Дар партави Паёми Президент

Эмомалӣ Раҳмон — эҳёгари Тоҷикистони навин

№60 (3206) 07.06.2014

DSC_0340Паёми Президенти мамлакат ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати арзишноку муҳим имрӯзҳо дар ҳама корхонаҳои давлатӣ, донишгоҳҳои кишвар мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтааст.

Оид ба масъалаи мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон Давлаталӣ Давлатзода ба хабарнигори «Садои мардум» андешаҳояшро чунин иброз намуд:

-Ҳуҷҷати мазкур воқеан созандаи фардо буда, боварӣ дорем, ки ҳамчун раҳнамо ва дастурамал барои мардуми сарбаланду баору номус, махсусан кормандони мақомоти давлатӣ, вакилони Парлумон, тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат, ҳамаи фаъолони ҷомеа мавриди истифода қарор мегирад. Пайгирӣ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон,  ки дар Паём дарҷ гардидаанд, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як шаҳрванд мусоидат менамояд.

Барои дуруст дарк намудани моҳияти Паём ва дастовардҳое, ки Сарвари давлат аз ин хусус сухан ронд, мо бояд дар хотир дошта бошем, Тоҷикистон ягона кишваре мебошад, ки дар байни давлатҳои собиқ шӯравӣ, аз ҳама гуна мероси шӯравӣ, бебаҳра ва маҳрум монд. Замоне, ки мо бо ҷанги дохилӣ овора будем, дигар кишварҳо мероси шӯравиро тақсим мекарданд. Ҳамаи он молу мулке, ки Давлати Шӯравӣ дар марзи як ҷумҳурӣ дошт, моли ҳамон кишвар шуд. Дар як лаҳза давлатҳои навбунёд соҳиби молу мулки ҳангуфт ва артиши бо яроқу аслиҳаи ҳозиразамон мусаллаҳ гардиданд. Ҳамин тавр, ба мо- тоҷикон ҳеҷ чиз нарасид. Илова бар он, ҳама чизе, ки каме арзиш дошт, ба ғорат рафт.

Маврид ба зикр аст, ки дар мушкилтарин шароит, дар фазои монеаву фишоровариҳои пай дар пай, ки давлатро аз нав ба по хезондан басе кори мушкил буд, пешвои миллати тоҷик, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як майдони холӣ аз сифр давлати соҳибистиқлоли имрӯзаи моро бунёд сохт, -зикр намуд вакили парлумон.

Давлаталӣ Давлатзода ҳамчунин изҳор намуд, ки агар он монеаву фишорҳо намебуданд, шояд Тоҷикистон имрӯз боз ҳам зебо мешуду тараққӣ мекард ва НБО-и «Роғун» ба истифода дода шуда, садҳо заводу корхонаҳои дигар бунёд мегаштанд. Вале, мо бояд шукргузор аз он бошем, ки ҳоло дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, озод ва ором умр ба сар мебарем.

Мо, вакилон, Паёми Президенти мамлакатро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати бисёр арзишноку муҳим дастурамали хеш қарор дода, мағзи ҳар як нуктаи онро бояд ба ҳар фарди кишвар расонем ва ба ин васила ҳисси худогоҳии милливу ватанпарваронаи мардумро баланд бардорем.

Таҳияи Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»