Мусоҳибаи мо

Фаъолияти вакилон пурсамар буд

№2-3 (3148-3149) 03.01.2014

DSC_1304Дар арафаи Соли нави мелодӣ хабарнигорамон бо муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Ғафорова мусоҳиба доир намуд.

- Назира Абдуллоевна, фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соле, ки сипарӣ гардид, чӣ гуна арзёбӣ мекунед? 

- Фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон дар соли 2013, яъне дар давраи иҷлосияи чорум ва се моҳи иҷлосияи панҷум дар ҳама самтҳо — қонунгузорӣ, намояндагӣ ва байнипарлумониву хориҷӣ дар сатҳи баланди касбӣ ҷараён гирифт. Шоистаи таъкид аст, ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар гузориши хеш роҷеъ ба натиҷагирии фаъолияти Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон онро ҳамчун иҷлосияи камолоти Маҷлиси намояндагон арзёбӣ намуданд.

Маҷлиси намояндагон дар фаъолияти хеш дар ин давра, қабл аз ҳама, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (26 апрели соли 2013), ки дар он самтҳои асосӣ ва дурнамои сиёсати дохиливу хориҷии давлатамон муайян гардида, баҳри созандагӣ, рушди устувор ва босуботи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат вазифаҳои амиқ ба миён гузошта шуд, ба роҳбарӣ гирифт.

Бо назардошти самтҳои афзалиятноки ҷомеаву кишвар, ҳамчунин бо мақсади ба талаботи замон, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ сохтан, аз байн бурдани мухолифату норасоии қонунҳо ва дар асоси Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра як силсила қонунҳо таҳия, пешниҳод ва қабул гардиданд, ки воқеан ҳамқадами ҷомеа ва мусоидаткунандаи даврони созанда буда, дар танзиму такмили низоми қонунгузорӣ нақши босазо доранд.

Дар соли сипаригашта субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар амалӣ намудани ҳуқуқи конститутсионии хеш, яъне таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо хеле фаъол буданд. Чунончӣ, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 53, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  102, аъзои Маҷлиси миллӣ 6, аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҳаммуаллифӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагон 17 ва вакилони Маҷлиси намояндагон  42 лоиҳаи қонунҳои конститутсионӣ, кодексу қонунҳои мукаммал, қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва  ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд.

Дар ин давра 20 ҷаласаи иҷлосияи чорум ва 11 ҷаласаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар онҳо 261 лоиҳаи қонуну қарор ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва қабул қарор гирифт. Аз ҷумла  як қонуни  мукаммали конститутсионӣ, 12 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, ду кодекси нав, 28 қонуни мукаммал, 95 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон , 28 қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул карда шуданд ва 35 Созишнома,  5 Конвенсия, 2 Ёддошти тафоҳум, як санади Дурнамо, як барномаи давлатӣ тасдиқ карда шуданд.

Таҷрибаи таҳия ва қабули кодексҳо ва қонунҳои мукаммал дар соли сипаригашта бомуваффақият амалӣ гашт.  Аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ду кодекси нав — Кодекси  шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаммал буда, бори аввал қабул шудаанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ», «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи гаравхона (ломбард)», «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тайёрии варзишӣ», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», ҳамчунин қонунҳои мукаммал вобаста ба талаботи давр дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардиданд, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» аз ҷумлаи онҳоянд.

Вобаста ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд, ки бо он ба Кодекси мазкур ду моддаи нав илова гардид. Аз ҷумла моддаҳои 931 ва 932 барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила ва талаботи амрномаи муҳофизатӣ, ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ба шахси зӯровариро дар оила содирнамуда дода мешавад, ҷавобгарии маъмуриро муқаррар намудаанд.

Ҳамзамон ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) як қатор қонунҳо таҳия ва қабул шуданд, ки барои баланд гардидани баҳогузорӣ ба Тоҷикистон дар самти  мубориза бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм аз ҷониби ин созмони байналмилалӣ мусоидат намуданд.

-Дар раванди қонунэҷодкунӣ занон -вакилон чӣ саҳм доранд?

- Занон- вакилон низ бо дарки  масъулият ва рисолати хеш дар қабули қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъол буда, саҳми онҳо дар ин ҷода назаррасу самарабахш аст. Давоми сол занон-вакилон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи 8 қонуни мукаммал ва  37 лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва кодексҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 37-тоаш қабул шуда, мавриди амал қарор дода шудаанд.

Онҳо бевосита, инчунин дар ҳамкорӣ бо дигар вакилон дар ин давра аз як то 15  лоиҳаи  қонунро  таҳия ва пешниҳод намуданд. Чунончӣ, қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ». (Н.Ғафорова, А.Азимов), «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» (М.Ҷабборова, М.Хидирова, Н.Оқилов ва М.Ҳакимов), «Дар бораи тайёрии варзишӣ» (М.Ҷабборова, Б.Авзалшоева, М.Шабозов ва  М.Ҳакимов), «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» (Х.Юсуфӣ, С.Муқумова, Х.Ҳакимова ва Н.Маҳмудов), «Дар бораи волонтёрӣ» (Х.Юсуфӣ, М.Илолов, М.Ҳакимов ва А.Хонов), «Дар бораи зотпарварӣ» (С.Амиршоева, А.Қароқулов, Р.Латипов ва М.Каримов), «Дар бораи гаравхона (ломбард)» (М.Кенҷаева, С.Гулов, А.Расулов, Э.Эсанқулов, Д.Ҷабборов ва С.Сироҷов) аз ҳамин қабиланд, ки қабул гашта, мавриди амал қарор доранд ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» (Қ.Расулзода, А.Миралиев, Н.Ғафорова, А.Азимов, А.Имомов, С.Холов) дар марҳилаи баррасӣ мебошад.

19 ноябри соли 2013 бо фаъолзанони вилояти Суғд Конференсияи шабакавӣ тариқи «Онлайн» баргузор гардид, ки дар он байни вакилзанони Маҷлиси намояндагон бо иштирокчиёни конференсия оиди фаъолгардонии  занон ҷиҳати иштирок дар ҳаёти ҷомеа, ҳалли мушкилоти занон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Боиси хушнудист, ки раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, доктори илмҳои филологӣ Марҳабо Ҷабборова бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, доктори илмҳои фалсафа Махфират Хидирова бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

- Обру ва нуфузи парлумони касбии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ торафт баланд мегардад. Фаъолияти онро дар ин самт чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Парламенти Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи бисёр созмонҳои байнипарламентӣ ҷиҳати таҳкими робита бо ин созмонҳо нақши муҳим ба ҷой овард. Мулоқотҳои Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров бо президентҳо, сарвазирҳои кишварҳо, раисони парламентҳо, дипломатҳо, аз ҷумла  бо Сарвазири Ҷумҳурии Таиланд Йинглак Шиноватра, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва дигар шахсиятҳои маъруф доир гардид.

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳо ва чорабиниҳои созмонҳои байнипарламентӣ фаъолона иштирок доштанд. Аз ҷумла Раиси Маҷлиси намояндагон мухтарам Ш.Зуҳуров дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид, дар ҷаласаҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Ассамблеяи байнипарламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Санкт-Петербург бо ҳамроҳии ҳайати парлумонӣ иштирок намуда, ҳамзамон дар доираи сафари расмӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин мулоқот кард.

Инчунин, банда ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Н.Турдиматова барои иштирок дар Саммити солонаи «Занон дар Парламент» ба шаҳри Брюссел сафар доштем. Дар Саммити мазкур занон- намояндагони 115 парламентҳои кишварҳои дунё иштирок намуданд. Доир ба масъалаҳои гендерӣ, фаъолгардонии занон ҷиҳати иштирок дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ мубодилаи афкор сурат гирифт, ки дар он, аз ҷумла чеҳраҳои машҳури сиёсии ҷаҳони муосир- президенту собиқ президентҳо, раисони парламентҳо, собиқ сарвазирони кишварҳои Аврупо ва Осиё ширкат карданд. Инчунин барои иштирок дар Конфронси пленарии Ассамблеяи парлумонии Осиё дар мавзӯи «Қарни Осиё: ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, энергетика ва муҳити зист» ман ва муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот А.Сафаров ба шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар анҷом додем.

Ба ғайр аз ин, вакилони Маҷлиси намояндагон барои мушоҳидаи рафти тайёрӣ ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба шаҳри Боку, баргузории интихобот ба палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус ба шаҳри Минск ва интихоботи Президенти Арманистон ба шаҳри Ереван сафар доштанд.

- Ташаккур барои суҳбати  самимӣ.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир А.ИСОЕВ