Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо хонум Йинглак Шинаватра

№105 (3090) 22.08.2013

DSC_0340

19 августи соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров меҳмони олиқадр — Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфта, онҳоро хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба мавзуъҳои гуногуни парламентӣ, ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ суҳбат намуд.

Дар таърихи Шоҳигарии Таиланд бори нахуст зан ба мансаби баланди сарвазирӣ интихоб гардидааст, ки он хонум Йинглак Шинаватраи 44-сола мебошад. Хонум Йинглак Шинаватра роҳбари ҳизби «Пхиа Тхаи» аст, ки ин ҳизб дар Парламенти кишвар дорои 265 ҷой мебошад. Ҳизби вай дар интихоботи парламентии соли 2011 ғалаба ба даст овард ва ӯ аз тариқи овоздиҳии парламентӣ ба вазифаи сарвазирӣ интихоб гардид. Равобити дипломатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд 5 августи соли 1992 барқарор гардидааст. Асоси шартномавӣ-ҳуқуқии миёни ду кишварро ҳашт санади ҳуқуқӣ ташкил медиҳад, ки аз ҷониби сарони ду кишвар ҳангоми сафарҳо ба кишварҳои ҳамдигар ба имзо расидаанд. Сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан сафари расмии ӯ, ки 17-19 майи соли 2013 ба Таиланд баргузор гардид, ҷиҳати ҳамкориҳои миёни ду кишвар марҳилаи муҳимро ба вуҷуд оварданд.

19 августи соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров меҳмони олиқадр — Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфта, онҳоро хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба мавзуъҳои гуногуни парламентӣ, ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ суҳбат намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин роҷеъ ба сохтори Маҷлиси намояндагон, кумитаву комиссияҳо, фраксияву гурӯҳҳои вакилӣ, иштироки ҳизбҳои сиёсӣ дар ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор маълумоти мухтасар ироа намуд. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки ташрифи ин гуна ҳайати баландпоя ба Тоҷикистон ба нияту мароми нек ва ҷиддии ҳамкории тарафи Таиланд далолат мекунад. Дар ҳақиқат, мо барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ имкониятҳо ва майлу таваҷҷуҳи дутарафа дорем. Ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадафҳо дар Маҷлиси намояндагон тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидааст. Натиҷаи ҳамин буд, ки Тоҷикистон ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфта шуд.

Мо медонем, ки дар кишвари Шумо саноати сабук, кишоварзӣ, техникаи компютерӣ ва дигар соҳаҳо ба дараҷаи хуб инкишоф ёфтаанд. Мо аз сафари Сарвазири Шоҳигарии Таиланд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пайомадҳои хуби ҳамкориҳоро дар бахшҳои бозаргониву сармоягузорӣ интизорем. Сафари мазкур ҷиҳати густариши равобити тарафайн такони тозае хоҳад бахшид. Мо медонем, ки Шумо дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар Душанбе баргузор мегардад, иштирок хоҳед намуд. Саъю талоши Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои об барои ҷаҳониён маълум аст.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин дар бораи густариши равобити байнипарламентӣ, ташкили гурӯҳҳои дӯстӣ ва омӯзиши таҷрибаи парламентии ҳар ду кишвар изҳори назар карда гуфт, ки дар ин замина ҳар ду ҷонибро лозим аст, барои рушди ояндаи муносибатҳои парлумонӣ заминаи бештари мусоидро фароҳам оваранд.

Бовар дорам, ки зимни суҳбат бо Президенти мо, муҳтарам      Эмомалӣ Раҳмон, Шумо ҳолат ва дурнамои дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, робитаҳои фарҳангиро ҳаматарафа баррасӣ намудаед ва фикр мекунам, ҳоҷат ба такрори ин мавзуъҳо нест. Фақат зикр карданиам, ки мо- вакилон низ ба рушди ҳамкории кишварҳоямон таваҷҷуҳ зоҳир мекунем ва умед дорем, ки ин муносибатҳо пас аз сафари Шумо ба таври назаррас рушд хоҳанд кард.

Мо бори дигар Шуморо хайрамақдам мегӯем ва боварӣ дорем, ки сафари Шумо дар кишвари мо бароятон хуш ва бобарор хоҳад буд, -изҳор намуд Шукурҷон Зуҳуров.

Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра ба Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров барои пазиройии самимона арзи сипос намуда, бо изҳори қаноатмандӣ аз сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд ҳама гуна заминаҳои густариши ҳамкориҳо вуҷуд доранд. Сарвазир изҳор дошт, ки дар баробари ин, мо бояд дар оянда самтҳои нави ҳамкориҳоро ҷустуҷӯ намоем. Вай низ аз густариши равобити байнипарламентии миёни ду кишвар ҷонибдории худро изҳор намуд.

Суҳбат самимона ва дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.

Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон