Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо сафири Конфедератсияи Швейтсария

№53 (3354) 13.04.2015

кабул

13-уми апрели соли 2015 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири Фавқулода ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мауро Рейна ва ҳамроҳони ӯро бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст аз натиҷаҳои интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон, иштироки ҳизбҳои сиёсӣ дар интихобот, сохтори Маҷлиси намояндагон, савияи тахассусии вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар масъалаҳои марбут ба ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар маълумоти мухтасар дода, дар мавзӯи равобити дуҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария суҳбат орост.

Мавсуф таъкид сохт, ки муносиботи дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ ба роҳ монда шудааст. Асоси принсипҳои равобити моро эътимод ва ҳусни тафоҳуми дуҷониба дар баррасӣ ва ҳалли масоили муҳим дарбар мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсарияро мавқеъҳои муштарак оид ба масъалаҳои калидии сиёсати байналмилалӣ ва амниятӣ, ҳамчунин иштироки ду кишвар дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ба ҳам наздик месозанд. Айни ҳол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария зиёда аз даҳ ҳуҷҷати муҳим ба имзо расидааст, ки ин ҳуҷҷатҳо доираи васеи ҳамкориҳои дуҷонибаро фаро мегиранд.

Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Конфедератсияи Швейтсария барои густариши ҳамкориҳои гуногунсоҳаи ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид ва ин сафар дар таърихи муносиботи дуҷониба саҳифаи тозаеро боз намуд. Аз ҷумла муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, гуманитарӣ ба марҳилаи нав ворид гардиданд. Дар густариши равобити дуҷониба сафари вазири корҳои хориҷии Швейтсария низ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаблан ба амал омада буд, натиҷаи мусбат ба бор овард.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин изҳор дошт, ки парлумони касбии мамлакати мо тайи солҳои охир ҳамкориро бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба роҳ монда, дар ин замина гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро таъсис додааст.  Тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Конфедератсияи Швейтсария низ барои истифода аз таҷрибаи касбкардаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонунҳо аз манфиат холӣ нест. Сиёсате, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, шароити мувофиқро барои таҳкими ҳамкориҳои ҳамаи шохаҳои мамлакат бо кишвар ва созмонҳои хориҷӣ фароҳам овардааст.

-Тоҷикистону Швейтсарияро на танҳо табиати монанд ба ҳам наздик мекунад, балки сатҳ ва дараҷаи робитаҳо миёни ду кишвар солҳои охир хеле хуб арзёбӣ мешаванд, — суханашро идома дода гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

-Мо медонем ва аз он сипосгузорем, ки Ҳукумати федералии Конфедератсияи Швейтсария нахустин шуда, омодагии хешро барои дастгирии раванди ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо изҳор намуда буд. Нахустин Ёддошт дар бораи татбиқи барномаҳои кумаки Конфедератсияи Швейтсария ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ворид шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар соли 2001 имзо шуда буд. Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария рушди Тоҷикистонро ба воситаи ҷудо намудани грантҳо дар се самт расонидани кумаки дарозмуддати техникӣ, молиявӣ ва гуманитарӣ ба воситаи созмонҳои байналмилалӣ ва миллӣ дастгирӣ мекунад. Дар маҷмӯъ, лоиҳаҳо дар соҳаи беҳтар кардани идораи давлатӣ, сектори хусусӣ ва макроэкономика, захираҳои табиӣ ва инфраструктура, тандурустӣ, кам кардани хатари ҳодисаҳои табиӣ амалӣ карда мешаванд, — гуфт дар анҷоми мулоқот Шукурҷон Зуҳуров.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мауро Рейна Шукурҷон Зуҳуровро ба муносибати ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданаш самимона табрик намуда, ба ӯ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ва ба тамоми мардуми тоҷик саломативу барори кор орзу намуд.   Сафир ҳамчунин аз сатҳи ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки кишвараш омода аст, ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш густариш диҳад.

Дар мулоқот ҳамчунин роҷеъ ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар карда шуд.

Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