6 ноябр - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Тоҷикистон дар он орзуву армонҳои ҳазорсолаи мардум инъикос ёфтаанд

№133 (3927) 06.11.2018

Конститутсия санади асосии давлатдорӣ, муҳимтарин рукни низоми ҳуқуқии кишвар, раҳнамои рушди мамлакат, муаррификунандаи давлат ва бахтномаи миллат ба шумор меравад. Имрӯз аксар давлатҳои ҷаҳон барномаи давлатсозӣ ва тақдири минбаъдаро маҳз тавассути Конститутсия муайян намуда, дар доираи он армонҳои миллиро амалӣ мегардонанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соҳиби Конститутсия гардид, ки дар он орзуву армонҳои ҳазорсолаи миллату халқиятҳо инъикос ёфтаанд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили 20 — умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: «Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад».

Аз лиҳози сиёсӣ, иҷтимоӣ ва таърихӣ Конститутсия аллакай хизмати бемислро барои мардуми тоҷик ба ҷой овардааст. Зеро маҳз дар доираи он заминаи ҳуқуқии барҳам задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ муҳайё шуда, сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор гардид. Дар тӯли 25 соли истиқлолият таҳкурсии мус­таҳками эъмори давлати соҳибихтиёр гузошта шуд. Дар ин замина, рушди устувору босуръати ҷомеа, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пайвастан бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ таъмин гардид.

Конститутсия инсонро дар меҳвари асосӣ қарор дода, ҳуқуқу озодиҳои онро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намудааст.

Ин санади олии ҳуқуқӣ, инчунин, муар­рификунандаи давлату миллат дар сатҳи умумиҷаҳонӣ ба шумор меравад. Маҳз дар он асосҳои сиёсати хориҷии давлат муайян гардидааст ва тибқи он ҳамкориҳои беруна ба роҳ монда мешаванд.

Ҳамакнун Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ баромад мекунад ва дар радифи давлатҳои дунё узви СММ, дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад. Ҳоло кишвари мо ҳамчун ташаб­бускори фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ дар арсаи умумиҷаҳонӣ нуфузи рӯзафзун касб намудааст. Аз ин ҷост, ки ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Сарвари давлат дар соҳаи ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои марбут ба об, ҳифзи муҳити зист, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар ташаббусҳои вобаста ба таъмини амнияти минтақавию ҷаҳонӣ пайваста ҳамовозӣ пайдо мекунанд ва Тоҷикис­тон дар ин самт ҳамчун давлати пешво эътироф гардидааст.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол бунёди давлати навин ва пешрафту дастовардҳои онро таъмин намуда, барои ноил шудан ба мақсадҳои олии миллатамон хизмат мекунад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таъкид намудаанд: «Аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад».

Ҳар як шаҳрванди кишвари соҳибис­тиқлоли мо бояд донад ва дарк кунад, ки барои расидан ба қуллаҳои мурод — амалӣ намудани армонҳои давлатсозии миллӣ, таъмини шароити арзанда ба ҳар як тоҷикистонӣ, муаррифии шоистаи миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҳимояи манфиатҳои онҳо эҳтирому риояи Конститутсия, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ шарт ва зарур аст. Танҳо бо ин роҳ метавонем ба амалӣ намудани мақсадҳои конститутсионии хеш ноил гардем.

 САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор