Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Маҷлиси миллӣ Кодекси меҳнатро дар таҳрири нав ҷонибдорӣ намуд

№90 - 91 (3571 - 3572) 19.07.2016

DSC_0292Понздаҳуми июли соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи маълумоти пешакӣ, аз 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 29 нафар, аз ҷумла муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ, ки тибқи Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  29 майи соли 2016 аз ҳавзаи бисёрмандатии интихоботии Душанбе № 4 ба ҳайси аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст, дар толор иштирок дорад.

Дар ин робита, иҷозат фармоед аз номи раёсат ва аҳли нишаст Раҳмон Озода Эмомалиро ҷиҳати сазовор шудан ба ин мақом, табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом ва муваффақиятҳои пурсамар дар ҷодаи ҳуқуқэҷодкунӣ орзу намоям.

Ҳамин тариқ, дар Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд

Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

 РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

8 июни соли 2016 ходими намоёни давлатӣ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви фаъоли Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов баъди бемории тӯлонӣ дар синни 84 аз олам даргузашт.

Қаҳҳор Маҳкамов 16 апрели соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1953 Донишкадаи кӯҳии шаҳри Ленинградро хатм намуда, то лаҳзаҳои охири ҳаёт ба халқу Ватан хизмат мекунад. Ӯ аз айёми ҷавонӣ шахси донишманд, болаёқату поквиҷдон буд. Аз рӯзҳои аввали фаъолият аз устои одӣ то роҳбари  муассисаи Кони ангишти Шӯроб кор кард. Соли 1957, дар 25 — солагӣ, раиси Комиҷроияи шаҳри Хуҷанд интихоб гардид. Соли 1963 раиси Комитети давлатии банақшагирӣ, ҳамзамон, муовини Раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъин шуд ва дар ин вазифа 19 сол пурсамар фаъолият намуд.

Солҳои 1982 — 1986 вазифаи Раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

Солҳои 1986 — 1991 Котиби якуми Кумитаи  Марказии Ҳизби Коммунисти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд.

Моҳи апрели соли 1990 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии  Сотсиалистии Тоҷикистон ва аз 30-юми ноябри ҳамон сол дар Иҷлосияи чоруми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Қаҳҳор Маҳкамов аз соли 2000-ум ҳамчун Президенти собиқ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб гардид.

Ӯ дар ҷаласаҳои Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона иштирок намуда, вазифаи раиси Кумитаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентиро ба уҳда дошт.

Қаҳҳор Маҳкамов ба ҳайати Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, муовини роҳбари ҳайати парламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ шомил буд.

Дар тӯли фаъолият ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов дар таҳияи  қариб 10 лоиҳаи қонун саҳми бузург дошт. Аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», ки охирин лоиҳаи пешниҳоднамудаи ӯ ба шумор рафта, ҷиҳати татбиқи амалии  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016 оид ба саноатикунонии кишвар иншо шудааст, алҳол дар баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Қаҳҳор Маҳкамов барои хизматҳои пурсамар бо чор ордени «Байрақи сурхи меҳнат», унвони Муҳандиси шоистаи Тоҷикистон ва ордени тиллоии «20-солагии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» сарфароз гардонда шудааст.

Номи неки марҳум Қаҳҳор Маҳкамов дар ёди мардуми Тоҷикистон абадӣ хоҳад монд ва хоҳиш мекунам, хотираи ӯро бо лаҳзаи хомӯшӣ пос дорем.

РАИС — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки котиботи Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва интихоб намоем.

Лоиҳаи қарор оид ба  масъалаи зикршуда ба шумо  пешниҳод гардидааст. Нисбати лоиҳа таклифҳои дигар ҳаст? Бо дарназардошти пешниҳоди шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям, мавқеи хешро муайян созед.

Қарор қабул гардид.

Аз ҳайати котибот бо раисии Шоҳиён Нуралӣ Набот, аъзои котибот Раҷабзода Миралӣ ва Шафеиён Ислом Зиёзода хоҳиш менамоям, ки ба ҷойи кории худ гузаранд.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба мо лозим аст рӯзномаи Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро, ки дирӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз ҷониби Шӯро ба шумо тавсия гардидааст, муҳокима ва тасдиқ намоем.

Лоиҳаи қарор иборат аз 39 масъала ба шумо пешниҳод гардидааст. Марҳамат, нисбати лоиҳаи рӯзнома чӣ гуна пешниҳоду таклифҳои иловагӣ ҳаст?

Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои шумо, лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям, мавқеи хешро муайян созед. Марҳамат.

Қарор бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қабул гардид:

1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ»

6. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи шаҳраки Нови ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба шаҳраки Навкат»

7. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10.  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо»

18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»

19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»

20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон    «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958-1960 қабул шудаанд»

22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ»

23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ»

24. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ»

25. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

26. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»

27. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

28. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

29. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»

30. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»

31. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»

32. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)»

33. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»

34. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ»

35. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният»

36. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Расулзода Н. Ғ.»

37. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Пӯлодӣ М. К.»

38. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкамов Қ.»

39. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният хориҷ намудани Маҳкамов Қ.».

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия –Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипар-ламентӣ муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи мо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни соли 2016 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Мақсад аз қабули тағйиру иловаҳо мутобиқгардонии қонуни зикргардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумла, қисмҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 9, 10, 12, 14, 15, 16, 17, 18, 19 ва 20 моддаи 1 меъёрҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, истифодаи истилоҳу мафҳумҳои ҳуқуқиро бо дарназардошти услуби ягона таъмин менамоянд.

Дар қисми 8 ва 11 моддаи 1 қонуни мазкур бо сабаби барҳам хӯрдани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қисми 5 моддаҳои 19 ва 24 қонуни амалкунанда дар бораи намояндаи Маҷлиси миллӣ дар Шӯрои адлия дарҷ гардидааст, ибораҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шудааст.

Бо қисми 13 моддаи 1 қонуни мазкур бо сабаби таъсис ёфтани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 36 иловаи дахлдор ворид карда шудааст.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ мутобиқ буда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад ва татбиқи он таҳияву қабули санадҳои зерқонунии Маҷлиси миллӣ (масалан, Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-ро тақозо дорад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба муҳтарам Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи мо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни соли 2016 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо мақсади амалӣ намудани тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешрафти фаъолияти онҳо таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тибқи қонуни мазкур, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.

Қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи 1 қонуни мазкур институти пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро бо илова намудани сархатҳои нав такмил додааст.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.  Сухан ба муҳтарам Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи мо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни соли 2016 қабул намудааст, баррасӣ кард.

Қонуни мазкур бо мақсади амалӣ намудани тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ва таҳкими минбаъдаи ҳокимияти давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти аъзои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  пешрафти фаъолияти онҳо таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тибқи қонуни мазкур, аъзои Ҳукумат баъд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.

