Дар бораи Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

№107 (3092) 27.08.2013

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки  29 августи соли 2013 соати 1500 баргузор мегардад, баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ва дигар масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар назар дошта шудааст.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 28 августи соли 2013 аз соати 800 то соати 1700 ва рӯзи 29 августи соли 2013 аз соати 700 то соати 1430 дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи  сеюм, утоқи кории шуъбаи ташкилӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Телефонҳо: 221-98-35, 227-18-98.