Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Баррасӣ ва қабули қонуни мукаммал дар бораи адабиёти таълимӣ

№43 (3189) 28.04.2014

(Идома аз шумораи гузашта)

Имрӯз вақти он расидааст, ки тамоми адабиёти таълимӣ, ки дар ҳама зинаҳои таҳсилот истифода мешавад, аз ҷониби муаллифон, олимону донишмандон бознигарӣ ва тибқи талаботи стандартҳои нави давлатии таълимӣ ва фаннӣ навишта, ба табъ расонида шавад.

Гурӯҳи корӣ лоиҳаи қонунро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, онро, бо дарназардошти хулоса ва таклифу пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмил дод, яъне моддаҳои алоҳидаи лоиҳаи қонун хориҷ ва ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, ба лоиҳаи қонуни мазкур кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Кумитаи масъул 112 таклифу пешниҳод ирсол намуданд. Вобаста ба таклифҳои мазкур 28 феврали соли 2014 ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар натиҷа, аз 112 таклифу пешниҳоди манзургардида 76- то қабул, 20- то қисман қабул гардид ва 16 пешниҳод мавриди қабул дониста нашуд.

Ҳамчунин аз ҷониби мутахассисони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур мавриди омӯзиш ва баррасии ҳамаҷониба қарор ёфта, расман лоиҳаро дар таҳрири нав ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

Кумитаи масъул лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ»- ро, бо дарназардошти ҳамаи таклифҳои пешниҳодгардида, таҳрир карда, такмил дод, ки он 5 боб ва 21 моддаро дар бар мегирад.

Дар боби 1- «Муқаррароти умумӣ» мафҳумҳои асосии  дар қонун истифодашуда, аз ҷумла адабиёти таълимии асосӣ ва иловагӣ, адабиёти таълимии электронӣ, экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ, ҳадди ақали ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ ва ҳадди ақали номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ шарҳ дода шуда, инчунин принсипҳои сиёсати давлатӣ ва кафолати давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ муқаррар гардидаанд.

Дар боби 2 –«Танзими давлатии соҳаи адабиёти таълимӣ» масъалаҳои салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, ваколатҳои вазорату идораҳо, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ доранд, ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ваколатҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф ва инчунин вазифаҳои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба адабиёти таълимӣ ҳал гардиданд.

Боби 3 – «Экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ» муайян менамояд, ки сифати адабиёти таълимии нашршаванда тавассути экспертизаи касбӣ ва ҷамъиятии он таъмин мегардад. Агар мақсади экспертизаи касбӣ, пеш аз ҳама, арзёбии сифати адабиёти таълимӣ аз ҷиҳати мутобиқати мазмуни он ба илми муосир, стандартҳои давлатии таҳсилот, ҳадди ақали ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ, хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии таълимгирандагон бошад, экспертизаи ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ ҳамчун механизми иловагие, ки ҳангоми қабули қарор оид ба нашр ё нашри такрории адабиёти таълимӣ дараҷаи амиқи воқеиятро таъмин мекунад, маънидод карда шудааст. Инчунин дар боби мазкур меъёрҳои экспертизаи касбӣ ва ҷамъиятии сифати адабиёти асосӣ ва электронӣ ва тартиби тасдиқи сифати онҳо муайян гардиданд.

Дар боби 4 –уми лоиҳаи қонун масъалаҳои таъмини дастрасии адабиёти таълимӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дар зинаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти касбӣ ҳал гардида, муқаррар менамояд, ки  адабиёте, ки ба номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ шомил аст, моликияти давлат буда, тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ба фонди китобхонаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ барои идоракунии оперативӣ супорида мешавад. Инчунин муқаррар карда мешавад, ки дар  муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ташкили раванди таълиму тарбия бе таъмини фонди китобхона бо миқдори зарурии ҳадди ақали номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ мутобиқи стандарти давлатии таҳсилот иҷозат дода намешавад.

Татбиқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» дар доираи маблағҳое, ки ҳар сол аз Буҷети давлатӣ ҷудо мешаванд, амалӣ гардида, маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо хоҳиш мекунам, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» дастгирӣ карда шавад.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Нуриддин Саидович дода мешавад.

Нуриддин САИДОВНуриддин САИДОВ:- Муҳтарам Раис, ҳозирини гиромӣ!

Зарурати ба низом даровардани масъалаҳои таҳия, арзёбӣ, нашр ва таъмину дастрасии адабиёти таълимӣ боис шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» таҳия гардад. Дар назар аст, ки қонуни мазкур ҳамчунин мазмуну мундариҷаи ҳама намуди адабиёти таълимиеро, ки дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон  истифода мешаванд, танзим намояд.

Лоиҳаи қонуни  мазкур аз ҷониби мутахассисони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он бо ҷалби мутахассисони касбии соҳаи полиграфияи кишвар якчанд маротиба мавриди баррасӣ ва ташхис қарор гирифта, дар асоси фикру хулосаҳои онҳо, бо дарназардошти қонунгузории соҳа, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба пешниҳодҳо манзур шуда буд. Ғайр аз ин, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳокимаи лоиҳаи қонуни мазкур дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Пас аз чандин баррасӣ лоиҳаи қонуни мазкур, ки 5 боб ва 21 моддаро дар бар мегирад, пешниҳод гардид.

Дар давоми солҳои 2001- 2012 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби фонди маблағҳои гардони китобҳои дарсӣ зиёда аз 270 номгӯй китоби дарсиро бо теъдоди зиёда аз 22,1  миллион нусха ба маблағи умумии 105,4 миллион сомонӣ нашр намуд. Дар Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ барои солҳои 2008-2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушди соҳаи маориф барои солҳои 2010- 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018 дар самти нав кардани мундариҷаи таҳсил масъалаҳои пурзӯр намудани робитаи мутақобилаи таҳия ва нашри адабиёти таълимии замонавӣ, стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ ҳамчун самти стратегӣ муайян карда шудааст. Бо назардошти чунин мақсадҳои дар барномаҳо ва Стратегияи мазкур пешбинигардида, танҳо дар соли 2013- ум 39 номгӯй китоби дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ ба миқдори қариб 2 миллион нусха бо харҷи маблағи зиёда аз 16 миллион сомонӣ нашр шудааст.

То охири соли 2013 ҳаҷми маблағҳои фонди иҷораи китобҳои дарсӣ қариб 58,5 миллион сомониро ташкил медод. Қарзи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ то имрӯз 16,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби истифодаи иҷоравии  китобҳои дарсӣ шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Қумсангир, Қубодиён, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Балҷувон, Истаравшан, Ғончӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа қарздоранд.

Хушбахтона, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Шаҳритуз, Норак, Спитамен, Истиқлол, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Хоруғ, Ҳисор, Турсунзода ва Рӯдакӣ аз ин ҳисоб қарздор нестанд.

Дар соли 2014 аз ҳисоби маблағҳои фонди иҷораи китобҳои дарсӣ нашри 49 номгӯй адабиёти таълимӣ ба миқдори зиёда аз 2,7 миллион нусха ба маблағи қариб 27,2 миллион сомонӣ дар назар аст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои нашри адабиёти таълимӣ маблағи зиёд ҷудо мегардад. Масалан, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ин мақсад дар як сол 150- 200 ҳазор сомонӣ сарф мешавад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» дигар эроду пешниҳод надорад ва қонуни мазкурро саривақтӣ ҳисобида, қабули онро зарур  мешуморад.

Лоиҳаи қонун  модда ба модда ва боб ба боб ба овоз монда, қонун яклухт қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» сухан ба раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек дода мешавад.

Дилмурод ДАВЛАТОВДилмурод ДАВЛАТЗОДА:- Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳозирини гиромӣ!

