи ғанӣ, фарҳанги бой, миллати соҳибдавлат, шахсиятҳои таърихӣ, хусусиятҳои неки созандаю эҷодкорона, пайванди воқеии давлатамон ба ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шартномаю созишномаҳо бо давлатҳои гуногуни дунё исботи равшани ин гуфтаҳо мебошанд.

Нуктаи боз ҳам муҳимтари ин санади олӣ давоми ин муаррифӣ аст, ки масъулияти куллӣ, марказӣ ва нияти таърихии ин халқи пас аз ҳазор соли бедавлатӣ қоматросткардаро ифода менамояд: «худро  дар назди наслҳои гузашта,  ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста…»

Маҳз ҳамин масъулият нуктаи тақдирсоз ва ширеши воқеии пайвастгари халқ бо рӯҳи миллат, таърих ва фарҳанги ғании ӯст. Зеро миллат танҳо иттиҳоди муосири одамон набуда, васлияти мусбати арзишҳои  моддию  маънавии гузашта, имрӯза  ва ояндаи халқ аст. Агар халқ  дар ибтидо мансубияташро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дода, худро чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, ҳастии расмиашро масъалагузорӣ карда бошад, нуктаи баъдӣ ҳастии ӯро ҳамчун субъекти мустақил дар хатти ҳастии гузашта имрӯза ва ояндааш қоим дониста, шаҳодати доштани гузаштаи пурифтихор, имрӯзи сазовор ва умеди яқин ба доштани фардои фархундаро рӯшан менамояд.

Пас, доштани масъулият дар назди дирӯз ва имрӯз ба маънии ҳифзи хатти таърихии рушди миллат аст, ки бори амонати ниёкон ва ояндагонро бар дӯш дорад. Яъне, муносибат бо меъёрҳои Конститутсия муносибат танҳо бо қоидаҳои мушаххаси ҳуқуқу озодиҳо нест, балки бештар аз он, ифодагари муносибати ҳар яки  мо бо бобою бибиҳо ва фарзанду набераҳоямон аст. Маҳз аз ҳамин зовия ин масъаларо рӯшан бояд дарк намуд.

Дар пасманзари риояти меъёрҳои конститутсионӣ, дарвоқеъ, чунин ҳадафҳои стратегии халқ истодаанд, ки онҳо имкон доранд миллатро аз имтиҳонҳои навбатии ҳаётӣ сарбаландона гузаронанд. Мардуме, ки ин масъулиятро эҳсос намекунад, дар шоҳроҳи ҳастиаш яқин ба мушкилиҳо гирифтор хоҳад шуд. Зеро набудани чунин масъулият дар назди гузаштагону ояндагон аслан канда шудани тани зиндаи  давлат аз решаю ҳосили худ аст. Ва ин масъулият дар баробари дарк ва фаҳми қонунияти конститутсионӣ дар паҳнои худшиносии миллӣ ва сиёсӣ хайма задааст.

Бо ишораи «таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро  дарк намуда,  озодӣ  ва  ҳуқуқи  шахсро муқаддас шумурда,  баробарҳуқуқӣ ва дӯстии  тамоми  миллату  халқиятҳоро  эътироф  карда,  бунёди  ҷомеаи адолатпарварро вазифааш қарор дода, ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем» халқи тоҷик масъулияти таъмини соҳибихтиёрии давлатӣ ва рушди онро дар замони муосир ба хотири гузаштагону ояндагонаш бар дӯш мегирад. Дар ин эъломияи масъулият, ҳамзамон, муқаддас будани озодӣ ва ҳуқуқи шахсро ҳамчун принсипи ҳастӣ барои зуҳури худ эълон намуда,  ташкили ҷомеаи адолатпарварро аз вазифаҳои марказиаш медонад.

Ин масъулияти бузургу таърихӣ дар назди халқ ва тамаддун аст. Мо бо усули дарҳои кушода муносибати гуногунҷанбаи худро бо кишварҳои олам роҳандозӣ намуда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро ба сифати реҷа ва ҷавҳари ин муносибат эълон ва эътироф менамоем. Ҳар халқе, ки ин аслро дар муносибат бо мо риоят намекунад, ҳар қавме, ки ин ҳақиқатро эътироф наменамояд, сазовори эътироф ва дӯстӣ бо мо нест. Бо қабули Конститутсия халқи тоҷик бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ донистааст, яъне, ҳама меъёр, арзиш ва аслҳои конститутсионӣ бо маҷмӯи фаъолияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва амалкардҳои сиёсию фарҳангӣ барои дастрасӣ ба рукнҳои ҷомеаи адолатпеша ҳидоят мегарданд. Ин ҳама масъулият аст, масъулияти бузург. Аз ин нуктаи назар, ташвиши Суқроти бузург, ки ба саволи Эсхил дар асари «Давлат»-и Афлотун ба сифати масъалаи марказӣ адлро дар гуфтору рафтори инсони ҷудогона муаррифӣ кардааст, танҳо мансуби фарди ҷудогона набуда, масъалаи марказии ҳар иттиҳоди фаъол ва ҳушёри сиёсист. Мо — шаҳрвандон ҳангоме ки ҳуқуқи конститутсиониамонро талаб мекунем, бояд ин масъулиятҳоро дарк ва ҳазм намоем. Ҳуқуқу озодиҳои мо ба ҳеҷ ваҷҳ бояд ба муқобили ин арзишҳои марказӣ, ки маҳаки ҳастии давлати мо маҳсуб мегарданд, равона нашаванд.