Тағйироти қисмҳои чор ва панҷи моддаи 1 қонуни мазкур ҷиҳати истифодаи истилоҳу ибораҳои ҳуқуқӣ услуби ягонаро пешбинӣ намудааст.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба муҳтарам Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2016 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур аз 7 боб ва 31 модда иборат мебошад. Мақсад аз қабули он нақши муҳими шартномаҳо дар ҷараёни таҳким ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Қонуни зикргардида  амал ва таҷрибаи ҷойдоштаро вобаста ба раванди мувофиқакунонӣ, баимзорасонӣ, назорати иҷро, боздоштани амал, бекор кардани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои дигари бо ин марҳилаҳо дахлдошта ба инобат гирифтааст.

Тибқи моддаи 16 қонуни мазкур, шартномаҳои байналмилалӣ ё муқаррароти алоҳидаи онҳо дар қисме, ки ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад, то эътибор пайдо намудани онҳо муваққатан татбиқ мегарданд, агар чунин тартибро худи шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ намоянд. Ҳамзамон, тибқи моддаи мазкур, чунин татбиқнамоӣ наметавонад аз як сол зиёд бошад.

Навгонии дигаре, ки қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, ин мониторинги таъмини иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо тартиби муайяннамудаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Пас аз қабул гардидани қонуни мазкур зарурати қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ ба вуҷуд меояд, ки чунин тартиб имконият медиҳад, рафти иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ таҳти назорати доимии давлат қарор гирифта, вазорату идораҳои марбута оид ба иҷрои ҳар як шартномаи байналмилалӣ маълумоти худро пешниҳод намоянд.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба муҳтарам Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Имомзода, вакилони Маҷлиси намояндагон О. Салимзода ва Ҷ. Ахмедов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июни соли 2016 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ кард.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» аз 5 боб ва 23 модда иборат мебошад.  Мақсад аз қабули қонуни номбурда ба талаботи замона ва қонунгузории мамлакат мутобиқ гардонидани қонуни мазкур мебошад, зеро тайи солҳои охир дар ин соҳа муносибатҳои нави ҷамъиятӣ пайдо шуданд ва онҳо зарурат ба танзими ҳуқуқӣ доранд.

Дар қонун мақсад, вазифаҳо, принсипҳои асосии фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ, баҳисобгирии давлатии ноширӣ ва корхонаи полиграфӣ дар моддаҳои алоҳида ҷой дода шуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ, озодии фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ, бақайдгирии давлатии субъектони фаъолият бо дарназардошти талаботи рӯз мушаххас ва аз лиҳози мантиқи ҳуқуқӣ ифода шудаанд.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи шаҳраки Нови ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба шаҳраки Навкат» ба ҳисоб меравад. Сухан ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ.

ИМОМЗОДА  Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи мо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Оид ба тағйир додани номи шаҳраки Нови ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба шаҳраки Навкат»-ро таҳти №236 аз 1 июни соли 2016 мавриди баррасӣ қарор дод.

Тибқи пешниҳоди мазкур таклиф ба миён гузошта шудааст, ки номи шаҳраки Нов ба шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамени вилояти Суғд тағйир дода шавад. Зарурати тағйир додани номи шаҳраки Нов ба шаҳраки Навкат гиромидошти таъриху фарҳанги кишвар, шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, ба инобат гирифтани афкори умум ва хоҳиши сокинони ин шаҳрак мебошад.

Пешниҳоди мазкур мутобиқи моддаҳои 18 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба дигар қонунҳои ҳамин муносибатҳоро танзимкунанда мухолифат надорад.

Маводи зарурӣ тибқи Номгӯйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияи Спитамен, вилоят ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Кумита пешниҳоди мазкурро қобили дастгирӣ меҳисобад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи шаҳраки Нови ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба шаҳраки Навкат»  ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем.

Сухан оид ба ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

Лоиқзода  Қаноатшо Холиқ:  - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кумитаи мо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни конститутсионии зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва 22 июни соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Мақсад аз қабули он таҳкими минбаъдаи шохаи мустақили ҳокимияти судӣ ва дар амал татбиқ намудани муқаррароти наве, ки дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ислоҳоти сохтории судии кишвар ворид карда шудаанд ва иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳам додани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9 июни соли 2016 мебошад.

Тибқи талаботи қонуни мазкур, бинобар сабаби барҳам дода шудани Шӯрои адлия ваколатҳои ин сохтор дар самти таъминоти ташкилии фаъолияти судҳо ва таъминоти моддию техникии онҳо, тартиби интихоб, таъин, бозхонд ва озод намудани судяҳо, инчунин таъсиси комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз- судяҳо, масъалаҳо вобаста ба фаъолияти Маркази таълимии судяҳо, дар як коллегияи тахассусӣ муттаҳид кардани се коллегияи тахассусии мавҷудбуда, таҷдиди сохтори дастгоҳҳои судҳо бо васеъ гардонидани ваколати онҳо, нисбат ба судҳои умумӣ ба салоҳияти Суди Олӣ ва нисбат ба судҳои иқтисодӣ бошад, ба салоҳияти Суди Олии иқтисодӣ вогузор карда шудааст.

Инчунин, бо қонуни конститутсионии зикргардида моддаи 12 қонуни конститутсионии амалкунанда дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки мутобиқи он ба вазифаи судя шаҳрванде таъин ё интихоб карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад. Ҳамчунин, тибқи ин модда синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият кардан барои занон 58 ва барои мардон 63 пешбинӣ шудааст, ки мақсад аз тағйироти мазкур муқаррар намудани талаботи якхела доир ба синну соли ба нафақа баромадан нисбат ба кормандони мақомоти давлатӣ ва ба инобат гирифтани вазъи имрӯзаи кишвар ба хотири роҳ кушодан ба ҳуқуқшиносони ҷавоне, ки дар сохторҳои гуногуни давлатӣ фаъолият доранд, мебошад.

Ҳамзамон, тибқи тағйироти ба моддаи 18 қонуни конститутсионии амалкунанда воридгардида, дар сурати шомил гардидан ба шаҳрвандии давлати дигар ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин асос барои аз вазифа озод намудани судя мегардад.

Инчунин, тибқи тағйироти ба моддаи 21 қонуни конститутсионии амалкунанда воридгардида, фаъолият ва салоҳияти Суди Олӣ васеъ гардида, пешбинӣ шудааст, ки ин сохтор на танҳо мақоми назоратӣ нисбат ба баррасии парвандаҳои мушаххаси судӣ мебошад, балки барои ташкили кори судҳои вилоятӣ, ҳарбӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, таъминоти моддию техникии судҳо, интихобу тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судягӣ ва кормандони дастгоҳи судҳо, масъалаҳои вобаста ба таъин ва озод намудани судяҳо, ташкили имтиҳоноти тахассусӣ ва иҷрои дигар ваколатҳо, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, масъул мебошад.

