Робитаҳои байнипарлумонӣ

Густариши ҳамкориҳо ба манфиати ҳар ду давлатанд

№135 (3120) 24.10.2013

Бисту дуюми октябри соли 2013 мулоқоти раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Мамадшо Илолов бо  Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Литва дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Рокас Бернотас доир гардид.

IMG_9643

 Дар суҳбати дӯстона ва самимӣ ба робитаҳои ҳасана ва судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Литва таваҷҷуҳи бештар дода шуд.

Ҷаноби Рокас Бернотас дар суҳбат гуфт, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан шинос аст ва нисбати ин сарзамин ва мардуми хайрхоҳу меҳмоннавози он эҳтироми хоса дорад.

Ҷумҳурии Литва хостори густариш ва тақвияти бештар бо кишварҳои дуру наздик мебошад. Имконияти зиёде мавҷуданд, ки робитаҳои ҳар ду давлат дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ  манфиати бештаре оваранд.

Аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ метавон ҳамкориҳоро роҳандозӣ намуд. Ӯ изҳори боварӣ кард, ки минбаъд ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Литва бо истифода аз шароит ва имконоти мавҷуда рушд хоҳанд намуд. Дар ин самт ба мавқеъ ва мақоми  парламентҳои ҳар ду кишвар баҳои мусбӣ дод.

Мамадшо Илолов меҳмонро бо фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос карда, аз ҷумла зикр намуд, ки ба мақсади густариши ҳамкорию робитаҳои дуҷониба миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сейми Ҷумҳурии Литва гурӯҳи дӯстӣ таъсис  шудааст. Ба ин васила мубодилаи ҳайатҳои парламентҳо дар самтҳои гуногун, ки доираи васеи фаъолиятро фаро мегиранд, ба роҳ монда шудаанд. Мулоқоту суҳбатҳо дар таҳкими ҳамкориҳои судманд дар раванди робитаҳои байнипарламентӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Дар анҷоми суҳбат изҳори боварӣ карда шуд, ки ривоҷи минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак ба манфиати ҳар ду давлат хоҳад буд.

А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»