Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Корхонаҳои истеҳсоли аммиаку карбамиди ҶСК «Азот» таҷдид мегарданд

№153 (3633) 17.12.2016

DSC_000514 декабри соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

 Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд:

1. Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хэнан Чжун-Я Гурӯҳи холдингӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт»

7. Оид ба лоиҳаи Низомнома дар бораи тартиби додани  рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ­Тоҷикистон.

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Оид ба масъалаи аввал сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯъминзод Абдулмаҷид Мубин дода мешавад.

Мӯъминзод Абдулмаҷид Мубин: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хэнан Чжун — Я Гурӯҳи холдингӣ»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябри соли 2016 ба имзо расидааст.

Тибқи ҳуҷҷати мазкур сармоягузор корхонаҳои нуриҳои минералӣ (аммиак ва карбамид)- ро дар заминаи ҶСК «Азот»- и шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон бунёд менамояд.

Марҳилаи якум корхонаҳои истеҳсоли аммиак бо иқтидори 120 ҳазор тонна ва карбамид бо иқтидори 200 ҳазор тонна дар як сол давоми 1,5 сол бунёд карда мешавад.

Марҳилаи дуюм — васеъкунии иқтидори истеҳсолии корхонаҳои аммиак то 300 ҳазор тонна ва карбамид то 500 ҳазор тонна дар як солро дар бар мегирад, ки дар зарфи 3 сол бояд бунёд карда шавад.

Мувофиқи созишномаи мазкур, 50 фоизи саҳмияҳои ҶСК «Азот» ба ҶДММ «Хэнан Чжун — Я Гурӯҳи холдингӣ» пешниҳод шудааст ва сармоягузор уҳдадор мегардад, ки бар ивази он корхонаҳои аз ҷиҳати технологӣ муосирро бунёд намояд.

Тибқи ҳуҷҷати мазкур Тарафҳо Ширкати муштараки тоҷикию хитоии «Нуриҳои Осиё»-ро дар шакли Ҷамъияти саҳомӣ бо сармояи оинномавии 720,0 млн. доллари ИМА таъсис медиҳанд, ки дар 10 сол аз санаи ­эътибор пайдо намудани Созишнома ҳиссаи тарафҳо бо тартиби зерин тақсим карда мешавад:

- мақоми ваколатдори давлатӣ 50 фоиз тарҳи як саҳм;

- сармоягузор 50 фоиз ҷамъи як саҳм.

Баъд аз гузашти 10 сол аз санаи эътибор пайдо намудани Созишномаи мазкур, ҳиссаи тарафҳо бо тартиби зерин тақсим карда мешавад:

- мақоми ваколатдори давлатӣ 50 фоиз ҷамъи як саҳм;

- сармоягузор 50 фоиз тарҳи як саҳм.

Бояд гуфт, ки барои татбиқи ­лоиҳа ҶДММ «Хэнан Чжун – Я Гурӯҳи холдингӣ» сармояи мустақимро дар ҳаҷми 360 млн. доллари ИМА ҷалб менамояд. Баъд аз ба истифода додани корхона зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ ташкил хоҳад гашт. Муҳлати амали созишнома 10 солро дар бар мегирад.

Дар маҷмӯъ, татбиқи лоиҳаи мазкур ба истеҳсоли маҳсулоти воридивазкунанда, бунёди инфрасохтори замонавӣ, воридоти техника ва технологияи муосир, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, воридоти маблағ ба Буҷети ҷумҳурӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қарори пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуалимов Баҳром Абдулазимович дода мешавад.

Баҳром АБДУАЛИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хэнан Чжун — Я Гурӯҳи холдингӣ»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 декабри соли 2016, таҳти №1002 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Моҳи ноябри соли 2014 дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой байни мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин кишвар оид ба сармоягузории бахши кишоварзӣ ва саноат ба маблағи 800,0 млн. доллари ИМА Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Дар робита ба ин,  роҳбарияти вилояти Хэнани Ҷумҳурии Халқии Хитой баҳри татбиқи Ёддошти зикр­шуда ва сармоягузорӣ дар давлатҳои аъзои шабакаи «Як камарбанд – як шоҳроҳ» ҶДММ «Хэнан Чжун – Я Гурӯҳи холдингӣ»- ро ҳамчун намоянда аз бахши хусусӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикис­тон ваколатдор кардааст.

Тибқи моддаи 5-и Созишнома тарафҳо Ширкати муштараки  тоҷикию хитоии «Нуриҳои Осиё»- ро дар шакли Ҷамъияти саҳомӣ бо сармояи оинномавии 720,0 млн. доллари ИМА таъсис медиҳанд. Мақоми  ваколатдори давлатӣ саҳми худро дар сармояи оинномавии ҷамъият дар шакли молу мулки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот», аз ҷумла замин, молу мулки ғайриманқул, хатҳои обтаъминкунӣ ва барқ, дигар инфрасохтори мавҷудбуда, инчунин имтиёзҳои андоз ва боҷҳо, ки 360 млн. доллари ИМА арзёбӣ гардидааст, мегузорад.

Сармоягузор низ ҳиссаи худро дар сармояи оинномавии ҷамъият дар  шакли сармоягузорӣ дар ҳаҷми 360 млн. доллари ИМА мегузорад.

Қайд кардан зарур аст, ки мувофиқ ба талаботи моддаи 14 Созишномаи мазкур баъд аз ба истифода  додани корхонаҳо дар давоми 18 моҳ марҳила ба марҳила 90 фоизи ҳисоби умумии кормандони корхонаро бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил диҳанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Созишномаи зикршударо пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 9 декабри соли 2016 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани созишномаи мазкурро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.

РАИС: - Муҳлати сохтмони марҳилаҳои ин корхона чӣ гуна сурат мегирад?

Директори генералии ҶДММ «Хэнан Чжун — Я Гурӯҳи холдингӣ»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой Ванг ­Янсиа: — Хушнудем, ки дар муҳокимаи ин масъала дар Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дорем. Кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки муҳлати ба анҷом расонидани ин лоиҳаро тезонем. Мехоҳем он аз корхонаҳои намунавӣ ба ҳисоб равад. Барои дастгирӣ ва кумак аз шумо изҳори қаноатмандӣ мекунам.

Директори генералии ҶСК «Азот» Чиллазода Қарахон: - Бо тасдиқи созишномаи мазкур корҳои сохтмонӣ аз  моҳи январи соли 2017 шурӯъ мешаванд.

РАИС: - Хароҷоти корҳои сохтмо­ниро дар чанд муддат  пӯшондан мумкин аст?

Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯъминзод Абдулмаҷид Мубин: — Мувофиқи маълумот Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар як сол ба 360 ҳазор тонна карбамид эҳтиёҷ дорад, ки ин миқдор аз хориҷи кишвар оварда  мешавад. Танҳо соли 2015 барои хариди ин маҳсулот қариб 50 млн. доллари ИМА сарф шуд.

Баъди ба кор даромадани корхонаҳо на танҳо эҳтиёҷи ҷумҳуриро таъмин менамоянд, балки ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя – Қирғизистон ва Афғонистон маҳсулот содирот мегардад. Аз ин фоидаи зиёд гирифтан мумкин аст.

РАИС: — Кӣ савол дорад? Марҳамат.

Абдуҳалим Ғаффоров: - Мувофиқи  созишнома ҳиссаи тарафҳо 50 фоизӣ муайян шудааст. Ин ҳиссагузорӣ чанд солро дар бар мегирад?

Баъдан, ҳангоми сохтмони ин корхонаҳо тозагии ҳифзи муҳити зист то чӣ андоза  риоя мешавад?

Директори генералии ҶДММ «Хэнан Чжун — Я Гурӯҳи ­холдингӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой Ванг ­Янсиа: - Ҳангоми истеҳсоли маҳсулот, ки обу газ  истифода мегарданд, дубора  коркард мешаванд. Инчунин партовҳо дар истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ низ  истифода мешаванд.

Латифзода Рустам Барот: - Корхонаи мазкур барои ҷумҳурии мо хеле зарур аст. Аз ин рӯ, чанд савол дорам. Нархи маҳсулоти истеҳсолмешуда чанд сомониро ташкил медиҳад? Дуюм, фурӯши маҳсулот кай шурӯъ мешавад?

Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯъминзод Абдулмаҷид Мубин: - Шартҳое, ки дар назди сармоягузор  гузоштаем, ин, пеш аз ҳама,  таъмин намудани бозори дохилӣ ва  дастрасии фурӯши озод ба кишоварзон мебошад.Ин яке аз омилҳоест, ки арзиши аслии маҳсулот дар дохили кишвар арзон  мегардад. Баъди бунёди марҳилаи аввали корхона истеҳсоли маҳсулот оғоз меёбад.

Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз: - Аз ҷониби сармоягузор ҷиҳати омода  намудани  коргарони баландихтисос чӣ тадбирҳо андешида мешаванд? Баъдан, тибқи муқаррароти моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи  сармоягузорӣ» ҳангоми ҷалби қувваи кории хориҷӣ бояд амали мазкур дар асоси созишнома иҷро гардад. Дар ин самт чӣ корҳо анҷом дода мешаванд?

Директори генералии ҶДММ «Хэнан Чжун — Я Гурӯҳи холдингӣ»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой Ванг Янсиа: - Дар рафти сохтмон мутахассисони хитоӣ коргарони маҳаллиро таълим медиҳанд, то ки оянда мустақилона фаъолият карда тавонанд.

Раҳимзода Шариф: - Барои татбиқи як лоиҳа боздиҳӣ зарур аст. Мехостем фаҳмем, ки ин лоиҳа пурра худашро  мепӯшонад? Яъне, маблағи харҷшуда баъди чанд сол  бармегардад?

Директори генералии ҶДММ «Хэнан Чжун — Я Гурӯҳи холдингӣ»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой Ванг Янсиа: — Пӯшонидани харҷи сармоягузорӣ ва муҳлати иҷрои он аз ҳисобу китоби дақиқ вобаста аст. Атрофи ин масъала мо кор бурда истодаем.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев: - Аз рӯи талаботи стандарти ҷаҳонӣ  карбамид дар сурате сифатнок  ҳисобида мешавад, ки дар таркиби он азот бештар аз 46 фоизро ташкил диҳад. Дар таркиби карбамиде, ки дар ин корхона истеҳсол мешавад, азот чанд фоизро ташкил медиҳад?

Директори генералии ҶДММ «Хэнан Чжун — Я Гурӯҳи холдингӣ»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой Ванг Янсиа: - Истифодаи технологияи муосири корхона имконият медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулот ҷавобгӯйи талаботи  стандартҳои ҷаҳонӣ бошад.

Анвар Тағоймуродов: - Ба номи ман як гурӯҳ кормандони ҶСК «Азот» муроҷиат намудаанд, ки корхона аз  ҳисоби музди меҳнат 802 ҳазор сомонӣ қарздор аст.

Онҳо хоҳиш намудаанд, ки ин маб­лағи қарзи музди меҳнат аз ҷониби сармоягузор  пардохт шавад.

Директори генералии ҶСК «Азот» Чиллазода Қарахон: - Дар мувофиқа бо сармоягузор кӯшиш мекунем, ки ин масъала ҳалли худро ёбад.

Дар хусуси тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд.

РАИС: - Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳотам Назрулло дода мешавад.

Назарзода Ҳотам Назрулло: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни мазкур тибқи муқаррароти моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба иштироки мақомоти прокуратура дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Бинобар таъсири омилҳои берунӣ, аз ҷумла буҳрони шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, кам шудани содироти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда, нақшаи пешбинишудаи пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет пурра ба иҷро расонида нашудааст. Ба иҷро нашудани пардохтҳои гумрукӣ бениҳоят зиёд будани қочоқи ғайриқонунии молу  маҳсулот мусоидат намудааст, ки барои пешгирии он бояд  чораҳои дахлдор андешида шаванд.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 14 апрели соли 2016 гурӯҳи кории муштарак вобаста ба назорати иҷрои қонунгузории гумрук созмон дода, ба вилояти Суғд сафарбар намуд.

