Истиқлолият – ормони миллат

№112 (3097) 07.09.2013

DSC_0829Истиқлолият ормони абадии ҳар як миллати худшиносу худогоҳ буда, таконбахшандаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, муаррифгари он ҳамчун  миллати соҳибдавлат ва соҳиби марзу буми мустақили худ баромад намуда, имконияти таърихиро баҳри рушди бонизому мустақилонаи он фароҳам меоварад. Тавассути соҳибистиқлолӣ миллатҳо имкон пайдо мекунанд, ки фарҳангу тамаддуни худро тақвият бахшида, нақши босазои худро дар пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ гузоранд. Ин аст, ки таърих борҳо шоҳиди муборизаҳои хунин баҳри ба даст овардани истиқлолият аз ҷониби миллатҳои гуногун гаштааст. Шаҳди истиқлолият миллатҳоро ба  корзори  шадидтарин бархӯрдҳо кашидааст,  бо вазнинтарин шикастҳо рӯ ба рӯ сохтааст. Вале ин ҳама дар назди истиқлолияти комил рӯйдоде беш нест, зеро он ба миллатҳо имконияти мустақилона муаррифӣ намудани худ, тақдирсози зиндагии худ шудан ва  соҳибватаниро фароҳам меоварад. Аз ин рӯ, месазад, ки баҳри таҳкими он талош варзида, дар ҳассостарин лаҳзаҳо аз он бо арзиши ҷони худ дифоъ намуд.

Давлатдории миллӣ дар пояҳои гуногун метавонад устувору пойдор гардад. Ба сифати чунин омилҳо пешрафти иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои фарҳангию маънавиро метавон арзёбӣ намуд. Дар баробари ин ҳама, фаромӯш набояд кард, ки ба даст овардани ҳамаи ин мақсадҳо танҳо ва танҳо дар заминаи ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати сартосарӣ  имконпазир аст, зеро ваҳдат маҳз ҳамон заминаест, ки ба ҳам омадани шахсиятҳоро таъмин намуда, фаъолияти минбаъдаи онҳоро дар самти ҳалли масъалаҳои мавҷуда роҳнамойӣ менамояд. Ваҳдат омилест, ки тавассути он суботи сиёсӣ таъмин гашта,  дар давлат шароити мусоид баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Аз ин нуқтаи назар, ваҳдатро метавон бо боварӣ асоси пешрафти ҳама гуна ҷомеа ва давлат арзёбӣ намуд.

Ҷомеаи  навини Тоҷикистон  бештар аз ҳама арзиши сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагиро эҳсос менамояд, зеро таҷрибаи талхи таърихии на он қадар дури мо  собит намуд, ки раванди бунёди давлатдории миллӣ ҳаргиз раванди орому босубот нест. Омилҳои гуногуни дохилию хориҷие мавҷуданд, ки метавонанд дар ҳар як лаҳза рушди бонизомро халалдор намуда, дар ин роҳ монеаҳои зиёде бунёд намоянд. Ин монеаҳо метавонанд монеаҳое бошанд, ки мавҷудияти минбаъдаи давлатро зери хатар гузоранд. Аз ин нуқтаи назар, доимо бояд дар назар дошт, ки таъмини ҳамбастагӣ ва робитаи зичу ногусастании байни ҳокимият ва мардум метавонад садди бузург дар пеши роҳи  ҳама гуна амалҳои ғаразноку манфиатхоҳона гардад.

