Матбуот унсури муҳими муҳити сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аст

№25 (3171) 14.03.2014

DSC_1910

Ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин вохӯрӣ суҳбати ошкору самимӣ сурат гирифт.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар назди ҳозирин суханронӣ намуд, ки муҳтавои он пешкаши хонандагон гардонида мешавад:

DSC_1904

-Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти касбии шумо диққати ҷиддӣ медиҳад.

Ман шахсан аз бисёр навиштаҳои шумо, хабарнигорони муҳтарам, огоҳ ҳастам ва онҳоро дар мавридҳои зарурӣ истифода мебарам.

Боиси хушист, ки аҳли қалам, журналистони мо, дар даврони истиқлолияти кишварамон ба анъанаҳои суханпардозии созандарӯҳи саромадони матбуоти тоҷик пайравӣ намуда, дар роҳи иҷрои вазифаҳои касбии хеш баҳри ватандориву ободии мулк орзую ормонҳои онҳоро амалӣ мегардонанд.

Мо матбуоти муосири имрӯзаро  ҳамчун унсури муҳими муҳити сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар арзёбӣ менамоем.

Парлумони касбии мамлакат ҳамеша сухани созандаву пешниҳодҳои судманди шуморо ҷонибдорӣ менамояд. Дар сурати ироаи чунин таклифҳои созандаву пешниҳодҳои манфиатовар аз ҷониби воситаҳои   ахбори оммаи гуногуни давлативу ғайридавлатӣ, мо аз онҳо пуштибонӣ хоҳем кард.

Ҳар як хабарнигору рӯзнома бо чигунагии хабару мақолаҳои нашркардааш барои худ доираи хонанда ва дар ҷомеа мавқеву нуфуз пайдо мекунад. Тавре Дебора Поттер мегӯяд: «Муҳимтарин дастоварди журналист эътимоди хонанда, шунаванда ва бинанда буда, беҳтарин роҳи нигоҳ доштани он саҳеҳияти баён аст».

Дар ин бора сиёсатмадорон низ мегӯянд, ки ягон давлат, ягон сиёсатмадор бе мадади журналистика ва рӯзнома ба аҳдофи сиёсии хеш расида наметавонад.

Ходими намоёни сиёсиву ҷамъиятии Ҳиндустон Маҳатма Ганди дар бораи моҳияти нашрияи иттилоотӣ чунин гуфтааст: «Рӯзнома – қувваи бузург аст, аммо мисли селобе, ки ҳеҷ чиз пеши роҳашро гирифта наметавонад ва соҳилҳоро пур карда, киштзорҳоро нобуд  мекунад, ҳамин гуна қалами аз назорат берунмондаи журналист танҳо барои вайронкорӣ хизмат мекунад. Агар назорат аз берун бошад, вай бештар аз он ки назорат вуҷуд надошта бошад, вайронкортар мешавад. Назорат танҳо дар он сурат муфид аст, ки агар он аз ботин амалӣ карда шавад».

Тавре маълум аст, рӯзноманигорӣ пешаи мушкил ва хеле пурмасъулият низ ҳаст. Аз ҳамин ҷост, ки бисёр журналистон дар кишварҳои гуногун дар оташи даргириҳо ва ҳатто замони осоишта ҷони худро аз даст додаанд.

Тавре огоҳ ҳастед, дар муноқишаҳои дохилии кишвари мо низ чандин хабарнигорон қурбон гардида буданд. Рӯҳашон шод ва ёдашон ба хайр бод!

Аҳли ҷомеа саҳв ва ё сухани ғайриҳақи рӯзноманигорро қабул надорад. Ва рӯзноманигор низ бояд ба чунин амал қодир набошад, зеро тавре мегӯянд, он чӣ ки бо қалам навишта шуд, бо табар тарошиданаш имкон надорад.  Ва навиштаи дур аз воқеият солҳои тӯлонӣ ҳамчун муҷассамаи муаллифи худ дар бойгониҳо боқӣ хоҳад монд. Ва баръакс, ҳарфи ҳақиқат садсолаҳо соҳиби худро шафоат хоҳад намуд.

Интихоби мавзӯъ ва ҳалли он ҳамеша ба симои эҷодӣ ва маънавиёти журналист иртиботи наздик дорад. Ҳалли воқеии мавзӯъ ба он хабарнигор даст медиҳад, ки пойбасти манфиат ё тамаъ ва вобастаи шахсҳову гурӯҳҳои алоҳида набошад. Дар ин бора В.М.Грохов барҳақ гуфтааст:  «Симои эҷодии журналист бисёр вақт дар хусусияти хоси мавзӯи интихобкардаи ӯ маҳфуз аст. Пешаи рӯзноманигорӣ нишонаи аҳамиятноки симои муаллиф аст. Ба журналисти ҳақиқӣ ҳамеша мавзӯи тозае пайдо хоҳад гардид, ки ба маънавиёти вай наздик ва ба рӯзнома зарур аст».

Имрӯз ман дар симои шумо,   хабарнигорони парлумонӣ, онҳоеро мебинам, ки маҳорати касбии баланд, ҷаҳонбинии васеъ, қалами бурро, андешаи мустақил ва услубу назари хоси худро доранд.  Нигоҳи  шумо  имрӯз дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад. Ба мақсаду мароми мардум ва арзишу манфиатҳои миллӣ наздиктар ҳастед.

Барои мо муҳим нест, ки дар кадом самт-матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият мекунед. Барои  мо он муҳим аст, ки шумо рисолати касбии худ, яъне  хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу меҳанро чӣ гуна иҷро мекунед.

Имрӯз вақти он расидааст, ки шумо барои саҳм доштан дар пешрафт ва ривоҷу равнақи соҳаҳои гуногуни кишварамон фаъолтар муносибат намоед ва дар ин замина маводеро таҳия ва мунташир созед, ки дар он ғараз набошад, яъне фаъолияти ҳама ниҳодҳо, аз ҷумла парлумони касбии мамлакат, дар эҷодиёти шумо бояд шаффоф инъикос шавад.

Ман хуб мефаҳмам, ки на ҳамаи мансабдорон танқиди  воситаҳои ахбори оммаро дуруст қабул мекунанд ва на ҳамеша аз он хулоса бароварда, аз паси ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта мешаванд. Баъзеҳо ҳатто изҳори норизоият ва ранҷиш мекунанд. Чунин ашхос набояд фаромӯш созанд, ки танқиди асоснок яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад.

Баҳсҳое, ки бинобар норозигии тарафайн, яъне нашрия ва объекти танқидшаванда ба миён меоянд ва аз тариқи судҳо ҳаллу фасл карда мешаванд, маънои монеаэҷодкунии Ҳукуматро надорад. Ин як таҷрибаи одиест, ки  дар тамоми давлатҳои демократӣ роиҷ мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки дар матбуоти даврии мустақили Тоҷикистон ҳоло ҳолатҳои зиёди қонунвайронкунӣ ба назар мерасад. Вале сарфи назар аз ин, Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири густариши озодии сухан ва матбуоти мустақил аз андешидани чораҳои қонунӣ худдорӣ менамояд.

Бо дарки масъулият метавон изҳор дошт, ки озодии сухане, ки дар Тоҷикистон айни ҳол вуҷуд дорад, дар бисёр кишварҳои минтақа дида намешавад ва он ба бандҳои дахлдори тавсияҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқат мекунад.

Парлумони касбии мамлакат низ ба ҳеҷ ваҷҳ садди роҳи фаъолияти шаффофи воситаҳои ахбори омма нахоҳад шуд ва мо ҳеҷ гуна мушкилот дар ин самт барои шумо эҷод нахоҳем кард. Маҷлиси намояндагон омодаи ҳамкорӣ бо ҳамаи расонаҳо ва дигар воситаҳои ахбори омма мебошад. Ин шаҳодати он аст, ки дар Тоҷикистон озодии сухан торафт тавсеа меёбад.

Дигар масъалае, ки имрӯз моро беташвиш  гузошта наметавонад, ин амалӣ гардидани ҳуқуқи қонунии шаҳрвандон ба гирифтани маълумоти боэътимоду саривақтӣ мебошад. Дар шароити  кунунӣ, ки аҳолии қисме аз  минтақаҳои ҷумҳуриамон, бинобар реҷаи интиқоли неруи барқ, барномаҳои радио ва телевизион,  шабакаи Интернетро доимӣ истифода бурда наметавонанд ва дастрас  набудани рӯзномаю маҷаллаҳо метавонанд боиси ноогоҳии мардум аз тадбиру амалҳои муҳими давлативу ҳукуматӣ гардад.

Сарфи назар аз набудани имконоти ҳаматарафаи чопи рӯзмарраи нашрияҳо, метавон гуфт, ки матбуоти даврии тоҷик дар пур кардани фазои иттилоотӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши муҳим дорад. Ҳамчунин матбуот дар бозгӯ, ташреҳ ва таҳлилу баррасии ҷараёни ҳаёти иҷтимоӣ ва ба ин минвол баланд бардоштани дараҷаи огоҳии иттилоотӣ ва маърифати мардум нақши созгор дорад.

Мардуми мо ба сухан, ба каломи чопӣ эътиқотманд буда, дар ҳар давру замон баҳри пешрафти мулк на ба шамшер, балки ба қалам такя мекунад.  Аз ҷиҳати дигар, рӯзнома ва рӯзноманигорони мо, аҳли зиё ва равшанфикрони миллат бунёди ободиву осоиши мулкро дар мунаввар сохтани афкори мардум, ривоҷ додани маорифу фарҳанги умум медиданд.

Дар бораи рӯзнома ва пешаи рӯзноманигорӣ аз ҷониби адибон, сиёсатмадорон ва худи рӯзноманигорон фикру андешаҳои гуногун гуфта шудааст,  аксари шумо онҳоро медонед.  Сарфи назар аз ин, лозим медонам чанде аз онҳоро бароятон  хотиррасон намоям:

Артур Миллер чунин мегӯяд: «Миллате худ бо худ суҳбат мекунад – ана ин аст рӯзномаи хуб!»

Петан Жарко гуфтааст: «Дар бораи ояндаи дурахшон — сиёсатмадорон, дар бораи гузаштаи дурахшон — таърихнигорон ва дар бораи имрӯзи дурахшон — журналистон андеша мекунанд».

Лернен изҳор доштааст:  «Сиёсатмадор дар бораи ягон журналист чизе гуфтанро ҳатто дар хаёлаш намегузаронад, ҳол он ки ҳар як журналист дар бораи сиёсатмадорон ҳар чиз гуфтанро раво мебинад».

Карел Чапек мефармояд: «Шахсоне ҳастанд, ки ба пешгӯии институти обуҳавошиносии давлатӣ бовар намекунанд, агар он маълумотро дар рӯзномаи худ нахонанд».

Алфред Чарлз Нортклиф каме ҳазломез мегӯяд: «Журналистика санъатест, ки чизеро ба дигарон бояд фаҳмонӣ, ки худат намефаҳмӣ».

Бояд гуфт, ки ҳангоми навиштани мақолае ё хабаре дар баробари ошкор намудани моҳияти масъала барои хонанда журналист симои ботинии худро низ ошкор менамояд. Яъне, дар ҳар навишта ҷонибдорӣ, воқеиятнигорӣ, дилсӯзӣ ва ё хислатҳои манфии муаллифи мақола дар иртибот ба мавзӯъ ошкор мегардад. Хабарнигори варзидаву дилсӯз, хабарнигоре, ки воқеан барои имрӯзу фардои халқу кишвар меандешаду дилсӯзӣ менамояд, барои мо мисли сарбози содиқ, мисли омӯзгор ё олиму варзишгари номӣ зарур аст.

Дар хотимаи мулоқоти имрӯза ёдовар мешавам, ки ҷараёни фаъолияти Маҷлиси намояндагон ҳамеша мадди назари шумо ва аҳли ҷомеаи Тоҷикистон қарор дорад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳбудии касбии вакилон ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Тайи чаҳор соли фаъолияти касбӣ миёни парламент ва мақомоти давлативу ҳукуматӣ  ҳусни тафоҳуми мутақобила мавҷуд аст. Парламент ба ҳалли ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ-иҷтимоии ҷомеа мусоидат менамояд.

Мо дар идомаи фаъолиятҳои худ нияту мақсад ва орзуву омоли зиёде дорем, ки ҷомаи амал пӯшидани ин ҳадафҳо дар ҳамкории ҳасана бо шумо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, муяссар хоҳад шуд. Бори дигар таъкид менамоям, ки парламенти касбии мамлакат ҳамеша омодаи густариши ҳамкорӣ бо шумо аст ва рушди равобит бо расонаҳо ба нафъи ҳар ду ҷониб хоҳад буд.

Бо умеди тақвияти ҳамкориҳои созанда ва ҳусни тафоҳуми байниҳамдигарӣ ҳамаи шумо — намояндагони муҳтарами воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишварро ба муносибати иди касбиатон — Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрику таҳният менамоям. Умедворам, ки шумо, ҳамчун ворисони нобиғагон ва таъсисдиҳандагони нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар густариши фарҳангу тамаддуни миллати хеш саҳми бориз хоҳед гузошт.

Идатон муборак!