Бо тағйироти дар моддаи 23 қонуни конститутсионии амалкунанда воридгардида ҳайати Суди Олӣ мушаххас ва пешбинӣ гардидааст, ки шумораи судяҳои Суди Олиро Президенти ҷумҳурӣ муқаррар менамояд. Масъалаҳои вобаста ба сохтори Суди Олӣ дар доираи тағйирот ба моддаҳои 37 ва 91-уми қонун воридгардида ба танзим дароварда шудааст.

Мутобиқи тағйироте, ки ба моддаи 25 ва қисми 1 моддаи 37 ворид карда шудааст, масъалаҳои вобаста ба тасдиқи шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шунидани ҳисоботи фаъолияти Раёсат ва коллегияҳои Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ ва судҳои шаҳру ноҳиявӣ ба салоҳияти Пленуми Суди Олӣ ва масъалаҳое, ки пештар ба ваколати Шӯрои адлия дахл доштанд, мувофиқан ба салоҳияти раиси Суди Олӣ вогузор карда шудааст. Ҳамчунин, дар доираи ин тағйирот, раиси Суди Олӣ якҷоя бо раиси Суди Олии иқтисодӣ оид ба таъсиси Комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя, коромӯз – судя, тасдиқи ҳайат ва Низомномаи он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамоянд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба моддаҳои 44, 45, 46, 47, 48, 50, 51 ва 53 воридкардашуда масъалаҳои вобаста ба ташкили фаъолияти судҳои иқтисодӣ, таъминоти моддиву техникии онҳо, пешниҳоди номзадҳо ба вазифаи судяҳои суди иқтисодӣ тағйир дода, салоҳиятҳои раиси Суди Олии иқтисодӣ бо дарназардошти ислоҳоти сохтории мақомоти судӣ мушаххасу пурра карда шудааст.

Дар баробари ин, дар моддаи 107 қонуни конститутсионии амалкунанда муқаррарот дар хусуси таъсиси Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз –судяҳо қабул гардидааст, ки ин комиссия дар асоси Низомнома фаъолият карда, имтиҳони тахассусии номзадҳои бори аввал барои таъин намудан ба вазифаи судя пешбаришаванда ва коромӯз – судяҳоро амалӣ менамояд.

Ҳамчунин, ба як қатор моддаҳои дигари қонуни конститутсионӣ вобаста ба ислоҳоти сохтории мақомоти судӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки характери мутобиқкунонӣ дошта, онҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, такмили сохтори он, тибқи талаботи Конститутсия муқаррар кардани тартиби нави интихоб ва таъини судяҳо, тақвияти тартиби баланд бардоштани дараҷаи тахассусии судяҳо, ташкили бонизоми фаъолияти мақомоти судӣ ва тарзи ҳалли дигар масъалаҳои хеле ҷиддие, ки дар раванди амалисозии ислоҳоти конститутсионӣ ба миён омадаанд, равона карда шудааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС: Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кумитаи мо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Кодекси мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 июни  соли 2016 қабул намудааст.

Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 бармеояд, аз ҷониби гурӯҳи кории бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисдодашуда таҳия гардидааст.

Кодекси мазкур аз 6 фасл, 41 боб ва 366 модда иборат буда, дар он мафҳумҳо ва муқаррароти нав, ҳуқуқу уҳдадориҳои корфармо ва корманд, паҳлуҳои дигари муҳими муносибатҳои меҳнатӣ мушаххас ба танзим дароварда шудааст.

Кодекси зикргардида аз ҳисоби меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, ҳифзи меҳнат, хусусиятҳои хоси танзими меҳнати категорияҳои махсуси кормандон, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, кормандони хонагӣ, хонакорон, кормандони бо корҳои мавсимӣ ва фосилавӣ машғулбуда, танзими муносибатҳои меҳнатии кормандони бо усули вахтавӣ фаъолиятдошта, ҳайати техникӣ ва хизматрасонии мақомоти давлатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатии роҳбар ва аъзои мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ ва кормандони ба кор таъин (интихоб) намудаи соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ, шахси аз ҷониби он ваколатдоркардашуда (мақомот) ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ва танзими муносибатҳои меҳнатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, хизматчиёни давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дипломатӣ, инчунин дигар кормандони ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ пурра карда шудааст.

Ҳамзамон, кодекси нав такмил ёфта, дар он мафҳумҳои асосӣ вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ сода ва оммафаҳм гардонида шудааст.

Кодекси мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ гардонида шуда, муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ба онҳо алоқамандро танзим менамояд ва ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту идораҳо, соҳибкорон ва дигар субъектони муносибатҳои меҳнатӣ, фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқӣ, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, самаранок гардонидани истеҳсолот, баландбардории таъминоти моддӣ ва некуаҳволии инсон, муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ба ҳар як шахс нигаронида шудааст.

Дар кодекси нав таҷрибаи қонунгузории кишварҳои пешрафта истифода гардида, муносибатҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ ба эътибор гирифта, чораҳо оид ба амалигардонии муқаррароти Конститутсияи ҷумҳурӣ ҷиҳати бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон андешида шудааст.

Кодекси мазкур мафҳумҳои кормандон ва корфармоёнро ҳамоҳанг намуда, ба пешрафти иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат, инчунин таъмини бехатарӣ ва боло бурдани сатҳи иҷтимоии мардуми кишвар мусоидат менамояд. Ғайр аз ин, дар кодекси нав паҳлуҳои ҷавобгарии  корфармо ва корманд дар сатҳи зарурӣ муайян, дараҷа ва меъёрҳои он муқаррар, уҳдадориҳо мушаххас шудаанд. Инчунин, дар кодекс барои кормандони соҳаи тиҷорат, яъне соҳибкорони инфиродӣ, ки дар маҷмӯъ аксарияти соҳибмулкон, сокинони кишвар ба ин намуди фаъолият машғуланд, меъёрҳои нав пешниҳод намуда, мавқеи онҳо ҳамчун субъектони қонунгузории меҳнат пурра дарҷ карда шудааст.

Меъёрҳо, инчунин дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ дар сатҳи аввали ҳимоя, яъне тавассути мақомоти иттифоқҳои касаба назорат ва бартариро пешбинӣ намудааст, ки ин ҳам ёрӣ ба шаҳрвандон ва худи ин мақомот аст.

Кодекси мазкур бехатарии техникӣ, роҳҳои беҳдошти саломатии кормандон, кумаки ҳаматарафаи корфарморо дар ҳолати ба садама гирифтор шудани корманд зикр намудааст.

Ҳамин тариқ, мақсади асосӣ аз қабули кодекси нав ҳимояи иҷтимоӣ — ҳуқуқии кормандон, таъмини шароити мусоид барои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои корфармо, кормандон, корфармо ва давлат дар самти муносибатҳои иҷтимоӣ – меҳнатӣ мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки Кодекси пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кумитаи мо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби собиқ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Раҳмонова пешниҳод ва 13 майи соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардидааст.

Мақсад аз қабули ин қонун мутобиқгардонии меъёрҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти  одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният», таъмини риояи талаботи  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад.

Бо ҳамин мақсад ба қисмҳои 2 моддаҳои 24, 26, моддаи 96, қисми 1 моддаи 97, қисми 2 моддаи 98, ном ва қисми 1 моддаи 101, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 125, диспозитсияи қисми 2 моддаи 129 ва диспозитсияи қисми 2 моддаи 145, ном ва диспозитсияи моддаҳои 274 ва 296 қисми 1, диспозитсияи моддаи 397, номи моддаи 402, ном ва диспозитсияи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 403, номи моддаи 404, ном ва диспозитсияи моддаи 405-и  Кодекси ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки тибқи онҳо мутобиқан калимаи «тибиӣ» ба калимаи «тибии», калимаи  «аввали» ба рақами «1», калимаҳои «бемориҳои сил» ба калимаҳои «бемории сил», калимаҳои «инфекцияи ВИЧ» ва «сирояти инфекцияи ВИЧ»  ба калимаҳои «вируси норасоии масунияти одам», калимаҳои «тиҷоратӣ» ва «тиҷорат» мувофиқан ба калимаҳои «савдои» ва «савдо», калимаҳои «байналхалқӣ», «байналхалқии» ва «наҷодӣ» мувофиқан ба калимаҳои «байналмилалӣ» «байналмилалии» ва «нажодӣ» иваз ва пас аз калимаҳои «судяҳои ҳакамӣ» ва «судяи ҳакамӣ» мувофиқан  калимаҳои « ё арбитрҳои арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ва «ё арбитри арбитражи байналмилали тиҷоратӣ» илова карда шудаанд, ки онҳо дар маҷмӯъ, хусусияти мутобиқгардонӣ ва таҳририву имлоӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад. Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

ЛОИҚЗОДА  Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кумитаи мо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни  соли 2016 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намудани ду моддаи нав — моддаи 212 (1) «Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, рақами қалбакӣ ва ё тайёр кардани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт» ва моддаи  212 (2) «Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад», ҷанбаҳои пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, баланд бардоштани интизоми ронандагони воситаҳои нақлиёт ва риоя намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад.

Дар навбати худ, моддаи 212(1) аз ду қисм ва моддаи 212(2) аз як қисм иборат мебошад ва нисбат ба моддаҳои 313 ва 337 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар вазнин будани таркибашон, бартарият дошта, метавонад ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар идора намудани  воситаҳои нақлиёти рақамҳои қайди давлатиашон бегона, рақами қалбакӣ ва тайёр намудани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт, инчунин барои пешгирии идора намудани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад ва ба тартиботу амнияти ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд, мусоидат намояд.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад.

Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кумитаи мо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи собиқ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Шарипов  пешниҳод гардидааст ва 13 майи соли 2016 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул намудааст.

Мақсад аз қабули ин қонун мутобиқгардонии меъёрҳои алоҳидаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи маориф» мебошад.

Дар робита ба ин ба қисми 3 моддаи 24 кодекси номбурда тағйирот ворид гардидааст, ки тибқи он калимаҳои «шуда, дар ҳолати оштӣ шудани ӯ бо айбдоршаванда қатъ карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 30 Кодекси мазкур.» ба калима ва ҷумлаи «мешавад. Дар сурати оштӣ шудани шахси аз ҷиноят ҷабрдида бо айбдоршаванда ва барқарор намудани товони зарари ба ҷабрдида расонидашуда, пешбурди парванда қатъ карда мешавад.» ва иброз шудааст, ки дар ин ҳолат адолати иҷтимоӣ таъмин мегардад. Қатъ намудани парванда, бинобар бо ҳам оштӣ шудани тарафҳо, нишонаи асосии ин қабил парвандаҳо мебошад, ки зарурати таъқиби ҷиноятӣ аз байн меравад.

Тағйироте,  ки дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 217 ва моддаи 396 ворид шудааст, хусусияти мутобиқгардонӣ ва таҳририву имлоӣ доранд.

Моддаи 228 қисми 2 дар таҳрири нав ифода ёфтааст, ки тибқи меъёрҳои он дар протоколи пурсиш ҳангоми муайян кардани шахсият калимаҳои «рӯз», «моҳ», «сол» илова шудааст, ки хусусияти мутобиқгардонӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кумитаи мо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни  соли 2016 қабул гардидааст.

Қонуни мазкур бо дарназардошти талаботи замони муосир ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин бо  мақсади такмили қонунгузории мурофиавии ҷиноятии кишвар, тақвиятбахшии риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар давраи тафтишоти пешакӣ, таъмини адолати судӣ ва иҷтимоӣ, бартарафсозии мухолифатҳо бо дигар меъёрҳои қонунгузории ҷорӣ, пешгирии аз ҷазои саривақтӣ берун мондани шахсоне, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун рафта ва аз ҳозиршавӣ ба мақомоти таҳқиқ, тафтишот ва судӣ саркашӣ кардаанд, таҳия ва қабул гардидааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси  граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»  аз ҷониби кумитаи мо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 майи соли 2016  қабул намудааст.

Мақсад аз қабули ин қонун мутобиқсозии талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» оид ба бастани шартнома тибқи натиҷаҳои савдо мебошад.

Тавре аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» мушоҳида мешавад, асоси ба имзо расонидани созишномаи шарикӣ танҳо тендер мебошад, аммо тибқи қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон савдо танҳо дар шакли музояда ё озмун гузаронида мешавад, яъне  дар ин меъёр «тендер» пешбинӣ нашуда буд.

Аз ин лиҳоз, тибқи қонуни мазкур, ба қисми 2 моддаи 207, қисми 4 моддаи 479 ва қисмҳои 1, 3 ва 5 моддаи 480 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)  пас аз калимаҳои «мудирон»,  «озмун» ва «озмуни» мувофиқан калимаҳои «тендер» ва «тендери» илова карда шудааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

Раис : - Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

Лоиқзода Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ватанзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Қаландарзода ва Б. Сафаров пешниҳод гардида, 13 майи соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардидааст.

Мақсад аз қабули қонун такмил додани меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва мутобиқгардонии он бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар қонун моддаи 87 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ифода ёфта, доираи ҷавобгарии маъмуриро васеъ гардонидааст.

Тағйироти ба моддаҳои 92 ва 93 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ба  истилоҳҳои истифодашаванда дар қонунгузории соҳавӣ, махсусан, дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дошта, характери мутобиқгардонӣ дорад.

Инчунин, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» аз 1 августи соли 2003 нисбат ба рекламаи номуносиб калимаҳои «ошкоро бардурӯғ» истифода шудааст (моддаи 2), аммо  дар моддаи 536 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ  танҳо барои рекламаи бардурӯғ пешбинӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз, бо мақсади истифодаи якхелаи истилоҳҳо дар қонунгузорӣ ба номи моддаи 536 Кодекси номбурда  калимаи «ошкоро» низ илова карда шудааст.

Ғайр аз ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешбинӣ менамояд, ки номи модда бояд ба матни он мутобиқ бошад. Аз ин лиҳоз, тағйироти дар  матни моддаи 540 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вориднамуда матни онро бо номи модда мутобиқ мегардонад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

Раис: -Масъалаи навбатии рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст.

Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

Лоиқзода Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағийрот ба Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни  соли 2016 қабул намудааст.

Қонуни зикршуда ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунии бо истифода аз воситаҳои нақлиёти рақамҳои қайди давлатиашон бегона ва ё қалбакӣ, инчунин барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт, ки ба тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ таҳдидоваранда мебошанд, қабул гардидааст.

Бо ҳамин мақсад, моддаи 313 Кодекси амалкунанда дар таҳрири нав ифода ёфта, санксияи он пурзӯр ва қисми 2 модда хориҷ карда шудааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст. Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС:  — Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

Лоиқзода Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағийрот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни  соли 2016 қабул намудааст.

Мақсад аз қабули қонуни зикршуда мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба муқаррароти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 таҳти №12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шудааст, иборат мебошад.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида, дар қисми 2 моддаи 99 Кодекси мазкур минбаъд Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонда мешавад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси       миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо» ба ҳисоб меравад.

Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

Лоиқзода Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 27 майи соли 2016 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул намудааст.

Мақсад аз қабули қонуни мазкур иҷрои уҳдадориҳои ба зиммагирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зиддипиёдагард, нобудсозии онҳо ва ба танзим даровардани муносибатҳо вобаста ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо иборат мебошад.

Қонун аз 4 боб ва 17 модда иборат аст. Боби якуми он «Муқаррароти умумӣ» ном дорад, ки аз  3 модда иборат буда,  мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо ва принсипҳои асосии фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳоро дар бар мегирад.

Боби дуюм «Танзими давлатии фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо» ном дошта, аз 4 модда иборат аст. Ин боб салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо, ваколатҳои мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо, ваколатҳои мақомоти дигари давлатӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо, ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳоро дар бар мегирад.

Боби сеюм «Фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо» ном дошта,  аз моддаи 8 то моддаи 15-ро дар бар гирифта, аз аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо, сапёрон, тоза намудани ҳудудҳои хатарнок аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ, огоҳсозӣ аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ, барномаҳои расонидани кумак ба шахсони аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ зарардида, супоридани ҳудудҳои аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ тозашуда, ҳамкории байналмилалӣ ва уҳдадориҳо дар доираи татбиқи шартномаҳои байналмилалии мавҷуда иборат мебошад.

Боби  чоруми  қонун-  «Муқаррароти хотимавӣ» ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди  амал қарор додани  онро нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба танзим медарорад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС:  — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» оғоз мебахшем.

Сухан доир ба ин масъала ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

Лоиқзода Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ватанзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Азизӣ, М. Қаландарзода ва Н. Содиқова пешниҳод гардида, 9 июни соли 2016 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул намудааст.

Мақсад аз қабули қонуни мазкур амалӣ гардонидани дастуру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи сиёсати иҷтимоии давлат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, манфиат ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, васеъ намудани доираи  субъектони муроҷиат ва мутобиқ гардонидани он ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Қонуни мазкур аз муқаддима, 5 боб ва 27 модда иборат буда, паҳлуҳои муҳими муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар бар мегирад.

Чунончӣ, дар боби якуми он — «Муқаррароти умумӣ»,  мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, доираи амали қонуни мазкур, принсипҳое, ки баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба онҳо асос меёбанд, пешбинӣ гардидаанд.

Боби дуюми  он кафолати ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро нисбат ба муроҷиатҳо фаро мегирад.

Дар боби сеюм ҳуқуқу уҳдадориҳо, талабот ба муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,  тартиби қабули шахсӣ ва талабот зимни пешниҳоди муроҷиатҳо муқаррар шудааст.

Боби чоруми қонун тартибу муҳлати пешниҳоди муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, қабул, бақайдгириву баҳисобгирии муроҷиатҳо, фиристонидан аз рӯи тобеият ва моҳиятан баррасӣ намудани онҳоро дар бар мегирад.

Боби панҷум аз «Муқаррароти хотимавӣ» иборат буда, дар он масъалаҳои ҷуброни зарари расонидашуда, назорати риояи баррасии муроҷиатҳо, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ  шудааст.

Дар маҷмӯъ, қонуни нав аз қонуни қаблӣ бо як қатор меъёрҳои нав фарқ мекунад. Аз ҷумла, доираи субъектони муроҷиат васеъ гардида, дар баробари шахсони воқеӣ ба шахсони ҳуқуқӣ  дар сатҳи қонун имконият фароҳам оварда шудааст, ки онҳо ба мақомоту ташкилоти дахлдор, новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ,  муроҷиат намоянд. Дар қонун мафҳумҳои асосӣ такмил дода, мазмуни ариза, таклиф, дархост, шикоят, муроҷиаткунанда, муроҷиатҳои электронӣ, шифоҳӣ, муроҷиат тавассути воситаҳои ахбори омма, муроҷиати такрорӣ, шахсони баррасикунандаи муроҷиат, китоби арзу шикоятҳо шарҳ дода шудаанд. Инчунин, дар қонун нисбат ба шаклҳои муроҷиат талабот пешбинӣ шудааст, ки  риоя нагардидани онҳо оқибатҳои ҳуқуқиро пешбинӣ менамояд. Меъёрҳои мазкур муроҷиаткунандаро ҷиҳати риояи қонунгузорӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон уҳдадор менамояд. Илова бар ин принсипҳо, дар қонун манъ будани маҳдудкунии ҳуқуқ ба муроҷиат, муроҷиатҳо тавассути телефон, тартиби қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии муроҷиатҳо, баррасии муроҷиатҳои алоҳида, асосҳои бе баррасӣ монондани муроҷиатҳо меъёрҳои нав мебошанд.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС:  — Масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба ҳисоб меравад.

Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

Лоиқзода Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи собиқ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Абдураҳмонзода пешниҳод гардида, 13 майи соли 2016 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул намудааст.

Мақсад аз қабули қонун бартараф намудани номутобиқатии дохилии меъёрҳои алоҳида, саҳеҳу оммафаҳм гардонидани меъёрҳои қонуни мазкур бо дарназардошти талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Тибқи қонуни мазкур ба сархатҳо ва қисмҳои 11 моддаи Қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки дар маҷмӯъ, хусусияти мутобиқгардонӣ ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС:  - Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

Лоиқзода Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи рӯзҳои ид» аз ҷониби кумитаи мо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни  соли 2016 қабул намудааст.

Мақсад аз қабули қонун, пеш бурдани сиёсати хориҷӣ, дар ин замина мустаҳкам намудани муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии миёни кишварҳо, барқарор ва барпо намудани муносибатҳои наздик ва қавии байналмилалӣ, ҳамзамон, дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон мебошад.

29 сентябр ҳамчун «Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ»-и кишвар ба он сабаб интихоб шудааст, ки маҳз 29 сентябри соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол нахустин маротиба дар арсаи ҷаҳонӣ дар Иҷлосияи 48-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шудааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958-1960 қабул шудаанд» ба ҳисоб меравад. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

Лоиқзода Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958-1960 қабул шудаанд» аз ҷониби кумитаи мо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни  соли 2016 қабул намудааст.

Қонуни мазкур ҷиҳати инвентаризатсиякунонии санадҳои қонунгузорӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз эътибор соқит донистани санадҳои қонунгузории моҳиятан куҳнашуда қабул гардидааст.

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму иродаи роҳбарияти нави давлати Тоҷикистон дар хусуси барқарор намудани сохтори конститутсионӣ ва эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, таъмини шароити мусоид барои рушди минбаъдаи ҷомеа, зарурати қабули як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста бо тақозои замон ба вуҷуд омад. Дар ин робита санадҳои меъёрии ҳуқуқии даврони Иттиҳоди Шӯравӣ аллакай эътибори худро гум кардаанд. Асос барои аз эътибор соқит донистани ҳафт санади меъёрии ҳуқуқии даврони Иттиҳоди Шӯравӣ  ҳамин аст.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958-1960 қабул шудаанд» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС:  — Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» оғоз мебахшем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода мешавад.

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ»  бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон О.Сафаров, М.Сабурзода, З.Исмоилзода ва Г.Турсунова пешниҳод гардидааст, ки онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 майи соли 2016 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додан, мукаммал гардонидан ва мутобиқ намудани қонуни амалкунанда бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бартараф сохтани мухолифати дохилии меъёрҳои мушаххаси қонун, истифодаи мафҳум ва истилоҳу ибораҳои якхелаи қонунгузорӣ қабул гардидааст. Аз ҷумла, дар моддаи 1- уми қонуни амалкунанда, ки мафҳумҳои асосиро дар бар мегирад, сархати нави бисту якум- «барӯйхатгирии заминҳо» ва сархати бисту дуюм -«экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ» илова карда шудааст.

Инчунин, бо мақсади такмил додан ва мутобиқ намудани қонуни амалкунанда бо Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сархати 10 ва қисми 2 моддаи 5 — уми қонуни амалкунанда тағйиру илова ворид карда шудааст.

Бинобар сабаби дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин» танзим гардидани масъалаи ташкили фонди махсуси замин, масъалаи мазкур аз қисми 3 моддаи 21 қонуни амалкунанда хориҷ карда шудааст. Инчунин, ба қонуни амалкунанда моддаи нави 331 илова шудааст, ки  мутобиқи он минбаъд экспертизаи техникии ҳуҷҷатҳои заминсозӣ барои ҳалли масъалаҳои баҳснок ҳамчун ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ асос шуда метавонад.

Бо дарназардошти тағйиру иловаҳои воридгардида дар матни қонуни амалкунанда калимаҳои «Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ» мувофиқан ба калимаҳои «Мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин» ва «Мақоми ваколатдории батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин» иваз карда шудааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС:  - Масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» ба ҳисоб меравад.  Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода мешавад.

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ахмедов, Б.Авзалшоева, Б.Садриддинов ва А.Қобилов пешниҳод шудааст, ки онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 майи соли 2016 қабул намудааст.

Мақсад аз қабули қонуни мазкур дар қонуни амалкунанда инъикос намудани заминаи ҳуқуқии усулҳои ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар асоси риояи принсипҳои ҳифзи муҳити зист ва мутобиқгардонии он ба қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тибқи қонуни мазкур ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла, ба моддаи 1- уми қонуни амалкунанда сархатҳои нави чорум, панҷум, нуҳум ва даҳум илова карда шудааст, ки асосан масъалаҳои ҷорӣ намудани низоми агроэкологӣ, технологияҳои экологию биологии парвариши растаниҳо, самтҳои амалигардонии таҳқиқоти илмӣ ва барқароркунии ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзиро дар бар мегиранд.

Инчунин, сархати якуми  моддаи 4 — уми қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки ин тағйирот ба гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ, агрокимиёвӣ ва агроэкологӣ бо мақсади муайян намудани имкониятҳои истифодаи устувори замин барои истеҳсолоти кишоварзӣ ва нигоҳдории низоми доимии экологӣ равона карда шудааст.

Ҳамчунин, ба моддаи 8- уми қонуни амалкунанда қисми нави дуюм илова шудааст, ки он идоракунии давлатиро дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, новобаста ба вазъи воқеии истифодабарии замин, дар бар мегирад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС:  — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» оғоз мебахшем. Сухан ба муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода мешавад.

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Латифзода, О.Сафаров, Б.Авзалшоева ва З.Исмоилзода пешниҳод шудааст, ки онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  17 июни соли 2016 қабул намудааст.

Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани он ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  «Дар бораи силоҳ», инчунин  мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии муносибат ва густариши фаъолияти соҳаи обуҳавошиносӣ мебошад.

Барои дақиқ гардонидани мафҳумҳо, мутобиқ намудани қонуни мазкур ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 1, 6 ва 7- уми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.

Ҳамзамон, бо мақсади таъмини амният ва ҳимояи кормандони соҳаи обуҳавошиносӣ ҳангоми иҷрои ваколатҳои хизматӣ ба сархати сеюми моддаи 101- уми  қонуни амалкунанда калимаҳои «силоҳи ғайринизомии худмуҳофизатӣ» илова карда шудааст.

Ҳамчунин, ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ба  қонуни амалкунанда боби 51 бо мазмуни «Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обуҳавошиносӣ» илова гардидааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» оғоз мебахшем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад.

Раҳимӣ Фарҳод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст ва онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 майи соли 2016 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Мақсади ворид намудани илова ба қонуни мазкур, пеш аз ҳама, такмили қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иборат мебошад.

Бо ин мақсад, ба сархати дувоздаҳуми моддаи 32 ва сархати бисту чоруми моддаи 33 пас аз калимаҳои «муассисаҳои таълимии таҳсилоти» калимаҳои «миёна ва» илова шудааст, ки минбаъд, тибқи ин иловаҳо имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар баробари муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ  тавассути Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда мешавад.

Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қонуни номбурдаро ҷонибдорӣ  намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС:  — Масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ба ҳисоб меравад. Сухан оид ба масъалаи мазкур ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад.

Раҳимӣ Фарҳод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»- ро, ки  бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2016 қабул намудааст, баррасӣ намуд.

Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи зарурӣ танзим намудани масъалаи додани имтиёзҳо ба гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандон ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин ба гурӯҳи имтиёздор шомил намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд.

Бо ин мақсад ба моддаи 13- уми қонуни амалкунанда, ки танзимкунандаи муносибатҳо ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва тайёр кардани мутахассисони касбӣ мебошад, қисми 9 дар таҳрири нав ифода гардид ва тибқи он, минбаъд ба ятимон, бепарасторон, маъюбони гурӯҳҳои I ва II, кӯдакони маъюб ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардаанд, ҳангоми бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ имтиёз дода мешавад.

Инчунин, ба моддаи мазкур қисми 10 илова карда шудааст ва тибқи муқаррароти пешниҳодшуда, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбие, ки ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шомил нестанд, қабули довталабони дар қисми 9 ҳамин модда номбаршударо, тибқи қоидаҳои умумии қабули донишҷӯён, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар менамояд, ба роҳ мемонанд.

Қонуни пешниҳодгардида ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ аст. Аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қонуни номбурдаро ҷонибдорӣ  намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани  тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни соли 2016 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқсозии меъёрҳои қонунгузорӣ, бартараф намудани мухолифати байни мафҳумҳои ҳаммаъно қабул гардидааст. Аз ҷумла, дар қисми 4 моддаи 266 Кодекси амалкунанда илова ворид карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд амалиёти молҳое, ки дар натиҷаи коркарди молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиркардашуда ҳосил шудаанд, метавонанд таҳти низомҳои гумрукии иҷозат барои муомилоти содиротӣ, инчунин таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ бо мақсади ҷойгир карданашон дар минтақаи озодӣ иқтисодии дигар ҷойгир карда шаванд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС:  — Масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад. Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни соли 2016 қабул намудааст.

Бо ин мақсад ба моддаи 12 кодекси амалкунанда сархати нави сенздаҳум илова шудааст, ки тибқи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади идоракунии давлатӣ дар соҳаи фаъолияти шаҳрсозӣ, минбаъд қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмониро ба танзим медарорад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС:  — Ба баррасии масъалаи навбатӣ  — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  27 майи соли 2016 қабул намудааст.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти суғуртавиро муқаррар намуда, ба таъмини ҳимояи манфиатҳои молумулкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми рух додани ҳодисаҳои суғуртавӣ равона гардидааст.

Қонун аз 6 боб ва 42 модда иборат буда, боби 1- уми он мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти суғуртавӣ, объекти суғурта ва субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ, шаклҳо, соҳаҳо, гурӯҳҳо ва намудҳои суғурта, кафолатҳои давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ ва иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти суғуртавиро дар бар мегирад.

Дар бобҳои 2 ва 3 иштирокчиёни касбии бозори суғурта, ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), иттиҳодияҳои иштирокчиёни касбӣ, пулҳои суғуртавӣ, ташкилотҳои фаръии ташкилоти суғуртавӣ, маблағ, пардохт ва ҷуброни суғуртавӣ, суғуртаи муштарак, азнавсуғуртакунӣ, суғуртаи ҷамъшаванда, мукофоти суғуртавӣ ва тарифи суғуртавӣ пурра дарҷ гардидааст.

Шартҳои таъмини устувори молиявию иқтисодӣ ва пардохтпазирии ташкилотҳои суғуртавӣ, захираҳои суғуртавӣ, интиқоли портфели суғуртавӣ, баҳисобгирӣ ва ҳисобот, назорати дохилӣ, аудити дохилӣ, аудити ҳатмӣ ва нашри ҳисоботи муҳосибии (молиявии) солонаи ташкилоти суғуртавӣ дар боби 4 инъикос ёфтааст.

Бобҳои 5 ва 6 вазифаҳои танзими давлатии фаъолияти суғуртавӣ, назорати давлатии фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори суғурта, пешгирии фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати носолим дар бозори суғуртавӣ, мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавӣ, талаботи тахассусӣ, андозбандии фаъолияти суғуртавӣ, баррасии баҳсҳо, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро ба танзим медароранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС:  — Масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ба ҳисоб меравад. Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  1 июни соли 2016 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади сода гардонидани расмиёти тасдиқи аслияти ҳуҷҷатҳо ва баромадани Тоҷикистон ба сатҳи байналмилалӣ оид ба эътирофи ҳуҷҷатҳои хориҷӣ қабул гардида, аз ду модда иборат мебошад.

Тибқи моддаи 1- ум ба қисми 1 моддаи 5 қонуни амалкунанда илова ворид карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ ба қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ба қисми даромадҳои буҷети дахлдор (ноҳиявӣ ё шаҳрӣ) бевосита пардохт карда мешаванд, ба истиснои пардохтҳои ҳатмие, ки ба маблағҳои махсуси мақомоти ваколатдор барои гузаронидани апостил ва мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи ҳифзи муҳити зист равона карда мешаванд.

Инчунин, ба моддаи 5 сархати нави якум илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи гузоштани апостил ва барои нигоҳдошти фаъолияти апостилгузорӣ ба танзим дароварда мешавад.

Моддаи 2 мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро муқаррар менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС:  — Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 июни соли 2016 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади ҳимояи манфиатҳои шарикони хусусӣ, ки лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва хизматрасонии иҷтимоиро дар асоси созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ менамоянд, қабул гардидааст.

Аз ҷумла, ба моддаи 9-уми қонуни амалкунанда қисми нави чорум илова шудааст, ки мутобиқи он минбаъд объектҳои пешбининамудаи моддаи 8 ва қисми дуюми моддаи мазкур, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ба  шарикии давлат ва бахши хусусӣ дода шудаанд, дар давраи амали созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ хусусӣ гардонида намешаванд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» мебошад. Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ М. Имомзода, М. Раҷабзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Д. Исматуллоев ва Ҳ. Холиқов пешниҳод гардидааст, ки онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2016 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади бартараф намудани норасоиву камбудиҳои ҷойдошта, зарурати истифодаи мафҳум ва истилоҳу ибораҳои якхелаи ҳуқуқӣ, бо дарназардошти техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, мантиқӣ ва мутобиқати дохилии қонуни амалкунанда қабул гардидааст.

Мутобиқи қонуни мазкур ба қонуни амалкунанда як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла, бо мақсади мутобиқгардонӣ ба моддаҳои 4, 5, 6, 7, 8 то 24 тағйирот ворид карда, моддаҳои 2 ва 3- юми қонуни амалкунанда пурра дар таҳрири нав ифода шудааст.

Ба моддаи 4 қисми нави сеюм илова шудааст, ки мутобиқи он қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маҳдуд ё манъ будани гардиши озоди молу мулк, аз ҷумла тартиби махсуси гардиши молу мулкро муайян менамояд.

Ба сархати якуми қисми якум баъд аз калимаи «медиҳад» аломати нуқта гузошта, ҷумлаи дуюм илова шудааст, ки мутобиқи он минбаъд ташкилотҳои тиҷоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисиашон метавонанд ширкатҳои лизингиеро таъсис диҳанд, ки танҳо функсияи лизингдеҳро иҷро менамоянд. Ҳамчунин, ба дигар моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев баррасии ин масъала мавқуф гузошта шуд.

Дар ин бора Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС:  — Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» шурӯъ менамоем. Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ М. Имомзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Г. Бобоева пешниҳод гардидааст, ки онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июни соли 2016 қабул на-мудааст.

Қонун бо мақсади такмил додан, мукаммал гардонидан ва мутобиқ намудани қонуни амалкунанда бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардидааст.

Аз ҷумла, дар қисми 5 моддаи 7 қонуни амалкунанда тағйирот ворид карда шудааст, ки мутобиқи он соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ метавонанд бо шарт ва тартиби барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида иҷозатнома гиранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад.

Бо мақсади мутобиқ намудани қонуни амалкунанда бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» сархати сию сеюми моддаи 17 дар таҳрири нав ифода карда шудааст.

Ғайр аз ин, ба моддаи 181 қисми нави 3 илова шудааст, ки мутобиқи он минбаъд иҷозатномаҳои дар дигар давлатҳо гирифташуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқ (легализатсия) карда шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» ба ҳисоб меравад. Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис,   муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон Раҷабов Сафаралӣ ва Назирӣ Гулбаҳор пешниҳод гардидааст, ки онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 июни соли 2016 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади такмилдиҳии раванди идоракунии самараноки молияи давлатӣ, мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки тибқи он ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру илова ворид карда шудааст.

Аз ҷумла, номи қонун «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» ва  муқаддимаи он низ дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки мутобиқи он муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар раванди ташаккулёбӣ, банақшагирӣ, гузаронидани аудити дохилӣ ва таҳияи ҳисоботи аудиторӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ ба вуҷуд меоянд, ба танзим дароварда мешаванд.

Инчунин, ба моддаи 1- уми қонуни амалкунанда, ки мафҳумҳои асосиро дар бар мегиранд, сархатҳои нави чорум ва шашум «мақсади супориши аудиторӣ», «ташкилотҳои бахши давлатӣ» илова шудааст.

Бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои дохилии қонуни амалкунанда ва бартараф намудани норасоиҳои ҷойдошта номи боби 3, номи моддаҳои 8, 9 ва 10 матнҳои моддаҳои 4, қисми 4 моддаи 7, қисми 1 моддаи 8, қисми 3 моддаи 11, қисми 2 моддаи 13 ва ҷиҳати аниқ намудани уҳдадориҳои роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ дар соҳаи аудити дохилӣ матни моддаи 10 дар таҳрири нав ифода шудааст.

Ҳамчунин, ба дигар моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид шудааст, ки характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд. Аз ҷумла, дар матни қонуни амалкунанда калимаҳои «супориши аудитӣ» ба калимаҳои «супориши аудиторӣ», калимаҳои «маърӯза», «гузориш» ба калимаи «ҳисобот», калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдор» ва калимаҳои «маблағҳои давлатӣ» ба калимаҳои «маблағҳои буҷетӣ» иваз карда шуданд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ – Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният» ба ҳисоб меравад.

Бо иҷозати шумо мутобиқи моддаҳои 24 ва 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 14 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалиро барои интихоб намудан ба вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният пешниҳод менамоям ва боварӣ дорам, ки қобили дастгирист.

Дигар фикрҳо набошанд, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, оид ба масъалаи зикргардида лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният»- ро, ки  ба шумо пешниҳод гардидааст, ба овоз монда,  хоҳиш менамоям, мавқеи хешро муайян созед.

Қарор якдилона қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Расулзода Н. Ғ.» оғоз мебахшем.

Сухан оид ба ин масъала ба Ёрдамчии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи  ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Маҷлиси миллӣ  ва  Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 15 июни соли соли 2016 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Расулзода Нуриддин Ғафорро барои интихоб намудани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям.

Расулзода Нуриддин Ғафор 6 июли соли 1966 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, зиёда аз 20 сол собиқаи кории касбӣ ва дараҷаи олии тахассусӣ мебошад. Аз соли 1995 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур, Синои шаҳри Душанбе, судяи Суди Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва муовини якуми раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Номзадии Расулзода Нуриддин Ғафор ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат  мекунад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Расулзода Нуриддин Ғафор» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Пӯлодӣ М. К.» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 15 июни соли 2016 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат менамояд:

-Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Пӯлодӣ Мавҷуда Комилро барои интихоб намудани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям.

Пӯлодӣ Мавҷуда Комил 7 августи соли 1967 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Дорои таҳсилоти олии  ҳуқуқшиносӣ ва зиёда аз 16 сол собиқаи кории касбӣ мебошад.

Аз соли 2000 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судяи суди шаҳрҳои Гулистон, Хуҷанд, вилояти Суғд ва муовини раис- котиби Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Номзадии Пӯлодӣ Мавҷуда Комил ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Пӯлодӣ М. К.» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ– Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкамов Қ.» оғоз мебахшем.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкамов Қ.» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС:- Масъалаи ниҳоӣ – Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният хориҷ намудани Маҳкамов Қ.» ба шумор меравад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният хориҷ намудани Маҳкамов Қ.» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС: -Раиси котибот гуфтание доред? Нест?

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасӣ шуда, ҳаллу фасли ниҳоии худро ёфтанд. Доир ба тартиби бурдани иҷлосия, баррасӣ намудани масъалаҳо таклифу эродҳо ҳастанд? Ба раисони кумитаҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ барои иштироки фаъолона дар кори иҷлосия ташаккур мегӯям!

Бо ҳамин Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