Чун имрӯз ба раванди соҳибистиқлолии давлат назар меафканем, мебинем, ки он маҷрои пурталотумеро дар як баҳри бекарони  истиқлолхоҳӣ мемонад. Дар баҳри  бекарон, ки пайдоиши таҳдидҳо дар ҳар як лаҳза имконпазир аст ва роҳбарии сиёсатмадореро тақозо менамояд, ки қудрати идоракунӣ, масъулият, нотарсӣ ва ҷасорат дошта бошад. Фаромӯш набояд кард, ки рӯҳияи баланди сарвари сиёсӣ қодир аст ба рӯҳияи ҷомеа таъсири қавӣ расонида, онро барои ба даст овардани мақсадҳои гузошта роҳнамо бошад. Рӯҳияи лидерӣ ҳамон рӯҳияест, ки дар мушкилтарин лаҳзаҳо шикаста намешавад, баръакс, метавонад дар умқи ҷомеа боварию эътимодро баҳри пирӯзиҳо ҷой намояд.  Ҷомеаи Тоҷикистон  ҳанӯз фаромӯш накардааст, ки дар кадом вазъ Президенти мамлакат роҳбарии давлатро ба уҳда гирифт. Ин як вазъияте буд, ки ноумедӣ тамоми ҷомеаро фаро гирифта, мардум фақат барои ҳамон рӯзе, ки буданд, мезистанд, зеро намедонистанд, ки фардо онҳоро чӣ интизор аст. Вазъе буд, ки падар ба писару писар ба падар боварӣ надошт, зеро хиёнату сиёҳкорӣ сари ҳар як қадам ба миён меомад. Вазъе буд, ки тарси ҷон мардумро сарсону саргардон ба кишварҳои гуногун карда буд. Дар чунин вазъият фақат бо кору пайкори амалӣ, сарсупурдагӣ, азхудгузарӣ, ҷасорат ва далерӣ  Сарвари сиёсӣ метавонист рӯҳияи ҷомеаро баланд, иродаашро қавӣ  ва умедашро ба фардо устувор гардонад.Имрӯз бошад, бо гузашти муддати муайян мо бо ифтихор ва эътимоду қаноатмандӣ аз сарварии Президенти кишвар гуфта метавонем, ки Ӯ ТАВОНИСТ!

Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон имрӯз яке аз падидаҳои эътирофшуда ва пазируфта буда, ҷаҳониён онро ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф кардаанд, ки дар тарҳрезӣ ва ташаккулу татбиқи ин таҷриба нақши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят калон аст. Дуруст аст, ки мафҳуми «созиш» ба ҳам омадани ду ҷонибро дар назар дорад ва ҳаргиз созиш якҷониба шуда наметавонад. Барои ин майлу хоҳиш ва талоши ду ҷониб зарур аст. Ҳамзамон бо ин, набояд фаромӯш кард, ки баргузории раванди созиш бевосита аз он вобаста аст, ки КӢ ҚАДАМИ АВВАЛИНРО дар ин самт мегузорад. Илми низоъшиносӣ собит намудааст, ки гузоштани  маҳз қадами аввалин бениҳоят душвор аст, зеро рақиби сиёсӣ метавонад онро ҳамчун заифии ҷониби дигар пазируфта, рафтори минбаъдаи худро аз диди нав тарҳрезӣ намояд, ки он қодир аст вазъро боз ҳам мушкилтару печидатар гардонад. Аз ин рӯ, дониста мондани ин қадам аз Сарвари сиёсии мо дарки амиқи воқеият, масъулиятшиносӣ, азхудгузарӣ ва тарҳрезии дақиқи технологияи ҳалли низоъро тақозо менамуд. Хушбахтона, Ӯ ТАВОНИСТ! Тавонист қадами аввалинро дар роҳи сулҳу созиш гузорад, ТАВОНИСТ чеҳраи сиёсии худро нигоҳ дорад ва тамоми имконияту қувваи худро баҳри тақвият бахшидани раванди сулҳу оштӣ сафарбар намояд. Ӯ ТАВОНИСТ тавассути муҳаббату садоқати худ ба ин сарзамину ин миллат ҳисси кинаву адоват ва нафрату бадбиниро дар ҷомеа решакан намояд. Ӯ ТАВОНИСТ ба ҷаҳониён собит намояд, ки қудратро на барои қудрат соҳиб шудааст, балки қудратро барои таъмини пойдории давлатдории миллати худ, шукуфойии Ватани худ ва хушбахтии мардуми худ пазируфтааст. Ҳастии худро ба ин миллат бахшида, ҳастии миллатро наҷот дод. Маҳз бо ҷуръати ба  худи ӯ хос тавонист ба кишварҳои бегона, ки касе кафолати амнияташро дода наметавонист,  барои гуфтушунид ва даъват ба сулҳу салоҳ сафар намояд. Ӯ ТАВОНИСТ собит созад, ки хунро бо хун не, бо бахшиш шуста, бо қалбҳои пок аз ҳама гуна хусумату бадбинӣ баҳри ободии ин сарзамини аҷдодӣ сарҷамъона талош намудан мумкин аст.