Дар натиҷаи фаъолияти дахлдор танҳо дар 20 рӯзи аввали кори гурӯҳ 102 ҳолати кочоқи молу маҳсулоти ниёзи мардум, ба маблағи зиёда аз як миллиону 920 ҳазору 700 сомонӣ ошкор шуд, ки маҳсулоти ба таври қочоқ дохилшуда ба ҳабс гирифта, дар анборҳои гумрукӣ нигоҳ дошта шуданд. Нисбати 71 нафар шахсони ба қочоқи ғайриқонунии молу  маҳсулот машғулшуда парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст. Дар як вақт аз суд хоҳиш карда шуд, ки масъалаи ба фоидаи давлат мусодира намудани молу маҳсулоти ба таври қочоқ ба ҷумҳурӣ воридшударо баррасӣ ва ҳал намояд.

Дар натиҷаи гузаронидани фаъолияти муштарак дар ин давра 597500 килограмм ангишт ва хокаи он, 49150 килограмм нуриҳои минералӣ, 28550 килограмм семент, 61893 килограмм сӯзишворӣ, 11900 килограмм масолеҳи сохтмонӣ, 21000 килограмм меваю сабзавот, 28 адад яхдон, 800 метр қубурҳои оҳанин, 20000 килограмм пиёз, 9000 килограмм ҷуворимакка ва дигар молу маҳсулоти ба таври қочоқ ба ҷумҳурӣ воридшуда дастгир ва ҳуҷҷатгузорӣ шуд. Дар се ҳолат молу  маҳсулот аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар боқимонда тавассути сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷумҳурӣ ба таври қочоқ ворид шудааст.

Дар баробари ин, ҳолатҳои ба миқдори калон ворид намудани молу маҳсулот ва бо ин восита содир намудани ҷиноят ба назар расида, дар натиҷаи андешидани чораҳои дахлдор аз тарафи гурӯҳи корӣ 17 апрели соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд воситаи нақлиёти тамғаи «Тойота кемри» соли бароришаш 2015 бо рақамҳои қайди давлатии сохта, таҳти идораи Ҷ. Хуршедзода, сокини шаҳри Душанбе боздошт гардид. Муайян шуд, ки автомашинаи мазкур ғайриқонунӣ, бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди ҷумҳурӣ гардида, арзиши он 255000 сомониро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин ҳолат бо моддаи 289 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Тибқи талаботи моддаи 289 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қочоқ, яъне аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани мол ё дигар предметҳо дар сурати зиёда аз 5000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 200 ҳазор сомонӣ зиёд будани арзиши молу маҳсулот ба миён меояд.

Санҷишҳои прокурории гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки арзиши молу маҳсулоти қисми зиёди шахсони барои қочоқ  дастгиршуда то 200 ҳазор сомониро ташкил намуда, бар замми ин аксарияти ин ашхос пеш якчанд маротиба барои қочоқ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такроран содир намудани чунин қонунвайронкунӣ баъди ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ накардааст.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонун ин, пеш аз ҳама, пешгирии қочоқи молу маҳсулот тавассути сарҳади давлатӣ, таҳкими рақобати солим дар бозори дохилӣ, баланд намудани иқтидори истеҳсолоти ватанӣ, мувофиқ намудани меъёрҳои ­қонунгузории ҷиноятӣ ба кирдорҳои шахсони бо қочоқи молу маҳсулот машғулбуда, инчунин зиёд намудани воридоти маблағҳо ба буҷет мебошад.

Ин ҳолат мақомоти прокуратураро водор намуд, ки ба моддаи 289 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо таҳия ва пешниҳод намояд.

Илова ба қисми 6 моддаи 49- уми кодекс барои он пешниҳод гардид, ки алҳол бо тағйиру иловаҳо моддаи 289 Кодекси ҷиноятӣ аз 5 қисм иборат гардида, раводиди қисмҳои 1 ва 2 ҷазои ҷаримаро низ пешбинӣ менамояд.

Бо ворид намудани тағйиру иловаҳои таҳиягардида ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қочоқи молу маҳсулот агар дар давоми сол баъд аз додани ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷорӣ шуда, меъёри арзиши молӣ ба таври қочоқ ба миқдори калон гузаронидашуда аз 5000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо то 2500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо кам карда мешавад, ки бешубҳа, ба кам шудани қочоқ мусоидат менамояд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории кишвар мухолифат надошта, татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Аз ин рӯ, лоиҳаи қонуни мазкурро ҳоҳиш менамоем, ки ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.

