Қадршиносии Амиршо Миралиев аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх

№55 (3201) 28.05.2014

DSC_0403й

Бисту шашуми майи соли ҷорӣ муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Амиршо Миралиев бо муовини Президенти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх хонум Кристин  Бирли ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуд.

Тақвияти ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагон ва вазорату  идораҳои дахлдори  мамлакат бо ин созмони  бонуфуз ва мададрасони байналмилалӣ ва мусоидати парлумони кишвар барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри густариши равобити кумитаи мазкур бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари вохӯрии фавқуззикр қарор доштанд.

Амиршо Миралиев аз фаъолиятҳои густурдаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда,  ҳамзамон таъкид кард, ки ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  мавқеи худро дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиши ҳолат ва вазъи зиндагии аҳолӣ ва расонидани кумак ба сокинони минтақаҳои мазкур устувор  намудааст.

Мавсуф дар идома бори дигар аз зарурати таҳкими муносибот миёни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ёдовар шуда, минҷумла афзуд: «Тоҷикистон омодаи тақвияти  ҳар чӣ бештари ҳамкорӣ бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ мебошад. Дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои таҳкими ин муносибот тамоми имконот мавҷуд буда, заминаи ҳуқуқӣ ва қонунии чунин ҳамкориҳо  аз ҷониби  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам шудааст.

Парламенти касбии мамлакат дар оянда  низ барнома  ва тарҳҳои  Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистонро  ҷонибдорӣ  карда, барои амалӣ шудани онҳо фазои ҳуқуқиро фароҳам хоҳад овард».

Дар суҳбат ҳамчунин масоили вобаста ба вазъи  сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии  Афғонистон,  раванди иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии  Тоҷикистон», «Дар бораи истифода ва ҳифзи нишон ва номи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» , «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

-Амиршо Миралиев ҳамчунин ба хонум Кристин Бирли барои дастгирии ҳамаҷонибаи барномаҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, аз қабили «Қонун, принсипҳои бунёдӣ ва коммуникатсия», «Огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо», Консепсияи «Дастрасии бехатар» тавассути барномаҳои «Кумаки башардӯстона ва тиббӣ ба зарардидагони низоъҳои мусаллаҳона» ва «Барқароркунии муносибатҳои оилавӣ», ки тайи чанд соли охир аз ҷониби миссияи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дастгирӣ меёбанд, миннатдорӣ намуд.

Амиршо Миралиев пешниҳод намуд, ки барномаҳои фоидаовар дар бахшҳои минтақавӣ бо мақсади рушди бахшҳои ноҳиявӣ ва ташкилотҳои ибтидоии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, роҳандозии ҳамкориҳо бо дигар ташкилотҳои байналмилалӣ, таҳия ва татбиқи барномаҳои нав, бо дарназардошти талаботи замон, аз ҷумла барномаҳои омӯзишӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, тарғиби башардӯстӣ аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дастгирӣ шавад.

Муовини Президенти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх хонум Кристин  Бирли аз сатҳи ҳамкориҳои кумитаи  мазкур бо  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қаноатмандӣ  намуда, хотирнишон  сохт, ки ҳанӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх тамоми имконот  мавриди истифода қарор нагирифтаанд ва мо умедвор ҳастем, ки  мулоқоти мазкур  ин равандро густариш хоҳад бахшид. Номбурда таъкид кард, ки аз тамоми имконот  ва  шароити  мавҷудаи  тақвияти ҳамкориҳо  бо Ҷумҳурии  Тоҷикистон  истифода хоҳад кард.

Бино ба гуфти мавсуф, Кумитаи  Байналмилалии  Салиби Сурх, аз ҷумла  ниҳоди минтақавии он, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон назари хос ва нек дошта, барои густариши муносибот ҳавасманд аст. Хонум Кристин Бирли изҳор дошт, ки ҳамкориҳои мо бо вазорату  идораҳо ва дигар сохторҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла  вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таври муназзам густариш ёфта истодааст.

Номбурда ҳамчунин таъкид намуд, ки солҳои охир аз ҷониби Кумитаи  Байналмилалии  Салиби Сурх дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми ниёзманд, аз ҷумла онҳое, ки аз таркиши минаҳо осеб дидаанд, барномаҳои гуногун амалӣ шудаанд.

Муовини президенти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх барои пуштибонӣ аз намояндагии Дафтари Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурхи Афғонистон, ки аз моҳи сентябри соли 2013 бо мусоидати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе кӯчонида шуд, ба Амиршо Миралиев изҳори сипос намуд.

Ҳар ду ҷониб аз натиҷаҳои мулоқот ибрози қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки баргузории чунин вохӯриву мулоқотҳо омили асосии густариш пайдо кардани ҳамкориҳо  миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Байналмилалии Салиби  Сурх ба шумор меравад.

Дар анҷоми мулоқот  муовини Президенти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх хонум Кристин  Бирли ба Амиршо Миралиев барои мусоидат дар густариши муносибатҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх «Ифтихорнома»-и Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурхро супурд.  Зикр гардид, ки дар Осиёи Марказӣ Амиршо Миралиев аввалин нафарест, ки  бо ин «Ифтихорнома» қадршиносӣ шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин сарвари минтақавии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Осиёи Марказӣ Жаки-Люк Виетта, роҳбари ҳайати созмони мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андре Паке, сардори департамент оид ба масоили ҳуқуқӣ ва сиёсати иттилоотии ҳайати минтақавии созмони байналмилалии мазкур дар Осиёи Марказӣ Пер-Эмануэл Дюкруэ ва Зафар Муҳаббатов — Дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон иштирок намуданд.

Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон