Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Фаластин

№70 (3371) 21.05.2015

DSC_2016

Нуздаҳуми майи соли 2015 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Абдулло Таршаҳонӣ мулоқот намуд.

Шукурҷон Зуҳуров дар оғоз меҳмонро бо фаъолияти Парламенти касбии кишвар, фраксия ва гурӯҳҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар Маҷлиси намояндагон, қонунҳои ба тозагӣ қабулгардида ва масоили марбут ба муносибатҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар ошно карда, аз ҳамкории гуногунсоҳаи ҳар ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуд.

Раиси Парламенти касбӣ ба меҳмон ҳамчунин аз хусуси созандагию бунёдкориҳои мардуми Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар амри бунёди нақбу роҳҳо, неругоҳҳои барқи обии хурду бузург, рушди соҳаи кишоварзӣ ва саноат маълумот дода, бо итминон афзуд, ки кишвари мо аз уҳдаи ҳалли масъалаҳои дар наздаш истода бо сарбаландӣ мебарояд ва дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро ишғол хоҳад кард.

Муҳаммад Абдулло Таршаҳонӣ дар навбати худ ба Шукурҷон Зуҳуров барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки кишвари вай омода аст, баҳри ривоҷу густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо Тоҷикистон саъй намояд.

Суҳбат дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Суратгир А. ИСОЕВ