Бо қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» зарурати мутобиқ гардонидани муқаррароти як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба муқаррароти қонуни мазкур ба миён омада, дар ҷаласаи имрӯза лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» баррасӣ мегардад. Зарурати ворид намудани илова ба қонуни мазкур аз муқаррароти моддаҳои 2 ва 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд, ки тибқи он ваколати Палатаи ҳисоб вобаста ба гузаронидани аудити мустақили беруна ба тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳо, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар бонкҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, паҳн мегардад.

Мутобиқи муқаррароти иловаи воридшаванда, ба моддаи 82 қонуни зикргардида, аудите, ки аз тарафи Палатаи ҳисоб гузаронида мешавад, фаъолияти хоҷагидории Бонки миллии Тоҷикистон ва аз тарафи он баамалбарории хизматрасонии буҷети ҷумҳуриявӣ, гардиши маблағҳои буҷетӣ ва қарзи давлатиро дар бар гирифта, дар ин раванд эътимоднокии низоми идоракунии молиявӣ, арзёбии комёбшавӣ ба иҷрои вазифаҳо, сарфа ва мақсаднок истифодабарии маблағҳо ва воситаҳои давлатӣ мавриди санҷиш, таҳлил ва баҳодиҳии ҳаматарафа қарор дода мешавад. Амалӣ гардонидани фаъолияти мазкур бошад, барои таҳияи хулосаи аудиторӣ оид ба ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои Буҷети давлатӣ барои соли гузашта ва пешниҳоди он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Бинобар ин, хоҳишмандам,  ки лоиҳаи баррасишавандаро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ» сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Ислом Икромович дода мешавад.

Икром УМАРОВИслом УМАРОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ –ҷустуҷӯӣ» бо мақсади иҷрои банди 7.2 Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012- 2015», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 (таҳти №97) тасдиқ шудааст, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Мақсади таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур такмил ва мутобиқ намудани он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда, барои ҷорӣ намудани механизми босамари ҳифзи манбаи иттилоотӣ, таъмини амнияти системаи иттилоотии амалкунанда дар қаламрави кишвар ва ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ мусоидат менамояд.

Вобаста ба такмил ёфтани тарзу усулҳои мубориза бо ҷинояткорӣ ва васеъ гардидани самтҳои мубориза ба он, дар мадди аввал гузоштани эҳтиром, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дирӯз дар Паёми хеш бори дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зикр намуд, зарурат ба миён омад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ» таҳрир карда шавад. Иҷозат фармоед, ба таври мушаххас тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ва сабабу омилҳои онро  шарҳ диҳам.

1. Дар матни қонуни амалкунанда дар баъзе ҳолатҳо ба хатоиҳои имлоӣ роҳ дода шудааст, ки дар натиҷа ба хатоиҳои ҳуқуқӣ оварда расонидааст.

Мисол, дар матни қонун мусоидати шаҳрвандон ба мақомоти амаликунандаи        фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ дар шакли махфӣ оварда шудааст, ки он маънои дигарро доро буда (тайна, секрет), чӣ дар амалия, чӣ дар илм ва чӣ дар раванди таълим  ягонафаҳмиро таъмин накарда истодааст. Бо сабаби он ки дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ҳар як ибора бояд дорои мазмуни мушаххас ва аниқ бошад ва он бо дигар калимаю ибораҳо омехта нагардад, мо пешниҳод намудем, ки мафҳуми «конфиденсиалӣ» (калимаи юнонӣ аст)  бо калимаи ягонаи «махфиёна» ифода карда шавад. Чунин муносибат имкон медиҳад, ки дар оянда ин категорияи ҳуқуқӣ бешубҳа ва ягона татбиқ карда шуда, ба ҳамшабеҳӣ роҳ дода нашавад.

