Муносибатҳо марҳилаи сифатан нави рушдро тақозо доранд

№59 (3205) 05.06.2014

DSC_0717

Сеюми июни соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири Фавқулодда ва Мухтори Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Константин Жгентиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои ба роҳ мондан ва густариш додани ҳамкориҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар заминаҳои гуногун, инчунин барқарор намудани муносибатҳои парламентӣ ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози назар шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки муносиботи дипломатии миёни ду кишвар моҳи августи соли 1994 барқарор шуда бошанд ҳам, бо сабабҳои нооромиҳои вазъи сиёсӣ нахуст дар ҷумҳурии мо ва баъдан дар Гурҷистон, натавонистем муносибатҳои ҳасанаро дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намоем.

Имрӯз ҷиҳати амалӣ намудани муносибатҳои ҳамаҷонибаи миёни кишварҳоямон шароити мусоид фароҳам омадааст. Барои ин танҳо заминаи ҳуқуқиро тавсеа додан лозим аст. Айни ҳол миёни ду кишвар ҳамагӣ се санади ҳуқуқӣ вуҷуд дорад. Амалӣ гардидани лоиҳаи ТРАСЕКА (Даҳлези нақлиётии Аврупо-Кавказ-Осиё) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пайваст шудан ба шабакаҳои нақлиётии Аврупову Осиё имкониятҳои навро ба вуҷуд хоҳад овард.

Бояд зикр намуд, ки тоҷикон ба мардуми гурҷӣ ва таъриху фарҳанг ва адабиёти он шиносоии комил ва эҳтироми хоса доранд. Бояд гуфт, ки гурҷиҳо низ мисли тоҷикон дорои таъриху фарҳанги куҳанбунёд мебошанд.

- Мо умед дорем, ки бо оғози фаъолияти сафирии Шумо муносибат дар тамоми бахшҳо густариш хоҳанд ёфт. Ҷониби Гурҷистон имкон дорад ба соҳаҳои туризм, сохтмон ва дигар бахшҳо дар кишвари мо сармоягузорӣ намояд, -изҳор дошт Ш. Зуҳуров.

Шукурҷон Зуҳуров пешниҳоди ҳамсуҳбаташро дар бораи ташкили гурӯҳҳои дӯстӣ ва барқарор намудани робитаҳои парламентии миёни ҳар ду кишвар ҷонибдорӣ намуда, иброз дошт, ки дар Маҷлиси намояндагон чунин гурӯҳ таъсис дода хоҳад шуд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Константин Жгенти аз пазироии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки халқи Гурҷистон низ ба мардуми тоҷик ва таъриху фарҳанги он, ҳамчун яке аз куҳантарин халқҳо, муҳаббату эҳтиром дорад. Эҷодиёти бисёр бузургони адабиёти классикии форсу тоҷик ба забони гурҷӣ тарҷума шудаанд.

Сафир изҳор дошт, ки бо истифода аз имкониятҳо ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани муносибатҳо дар соҳаҳои гуногун талош хоҳад намуд.

Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир А. ИСОЕВ