Таҷрибаи талхи таърихӣ бори дигар собит кард, ки ҳар мушкилоте, ки пайдо мешавад, албатта, роҳи ҳалли худро дорад. Фақат дар ин кор таҳаммулу ҳамдигарфаҳмиро набояд аз даст дод, зеро маҳз таҳаммулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ омилҳое мебошанд, ки метавонанд неруи миллатро дар рӯ ба рӯйи ҳама гуна иғво ва дасисаҳо қавӣ нигоҳ доранд, метавонанд баҳри рушди босуботи кишвар заминаи боэътимод гарданд.

Дар ин раванд ҷасорату мардонагии Сарвари сиёсии мамлакат метавонад намунаи ибрат баҳри тамоми ҷомеа гардад. Зеро, маҳз мардона қабул намудани ҳама гуна омаду ноомадӣ ва ноумед нашудан аз онҳо яке аз хислатҳои хоси Президенти мамлакат буда, дар мушкилтарин лаҳзаҳо тавонистааст ҷомеаи тоҷикро ба ояндаи умедбахш дилпур гардонад. Беҳуда файласуфи бузурги юнонӣ Демокрит нагуфтааст, ки: «Мардонагӣ зарбаҳои тақдирро ночиз мегардонад». Маҳз мардонагии Сарвари давлат буд, ки  дар ҷомеаи Тоҷикистон як руҳияи некбинона ба оянда ташаккул ёфта, ҳидоятгари он баҳри пирӯзиҳои  тоза гардид. Бо ин рафтори худ собит сохт, ки музаффарияти комил насиби оне намешавад, ки ӯ зӯртар аст, балки насиби онест, ки ҳаргиз таслим намешавад. Миллати сарбаланди тоҷик бо роҳбарии Президенти мамлакат дар назди ягон мушкилӣ сари таслим фуруд наовард, балки бо ақлу заковат ва неруи хиради худ  ҳамаи онҳоро то имрӯз паси сар карда омада истодааст. Ин бошад, нишонаи беҳтарин камолоти инсонист.

Яке аз омилҳои муҳиме, ки сарҷамъии миллати тоҷикро дар атрофи Сарвари давлат таъмин намуд, ин ҳамбастагии қавлу амали лидери сиёсии кишвар мебошад. Зеро ҳар қавле, ки дар назди мардум дар мушкилтарин лаҳзаҳо дода буд, онро то ба имрӯз иҷро карда истодааст.

Дар лаҳзаҳои тақдирсоз ваъда дод, ки корро аз сулҳ оғоз мекунад, оғоз кард ва муваффақ ҳам гашт, «тамоми гурезагонро бармегардонам» — баргардонд, «ватанамонро якҷоя обод мекунем» — обод карда истодааст.

Иқтисодиёти мамлакат, сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, сол то сол равнақи тоза касб намуда истодааст. Агар ҳаҷми Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ дар соли 2006 -ум 9,3 миллиард сомонӣ бошад, пас он дар соли 2012 то ба 36,2 миллиард сомонӣ расид. Суръати афзоиши солонаи он ба ҳисоби миёна ҳафт фоизро ташкил дод, ки ин аз рушди устувори иқтисодиёти мамлакат шаҳодат медиҳад.

Дар ин давра, Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ ба сари ҳар нафар аз 1335 то 4580 сомонӣ ё 3,4 баробар зиёд гардид.

Даромадҳои пулии аҳолӣ 4,2 баробар, ҳаҷми пасандозҳо чоруним ва маоши миёнаи воқеии як корманд панҷуним баробар афзоиш ёфт.

Агар дар соли 2006 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 903 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас ин рақам дар соли 2013-ум нисбат ба соли 2006 –ум ҳафт баробар зиёд гардид.

Инчунин аз соли 2006 сар карда, то соли 2012 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, стипендия, кӯмакпулӣ ва ҷубронпулӣ ба ҳисоби миёна шаш баробар зиёд шуд.

Пеш аз ҳама, обрӯйи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо пешниҳод намудани ташаббусҳои наҷиб аз ҷониби Сарвари кишвар  боз ҳам баланд гардид. Бо дохил шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо раванди ворид гардидани Тоҷикистон  ба ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ анҷом ёфт. Ҷумҳурии мо ба ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ шомил шуд. Тоҷикистони озоду мустақил дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому манзалати сазовори худро касб намуд.

Мардуми сарбаланди тоҷик медонад, ки бо кадом арзиш ин ҳама суботу оромӣ ба даст оварда шудааст. Замоне буд, ки кишвари тозаистиқлол дар ҳалқаи ҷанги дохилӣ қарор дошт. Маҳз тавассути аз байн бурдани ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҷудоиандозӣ қувваҳои аҳриманӣ тавонистанд мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд, тавонистанд миллатеро, ки таъриху тамаддун ва урфу одатҳои башардӯстонаи ҳазорсола дошт, ба гирдоби ҷаҳолат тела диҳанд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, талқин намудани арзишҳои фарҳанги сулҳ дар ҷомеа имрӯз аз ҳаррӯза дида заруртар аст. Набояд фаромӯш кард, ки имрӯз ҳам қувваҳои ғаразноке кам нестанд, ки мехоҳанд ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд.Таъкидҳои пайвастаи Сардори давлат дар бораи аз даст надодани ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ худ як навъ ҳушдорест, ки аз ҳар як фарди мамлакат огоҳии бештареро дар масъалаҳои сиёсӣ тақозо менамояд ва мақсади асосии он роҳ надодан ба фирефташавӣ ва гаравидан ба ҳизбу созмонҳои бегонаю  ифротгарост.

Имрӯз азми Тоҷикистон дар самти бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд қатъист. Сарвари сиёсии кишвар дар ин иродаи худ устувор аст. Вале набояд фаромӯш кард, ки демократия қолаби муайяни барои тамоми ҷомеаҳо ягонаро надорад. Тақлиди кӯр-кӯронаи он метавонад моро ба мушкилиҳои нав рӯ ба рӯ созад. Аз ин рӯ, арзишҳои демократии замони муосир барои  мо то ҳамон дараҷа муҳиманд, ки онҳо барои таҳкими давлатдории мо, пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мо ва болотар аз ҳама ҳифзи ҳувияти миллии мо дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза хизмат карда тавонанд. Тавассути талошҳои пайвастаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем имрӯз ба ин маҷрои пурталотум, яъне раванди  бунёди демократия огоҳона ворид шавем. Тавонистем низоми мукаммали ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллиро ташаккул диҳем, халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимият эътироф намуда, ҳуқуқҳои интихоботии онҳоро таъмин кунем, гуногунақидагиро тақвият бахшида, фазои бисёрҳизбиро ташкил намоем, то ин ки мардум вобаста ба манфиату мақсадҳои худ дар онҳо ҷамъ омада, фикри худро озодона вобаста ба рушду пешрафти кишвар баён созад. Дар баробари ин, сӯистифода намудан аз ин озодиҳо аз ҷониби кадом қувваи сиёсӣ ва ё гурӯҳе набошад, нишонаи номардӣ ва носипосист. Фаромӯш набояд кард, ки беҳтарин демократия  онест, ки дар он мавқеи қонун баланд буда, ҳама гуна озодӣ маҳз дар доираи он муайян ва риоя карда шавад.

Дар шароите, ки муборизаҳои шадид баҳри тақсими ҷаҳони тақсимгашта дар ҷаҳон идома доранд, дар шароите, ки пешрафти кишвари мо ба чашми бархе аз доираҳо чун хор мехалад, дар шароите, ки Сарвари давлат аз Ватани худ ва манфиатҳои мардумамон  ҷиддию қотеъона ҳифз карда истодааст, ҳар як фарди худшиносу худогоҳ ва воқеан ҳам ватандӯсту ватандорро зарур аст, ки сарфи назар аз мавқеи иҷтимоии худ саҳми муносиби худро дар таҳкими давлатдорӣ ва татбиқи нақшаҳое, ки ҳадафи аслиашон рушду нумуи кишвар аст, гузорад. Муттаҳид гаштан дар атрофи ғояи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби мо» беҳтарин интихоб буда, омили муҳими якдилию якмаромӣ, сулҳу субот ва ваҳдати пояндаи миллат хоҳад гашт, зеро ин ғояест, ки ба ҳам омадани тамоми неруҳои сиёсӣ ва ҳар як фарди худшиносро таъмин намуда, баҳри таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ мусоидат хоҳад кард.

Махфират Хидирова,

муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон