Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Фаъолияти навоварону ихтироъкоронро қонун ба танзим медарорад

№53 (3199) 24.05.2014

DSC_0151

Бисту якуми майи соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор шуд.

Ба рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ масъалаҳои зерин дохил гардид:

1.Дар бораи Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба Лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд

2.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ»

5.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров инчунин масъала «Дар бораи савганд ёд кардани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рӯзномаи ҷаласа илова карда шуд.

Бо назардошти ин пешниҳод, доир ба тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Ҳоло оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати навбатӣ таъин намудани Ализода Зариф» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа    Муҳмадалиевич дода мешавад.

ДАВЛАТОВҶумъа ДАВЛАТОВ:- Мувофиқи моддаи 4-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад. Мувофиқи моддаи 6-уми қонуни мазкур, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баъд аз таъин шудан ба вазифа дар Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.

Ҷумъа Давлатов Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати навбатӣ таъин намудани Ализода Зариф»-ро қироат менамояд:

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ализода Зариф  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати навбатӣ таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 16 майи соли 2014 №206

РАИС:- Мутобиқи моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва банди 502 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои савганд ёд кардан сухан ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад.

(Ализода Зариф савганд ёд мекунад.)

РАИС:- Дар бораи  Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба Лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд сухан ба  муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

НУРАЛИЕВҶамолиддин НУРАЛИЕВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба Лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи мазкур дар заминаи беҳтар намудани дастрасии маблағгузорӣ ба воситаи ба роҳ мондани роҳҳои алтернативии истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ татбиқ карда мешавад.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки пурра ҳалли худро наёфтааст, ин таъмини аҳолии кишвар бо қувваи барқи мунтазами сифатнок мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар ин ҷода татбиқи ислоҳоти заруриро амалӣ намуда истодааст, ки  дар баробари ин сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тариқ, аз соли 2009 бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воридот ва истеҳсоли лампаҳои каммасраф дар қаламрави ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, инчунин воридоти таҷҳизоте, ки бо истифодаи ҳаҷми ками қувваи барқ фаъолият менамоянд, амалӣ шуда истодааст. Ҳамаи ин амалҳо барои сарфакорона истифода намудани қувваи барқ шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.

Бояд тазаккур дод, ки истеҳсоли дохилии неруи барқи аз об тавлидшаванда дар давоми сол таъмин гардида, дар фасли зимистон истеҳсоли неруи барқ тақрибан 50 фоиз паст мегардад. Бинобар ин, дар фасли зимистон аҳолии мавзеъҳои дурдаст бо қувваи барқ пурра таъмин намегарданд, ки як қисми зиёди онҳо, тибқи меъёрҳои оморӣ, оилаҳои камбизоат ба ҳисоб мераванд.

Барои мусоидат ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардуми кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, аз ҷумла дар санаи 19 августи соли 2013 Созишномаи грантиро барои татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» дар шаҳри Душанбе ба имзо расонид.

Ҳадафи лоиҳаи мазкур ин ба воситаи дастгоҳҳои муосири барқии каммасраф дастрас намудани қувваи барқи мунтазам аз нигоҳи экологӣ тоза ба аҳолӣ ва корхонаҳои хурд ҷиҳати сарфа намудани қувваи барқ равона мегардад. Лоиҳаи мазкур ба истифодаи усулҳои самарабахш ва инчунин мустаҳкам намудани ташкилотҳои молиявию қарзии дохилӣ бо таъмин намудани қарзҳои имтиёзнок роҳандозӣ мегардад.

Маблағи умумии лоиҳа 11,87 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аз ҷумла гранти Бонки Осиёии Рушд -10,0 миллион доллари ИМА, кумаки техникии Фонди Ҷопон оид ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ -0,75 миллион доллари ИМА, ҳиссаи қарзгирандагони фаръӣ (ташкилотҳои хурди қарзӣ)- 0,98 миллион доллари ИМА ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -0, 14 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ мешавад.

Лоиҳаи мазкур бисёрсоҳавӣ буда, барои рушди молиявии бахши хусусии кишвар ба воситаи маблағгузории хурди қарзӣ мусоидат карда, ҳамчунин диверсификатсияи рушди соҳаи энергетикаро таъмин менамояд.

Лоиҳаи мазкур мақсадҳои зеринро дар бар мегирад:

1.Коҳиш додани хароҷот барои сӯзишвориҳои истихроҷшаванда;

2.Аз байн бурдани харобкунии ҷангалзорҳо;

3.Фароҳам овардани шароити хуби таҳсил барои хонандагон тариқи таъмини рӯшноӣ дар мактабҳо ва хонаҳо ҳангоми танқисӣ аз неруи барқ;

4.Дастрасии аҳолии деҳот ба воситаҳои ахбори омма;

5.Дастрасӣ ба қарзҳои  хурди имтиёзноки дарозмуддат;

6.Ҳавасмандии иқтисодӣ- молиявии рушди бахши хусусӣ барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ;

7.Диверсификатсияи сабади қарзии ташкилотҳои хурди қарзӣ;

8.Огоҳонидани аҳолӣ оид ба  фоидаовар будани неруи безарари офтобӣ.

Ҳангоми амалӣ гардидани мақсадҳои лоиҳаи мазкур расидан ба натиҷаҳои зерин дар назар дошта мешавад:

-сатҳи хуби дониши аҳолӣ оид ба фоидаи истифодаи неруи алтернативӣ таъмин карда  мешавад;

-васеъ гардидани маблағгузории хурди қарзӣ барои хариди таҷҳизоте, ки бо неруи алтернативӣ кор мекунанд, дар бахши соҳибкории хурд мавриди баррасӣ қарор мегирад;

-рушди модели истифодаи неруи офтобӣ, ки барои амалӣ гардонидан дар дигар давлатҳои минтақа метавонад мутобиқ карда шавад;

-зиёд гардидани шумораи муштариёни ташкилотҳои хурди қарзӣ, махсусан дар байни занҳо;

-баланд шудани сатҳи иттилоотнокии ҷамъият оид ба масъалаҳои сарфакории қувваи барқ пурзӯр мегардад;

-зиёд гардидани истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ амалӣ мешавад

-васеъ шудани иштироки бахши хусусӣ дар масоили истифодаи самараноки қувваи барқ ва маблағҳо низ ба роҳ монда мешавад.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби  Маркази идоракунии лоиҳа, ки дар назди Вазорати молия таъсис шудааст, бо тартиби муқарраргардида амалӣ шуда, таҳти назорати доимӣ қарор мегардад.

Маркази идоракунии лоиҳа бо ташкилотҳои хурди қарзӣ, тибқи талаботи Созишномаи грантӣ, дар ҳаҷми 8,8 миллион доллари ИМА бо меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ба муҳлати панҷ сол шартномаи зерқарзӣ ба имзо мерасонад. Шартҳои ҷудо намудани қарз тиҷоратӣ набуда, балки имтиёзнок мебошад, зеро мақсади Маркази татбиқи лоиҳа ба даст овардани фоида набуда, балки баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Бояд зикр намуд, ки қарзҳои хурд ба маблағи аз 200 то 5000 доллари америкоӣ тавассути ташкилотҳои хурди қарзии Имон Интернэшнл ва Арванд, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд интихоб ва пешниҳод гардидаанд, ба аҳолӣ дода мешаванд. Инчунин дигар ташкилотҳои молиявӣ, ки ба талабот ва ҷанбаҳои муайяншуда ҷавобгӯй мебошанд, метавонанд дар амалӣ намудани ин лоиҳа иштирок намоянд.

Баъди ба анҷом расонидани татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» маблағҳое ки аз ҷониби ташкилотҳои хурди қарзии иштироккунанда баргардонида мешаванд, барои азнавқарздиҳӣ ба ташкилотҳои қарзию молиявӣ такроран ҳамчун қарз дода мешаванд.

Яке аз бартариҳои лоиҳаи мазкур ин надоштани маҳдудияти ҳудудӣ ба ҳисоб рафта, дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ татбиқ мегардад.

Як нуктаи дигарро зикр намуданиам, ки  дар заминаи лоиҳаи мазкур бо Бонки Умумиҷаҳонӣ гуфтушунид оид ба як лоиҳаи  нави грантӣ барои бахши кишоварзӣ дар ҳаҷми 22,0 миллион доллари ИМА гузаронида шуда, ба имзорасии он соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин аз зарур будани чунин лоиҳаҳо барои рушди минбаъдаи иҷтимоӣ- иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шаҳодат медиҳад.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич дода мешавад.

Домуллоҷон ҶАББОРОВДомуллоҷон ҶАББОРОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба Лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд, ки 19 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст,  аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2014 таҳти №2387 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади Созишномаи мазкур ба воситаи дастгоҳҳои муосири барқии каммасраф дастрас намудани қувваи барқи мунтазам ва аз нигоҳи экологӣ тоза ба аҳолии деҳот, мустаҳкам намудани дастгирии бахши микромолиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо фоизҳои паст пешниҳод кардани қарзҳои хурд ба хоҷагиҳо, соҳибкорон ва муассисаҳои хурд мебошад.

Татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд соли 2013 оғоз ёфта, то соли 2018 идома хоҳад ёфт.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул, ки бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 майи соли 2014 баргузор гардид, Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба Лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушдро, бо дарназардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки  ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Доир ба ин масъала чӣ гуна савол, таклифу пешниҳод доред? Марҳамат.

ШабдоловШодӣ ШАБДОЛОВ: — Созишномаи мазкур қобили қабул мебошад. Аксари неругоҳҳои хурде, ки сохта шудаанд, корношояманд. Ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ  ҷавобгӯй намебошанд.

Рафти санҷиш муайян намуд, ки аз 310 неругоҳи хурди барқи обӣ танҳо даҳ адади он ба талаботи стандартҳо мувофиқанду халос. Таклиф чунин аст: ба қарзгиранда грант ҳамон вақт дода шавад, ки ҳангоми сохтмони неругоҳҳо меъёру талаботи стандартро риоя намояд  ва аз технологияи пешрафта  истифода барад.

Дар сурати дуруст ва мақсаднок истифода бурдани грантҳо бисёр мушкилотро метавон ҳал намуд.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фелалиев Акрамшо Саидшоевич дода мешавад.

ФелалиевАкрамшо ФЕЛАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат! Вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад. Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Мақсад аз таҳия ва пешниҳоди он такмили меъёри Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи амалиёти Истамбулии Шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ  ва Осиёи Марказӣ, ки бо қарори Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2012 таҳти №2 тасдиқ шудааст, мебошад.

Ба моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова намудани банди е) бо мазмуни зайл пешниҳод шудааст: «е) ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, баррасӣ ва санҷиши муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи дастрасӣ  ба иттилоот». Ҳамзамон пешниҳод карда мешавад, ки банди е) банди ё) ҳисобида шавад. Яъне, пешниҳоди мазкур ба вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дохил мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур тамоми расмиёти  дохилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузашт, аз тарафи кумитаҳо ба он 12 таклиф пешниҳод гардид, ки онҳо хусусияти таҳрирӣ-имлоӣ дошта, дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул пурра қобили қабул  дониста шуданд. Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат  надошта, қабул ва татбиқи он аз Буҷети давлатӣ  маблағгузории иловагиро талаб  намекунад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқов Абдуманнон Ғаффорович дода мешавад.

Абдуманнон ХОЛИҚОВАбдуманнон ХОЛИҚОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки имрӯз дар баррасии шумо қарор дорад, ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба моддаи 48, инчунин илова намудани ду модда — 1521  ва 4011-ро  ба Кодекси мазкур пешбинӣ менамояд.

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 48 Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ  аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Б.Т. Худоёрзода ва С. Абдураҳмонов пешниҳод карда шудааст.

Илова намудани моддаи 1521  бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илова намудани моддаи 4011 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд. Ин лоиҳаҳо,  бо дарназардошти  он ки ба як қонун дахл доранд, дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як лоиҳа муттаҳид карда шудаанд.

Ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба моддаи 48 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз байн бурдани такроршавии меъёри қисмҳои 5 ва 6 моддаи 48 Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати ҳамчун ҷазои иловагӣ таъин намудани ҷарима мебошад.