Ниҳоят, як шаҳрванди кишвар  имрӯз бояд эҳсос намояд, ки дар маҷмӯъ, мо миллатем, халқем, давлатем ва ин сарҷамъӣ бо ҳадафу ормонҳои миллиамон дар асл тавлидгари ҳамин ҳаққу озодиҳои мост. Муттаҳидии мо ваҳдат аст, ҳамфикрии мо намунаи зуҳури одоби халқ, умумияти одату анъанаҳоямон, унсури муайянкунандаи иттиҳод, ягонагии забону фарҳангамон, нишонаи устувории миллат, ҳамоҳангии бовару эътиқодамон, унсури мустаҳками эътимод дар ҳадафҳо, риояи ҳуқуқу иҷрои масъулиятамон, гарави давлатдории адолатпешаамон ва пояндагии давлатамон аст, ки ҳамагӣ ҳамчун орзую омоли халқи решабатаърихи тоҷик дар Конститутсия бо лаҳни ҳуқуқӣ нигошта шудааст. Онҳоро бояд на ҳамчун абстраксияи ҳуқуқӣ, меъёри механикӣ ва қоидаи рафтори имтиёздиҳандаи афрод, балки фарохтар аз ин ҳама, чун низоми қоидаҳои тиллоии ҷомеаи адолатнок, ки ҳастию саодати  халқамон дар он ифода ёфтааст, дарк намоем, риоя кунем ва дар иҷрояшон масъулияти таърихӣ ва бори амонати миллатро пайваста эҳсос намоем.

Дар пасманзари меъёрҳои Конститутсия, бегумон, саодати фарзандону наберагони имрӯзиён нуҳуфтааст ва зарур аст, ки муносибат бо онҳо дуруст роҳандозӣ, волоияти он таъмин ва муқаддасоташ аз рӯи масъулият қадршиносӣ гардад. Дуруст аст, ки дар зиндагӣ мо ба мушкилиҳои мухталифи ташкилию ҳуқуқӣ мувоҷеҳ мешавем, вале ҳамаи онҳо бо мурури замон дар доираи талаботи қонун ислоҳшаванда ва такмилёбандаанд, аммо арзишҳои появӣ  ва муқаддимавӣ, ба сони соҳибихтиёрии давлатӣ, ваҳдати миллӣ, масъулият дар назди гузаштагону ояндагон,  муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои инсон, дастрасӣ ба ҷомеаи адолатпарвар, ки дар пояи риояи вазифаҳо ва масъулиятҳои мо устуворанд, аз мо ҳамеша ҳушёрию зиракиро тақозо менамоянд.

Ҳамзамон бо ин, бояд хуб дар хотир дошта бошем, ки инсони соҳибақл ва соҳибиродаю хирдаманд, алорағми андешаи иддае (И. Кант) метавонад бидуни хӯҷаин ва роҳбар кор ва зиндагии муваффақу мустақилонаро дар ҷомеаи муосир ташкил намояд, аммо миллат ва халқ, ки пешво надорад, роҳбар надорад ба  ташкили чунин зиндагии муваффақи иҷтимоӣ на танҳо шарафёб шуданаш мушкил аст,  балки дар ҳар лаҳзаи ҷунбишҳои иҷтимоӣ ва буҳронҳои ҷаҳонӣ хатари аз даст додани соҳибистиқлолию соҳибихтиёрии ватанро пеши рӯй дорад. Назар ба ҳолати бесарусомониҳои кишварҳои ҷангзадаи муосир, аз як ҷониб,  табиати вуҷуди сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии пешвоёни миллату давлатҳои мутамаддину пешрафтаи ҷаҳонӣ, аз ҷониби дигар, гӯёи ин ҳақиқат аст. Дарк ва фаҳми ин нукта ва муттаҳидӣ дар атрофи ғояҳои Пешвои миллат дар зиндагии имрӯзу фардо низ кафолати иловагии ҳифзи миллати сиёсӣ дар ҷаҳони ноорому  ҷаҳонишавии манфиатҳост.

Хулосаи ин навиштаҳо он аст, ки дар шароити буҳрони ҳуқуқии олам муассиртарин воситаи раҳоӣ аз буҳрон риояи бечунучарои Конститутсия — қонунияти конститутсионӣ аз ҷониби ҳама-шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, мансабдорон ва мақомоти давлатӣ буда, дар сатҳи давлатӣ ба конститутсионализатсияи низоми идора ва раванди қонунгузории кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, фишанг, рукнҳо ва унсурҳои соҳибихтиёрии халқӣ ва давлатиро дар ҳамоҳангӣ мутобиқ бо ҳадафҳои стратегии миллат ва давлат рушд дода, қадршиносии озодиҳои ботинӣ, зоҳирии миллат ва инсонро дар ҳадди эътидоли адлу инсоф эълон, эҳтиром, ҳифз ва таъмин карда, ба низоми идораи мавҷуда ҳамчун асос ва ҷавҳари манфиати умуми амният ва оромӣ дуруст муроҷиат намуда, ғоя, равишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллатро ҳамчун маҳак ва неруи маънавию сиёсии миллати соҳибдавлат дар ҳаёт амалӣ сохта, ғоя ва равишҳои появии онро ҳамчун рамзи миллати сиёсии соҳибпешво ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.

Холиқзода Абдураҳим Ғафор, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор