Гурӯҳҳои салоҳиятноки корӣ таъсис дода мешаванд

№96 (3242) 15.08.2014

Кабул

Ҳаштуми августи соли 2014 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев  муовини якуми раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои сиёсати аграрию озуқаворӣ ва табиатистифодабарӣ Сергей Лисовскийро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овардааст, бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо пазироии самимӣ ҷараён ва таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи Тоҷикистону Федератсияи Россияро мувофиқ ба тафоҳумоти мавҷудаи роҳбарияти олии кишварҳо дар соҳаҳои гуногун, алалхусус байнипарламентӣ нек арзёбӣ карда, зарурати тақвияти робитаҳои байнипарламентиро чун амри воқеӣ таконбахши муносибатҳо номид.

Аз ҷумла ҷонибҳо баҳри густариши робитаҳои байнипарламентӣ ва тавассути он таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии давлатҳо тибқи пешниҳоди Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дар доираи Форуми байнипарламентии «Тоҷикистону Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ», ки ҳафтаи охири моҳи октябри соли 2014 дар шаҳр ва вилояти Москваи Федератсияи Россия баргузор мегардад,  баррасӣ кардани масъалаи афзудани истеҳсол, коркард ва интиқоли меваю сабзавоти истеҳсоли Тоҷикистонро дар бозори истеъмолии Федератсияи Россия мувофиқ ба мақсад шумориданд.

Таъкид гардид, ки баҳри дастгирии истеҳсолкунандагони Тоҷикистон ва истеъмолкунандагони Федератсияи Россия ҷониби Москва омодааст технологияҳои муосири истеҳсол ва барои содирот омода кардани меваю сабзавотро ворид карда, бо ташкили марказҳои логистикӣ теъдоди фармоишҳоро бо дарназардошти дурнамои маблағгузорӣ ва ҳамкориҳо ҷиҳати харидории анвои маҳсулоти кишоварзӣ барои молистеҳсолкунандагони Тоҷикистон дақиқ намояд.

Гузашта аз ин, зикр гардид, ки баҳри дастгирии молистеҳсолкунандагони Тоҷикистон дар минтақаҳои алоҳидаи Федератсияи Россия низ марказҳои логистикӣ таъсис дода мешаванд.

Ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳои созанда ва мутақобилан судманд тарафҳо ба қароре омаданд, ки гурӯҳҳои салоҳиятноки кории ҷонибҳо оид ба баррасии ин масъала таъсис дода, механизми татбиқи он бобати истифодаи неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар доираи Форуми дарпешистода ва сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев  ба Федератсияи Россия мушаххас карда шавад.

Ш.САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир А. ИСОЕВ