2.Ворид намудани ислоҳоти «судяи ба он ваколатдодашуда» дорои якчанд сабабу омилҳо мебошад. Аз ҷумла:

а) таъмин намудани ягонагии системаи дохилии қонуни мазкур. Сухан дар бораи он меравад, ки дар меъёрҳои қонун ибораи «судяи дахлдор» васеъ истифода шудааст, ки фаҳмиши дурусти он мураккабӣ ва мушкилотро ба миён меорад. Ҳол он ки ибораи маъмули он дар намуди «ваколатдодашуда» вуҷуд дорад. Ғайр аз он, дар матни қонун ибораи «прокурори ваколатдор» омадааст. Тафсири мантиқии қонуни мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳам прокурор ва ҳам судя ҳангоми баррасии маводи оперативӣ- хизматӣ қариб як вазифаро иҷро менамоянд, яъне назорат ва назоратбарӣ намудан ҷиҳати қонунӣ будани чунин мавод.

Мо хуб медонем, ки дар амалияи судӣ ҳангоми ворид гардидани маводи оперативӣ- хизматӣ раиси суд баррасии онро на ба ҳар судя, балки ба судяҳое, ки таҷрибаи кофӣ ба ин категорияҳои мавод доранд, ирсол менамояд. Ғайр аз ин, маводи мазкур асосан ба он  судяҳое, ки бештар ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ сарукор доранд, ирсол карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, дар сурате ки воқеият чунин аст, он гоҳ ифодаи қонунии он низ бояд ба амалия мувофиқ карда шавад.

б) омӯзиши таҷрибаи қонунгузории давлатҳои ба мо наздик, дар мисоли Федератсияи Россия, гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳақиқат баррасии маводи оперативӣ- хизматӣ бояд аз ҷониби судяҳои ба он ваколатдодашуда, амалӣ гардад. Ғайр аз ин, чунин нигоҳ ба он равона шудааст, ки тибқи муқаррароти сиёсӣ ва тавсияҳои илмӣ, зарурияти ҳар чӣ бештар наздик намудани санадҳои қонунгузории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бояд таъмин карда шавад.

3.Тавре маълум аст, дар қатори чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯӣ чунин чорабинӣ дар намуди «таъсиси шахси ҳуқуқӣ» мавҷуд аст ва мафҳуму аломатҳои он дар моддаи якуми қонун оварда шудааст. Аммо, мутаассифона, таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ,  амалияи оперативӣ- ҷустуҷӯӣ дар гузаронидани ин намуди чорабинӣ бо сабаби мавҷуд набудани механизми умумии амалигардонии он танқисӣ мекашад. Аз ин лиҳоз, зарурат ба миён омад, ки яке аз роҳҳои гузаронидани ин  чорабинӣ дар қонун нишон дода шавад.

4.Дар баъзе мавридҳо қонуни амалкунанда самтҳои мубориза бо ҷинояткориро, ки аз ҷониби воҳидҳои оперативӣ амалӣ карда мешаванд, то андозае маҳдуд менамояд. Аз ҷумла ҷиҳати кушодани ҷиноятҳо ин қонун имконият медиҳад, ки воҳидҳои оперативӣ кормандони дастгоҳи худро танҳо ба «гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ» ворид намоянд, лекин қонуни амалкунанда чунин гурӯҳро ба назар гирифта, мутаассифона, дигар шаклҳои шарикӣ ба ҷиноятро ба назар нагирифтааст, ки дар доираи онҳо низ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир карда мешаванд. Аз ҷумла «гурӯҳҳои ҷиноятӣ», ки хусусияти муташаккилӣ надоранд ё ин ки «иттиҳодияҳои ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)», ки ошкор намудани фаъолияти ҷиноятии пинҳонии онҳо танҳо тавассути фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ имконпазир аст.

Итминони комил дорем, ки қабули қонуни мазкур ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ, аз ҷумла ба милитсияи тоҷик имконият медиҳад, ки фаъолияти худро дар ин самт бомуваффақият ва дар сатҳи зарурӣ амалӣ намоянд.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва  амният  Баракатулло Атохоҷа дода мешавад.

DSC_0393Баракатулло АТОХОҶА:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ» пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2014 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади такмили меъёрҳои қонуни амалкунанда, мутобиқатии меъёрҳои дохилӣ ва муқаррароти он ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҷорӣ кардани механизми босамари ҳифзи манбаи иттилоотӣ аз дастрасии беиҷозат, таъмини амнияти низоми иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии амалкунанда ва дар қаламрави кишвар таъсисёбанда, таъмини ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кумитаи масъул 41 таклиф ҷиҳати такмил додани лоиҳаи қонуни мазкур ворид шудааст, ки аз онҳо 34 таклиф пурра ва 4 таклиф қисман қабул гардида, 3 таклифи дигар қобили қабул ҳисобида нашуд.

Кумитаи масъул оид ба мукаммал намудани лоиҳаи қонуни мазкур 21 таклиф пешниҳод кард, ки онҳо қобили қабул дониста ва дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ба лоиҳа ворид карда шуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 9 апрели соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дода, бо назардошти мулоҳизоти иштирокчиёни ҷаласа, ба хулоса омад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, Қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар хусуси Шартномаи Сингапур дар бораи қонунҳои тамғаҳои молӣ сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Турдиматова Нодира Мирзоалиевна дода мешавад.

ТУРДИМАТОВАНодира ТУРДИМАТОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи «Шартномаи Сингапур дар бораи қонунҳои тамғаҳои молӣ», ки 27 марти соли 2006 дар Сингапур ба имзо расидааст ва аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шудааст, пешниҳод мегардад.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли  2014 таҳти рақами 2358 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишнома аз 32 модда иборат мебошад. Бояд зикр намуд, ки бори аввал Конвенсия оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ дар Париж (20 марти соли 1883) ва баъдан Созишномаи Нитса дар бораи Таснифи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо бо мақсади бақайдгирии тамғаҳо (15 июни соли 1957) дар шаҳри Нитсаи (Франсия) ба имзо расидааст.

Ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шартномаи Сингапур имконият медиҳад, ки молҳои дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ба бозори ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ озодона бароварда шаванд ва онҳо бо ном ва аломати худ, ки дар Тоҷикистон истеҳсол шудаанд, ба фурӯш раванд. Инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон ба шахсони хориҷӣ ва берун аз мамлакат дар хориҷ озодона хизмат расонанд.

Дар Шартномаи мазкур тамғаҳое истифода мешаванд, ки ба молҳо (тамғаҳои молӣ) ва ё ба хизматрасонӣ (тамғаҳои хизматрасонӣ) тааллуқ доранд.

Дар ин самт дар раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар ҷумҳурии мо якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ин масъала қабул шудаанд, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» дар таҳрири нав ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2011 «Дар бораи Созишномаи Мадрид нисбати қайди тамғаҳои байналмилалии молӣ» аз зумраи онҳо мебошанд.

Ҳамаи ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои татбиқ намудани ин масъалаи муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодаанд, ба меъёрҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пурра ҷавобгӯй мебошанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқи «Шартномаи Сингапур дар бораи қонунҳои тамғаҳои молӣ»-ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи  масъул 17 апрели соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи  ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Шартномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Дар хусуси тасдиқи Шартномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Холов Саттор дода мешавад.

Саттор ХоловСаттор ХОЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» пешниҳод мешавад.

Лоиҳаи  қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси  қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Худоёрзода ва А.Тавакалов ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2013 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади саҳеҳу оммафаҳм гардонидани меъёрҳои қонуни мазкур, бо назардошти талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо», инчунин иваз намудани маблағҳои муқарраргардида ба нишондиҳанда барои ҳисобҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо», ки барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин барои ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки ҳар сол дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли дахлдор ҳамчун қоида, бо дарназардошти сатҳи беқурбшавӣ, муайян карда мешавад, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як таклиф пешниҳод гардид, ки он қобили қабул дониста шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби кумитаи  масъул панҷ таклиф пешниҳод  шуд, ки ҳамаи онҳо низ қобили қабул дониста, дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳа ворид ва лоиҳаи қонуни мазкур дар таҳрири зерин қобили қабул дониста шуд:

«Дар қисми 1 моддаи 6:

-дар банди 1) рақамҳо ва калимаи «14000 сомонӣ» ба рақамҳо ва калимаҳои «350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо» иваз карда шаванд;

-банди 2) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«барои амалиёти дар бандҳои 3-17 қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида – ба маблағи баробар ба 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он;»;

- банди 3) хориҷ карда шавад;

- банди 4) банди 3) ҳисобида шуда, дар он рақамҳо ва калимаи «500 000 сомонӣ» ба рақамҳо ва калимаҳои «12 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо» иваз карда шаванд».

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 15 апрели соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Исматуллоев Дилшод Абдуғаффорович дода мешавад.

ИСМАТУЛЛОЕВДилшод ИСМАТУЛЛОЕВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр ва Хисрав Абдуназар таҳия ва пешниҳод шудааст.

Ҳадафи асосии пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур аз бартараф намудани номутобиқатии дохилии меъёрҳои алоҳида, саҳеҳ ва мутобиқ гардонидани меъёрҳои амалкунанда ба талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» иборат мебошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2202 аз 23 декабри соли 2013 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон барои такмил додани лоиҳаи қонун аз ҷониби онҳо 28 таклифу пешниҳод ирсол гардид, ки 27- тоаш пурра ва қисман қабул шуд. Як таклиф қабул нашуд, ки сабаби қабул нагардидани он дар ҷадвал нишон дода шудааст. Таклифҳои қабулшуда ба лоиҳа ворид карда шуданд.

Кумитаи масъул 10 апрели соли 2014 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси  қонунгузорӣ ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаро дастгирӣ намуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда,  қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Исматуллоев Дилшод Абдуғаффорович дода мешавад.

Дилшод ИСМАТУЛЛОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади пешбинӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи низоми вазъияти фавқулодда таҳия гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2309 аз 11 марти соли 2014 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон барои такмил додани лоиҳаи қонуни  мазкур аз ҷониби онҳо 23 таклиф пешниҳод гардид, ки аз онҳо 7 таклиф  пурра, 15 таклиф қисман қабул шуд. Як таклифи дигар қабул нашуд, ки сабаби қабул нагардидани он дар ҷадвал нишон дода шудааст.

Кумитаи масъул рӯзи 10 апрели соли 2014 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаро дастгирӣ намуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба Протоколи факултативии Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хонов Абдураҳмон Умарович дода мешавад.

Абдураҳмон ХОНОВАбдураҳмон ХОНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо Протоколи факултативии Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон аз 6 октябри соли 1999 бо эътироф накардани салоҳияти Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, ки дар моддаҳои 8 ва 9 Протоколи мазкур дарҷ гардидааст, пешниҳод мешавад.

Протоколи мазкур дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон аз 6 октябри соли 1999 бо эътироф накардани салоҳияти Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, ки дар моддаҳои 8 ва 9 Протоколи мазкур дарҷ гардидааст, мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Протоколи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2014 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи  ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи мазкурро дастгирӣ намуданд.

10 апрели соли 2014 Протоколи факултативии Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон аз 6 октябри соли 1999 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт ва ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.

Ин  санад иқдому ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои беҳтар намудани вазъи занон дар кишвар ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии эътирофшударо муаррифӣ намуда, барои баланд бардоштани обрую нуфузи Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ҳимоятгари ҳуқуқҳои занон мусоидат менамояд.

Протоколи мазкур уҳдадориҳои иловагиро ба миён наоварда, маблағҳои иловагиро аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намекунад.

Протоколи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Протоколи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