Қарори Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ

№151 (3136) 30.11.2013

дар сатҳи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи «Барномаи давлатии барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 таҳти №408 тасдиқ шудааст

 Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ дар сатҳи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин масъаларо вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба татбиқи Барномаи давлатии барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 таҳти №408 тасдиқ шудааст, баррасӣ намуда, қарор мекунад: 

1. Гузориши узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин  Ҳақдодов М.М. «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи «Барномаи давлатии барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016» ба маълумот гирифта шавад.

2. Ахбори директори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Маҳмад Табарович «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Барномаи давлатии барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 таҳти №408 тасдиқ гардидааст, ба маълумот гирифта шавад.

3. Тавсияҳои ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ, бо дарназардошти   пешниҳодҳои воридгардида, қабул карда шаванд (замима мегардад).

4. Гузориш ва тавсияҳои ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ ба вазорату кумитаҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои баррасӣ ва чораҷӯйӣ ирсол карда шаванд.

5. Назорати иҷрои қарори муҳокимаи парламентӣ ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин гузошта шавад.

6. Гузориш ва тавсияҳои ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ барои нашр дар рӯзномаи «Садои мардум» пешниҳод карда шавад.

Раисикунандаи ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин                                                                                                                            Саиди ЁҚУБЗОД

ш.Душанбе, 25 ноябри соли 2013 №13

 

 

Замима ба қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ аз 25 ноябри соли 2013 таҳти №13

ТАВСИЯҲОИ

 Муҳокимаи парламентӣ дар сатҳи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи «Барномаи давлатии барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 таҳти №408 тасдиқ шудааст

Муҳокимаи парламентӣ дар сатҳи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъаларо вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи «Барномаи давлатии барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016» баррасӣ намуда, тавсияҳои зеринро қабул менамояд:

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар рафти иҷрои Буҷети давлатӣ барои маблағгузории «Барномаи давлатии барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016» дар Буҷети давлатӣ барои солҳои 2013-2016 чораҳои зарурӣ андешад;

- музди меҳнати коргарони Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷдиди назар намояд.

2. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-якҷоя бо Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ сабабҳои иҷро нашудани бандҳои «Барномаи давлатии барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016», бахусус нақшаи чорабиниҳоро оиди иҷрои боби 2-и он мавриди таҳлили амиқ қарор дода, ҷиҳати таҷдиди назар намудани он ҳангоми таҳияи Буҷети давлатӣ барои солҳои 2014-2016 чораҳои зарурӣ андешад.

3. Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳамаи имкониятҳои мавҷударо барои иҷрои «Барномаи давлатии барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016» равона карда, ҷиҳати мақсаднок, босамару самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ ва бартараф намудани камбудиҳои аз тарафи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкоргардида чораҳои бетаъхир андешад;

- маблағҳои ғайрибуҷетие, ки барои иҷрои Барнома аз сарчашмаҳои гуногун ҷалб карда мешаванд, вобаста ба нақшаи пешбинигардида ба бандҳои дахлдор истифода бурда, ҳуҷҷат ва маводҳои хароҷотии тасдиқкунандаи муҳосибиро таъмин намояд;

- шаффофияти озмунҳои аз тарафи Муассиса гузаронидашаванда ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ таъмин карда шуда, шаҳрвандонеро, ки дониши арзанда доранд ва забонҳои хориҷиро медонанд, барои таҳсил сафарбар намояд.