Ғайр аз ин, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба моддаи 48 Кодекс бо мақсади аз байн бурдани номутобиқатии меъёрҳои қисми 6 моддаи 48 Кодекси ҷиноятӣ ба моддаи 57 Кодекс мебошад, зеро то 13  июни соли 2013 мусодираи амвол барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва ё махсусан вазнин бо мақсади ғаразнок содиршуда ҳамчун ҷазои иловагӣ муқаррар гардида, суд танҳо дар ҳолати  пешбининамудаи моддаҳои дахлдори қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ ин намуд ҷазои иловагиро таъин карда метавонист.

Мутобиқи тағйироти воридгардида аз 13 июни соли 2013, бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди қонунигардонии даромадҳо (ФАТФ) моддаи 57 дар таҳрири нав ифода шуда, низоми таъин намудани мусодираи молу мулк тағйир дода шуд ва аз санксияҳои пешбининамудаи қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ ин намуди ҷазои иловагӣ хориҷ карда шуданд.

Ҳамин тариқ, бо ҷорӣ намудани тағйирот ва иловаи мазкур такрорёбӣ ва номутобиқатии меъёрҳо ислоҳ гардида, принсипи барои як ҷиноят таъин намудани як ҷазои асосӣ муайян мегардад ва тартиби бо ҷазои асосӣ таъин намудани як ё якчанд ҷазои иловагӣ ҳалли худро меёбанд.

Дар хусуси илова намудани моддаи 1521 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд зикр намуд, ки иловаи мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда» пешниҳод карда шудааст.

Дар моддаи 10 –уми қонуни конститутсионӣ пешбинӣ гардидааст, ки барои роҳбарӣ ба корпартоии манъшуда дар шароити вазъияти фавқулодда, ҳамчунин барои монеъ шудан ба кори корхона, муассиса ва ташкилоти айбдор мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Гарчанде Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз Қонуни конститутсионии зикршуда қабул шуда, ба он чанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардида бошад ҳам, аммо ин талаботи қонуни конститутсионӣ то ба ҳол ба инобат гирифта нашудааст.

Бинобар ин, тибқи лоиҳаи мазкур, барои ин кирдор ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардида, талаботи меъёри қонуни конститутсионӣ таъмин карда мешавад.

Вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи мазкур ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намудани моддаи 4011 , яъне ҷалб ва иштироки ғайриқонунии  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳоро пешбинӣ менамояд.

Тибқи маълумоти мавҷуда, давоми 7-8 соли охир ҳолатҳои иштирок намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиёти ҷангӣ дар давлатҳои дигар ба назар мерасанд.

Мутобиқи маълумоти ҷойдошта, танҳо дар давоми соли 2013 аз ҷониби мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шаш нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо кори ҷиноятӣ оғоз гардида, се нафарашон бо ҳукми суд маҳкум гардидаанд. Дар чор моҳи соли 2014 низ нисбати боз якчанд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Омӯзиш ва таҳлили ин парвандаҳо нишон дод, ки айни ҳол ин кирдор, яъне ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо, мутобиқи  қисми 2 моддаи 187 Кодекси ҷиноятӣ – иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурӯҳҳои муташаккил бандубаст карда мешаванд.

Таъини ҷазо бошад, бо назардошти он ки кирдор дар ҳудуди дигар давлат содир шудааст, бо дастрасии меъёрҳои моддаи 15 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди болоии ҷазоро дар доираи ҳадди болоии ҷазои қонуни давлати хориҷӣ, ки барои чунин кирдор  пешбинӣ намудааст, таъин карда мешавад.

Моддаи 401 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои зархарид  ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ менамояд. Тибқи эзоҳи  ин моддаи Кодекс шахсе зархарид эътироф карда мешавад, ки махсус ҷалб гардида, бо мақсади гирифтани подоши моддӣ амал мекунад.

Таҷрибаи имрӯза нишон медиҳад, ки меъёрҳои мавҷуда барои бандубаст кардани кирдорҳои содиргардида пурра ҷавоб намедиҳанд, зеро ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо на бо мақсади ба даст овардани подоши пулӣ, балки бо дигар мақсадҳо низ метавонад, сурат гиранд. Аз ин рӯ, лоиҳаи пешниҳодшуда барои чунин кирдорҳо меъёри махсуси барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданро муқаррар менамояд.

Аз ҷониби шумо, вакилон, дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонун ҳамаҷониба баррасӣ гардида, зимни он таклифу эродҳо ироа гардиданд, ки қабули онҳо лоиҳаи қонунро мукаммал ва забони онро суфта гардонид.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмудов Насрулло Раҳматҷонович дода мешавад.

МАҲМУДОВНасрулло МАҲМУДОВ: — Муҳтарам  Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Дар бораи мазмун ва муҳтавои лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун  намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ғ. Холиқов муфассал маълумот доданд, ки такрори онро зарур намешуморам. Иброз карданиам, ки се лоиҳаи алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таври алоҳида барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи  ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буданд.

Лоиҳаҳои қонунҳои мазкур мутобиқ ба талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2014 ба як лоиҳа муттаҳид шудаанд, ки ҳоло мавриди муҳокима қарор дорад.

Қонуни мазкур бо мақсади такмил додани меъёрҳои Кодекс ва ба танзим даровардани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, тавассути меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ пешниҳод шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои такмил ёфтани он 30 пешниҳод ирсол намуданд, ки аз онҳо 28-то пурра ва қисман қабул гардида, ду таклиф қабул карда нашуд.

Кумитаи масъул 15 майи соли 2014 ҷаласаи васеъ гузаронида, бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ — мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ С. Шоназаров лоиҳаро баррасӣ намуд.

Дар натиҷаи муҳокимаи таклифу пешниҳодҳо, дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ба лоиҳаи муттаҳидкардашудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шуданд. Аз ҷумла: тағйиру иловаҳо ба моддаи 48 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра дар таҳрири нав ифода карда шуда, бо ин васила меъёр ба техникаи қонунгузорӣ мутобиқ карда шуд.

Ҳамчунин моддаи нави иловашавандаи 4011 таҳрир карда, меъёрҳои он дар як қисм ифода карда шуданд, ки истифодаи онро дар амалия сода ва фаҳмо намуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз шумо эҳтиромона хоҳишмандам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фелалиев Акрамшо Саидшоевич дода мешавад.

Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ:Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

-Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи собиқ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Илолов, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.С. Фелалиев, М.У. Хидирова, Б.Т. Садриддинов, М. Назриев пешниҳод гардидааст, манзур мегардад.

Фаъолияти ратсиона-лизаторӣ таърихи хеле қадима дошта, тариқи ғайрирасмӣ одамон ба он ҳангоми сохтани ҳар гуна асбоби рӯзгор машғул шуда, сол то сол шароити зиндагиашонро беҳбудӣ мебахшиданд. Тариқи расмӣ бошад, давлати Россия соли 1812 дар давраи ҷанг баҳри такмил додани аслиҳа ба фаъолияти мазкур одамони зиёдеро ҷалб карда буд ва ин давлат ба натиҷаҳои назаррас низ ноил гардид. Ё худ, соли 1945, вақте ки давлати Япония дар ҷанг мағлуб шуд, ратсионализатори ҷопонӣ Тайити Онно, ки коргари Ширкати «Тойота мотор» буд, консепсияи «Истеҳсолоти самаранок» -ро пешниҳод намуд ва роҳбарияти ин ширкат консепсияи мазкурро маъқул шуморида, қарор доданд, ки сифати автомобилҳои истеҳсолкардаи Япония бояд дар муддати се сол нисбати мошинҳои истеҳсолкардаи Амрико хубтару беҳтар  шавад, дар акси ҳол саноати мошинсозии Япония дар бозори ҷаҳонӣ муфлис мешуд. Давлати Япония барои амалӣ намудани консепсияи мазкур аз тамоми неруи зеҳнии мардуми худ истифода намуд. Асоси идеологияи ин консепсия аз се принсип иборат буд:

1) кӯшишу ғайрати такмилдиҳии мунтазам;

2) такмилдиҳии доимӣ бояд зина ба зина бошад;

3) ҳавасмандгардонии такмилдиҳандагон бояд саривақтӣ ва аз мадди назар дур набошад.

Мақсади консепсияи мазкур аз бартараф намудани ҳама гуна хароҷоти бефоидае, ки ба беҳбудии сифати маҳсулот ягон таъсири мусбӣ надоранд, иборат буд. Баъдтар Консепсияи «Истеҳсолоти самаранок» дар Япония на танҳо дар саноати автомобилсозӣ, балки дар ҳамаи соҳаҳои техникаву технологӣ васеъ истифода бурда шуд. Имрӯз рушди саноат ва технология дар Япония дар ҷаҳон маълум аст, ки дар кадом сатҳ қарор дорад.

Дар ҷумҳурии соҳибис-тиқлоли мо бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 1992 таҳти рақами 322 «Низомнома оид ба фаъолияти ратсионализаторӣ» тасдиқ карда шуд ва то ҳол фаъолияти ратсионализаторӣ, тибқи низомномаи мазкур амалӣ шуда истодааст. Ин низомнома тамоми меъёрҳои Низомномаи Иттиҳоди Шӯравиро, ки дар соли 1954 қабул шуда буд, такрор намуда, имрӯз ба талаботи замон ҷавобгӯй нест. Аз ин лиҳоз, зарурият ба миён омад, ки заминаи ҳуқуқии фаъолияти ратсионализаторӣ аз нав дида баромада, фаъолияти мазкур  дар ҷумҳурии мо ҷоннок карда шавад. Аз аъзои давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷумҳурии Молдова соли 2011 аввалин шуда, қонунро дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ қабул намуд ва Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ қонуни мазкурро ҳамчун қонуни намунавӣ (моделӣ) дар соли 2012 барои дигар давлатҳои аъзои ИДМ тавсия дод. Айни ҳол бошад, лоиҳаи қонун дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ дар парлумонҳои Беларус,Федератсияи Россия ва Қазоқистон низ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ» аз пешгуфтор, 5 боб ва 27 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти ратсионализаториро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба он ба танзим медарорад.

Боби 1 «Муқаррароти  умумӣ» моддаҳои аз 1 то 7- ро дар бар гирифта, дар моддаи 1 мафҳумҳои асосӣ, ҳамзамон, дар моддаҳои дигари ин боб таклифи дорои ҳалли техникӣ, ташкилӣ, пешниҳоди ратсионализатории инфиродӣ ва гурӯҳӣ шарҳ дода шуда, ҳифзи ҳуқуқии пешниҳоди ратсионализаторӣ, шартҳои ҳифзи ин пешниҳод, ҳуқуқи муаллифӣ ба пешниҳоди ратсионализаторӣ ва тартиби истифодаи пешниҳоди мазкур муайян карда шудаанд.

Боби 2 «Барасмиятдарории ҳуқуқи муаллифӣ бо пешниҳоди ратсионализаторӣ» ном дошта, моддаҳои ин боб тартиби пешниҳод, бақайдгирӣ, баррасӣ, бозпасгирӣ ва хулоса оид ба аризаро муайян  намуда, афзалияти пешниҳоди ратсионализаторӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маводҳои ба ариза  замимагардида бо ташаббуси аризадиҳанда, додани гувоҳномаи ратсионализаторӣ, бекор кардани қарор дар бораи эътирофи пешниҳоди ратсионализаторӣ ва шикоят дар хусуси радди эътирофро ба танзим медароранд.

Боби 3 «Ташкил ва маблағгузории фаъолияти ратсионализаторӣ» тартиби ташкили фаъолияти ратсионализаторӣ дар корхона, маблағгузории фаъолияти мазкур ва таъсис додани Ҷамъияти ратсионализаторонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Дар боби 4- «Подош барои фаъолияти ратсионализаторӣ», ҳуқуқи муаллиф ё ҳаммуаллифон ба подош, андозаи подош ва ҳавасмандгардонии давлатии фаъолияти ратсионализаторӣ муайян карда шуда, дар боби 5 «Муқаррароти хотимавӣ» баррасии баҳсҳо, ки дар робита ба фаъолияти ратсионализаторӣ ба миён меоянд, ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани он ба танзим дароварда шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки лоиҳаи конуни мазкур дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони дигар кумита, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ҷамъияти ихтироъкорон ва ратсионализаторони Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуда, ҳамзамон эродҳое, ки нисбати он дар Шӯроҳои Маҷлиси намояндагон аз тарафи Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ва муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Амиршо Миралиев, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарама Назира Ғаффорова ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ муҳтарам Давлатов Ҷумъахон Муҳмадалиевич баён гардиданд, пурра ислоҳ карда шуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон мухолифат надорад, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Тоҷикистони соҳиб-истиқлол рӯ ба тараққӣ ниҳода, дар давраи созандагиву ободкорӣ қарор дорад  ва солҳои охир дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба кор даромадани корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти энергетикӣ, тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, аз он шаҳодат медиҳад, ки солҳои наздик Тоҷикистон аз мамлакати аграрӣ – саноатӣ, ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил меёбад ва боварии комил дорем, ки ба ҳамаи ин истифодабарии неруи зеҳнии мардуми Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.

РАИС: — Аз рӯйи  ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг  ва сиёсати ҷавонон Каримов Маҳмадраҳим дода мешавад.

Маҳмадраҳим КАРИМОВМаҳмадраҳим КАРИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба фаъолияти ратсионализаторӣ, муайян намудани асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти ратсионализаторӣ таҳия шудааст.

Фаъолияти ратсио-нализаторӣ – фаъолияти эҷодии шахси воқеӣ ё гурӯҳи шахсоне мебошад, ки ба мукаммалгардонии молу маҳсулот, техника ва технологияи истеҳсолот равона карда шуда, истифодаи онҳо ба сарфаи захираҳои меҳнатӣ, моддӣ, молиявӣ ва беҳсозии шароити меҳнат ва экология мусоидат менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, баҳри такмили он 143 таклифу пешниҳод ирсол намуданд, ки аз онҳо 105-тояш қабул, 24-тояш қисман қабул гардида ва 14- тояш қабул нашуд.

Тибқи хулосаи шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба лоиҳаи мазкур гурӯҳи корӣ аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Гурӯҳи корӣ, дар ҳамбастагӣ бо кумитаи масъул, лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои манзургардида, онро такмил дод.

Лоиҳаи қонун 15 январи соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокимаи ҳаматарафа қарор дода, пешниҳоди он ҷиҳати баррасӣ дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштироккунандагон маъқул дониста шуд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2014 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ»-ро баррасӣ намуда, онро барои такмил ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон пас гардонида буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур, бо дарназардошти таклифҳое, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ироа гардиданд, такмил дода шуд.

Ҷиҳати бартараф намудани мухолифат ва такрор наёфтани меъёрҳои дохилии лоиҳаи қонун  сархатҳои чорум, панҷум ва шашуми моддаи 1, моддаи 6 ва қисми 1 моддаи 19 хориҷ карда шуданд.

Ҳамчунин дар лоиҳа қисмҳо ва сархатҳои моддаҳо таҳрир ва такмил дода шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз 5 боб ва 27 модда иборат буда, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Бо қабул гардидани ин қонун имконпазир мегардад, ки дар соҳаи мазкур заминаи меъёрии ҳуқуқӣ  фароҳам оварда шавад ва мо бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои илм ва технология, навовариҳои истеҳсолӣ  ва неруи  сатҳи муосири ақлонӣ  навсозии соҳаҳои иқтисоди миллиро амалӣ намоем.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун  модда ба  модда ва боб ба боб ба овоз монда, қонун яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният  Холов Саттор дода мешавад.

Саттор ХоловСаттор ХОЛОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии  шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2014 таҳти №2385 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда бо мақсади такмили меъёрҳои қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани он ба дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро омӯхта, онро пурра ҷонибдорӣ карда, доир ба он хулосаҳои худро пешниҳод намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 14 майи соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод.

Кумитаи масъул ба хулоса омад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо назардошти таклифу пешниҳодҳои қабулгардида, ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