ҚАЛАНДАРЗОДА Мавлуда Сатторӣ: -  Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қочоқи молу маҳсулот дар сурате фаро мерасад, ки агар дар давоми сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад. Инчунин, меъёри арзиши моли ба таври қочоқ ба миқдори калон гузаронидашуда аз 5000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (200000 сомонӣ) то 2500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо кам пешбинӣ карда шудааст. Аз 1 январи соли 2017 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 50 сомонӣ муқаррар шудааст ва ҳангоми 125000 сомониро ташкил намудани молу ашёи қочоқ кирдори ҷиноии шахс бо қисми 2 моддаи 289 КҶ тасниф карда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳти №966 14 ноябри соли 2016 барои хулоса ба Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Ҷиҳати такмил ёфтани лоиҳаи қонуни мазкур 18 таклифу пешниҳод манзур гардид, ки 16 -тои он пурра ё қисман қабул шуда, 2- тоаш қабул нагардид.

Кумитаи масъул 5 декабри соли 2016 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои иродагардидаро муҳокима намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкурро такмил дода, ба он як қисми нав (ба модддаи 57), ки хусусияти таҳрирӣ дорад, илова шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Муҳтарам вакилон, кумитаи масъул аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба  ҷонибдорӣ ва қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.

Ҷаббор АХМЕДОВ: — Қабули ­лоиҳаи қонуни мазкур на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ аҳамияти калон дорад, балки барои пешгирии интиқоли ғайриқонунии ашёи гаронарзиш, осорҳои таърихию фарҳангӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, мутахассисону  коршиносон низ пешниҳод доштанд, ки дар Парлумони кишвар ин масъала баррасӣ ва ба қонунгузорӣ тағйиру илова ворид гардад. Пешниҳод дорам, ки  лоиҳаи қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан  ба муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин дода мешавад.

ИДРИСЗОДА Илёс Мумин: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Зарурати ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» мутобиқ намудани он мебошад.

22 майи соли 2016 тариқи раъй­пурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шудааст. Инчунин, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015 таҳти №1264 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҷумла, тибқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» шахсони 25 сол ва зиёда аз он собиқаи хизматдошта, ҳуқуқи ба нафақа баромадан доранд ва ин муқаррарот нисбати хизматчиёни воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ амалӣ мегардад.

Дар сархати 13 моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ гардидааст, ки «Корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки собиқаи умумии меҳнатии 25-сола дорад, ҳуқуқ дорад, аз рӯи собиқаи хизмат ба нафақа барояд, ба шарте ки собиқаи хизматиаш ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 12 солу шаш моҳ кам набошад».

Аз ин лиҳоз, ба мақсад мувофиқ аст, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид карда, он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» мутобиқ гардонида шавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз Буҷети давлатӣ маб­лағи иловагиро талаб наменамояд. Хоҳишмандем, он дастгирӣ карда шавад.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович дода мешавад.

Анвар ТАҒОЙМУРОДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ­Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

Бахтовар САФАРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини ­арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи ду лоиҳа, ки яке бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дигар аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Э. Насриддинзода, А. Холиқзода, М. Қаландарзода ва Н. Содиқова пешниҳод шуда буданд, омода гардидааст.

Мақсади лоиҳаи қонуни мазкур ҳамаҷониба танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он асосҳои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имтиёз, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозгардида муайян гардидаанд.

Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2001 қабул гардида, баъзе муқаррароти он ба талаботи қонунгузории ҷорӣ ҷавобгӯ нест. Аз ин рӯ, дар лоиҳа як қатор моддаҳо, меъёрҳо ва муқаррароти нав вобаста ба масъалаи мазкур пешбинӣ гардида, меъёрҳои аз амал бозмонда ва мухолифатҳо аз байн бурда шуданд.

Қобили қайд аст, ки мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» таъсиси ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» пешбинӣ шудааст, ки ин муқаррарот низ дар лоиҳаи қонуни мазкур оварда шудааст. Ҳамчунин, дар лоиҳа масъалаи эътироф намудани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то эътибор пайдо кардани қонуни мазкур супорида шудаанд, ҳалли худро ёфтааст, ки то ҳол ин масъала тавассути Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мешавад.

Ҳамчунин, лоиҳа дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз муқаддима, 5 боб ва 42 модда иборат буда, муқаррароти умумӣ, мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имтиёз, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозгардида, маҳрум намудан аз мукофотҳои давлатӣ, барқарор намудани мукофотҳои давлатӣ ва муқаррароти хотимавиро дар бар мегирад.

Лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 763 20 июни соли 2016 ва таҳти №793 16 августи соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буданд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, тавсия намуданд, ки онҳо муттаҳид карда шаванд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар хулосаи худ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби вакилон пешниҳод шуда буд, тавсия намудааст, ки лоиҳаҳо муттаҳид карда шаванд. Субъектони номбурда, ҳамчунин ҷиҳати такмил ёфтани лоиҳаи қонуни мазкур 71 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 36 — то пурра ва 22-то қисман ба лоиҳа ворид карда шуда, 13-тои он пазируфта нашуданд.

Кумитаи масъул 5 декабри соли 2016 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.

Ҳамчунин, ба лоиҳа таклифу пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки дар Шӯро ироа гардид, ворид карда шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.

МАҶИДЗОДА Ҷурахон Зоир: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мақсади пешниҳоди лоиҳаи қонуни номбурда, ҳамаҷониба танзим намудани ҳавасмандгардонӣ ва қадр­донии мардуми кишвар ба сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатӣ мебошад, ки вобаста ба хизмати шоёнашон ба халқи Тоҷикистон қадр карда мешаванд.

Дар лоиҳаи қонун як қатор модда ва муқаррароти нав, мукофотҳои давлатие, ки таъсис дода мешаванд, пешбинӣ гардида, меъёрҳои аз амал бозмонда ва мухолифатҳо аз байн бурда шуданд.

Ҳамчунин, дар моддаи 39 лоиҳа масъалаи эътироф намудани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то эътибор пайдо намудани қонуни мазкур супорида шудаанд, ҳалли худро ёфтааст. То ҳол ин масъала тавассути Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли гузашта бо истифода аз ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ пешниҳод шуда буд ва ҷонибдорӣ гардид, дар ин лоиҳа низ танзим карда мешавад. Пеш аз ҳама қадрдонии он нафароне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ва кумаки молиявӣ дар вақти нафақа ниёз доранд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ кунед.

Латифзода Рустам Барот: — Вакилони гиромӣ! Садоқат ба Ватан ин инъикоси манфиатҳои давлат дар ташаккули худшиносӣ ва дарёфти мақоми шахс дар ҷомеа мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҳавасманд ва сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатӣ – унвони Қаҳрамони Тоҷикистон, ордену медалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонҳои фахрӣ ва ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, агар аз як тараф қадршиносӣ кардани кормандон ва фарзандони беҳтарини миллату давлат бошад, аз тарафи дигар ба намунаи ибрат донистани шахс барои дигарон, ҳавасмандӣ ба меҳнат, садоқат ба Ватан, баланд бардоштани самаранокии меҳнат ва ба натиҷаҳои бештару хубтар мусоидат мекунад.

Низоми мукаммали ҳавасмандгардонӣ ва ба мукофотҳои давлатӣ сазовор гардонидани кормандон ва шаҳрвандон ҳама вақт аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва маънавию ахлоқӣ мубрам буда, он дар ташаккули инсони комил ва фазои солим дар ҷомеа нақши муҳим дорад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав дар қиёс ба қонуни амалкунанда мукаммалтар буда, ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад.

Хоҳишмандам, барои қабули он овоз диҳед.

ХОЛИҚЗОДА Абдураҳим ­Ғаффор: - Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷиҳати шакл ва мазмун ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ буда, вобаста ба меъёрҳои нави низоми ҳуқуқӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» таҳия ва пешниҳод шудааст.

Дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда навъҳои мукофоти давлатӣ, тартиби супоридани онҳо нишон дода шудааст. Ин қадршиносии шахсонест, ки барои давлат хизмат кардаанд.

Хоҳиш дорам, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда, яклухт қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худ­идоракунии маҳаллӣ Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ дода мешавад.

АБДУЛЛОЗОДА Иброҳим Ғоибназарӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқ намудани мафҳуми «шахси мансабдор», ки дар сархати 10 моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» зикр шудааст, пешниҳод мегардад. Мафҳуми «шахси мансабдор» дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври гуногун тавзеҳ дода шудааст. Бо мақсади мутобиқ намудани мафҳуми зикргардида ба қонунгузории ҷорӣ ва талаботи моддаи 2 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия тибқи лоиҳаи қонун он дар таҳрири нав, яъне «- шахси мансабдори давлатӣшахси таъин ё интихобшуда, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд, яъне бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои амрдиҳӣ нисбати шахсоне мебошад, ки дар тобеияти хизматии ӯ қарор надоранд, инчунин шахсе, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин дар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, ба таври музднок ё бемузд иҷро менамояд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;» ифода гардидааст ва ҳамчунин, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти хизматчии давлатӣ таъсиррасонии ҳуқуқиро ба вазъи ҳуқуқии хизматчии давлатӣ пешбинӣ менамояд.

Лоиҳаи қонуни баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 декабри соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 9 декабри соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода, он аз тарафи иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат намекунад ва аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дода мешавад.

МАНСУРӢ Дилрабо Сайдулло: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббори Ғаффор, Абдураҳмонзода Саидраҳмон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Эмомалӣ, Муҳиддиниён Пӯлод ва Мансурӣ Дилрабо Сайдулло пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи нафт ва газ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва «Дар бораи забони давлатӣ» барои содафаҳм намудани баъзе ибораҳои он ва бартарафсозии мухолифати ҷойдошта таҳия гардидааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, ки ба ном, дебоча, моддаҳои 1, 2, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10 ва 11 тағйиру иловаҳо ворид карда, моддаи 12 дар таҳрири нав оварда шавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 779 28 июни соли ҷорӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ намуда, барои такмил додани он 12 таклифу пешниҳод ирсол карданд.

18 ноябри соли ҷорӣ кумитаи масъул бо иштироки намояндаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар натиҷа, аз 12 таклиф 7-тоаш қабул, 1-тоаш қисман қабул ва 4-тоаш қабул нашуд. Таклифҳои қабулшуда ба лоиҳа ворид карда шуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки лоиҳаи қонун пас аз пешниҳодҳое, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ­Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров баён гашт, такмил дода шуд. Пас аз қабул намудани тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида истифодаи он дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафтӣ самаранок гардида, барои рушди ин соҳа мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб намекунад.

Эҳтиромона хоҳиш мена­моям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Низомнома дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 13 апрели соли 2011 таҳти №385 «Дар бораи муқаррар намудани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» рутбаҳои дараҷавии «мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1», «мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2», «мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3», «ҳуқуқшиноси дараҷаи 1», «ҳуқуқшиноси дараҷаи 2» ва «ҳуқуқшиноси дараҷаи 3» — ро муқаррар намуда, пешбинӣ менамояд, ки рутбаҳои зикр­гардида ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ доранд, низ дода мешавад. Низомномаҳои тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти адлия, Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Барои иҷрои талаботи қарори зикргардидаи Маҷлиси намояндагон аз 13 апрели соли 2011 таҳти №385 лоиҳаи Низомнома дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва ба баррасӣ пешниҳод шудааст. Низомнома тартиби додани рутбаҳои дараҷавиро ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Мутобиқи низомнома барои баррасии пешниҳодҳо дар бораи додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон Комиссия оид ба баррасии пешниҳодот дар бораи додани рутбаҳои дараҷавӣ таъсис дода шуда, ҳайати он муайян мешавад.

Рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандон дар сурати доштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, бо дарназардош­ти ихтисос, мансаби ишғолкарда ва собиқаи хизмати давлатӣ, инчунин дараҷаи рутба, дараҷаи тахассус, унвони махсус, ки дар ҷои кор ё хизмати пешинаашон гирифтаанд, пай дар пай ба шакли зерин дода мешавад:

- Рутбаҳои дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаҳои 1, 2 ва 3 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар асоси хулосаи Комиссия дода мешаванд.

- Рутбаҳои дараҷавии мушовири адлияи дараҷаҳои 1, 2 ва 3, ҳуқуқшиноси дараҷаҳои 1, 2 ва 3 бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди раисони кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар асоси хулосаи Комиссия дода мешаванд.

Низомнома муҳлати дар ҳар як рутбаи дараҷавӣ буданро мушаххас муайян намуда, барои рутбаҳои мушовири давлатии адлияи дараҷаҳои 1, 2 ва 3 муҳлат муқаррар намекунад.

Муқаррар карда мешавад, ки мумкин аст бо тартиби ҳавасманд­гардонӣ рутбаҳои дараҷавӣ пеш аз муҳлат дода шаванд, вале на баландтар аз як дараҷа.

Ба кормандоне, ки бори аввал ба мансаби хизмати давлатӣ таъин шуда, собиқаи касбии ҳуқуқшиносӣ надоранд, рутбаи дараҷавӣ на дертар аз шаш моҳ баъд аз таъин шуданашон ба мансаб дода мешавад.

Ба кормандоне, ки як сол собиқаи корӣ дошта, рутбаи дараҷавӣ надоранд, рутбаи дараҷавии дахлдор дар доираи мансаби ишғолкардаашон дар давоми ду моҳи корӣ дода мешавад.

Ба кормандоне, ки муҳлати хизматро дар як рутбаи дараҷавӣ адо карда, дорои муҷозоти интизомӣ мебошанд, рутбаи дараҷавии нав­батӣ баъд аз гузаштани муҳлати татбиқи муҷозоти мазкур дода мешавад.

Ба кормандон барои иҷрои супоришҳои махсусан масъулиятнок, натиҷаҳои баланди касбию хизматӣ, саҳми онҳо дар таҳкими мақомоти давлатӣ ва хизмати давлатӣ бо тартиби ҳавасмандгардонӣ рутбаи дараҷавии навбатӣ пеш аз муҳлат ё як дараҷа баланд дода мешавад.

Ба шахсоне, ки аз дигар мақомоти давлатӣ, муассиса, ташкилот ба Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба кор омадаанд, бо дарназардошти ихтисос, мансаби ишғолкарда ва собиқаи хизмати давлатӣ, инчунин дараҷаи рутба, дараҷаи тахассус, унвони махсус, ки онҳо дар ҷои кор ё хизмати пешинаашон гирифтаанд, рутбаи дараҷавӣ дода мешавад.

Дар шаҳодатномаи хизматӣ ва дафтарчаи меҳнатии корманд оид ба дода шудани рутбаи дараҷавӣ қайди дахлдор гузошта мешавад ва нусхаи қарор дар бораи додани рутбаи дараҷавӣ дар делои шахсии корманд нигоҳ дошта мешавад.

Ба мансаби пасттар гузаронидан ё гузаштани корманд барои паст кардани рутбаи дараҷавии ба ӯ пештар додашуда асос намегардад.

Рутбаҳои дараҷавие, ки ба кормандон дода шудаанд, якумрӣ мебошанд. Кормандон дар сурати эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд, ки онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шудаанд, аз рутбаи дараҷавӣ маҳрум карда мешаванд.

Ҳамчунин, корманд дар асоси пешниҳоди нусхаи ҳукми сафедкунандаи суд бо қарори мақомоте, ки ҳуқуқи додани рутбаи дараҷавиро дорад, ба рутбаи дараҷавии пештара барқарор карда мешавад.

Баҳсҳо оид ба рутбаҳои дараҷавӣ аз тарафи Комиссия, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ ва ё суд баррасӣ карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, Низомномаи пешниҳодшуда тартиби додани рутбаҳои дараҷавиро ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дигар масъалаҳоро вобаста ба он мушаххас мегардонад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қабули «Низомнома дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» овоз диҳед.

Дар хусуси тасдиқи Низомномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